Қалъагӣ

Шаблон:Химические элемент кутти

Қалъ (Sn)

Инҷоро ҳам бингаред

Азопайвастҳо

Азопайвастҳо — пайвастҳои органикие, ки молекулаашон азогурӯҳи – N = N – дошта, ба ду радикали карбогидрид – R ва R1 алоқаманданд. Ҳамаи азопайвастҳо рангноканд. Азопайвастҳои одитарин азобензол аст. Азопайвастҳоро бо чанд роҳҳосил кардан мумкин аст: 1. Бо роҳи барқарор намудани нитропайвастҳо дар муҳити ишқорӣ. Ба сифати барқарорсозанда оҳан ё хокаи руҳ ва ишқор, амалгамаи натрий ва спирти серобкарда ё маҳлули обии оксиди қалъагӣ (II)-ро истифода мебаранд: 2RNO2 + 4Н2 → RH = NR + 4Н2О. 2. Дар натиҷаи ҷӯшонидани миқдори эквиомолекулавии аминҳои якумини ароматӣ бо нитрозопайвастҳо дар кислотаи атсетати яхин: RNO + H2NR → RN = NR + Н2О. 3. Усули муҳим ва ягонаи саноатии ҳосил кардани азопайвастҳо (соли 1858 олими немис П. Грисс кашф кардааст), ки ба ҳампайвастии намакҳои диазоний ва аминҳои якумин, дуюмин, сеюмин, фенолҳо ва эфири фенолҳо асос ёфтааст, чунин мебошад: C6H5N2C1 + H2NC6H5 → → C6H5N = NC6H5 + HCl. Азопайвастҳо моддаҳои органикии муҳим буда, барои истеҳсоли азорангҳо истифода мешаванд.

Андудаи галванӣ

Андудаи галванӣ — қабати металлиест, ки аз ҳиссаҳои мкм то ба ҳиссаҳои даҳии мм ғафсӣ дорад. Онро бо роҳи таҳшини электролитӣ ба сатҳи маснуоти металлӣ рӯкаш мекунанд. Андудаи галванӣ асосан бо мақсади зиёд намудани устувории маснуот бар зидди коррозия, инчунин бардавомии мӯҳлати истифода ва зеби маснуот ба кор бурда мешавад. Масалан, маснуоти пӯлодӣ бо руҳ, қалъагӣ, никел, мис ва хром; асбобҳои дақиқи электрикӣ ва тиббӣ бо нуқра, тилло, платина, палладий ва радий андуда мешаванд. Баъди андудаи галванӣ сатҳи маснуот хосиятҳои махсуси физикавӣ ва химиявӣ пайдо мекунад.

Арҷинак

Арҷинак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор. Аз Арҷинак то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 34 км. Аҳолиаш 369 нафар (2017), тоҷикон.

Африқо

Африқо — қораи аз ҷиҳати бузургӣ дуюмини кураи Замин (баъди Авруосиё). Дар Нимкураи шарқӣ воқеъ буда, аз (хатти) истиво ба Шимол ва Ҷануб то арзҳои субтропикии ҳар ду нимкура тӯл кашидааст. Масоҳати Африқо 29,2 млн км² (якҷо бо ҷазираҳо 30,3 млн км²).

