Ҷануб

Ҷануб - самтест (тарафест), ки дар муқобилии самти (тарафи) шимол ҷой гирифтааст. Дар тарафи поёни харита нишон дода шудааст.

Мисоли одӣ: Тоҷикистон дар ҷануб мавқеъ гирифтааст. нисбат ба Русия ки дар самти шимол аст. Афғонистон бошад баръакс, дар ҷануб аст нисбат ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам бар Русия.

Тарафҳои олам
Шимол | Ҷануб | Ғарб | Шарқ
Австралия

Австралия (Australia, лотинӣ australis ҷанубӣ) — қитъа дар Нимкураи ҷанубӣ (хурдтарин дар кураи Замин). Аз Шимол ба Ҷануб 3200 км (аз 10° 41′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ёрк то 39° 11′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ҷануби Шарқӣ) ва аз Ғарбу ба Шимол ба масофаи 4100 км (аз 113° 05′ тули шарқӣ, димоғаи Стип-Пойнт то 153° 34′ тули шарқи, димоғаи Байрон) тӯл кашидааст. Австралияро аз Ғарбу ва Ҷануб Уқёнуси Ҳинд, аз Шимол ва Шарқ баҳрҳои Уқёнуси Ором – Тимор, Арафур, Марҷон, Тасман иҳота кардаанд. Масоҳати Австралия 7631,5 ҳазор км2 (бо ҷазҳои Тасмания, Кенгуру, Мелвилл ва ғайра 7704,5 ҳазор км2). Соҳилҳояш чандон ҳам каҷу килеб нест; дар Шимол халиҷи Карпентария, дар Ҷануб хал. Калони Австралия воқеанд. Нимҷаз. калонтаринаш Кейп-Ёрк. Қадқади соҳили шимолу шарқии Австралия бузургтарин дар ҷаҳон Рифи Калони Масдуд 2300 км тӯл кашидааст, ки он силсилаи ҷазҳои марҷонӣ мебошад.

Вилояти Амур

Вилояти Амур - (русӣ: Аму́рская о́бласть ё русӣ: Приаму́рье) — вилоятест дар Федератсияи Русия, ки дар ҳавзаи дарёҳои Амур ва Зея ҷой гирифтааст. Вилоят дар шимол бо Якутия, дар шарқ бо кишвари Хабаровск, дар ҷануб бо Чин ва дар ғарб бо Вилояти Чита ҳамсарҳад аст.

Ташкил шудааст: 20 октябри соли 1932Масоҳаташ: 363 700 км²Аҳолиаш: 887,6 ҳаз. наф. (2005). Зичии аҳолӣ: 2,4 нафар/км² (2005).Маркази маъмурӣ — шаҳри Благовешенск, ки соли 1856 ташкил шудаастДар вилояти Амур космодроми Свободний ҷой гирифтааст.

Вилояти Астрахан

Вилояти АСТРАХÁН (русӣ: Астраха́нская о́бласть) — вилоятест дар Федератсияи Русия, тобеи Округи федералии Ҷануб Вилоят 27 декабри соли 1943 ташкил шудааст.

Вилояти Белгород

Вилояти Белгород (русӣ: Белгоро́дская о́бласть) — вилоятест дар маркази Русия аз Москва дар масофаи 500—700 километри самти ҷануб наздики сарҳади Украина ҷойгир аст.

Ташкил шудааст: - 6 январи соли 1954. Маркази маъмуриаш — шаҳри Белгород

Вилояти Владимир

Владимир (русӣ: Владимирская область) — вилоят дар Русия.

Вилояти Волгоград

Вилояти Волгоград (русӣ: Волгоградская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. Дар қисми ҷанубу шарқии ҳамвории Аврупои Шарқӣ воқеъ аст. Аз ҷануб бо вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Қалмоқистон, аз ғарб бо вилоятҳои Ростов ва Воронеж, аз шарқ бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Округи федералии Ҷануби Федератсияи Русия дохил мешавад. Масоҳаташ 112,9 ҳазор км². Аҳолиаш 2,6 млн нафар (2013). Маркази маъмуриаш — шаҳри Волгоград.

Вилояти Волгоград 33 ноҳия, 19 шаҳр, аз ҷумла 6 шаҳри тобеи вилоят, 24 шаҳрак ва 450 деҳа дорад. Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятии Волгоград, ҳокимияти иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят.

Вилояти Вологда

Вилояти Вологда (русӣ: Вологодская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. 23.9.1937 ташкил шудааст. Дар шимол бо вилояти Архангелск, дар шарқ бо вилояти Киров, дар ҷануб бо вилоятҳои Кострома ва Ярославл, дар ҷанубу ғарб бо вилоятҳои Твер ва Новгород, дар ғарб бо вилояти Ленинград, дар шимолу ғарб бо Ҷумҳурии Карелия ҳамсарҳад аст.