Африқои Ҷанубӣ

Áфриқои Ҷанубӣ — ноҳияи табиии Африқо, дар ҷануби пуштакӯҳи Конго – Замбезӣ. Африқои Ҷанубиро аз Ғарб Уқёнуси Атлантик, аз Шарқ Уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст. Дар Африқои Ҷанубӣ аксари навъҳои сатҳи замин (ландшафт)-и Африқо дар миқёс (масштаб)-и хурд такрор мешаванд, аз ҳамин сабаб онро баъзан Африқои Хурд ҳам меноманд. Африқои Ҷанубӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ як қисми платформаи Африқо аст. Дар ҷойҳои барҷастаи таҳкурсии платформа ҷинсҳои булӯрии токембрий ва интрузияҳое, ки дар палеозой пайдо шудаанд, намудоранд. Пастхамии Калахари бо ҷинсҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Канори ҷанубиашро кӯҳҳои чиндори Кап иҳота кардаанд, ки аз тамоми қисми боқимондаи Африқои Ҷануб ҷавонтаранд. Африқои Ҷануб аз моддаҳои маъда­­нии арзишманд – тило, платина, уран, қалъагӣ, манган, мис, хромит, асбест, алмос ва ғайра ғанӣ аст. Таҳнишастҳои давраи перм конҳои калони ангиштсанг дорад. Қисми марказии ноҳия аз ҳамвориҳои баланд (то 900–1000 м) иборат буда, атрофи он асосан бо паҳнкӯҳҳои баландиашон 1200–1800 м иҳота шудааст. Ноҳия дар минтақаҳои иқли­маш истивоӣ, тропикӣ, субтропикӣ ҷой гирифтааст. Боришоти солона 500–600 мм. Ҳарор. миёнаи моҳона 290, 270С (дар Мозамбик), дар соҳилҳои ғарбӣ 11,60, 15,30С. Қисми зиёди Африқои Ҷанубиро дашт ишғол кардааст. Соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқии серборишашро бешаҳои зичи тропикӣ ва субтропикии сернам пӯшондаанд. Ба тарафи ғарб наботот торафт кам мешавад. Аз ҳайвонот шер, паланг, кафтор, шағол, фил, каркадан, говмеш, заррофа, оҳу дорад.

Баббит

Баббит — хӯлаҳои антифриксионии дар асоси қалъагӣ ё сурб тайёршуда. Баъзе навъҳои баббит сурма, мис, никел, маргимуш, кадмий, теллур, калсий, натрий, магний ва ғ . доранд. Баббитро соли 1839 И. Баббит (ИМА) ихтироъ кардааст. Бештар се навъи хӯлаҳо маъмуланд (90 % қалъагӣ ва 10 % мис; 9 % қалъагӣ, 7 % сурма ва 4 % мис; 80 % сурб, 15 % сурма ва 5 % қалъагӣ). Баббити асосаш қалъагиро барои сох­тани хӯлаҳои антифриксионии нисбатан нарм ва коэфффитсенти соишашон хурд ба кор мебаранд. Чунин баббит нисбат ба баббити сурбдор ба зангзанӣ ва фарсудашавӣ устувор буда, гармигузаронии хуб дорад. Баббитҳои сурбӣ ҳарор. кории нисбатан баланд дошта, барои рехтани подшипникҳои муҳаррикҳои дизелӣ ва дастгоҳҳои навардӣ истифода мешаванд. Ҳарорати гудозиши баббит паст (300—440 °С) ва коркарди он осон аст.

Биринҷӣ

Биринҷӣ (форсӣ: برنجی‎) — хӯлаи мис ва унсурҳои гуногуни кимиёӣ: қалъагӣ (то 19 %, Б.-ҳои қалъагӣ), алюминий (5-12 %, Биринҷӣҳои алюминӣ), бериллий (1,6-2,1 %, Б.-ҳои бериллий), сурб, кадмий, хром ва ғ.

Биринҷии қалъагӣ қадимтарин хӯлаест, ки инсон истеҳсол кардааст. Аз қадим биринҷӣ барои сохтани олоти кор, аслиҳа (сарнайза, ханҷар, табар), ашёи зинат, танга ва оина хидмат мекунад. Дар асрҳои миёна аз биринҷӣ зангӯла ва тӯп мерехтанд. Ба туфайли хосиятҳои антифриксионии худ биринҷӣ аз а. 19 дар мошинсозӣ бисёр истифода мешавад. Дар а. 20 биринҷии қалъагиро, асосан, биринҷии алюминӣ иваз кард, ки 5-12 % алюминий дошт ва бисёр хосиятҳои он нисбат ба Биринҷӣи қалъагӣ беҳтар буд. Аз рӯйи хосиятҳои зиддизангзанӣ ва мустаҳкамиаш биринҷӣ нисбат ба миси холис беҳтар буда, дар муҳити об, ҳаво, кислотаҳо ва диг. моддаҳои кимиёӣ нисбатан устувор аст. Биринҷӣ барои тайёр кардани арматур ва таҷҳизоти гуногуне, ки барои корҳо дар муҳити обҳои ширин ва шӯр, буғи об таъйин шудаанд, тайёр намудани винститути шиноварии киштиҳо, пружинҳо, ҳайкалҳо, тангаву зангӯлаҳо ва ғ. истифода мешавад.

Давлати Пешдодиён

Давлати Пешдодиён (ба форсӣ: دولت پیشدادیان‎). Таърихи қадимтарини ориёӣҳо дар китоби Авесто, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Мутобиқи ин сарчашмаҳо Пешдодиён аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ буданд.

Давлати Сомониён

Давлати Сомониён (форсӣ: سامانیان‎; 819—999) — аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон. Ҳукмронии сулолаи Сомониён солҳои 819—999 дар бар мегирад.

Карнайсозӣ

Карнайсозӣ (порсӣ: کرنیسازی ) – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик буд, ба касби мисгарӣ тааллуқ дорад. Карнай сози мусиқии нафасиест, ки асосан, аз фулузи биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см, қутри лӯлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Аз ҷумла, даҳана бо торсак 85-90 см, миёнаҷо – 55 см ва каба – 57-63 см дарозӣ доранд. Тарзи сохтани карнай чунин аст: тахта ё варақаи биринҷиро гирифта, бо қолиб ба он қисматҳои карнайро хат мекашанд ва бо миқрози оҳанбӯрӣ мебуранд. Нахуст даҳанаи карнай сохта мешавад. Варақаи андозашудаи даҳанаро, ки «чапони даҳана» номида мешавад, бо миқроз дандона бароварда, дар гирди оҳани лӯлашакл мепечонанд. Дандонаҳоро бо болғаи чӯбин зада маҳкам мекунанд ва даҳана шакли лӯларо мегирад. Ҷойҳои пайвандшударо бо истифода аз нуқра, каме қалъагӣ ва рӯҳ кафшер мекунанд. Бо болға мавзеъи барҷаста ва дағали ҷойи пайвандҳоро ҳамвор карда, бо сӯҳон соида номаълум месозанд. Сипас бо тезобаву туршоба (кислотаи сулфат ё кислотаи хлорид) даҳанаи карнай тоза карда мешавад.

Қисми дигари даҳана – торсакро бо қолиб бурида, дар оташи баланд мулоим карда, дар қолиби махсус кӯфта, ба шакли косача медароранд ва миёнаи онро сӯрох мекунанд, то ки нӯги борики нил ба он пайваст гардад. Нил яке аз қисмҳои муҳими карнай буда, як нӯги он аз дигараш кушодтар аст. Он низ аз фулузи биринҷ сохта мешавад, аммо ғафсии тахтаи он маҳинтар аз дигар қисмҳои карнай мебошад. Нилро лӯлавор печонида, ба даруни даҳана мегузоранд ва нӯги борики онро ба сӯрохии торсак ва нӯги васеътари онро ба поёни даҳана аз дарун бо қалъагӣ кафшер мекунанд. Миёнаҷои карнайро низ бо ҳамин усул тайёр шуда, аз пеш бо даҳана ва аз поён бо кабаи карнай пайванд мешавад. Дар қисмати аввали миёнаҷо (баъди 10-11 см) қуббачаи хурдеро барои ороиш аз беруни лӯла устувор менамоянд.