Ба ҳайати Округи федералии Шимолу Ғарбӣ дохил мешавад. Масоҳаташ 145,7 ҳазор км². Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2013). 26 ноҳия, 15 шаҳр, 22 шаҳрак ва 322 деҳа дорад. Марказаш — шаҳри Вологда. Мақоми олии ҳокимияти иҷроия — Ҳукумати Вологда, ҳокимияти қонунбарор — Маҷлиси қонунбарор. Роҳбари вилоят — губернатор.

Вилояти Воронеж

Воронеж — вилоят дар Федератсияи Русия. Соли таъсисаш 13 июни 1934. Дар Черноземяи Марказӣ воқеъ гардидааст.

Дар ҷануб бо вилояти Лугански Украина ва вилояти Ростов, дар ғарб бо вилояти Белгород, дар шимолу ғарб бо вилояти Курск, дар шимол бо вилоятҳои Липеск ва Тамбов, дар ҷанубу шарқ бо вилояти Волгоград, дар шарқ бо вилояти Саратов ҳамсарҳад аст. Ба округи федералии Марказ дохил мешавад. Масоҳаташ 52,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 2,3 млн нафар (2014). Маркази маъмуриаш — ш. Воронеж, Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятӣ, иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят. Воронеж ба 32 ноҳия тақсим мешавад, 15 шаҳр (аз ҷумла 4 шаҳри тобеи вилоят), 21 шаҳрак дорад. Шаҳрҳои бузургаш: Воронеж, Борисоглебск, Россош, Острогожск, Поворино.

Гана

Га́на (Ghana) или Ҷумхурии Гана (Republic of Ghana) — давлат дар Африқои Ғарбӣ. Ба Созмони миллали британия дочил мешавад. Аз тарафи Ғарб бо ҷумҳурии Кот-д’Ивуар (пештара Соҳили Устухоги Фил), аз шимолу ғарб ва шимол бо Буркина-Фасо, дар шарқ бо Того ҳамсарҳад аст. Аз тарафи ҷануб соҳилашро обҳои Халиҷи Гвинея мешуянд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) — кишварест дар Амрикои Шимолӣ. Ин мамлакатро аксари вақт инчунин Амрико низ меноманд. Сокинони ин кишвар амрикоиҳо мебошанд. Қисми асосии ҳудуди ИМА дар қитъаи Амрикои Шимолӣ ҷойгир аст. Кишвар дар Шарқ бо укёнуси Атлантика, дар Ғарб бо уқёнуси Ором, дар ҷануб бо Мексика ва дар Шимол бо Канада ҳамсарҳад мебошад.

Пойтахти ИМА Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия мебошад. Шаҳрҳои бузургтарин: Ню Йорк, Лос Анҷелес, Техас, Чикаго ва диг.

Колумбия

Колумбия - Ҷумҳурии Колумбия, давлатест дар шимолу ғарби Амрикои Ҷанубӣ. Дар шарқ бо Венесуэла ва Бразилия, дар ҷануб бо Перу ва Эквадор, дар ғарб бо Панама ҳамсарҳад буда, онро аз шимол баҳри Кариб ва аз ғарб уқёнуси Ором иҳота кардааст.

Кувайт

Қувайт (ар. الكويت‎) - давлатест, ки дар қисми ҷануби-шарқӣ Осиё воқеъ мебошад. Дар шимол ва ғарб бо Ироқ, аз ҷануб бо Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Пойтахти давлат - ш.Ал-Қувайт, аҳолӣ, 3 268 431 нафар (тахмини июни 2012). Аз ҷумлаи аҳолии таҳҷойи — арабҳои-қувайти аксариятанд.

Маҷористон

Маҷористон (русӣ: Венгрия ва англ. Hungary аз юн. ˈhʌŋɡəri, расман — Ҷумҳурии Халқии Маҷористон; дар Аврупои марказӣ ҷой гирифта, дар шимол бо Словакия; дар шарқ бо Руминия; дар шимолу шарқ бо Украина; дар ҷануб бо Сербия, Хорватия; дар ғарб бо Утриш ҳамсарҳад аст. Пойтахти Маҷористон — Будапешт мебошад.

Панама

Панама (испанӣ: República de Panamá) — кишварест дар Амрикои Марказӣ ва Амрикои Ҷанубӣ, дар гулугоҳи Панама, байни баҳри Кариб ва уқёнуси Ором. Бо давлатҳои Коста-Рика дар шимол ва Колумбия дар ҷануб ҳамсарҳад мебошад. Аз забони сурхпӯстони маҳаллии куэва инро ҳамчун «макони пур аз моҳӣ» тарҷума кардан мумкин аст.

Сурия

Сурия (арабӣ: الجمهورية العربية السورية) номи пурра Ҷумҳурии Арабии Сурия (ар. الجمهورية العربية السورية‎ — яке аз кишварҳои Шарқи Наздик, ки дар қитъаи Осиё қарор гирифтааст. Бо Лубнон ва Исроил дар ҷануби-ғарб, бо Иордания дар ҷануб, бо Ироқ дар шарқ ва бо Туркия дар шимол ҳамсарҳадӣ мекунад. Баҳри Миёназамин дар қисми ғарбии Сурия қарор дорад.