Қисми поёнии карнай – каба низ ба ҳамин тарз сохта мешавад. Тахтаи биринҷиро бо қолиб бурида, дандона сохта мепайванданд ва пас аз кафшер кардан, бо болға кӯфта, фулузи онро сахту чандир месозанд. Ҳар қадар девораи каба бисёр кӯфта шавад, ҳамон қадар садо дилкашу ҷарангосӣ берун меояд. Дар мобайни каба аз берун қубба ҷой мегирад. Пас аз кафшери интиҳоӣ ҳамаи қисмҳои карнай бо гили регаш маҳин соида мешавад, то ки аз доғҳо покиза шавад. Ҷияки ороишӣ алоҳида сохта шуда, онроба нӯги васеъи каба аз берун устувор мекунанд. Дар охир карнайро бо чархи мӯйин тоза менамоянд ва он ҷилодор мегардад.

Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири садаи ХХ ва ибтидои ХХI он тақрибан аз байн рафтааст. Ҳоло дар шаҳри Истравашан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнаю корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнайсозӣ шуғл доштаанд. Усто Мирзо, бо тавсияи санъатшинос Н. Ҳакимов, аз рӯйи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 намуди карнайи аҳди сомониёнро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ пешкаш намудааст. Аз ҷумла, усто Мирзо навъҳои каҷкарнай, буқ, карнайи шикаста, говдум, нафир, шоҳнафир, силсиласадо ва шайпурро аз нав эҳё кардааст.

Дар даҳсолаҳои охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасур маъракаҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст.

Кордсозӣ

Кордсозӣ (порсӣ: کاردسازی ) – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик аст, ки ба бахши оҳангарӣ марбут мебошад. Корд ҳамчун асбоби рӯзгор, асосан, аз пӯлод сохта мешавад. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд. Барои теғи корд, имрӯзҳо, баъзе қисмҳои пӯлодии мошину тракторҳои азкорбаромада истифода мешаванд. Дар гузашта пӯлодро дар шаҳрҳои калон мегудохтанд, ё аз кишварҳои дигар меоварданд. Кордсозон ду навъи пӯлод: пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту буротар аст, барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3-4 хел маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шоху устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ, оҳу, гов), чӯб, баъзан аз фулуз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Аз ҳама корди гаронбаҳо дастааш аз шохи каркадан ва оҷи фил ба шумор меравад. Сарбанди корд низ ба монанди гулӯбанди он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад.

Ҷараён ва усули сохтани корд чунин аст: тахтапӯлодро дар оташи қура сурх карда, болға кӯфта, ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр, пӯлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда, бо болға кӯфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пӯлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мӯйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд. Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх ҷойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Дастаҳо ду хел мешаванд: яклухт (сухма), ки аз миёнаш сӯрох мекунанд ва дукафон (ёрма) – аздутарафи даста ду устухонро бо мехи мисин пайванд менамоянд. Дар қисми болои даста қолаберо омода карда, ба он нуқра, биринҷ, сурб ё маъдани дигареро гудохта, мерезанд. Онро бо сӯҳон соида, ба шакли гулӯбанд табдил медиҳанд. Сарбанди корд низ дар қолаб аз нуқра, сурб, биринҷ ва ғайра рехта мешавад. Баъзе сарбандҳо каҷ буда, барои аз даст наафтидани корд мувофиқ кунонда мешаванд. Гулӯбанду сарбанд аз дутарафи даста ҷой гирифта, дастаро аз ҷудошавӣ нигоҳ медоранд.

Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ва ғайра ба кор меравад. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулӯбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ, насбнамоӣ ва рангубор додан анҷом медиҳанд.

Ғилофи кордҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чӯб, шохҳои оҳу ва буз сохта мешаванд. Дар даруни ғилофҳо чарми сахт ё картонро ба шакли хонаи теға ба девораҳои ғилоф пайванд мекунанд. Аз берун ғилофҳо бо нақшҳо, рангҳои гуногун ва чармпораҳо ороиш дода мешаванд. Ғилофи кордҳои армуғониро аз чӯби чормағз, устухон, шохҳои оҳу ва бузҳои хонагию кӯҳӣ сохта, бо нуқраву қалъагӣ, сурб ва рангҳо дар он нақшҳо тасвир мекунанд. Санъати кордсозӣ дар Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Хистеварз маъмул аст.

Мис

Шаблон:Химические элемент кутти

Мис (Cu)

Мис дар қатори оҳан, тилло, нуқра, қалъагӣ, қурғошим, симоб аз қадимтарин металлест, ки инсон 10 ҳаз.сол муқаддам онро мешинохт ва 9 ҳаз.сол пеш дар Шарқи Наздик асри халколит (энеолит) эълон шуд. Тахминан 7 ҳаз.сол муқаддам асри мис ба Аврупо гузашт. Дар он ҷо захираи калони мис дар Кипр (ҷазираест дар баҳри Миёназамин) ба мардум маълум буд ва гумон аст, ки аз Кипр истилоҳи лотинии «купрум» пайдо шуд, вале мис («медь») аз калимаи «смида»-и қабилаҳое, ки дар минтақаи европоии собиқ Иттифоқи Шўравӣ дар асри биринҷӣ сукунат доштанд, ҳама гуна металлҳоро «Смида» меномиданд, чунки танҳо як металл-«медь» (мис)-ро медонистанду бас. Бо мурури вақт асри мис ба Осиёи Миёна, Кавказ ва дар асри 2 пеш аз мелод, то ба Украина расид.

Миси асил сурх, сурхи гулобӣ, ёзанда, мулоим, ноқил, вазнин (зичиаш 8,92 г/см3) асту дар 10830С гудохта мешавад, дар ҳавои намнок бо доѓҳои сабз пўшонида мешавад, яке аз металлҳои рангаи саноати ранга ба шумор меравад. Ин аст, ки истифодаи мис аз тамаддуни қадимаи инсоният маълумот медиҳад.

Соҳаҳои асосие, ки мис ва хўлаҳои он истифода мешаванд, электротехника ва электроника (ѓалтакҳои аппарати электрикӣ, сим, кабел, резина, қисмҳои эҳтиётии аппаратҳои радио, телевизион, телефон, тамғаҳои чопӣ), мошинсозӣ (қисмҳои двигателу шамолдиҳанда, техникаи кафшерӣ), нақлиёт (қисмҳои пайвасткунандаи қаторҳо, тепловозҳо, киштию тайёраҳо, асбобҳои бонгдиҳанда), саноати кимиё (истеҳсоли катализаторҳо, ранг, намакҳо), сохтмон, кишоварзӣ (истеҳсоли химикатҳои заҳрдор) мебошанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир барои истеҳсоли як мошинаи сабукрав 20 кг мис истифода мешавад.

Дар баробари миси тоза хўлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хўлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хўлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хўлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад.

Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хўлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хўлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд.

Дар асрҳои гузашта (а.15-18) аз хўлаи биринҷӣ аслиҳаи ҷангӣ (тўп) ва барои мазҳаби славияниҳо зангўлаҳо месохтанд, аз ҷумла зангўлаҳои 40 тонна - Шоҳ-Пушка (с.1586) ва аз 200 тонн биринҷӣ Шоҳ-Зангўларо (с.1755) Андрей Чохов ва падару писар Маторинҳо бо муваффақият рехтанд, ки ҳоло дар Кремли Москав маҳфузанд. Пётри 1 дар ҷанги Полтава ба муқобили 4 танки свидҳо 72 танкҳоеро истифода бурд, ки аз зангўлаҳои мазҳаби славиянҳо сохта буданд. Мутахассисон аслиҳаи ҷанги (а.6 пеш аз милод) дар Ирон, Туркия ва Месопотомия аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намуда, ба хулосае омаданд, ки калимаи «бронза» (биринҷӣ), ба сифати истилоҳ баъд аз истеҳсоли хўла пайдо шудааст. Дар ибтидо «бронза» маънои мис аз Брундизия («медь из Брундизия)-ро дошт. Брундизӣ деҳаи портӣ дар соҳили баҳри Адриа воқеъ аст, ки дар он ҷо металли мис савдо мекарданд ва металлургҳои брундизӣ истеҳсоли биринҷиро аз худ намуданд. Номи биринҷӣ аз калимаи тағйирёфтаи туркӣ, номи маҳаллаи Брундизӣ пайдо шудааст.