Туркманистон

Туркманистон (Türkmenistan) кишварест дар Осиёи Миёна. Дар ҷануб бо Афғонистон ва Эрон, дар шимол бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Узви СММ аз 2 марти 1992. Пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод мебошад. Туркманистон сиёсати бетарафиро дар муносибатҳои байналмилалӣ нигоҳ медорад.

Президенти Туркменистон — Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (аз 14 феврали 2007) аст.

Рӯзи истиқлолияти кишвар — 27 октябри соли 1991

Чехия

Чехия (чехӣ: Česko) / Ҷумҳурии Чехия (чехӣ: Česká republika) кишваре дар Аврупои Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Чехия ва пойтахташ шаҳри Прага аст. Чехия аз шимол бо Лаҳистон, дар шарқ бо Словакия, дар ҷануб бо Утриш (Австрия) ва дар ғарб бо Олмон ҳаммарз аст.

Ҳиндустон

Ҳиндустон — кишваре аст, ки дар қитъаи Осиё қарор дорад. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мамлакати Ҷануби Осиё ҷойгир шуда, қисми зиёди онро нимҷазираи Индостан гирифтааст. Ҳиндустон аз тарафи ғарб бо Покистон, аз тарафи шимолу-шарқ бо Хитой, Непал ва Бутан ва аз тарафи шарқ бо Бангладеш ва Мянма ҳамсарҳад мебошад. Гайр аз ин Ҳиндустон аз тарафи ҷануби ғарби бо сархадхои баҳри бо чазираи Малдивҳо, аз тарафи ҷануб бо Шри-Ланка ва аз тарафи ҷануби шарқи бо Индонезия ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати баҳсталаби штати Ҷамму ва Кашмир бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати аҳолӣ ҷои дуюмро мегирад, ки дар онҷо зиёда аз миллиард нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат ҷои ҳафтумро ишғол мекунад. Дар Ҳиндустон индуизм, буддизм, сикхизм, ҷайнизм пайдо шудаанд.

Ҷуғрофияи Русия

Ҷуғрофияи Русия — дар ду қитъаи олам Аврупо ва Осиё ҷойгир буда 1/3 масоҳаташ дар Аврупо ва 2/3 дар Осиё воқеъ гардидасст. Қисми шимоли онро баҳрҳои Уқёнуси яхбастаи шимолӣ, қисми шимолу шарқившро обҳои Уқёнуси Ором иҳота намудааст. Дар Русия се қаламрави фаррох Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ ва паҳнкӯҳҳои Сибири Миёна ҷудо шуда меистанд. Иқлими Русия хело гуногун буда, минтақаҳои иқлимиаш аз шимол ба ҷануб чунин иваш мешаванд: минтақаи иқлими артикӣ, субарктикӣ, муътадил ва субтропикӣ. Муддати сол дар тамоми қаламрави он ҳавои артикӣ , атлантикӣ ва антисиклни Сибири Шарқӣ мебошад. Тобистон бошад сатҳи Русия гарм, фишор паст ва массаҳои ҳавоӣ аз уқёнус ба хушкӣ ҳаракаткунанда ҳукмрони мекунанд. Боришот дар фаслҳои баҳору тобистон, дар тирамоҳу зимистон барф меборад. Дар қаламрави Русия миқдори зиёди дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки онҳо манбаи бузургӣ энергетикӣ мебошанд. Калонтарини онҳо Объ, Иртиш, Амур, Волга, Енисей Лена мебошанд. Захираҳои обию энергетикӣ мамлакат беҳамто мебошад,ки дар қисмати зиёди дарёҳо Неругоҳҳои барқию обӣ сохта шудааст.

Масохаташ 17075 ҳазор километри квадрати, ахолиаш 146 милион нафар, дар байни арзҳои 80-43 арзи шимол ва тулии 29 градус ва 170 тули шарки ҷойгир шудааст. Сархатҳои ин давлат бахрҳои укёнуси Атлантика, Яхбастаи Шимоли ва Ором. Бахри Балтика, Сафед, Баренс, Кара, Лаптифхо, Сибири шарки, Чукотка, бахри Охот, Чопон мешуяд, ки ягон давлати дигарро чунин бахрҳои зиёд ишгол накарда аст. Дар територияи ин мамлакат бузургтарин хамвориҳои ҷаҳон,

Хамвории Сибири гарби,

Европаи шарки ҷойгир шуда аст.

Русия давлати хеле сермилат буда, аз чихати сарватҳои табии, масохати чангалзорхо, захираи нафт, газ, маъдани оҳан умуман хамаи канданиҳои фойданок хеле бой аст. Забони Руси ба яке аз забонҳои умуми ҷаҳони монанди ангилиси табдил ёфта мавкеъи баланд дорад.

Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.