Дар он вақт маркази металлургия дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиё дари хешро боз намуда, гудохтани биринҷӣ авҷ мегирифт ва аслиҳаи ҷангӣ, табар, досу болға, корд ва асбобҳои лозими дигар месохтанд.

Аз 240 минерали мис миси асил (100% мис), халкопирит-CuFeS2 (34-35%), ковеллин-CuS (66,4%), борнит-Cu5FeS4 (55-69%), халкозии –Cu2S (80%), куприт-Cu2S (89%), малахит-Cu2(OH)2CO3 (57%), азурит – Cu3(OH)2 [CO3]2 (56-69%), хризоколла-Cu8(OH)8(H2O)4 [Si8O20]•8 H2O (36%), сулфосолҳо (56-69%) дар таркибашон мис доранд.

Аз конҳои ҷаҳонии мис аз 95 мамлакат 1,6 млрд.т. (01.01.2005 с.) ошкор шуда, 75% онҳо ба 11 мамлакат рост меояд: Чилӣ (24,6%), ИМА (6,4%), Перу (6,1%), Русия (5,8%), Хитой (5,7%), Замбиё (5,2%), Австралия (4,2%), Мексика (4,1%), Индонезия (3,7%), Полша (3,6%) ва Қазоқистон (3,1%).

Захираи умумии маъданҳои мис 1,22 млрд.тоннаро (01.01.2005 с.) дар бар мегирад, аз ҷумла: Чилӣ (29,5%), Русия (6,8%), ИМА (%,7%), Хитой (5,2%), Перу (4,9%), Полша (3,9%), Австралия (3,5%), Мексика (3,3), Индонезия (3,1%), Замбиё (2,9%) ва Конго, Монголия, Қазоқистон, Канада, Ўзбекистон, Бразилия, Аргентина ва Перу.

Захираи иктишофшудаи ҷаҳон ба 637 млн.т. рост меояд. Захираи калонтарин дар Чилӣ (22%), ИМА (5,5%), Перу (4,7%), Мексика (4,2%), Бразилия (3,5%) макон дорад. Аз ҳама бойтарин маъданҳои мис дар таркиби регсангҳои мисдори Конго (4% миқдори мис), Замбия (2,8%) ва конҳои колчедани мис дар Австралия (2,4%), миқдори ками мис дар Мексика (0,5%) ва Қазоқистон (0,68%)-конҳои мисупорфир мебошанд.

Гудохтани мис дар 37 кишвари ҷаҳон 12,38 млн.т. (с.2005) буда, Ҷапон, Чилӣ, Хитой 30%-и онро дар бар мегиранд.

Истеҳсоли миси тоза 16,58 млн.т.( с.2005) мебошад, вале талабот ба он 15,5 млн.т. (с.2005) рост меояд.

Содироти умумии мис 7 млн.т., воридот 7,7 млн.т. аст. Содирот аз мамолики рўбатарақкӣ, воридот – тарақкикарда. Содироти калонро Русия (– 500-700 ҳаз.т.) иҷро мекунад.

Арзиши миси тоза солҳои 1990-1997 ба 2300-2900 долл./т., солҳои 2004-2005 аз 2865 долл./т. то 3680 долл./т., солҳои 2006-2007 нарх ба 6500-8000 долл./т. рост омад.

Заминаи ашёи минералии саноати Русия аз рўи сифат аз саноати Аврупо монданӣ надорад ва ба талабот ҷавобгў мебошад. Захираҳои дурнамои мис 9,8 млн.т. мебошад.

Дар Русия мисро асосан аз конҳои сулфиди мису никел (70-75%), комплекси полиметаллҳо, колчедани мис ва мису руҳ (20-25%) истихроҷ мекунанд. Истихроҷи мис дар Русия 5% аз истихроҷи ҷаҳонӣ бартарӣ дорад, аз кони Норилс ки 62%, региони Урал (Туринское) 34,5% мис истихроҷ намуда, 37 конро дар бар мегирад. Никели Норилск 61% истеҳсоли мис ва гудохтани миси тоза 54% дар Урал ва Таймир ба қайд гирифта шудааст. Содироти никели Норилск 85% содироти миси Русияро дар бар мегирад.

Ноҳияи Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ — яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳри Айнӣ аст.

Санаи ташкилёбии ноҳия 23 ноябри соли 1930. Масоҳаташ 5158,6 кm² буда дорои 78 300 нафар аҳолӣ мебошад. Аҳолии маркази ноҳия 2781. Аҳолии деҳот 74,700. Аҳолии шаҳрак 2682.

Панҷакент

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Порис

Порис (фр. Paris) (русӣ: Париж) — шаҳр ва пойтахти Фаронса мебошад. Маркази маъмурии ноҳияи Ил-де-Франс аст. Коммуна ва департаментро ташкил мекунад, ки аз 20 ҳавза иборат аст.

Аҳолӣ — 2,274 млн одам (2014 год), панҷум шаҳри Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати ҳаҷм. Ба ҳисоби умумии аҳолии дохили Порис ва маҳаллаҳои атрофи он («Пориси Калон») 10,6 млн нафар одам сукунат мекунад (2011). Дар қисми шимолии Фаронса, ва ҳамвории ҳавзаи Порис дар соҳили дарёи Сена чой гирифтааст.

Маркази мӯҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Фаронса аст. Ҳамчун яке аз марказҳои молияи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Инҷо Штаби ЮНЕСКО (UNESCO — The United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд.

Маркази таърихи, ки аз ҷазираи Сите ва ҳарду соҳилҳои дарёи Сена дар тулли як чанд аср ташаккул мекард. Дар нимаи асри XIX дар Порис таъмири ҷиддӣ шуда гузашт. Дар назди шаҳр қаср ва боғи таърихӣ Версал қарор дорад, ки манзараи мутаносибро ташкил мекунад.

Замони таъсиси Порис аз асри III п. м. бо қабилаи келтҳо (паризиён) равнақ гирифт . Аз асри III—IV ҳамчун шаҳри галӣ-римӣ Паризиён маълум аст. Аз охири асри X бо қатъшавии муваққатан — пойтахти Фаронса.

Рехтагарӣ

Рехтагарӣ (порсӣ: ریختهگری ) – яке аз касбҳои қадимтарини тоҷикон буд.

Хӯлаи Фулузи биринҷӣ аз омехтаи мис ва қалъагӣ иборат буда, яке аз кашфиётҳои қадимтарини инсоният ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ низ он таърихи чандҳазорсола дорад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан устоҳои биринҷрезро «рехтагар» меномиданд. Фулузи биринҷиро рехтагарҳо дар корхонаҳои рехтагарӣ ба ҳисоби ба 5 мисқол қалъагӣ 7,5 мисқол миси сурх тайёр мекарданд. Ба ҳисоби дигар ба 1/3 қалъагӣ 2/3 мис ҳамроҳ карда мешуд. Биринҷиро дар зарфҳои бӯта, ки аз гили ба оташ тобовар сохта мешуд, мегудохтанд. Дар бӯтаҳои андозаашон маъмулӣ то 4 кг маҳлули фулуз ҷой мегирифтанд. Бӯтаҳоро худи устоҳои рехтагар месохтанд. Бӯта танҳо як маротиба истифода мешуд. Он то вақте ки дар болои оташ бошад, мустаҳкам меистод. Аммо вақте ки аз болои оташ онро гирифтанд ва сард шуд, зудшикан шуда, пора-пора мегардад. Бӯтаро бо пораҳои мису қалъагӣ ва порачае биринҷ пур карда, ба даруни кӯра, дар болои ангишт мегузоштанд. Кӯра оташдоне буд, ки баландиаш 75 см ва қутраш 40 см буд. Агиштро аз чӯби дарахтон тайёр мекарданд. Аз ҳама ангишти босифат аз решаи саксавул таҳия мешуд. Барои хӯларезӣ ду навъ қолиб ба кор мерафт. Қолибро аз чӯб ё аз гач ба сурати ашёи рехташаванда месохтанд. Қолиби дигар «тавонак» ном дошт, ки аз биринҷ рехта мешуд. Ҳангоми рехтани хӯла ҳар ду тарафи тавонак бо реги ширешдор (ба 10 кг рег 0,5 кг ширеш) пур карда мешуд. Чун рег сахт мешуд, дар щар ду парраи тавонак онро бо искана ва дигар асбобҳо кофта, қолиби лозимиро метарошиданд. Сипас тавонакҳо ба ҳам баста мешуд ва аз «даҳан» – сӯрохии махсуси тавонак хӯлаи биринҷро мерехтанд. Баъд аз сард гаштани ашёи биринҷӣ онҳоро бо сӯҳон соида, пардоз медоданд.

Ҷараёни рехтагарӣ тартиби муайян дошт: панҷ рӯз тайёрӣ медиданд ва ду рӯз корҳои рехтагарӣ анҷом меёфт. С. Айнӣ ёддоштҳояшро дар бораи корхонаи рехтагрии Бухоро нақл чунин кардааст: «Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолабгир, сӯҳонгар, бӯтасоз ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: мис, биринҷӣ, руҳ, қалъагӣ ва сурб барин фулузот (металлҳо) буд. Ангишташ - ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехта-шуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехта-шуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро «хӯла» мегуфтанд».

Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз хӯлаи биринҷ - манқал, офтоба, кӯза, чойҷӯш, лаълӣ, миқрози шамъ, давот, зангӯлаи шутур, узангуи асп, ҳалқаву қуббаҳои дарвоза, зангӯлаи дастбандӣ барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд.

Унсури кимиёӣ

Элементҳои кимёӣ - ҳоло дар ҷадвали даврии Дмитрий Иванович Менделеев такрибан 118 элемент ҷойгир буда ба 114 тои он номгузори шудааст. Ба 4-тои он ҳоло номгузори давом дорад. Дар системаи даврии Дмитрий Иванович Менделеев номи элементи Менделеев дар элементи рақами 101-ум ҷойгир шудааст.

Хӯла

Хӯла - аз якҷояшавии 2 ва ё зиёда фулузот (ба монанди мис, биринҷӣ, руҳ, қалъагӣ ва сурб барин фулузот) ба миён меояд. Фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро «хӯла» мегуфтанд.

Ҳанс Кристиан Андерсен

Ҳанс Кри́стиан А́ндерсен (дан. Hans Christian Andersen [ˈhanˀs ˈkʁæsdjan ˈɑnɐsn̩]; 1 (2) апрел 1805, Оденсе, иттиҳоди Дания-Норвегия — 1 (4) августи 1875, Копенҳаген, Дания) — нависанда ва шоири даниягӣ, афсонанависи машҳури ҷаҳон барои кӯдакон ва калонсолон: «Мурғобичаи баднамо», «Куртаи нави подшоҳ», «Дюймовочка», «Аскарчаи устувори қалъагӣ», «Оле Лукойе», «Маликаи барфин» ва бисёри дигар.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.