Юнони Қадим

Юнонии Қадим - ин кишваре ва маркази илму маърифат буд. Дар ин кишавар олимон ва файласуфони бисёр ба монанди Афлотун, Арасту, Архимед ва дигарон фаъолият мебурданд.

Нигаред

Аетион

Аетион (юнонӣ: Aetion) (асри 4 п.м — ) рассом ва ҳакалтароши Юнони Қадим аст.

Азимҷуссаҳо

Агрий

Алкионей

Гратио

Ипполи

Клитий

Мимант

Паллант

Полибут

Порфирион

Тоон

Эврит

Энкелад

Эфиалт

Арасту

Арасту (юнонии қадим: Αριστοτέλης — аристотелес), (384 то мелод, шаҳри Стагири Фракия 322 то мелод Халқидаи Эвбея), муҳақиқ ва мутафаккир , мунаққиди адабӣ, риёзидон, аллома, нависанда, файласуф, ситорашинос, олими Юнони Қадим.

Асотири Юнони Қадим

Дин ва асотири Юнони Қадим дар рушди фарҳанг ва санъати ҷаҳон таъсири амиқу гузоштааст.

Афина (асотир)

Афина — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи хирадмандӣ ва ҷанги боадолат. Тибқи ривоёт Афидофагҳо мусаллаҳ аз сари Зевс пайдо шудааст. Гӯё Зевс ҳамсари худ Метидаро ҳангоми дар батни ӯ будани Афидофагҳо фурӯ бурда бошад. Афина дар муборизаи худоён бо бузургҷуссагони саҳрои Флегрей ширкат намуда, ба бисёр қаҳрамонон – Персей, Одиссей, Ҳеракл мадад расондааст. Дар баҳсе бар Посейдон ғолиб омада, ҳомии давлати Афина шуд. Дар Акрополи Афина ҳайкалҳои машҳури биринҷии Афина сохта шуда буданд. Дарахти муқаддаси Афинаҳо зайтун, ҳайвони муқаддас мор ва парандаи муқаддаси Афина бум маҳсуб мешавад.

Дар асотири Рими Қадим ба Афина Минерва мувофиқат мекунад.

Афлотун

Афлотун (ар. أفلاطون‎ муарраби Платон, юн.-қад. Πλάτων; номи аслиаш— Аристокл, юн.-қад. Αριστοκλής; байни 429 ва 427 то м., Афина — 347 то м., ҳамон ҷо) — файласуфи идеалисти Юнони Қадим.

Геометрия

Формулаи масохати давра.

ОЧЕРКИ ТАЪРИХИИ ГЕОМЕТРИЯ

Геометрия ё Ҳандаса, мисли илмҳои дигари табиӣ, аз талаботи амалии одамон пайдо шудааст. Масалан, ҳангоми сохтани олоти меҳнат ва манзил зарурияти муайян кардани шакл ва андозаҳои предмет ба миён меояд. Манбаҳои то замони мо расида гувоҳй медиҳанд, ки мисриён ва бобулиён ҳанӯз 4000 сол пеш маълумоти васеи геометрӣ доштанд. Пирамидаҳои мисрӣ (қабрҳои фараонҳо) бо шаклҳои мунтазами ҳайратангез аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бе донишҳои геометрӣ сохтани чунин пирамидаҳо мумкин набуд. Дар папирусҳои мисриёни қадим (папирус - номи растанӣ аз ҷинси най. Масолеҳи хатнависӣ, ки мисриён ва дигар халқҳои қадим аз ин растанӣ тайёр мекарданд.), ки ба солҳои 2000-1700 то милод мутааллиқанд, ҳалли чандин масъалаҳои геометрӣ оварда шудаанд.

Баъд аз Миср маркази ғункунӣ, системакунонӣ ва таҳқиқоти геометрӣ ба Юнони Қадим мекӯчад. Исботи аввалин натиҷаҳои геометрӣ ба Фалес (639-548 то милод) аз Милет тааллуқ доранд. Чунин теоремаҳо ба монанди «диаметр доираро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад», «кунҷҳои амудй баробаранд», «кунҷҳои назди асоси се-кунҷаи баробарпаҳлу баробаранд» ба ӯ мансубанд. Инчунин ҳисоб карда мешавад, ки исботи нишонаҳои баробарии секунҷаҳо, исботи теорема дар бораи баробарии порчаҳое, ки хатҳои рости параллел онҳоро дар ду хат ҷудо менамояпд, низ азони Фалес мебошанд.

Ҳисоб карда мешавад, ки исботи қисми зиёди далелҳои геометрй ба Пифагор (564-473 то милод) тааллуқ доранд. Вале теоремаи Пифагор, ки ниҳоят машҳур аст, кайҳо боз, пеш аз ӯ ҳам маълум буд. Маълум нест, ки аввалин шуда ин теорсмаро кӣ исбот кардааст ва кадоме аз исботҳои мавҷуда ба худи Пифагор мансуб аст.

Баъди дар шакли 13 китоб пайдо шудани «Ибтидо»-и машҳури Уқлидус (Евклид) (365-300 то милод) геометрия ҷиддан ба илм мубаддал гардид. (Дар ин бора дар «Геометрия - синфи 10» маълумоти зарури оварда шудааст. Ниг. ба саҳ. 93-95.)

Бузургтарин математики дунёи қадим Архимед (287-212 то милод) аз Сиракузи Юнон тадқиқоти Уқлидусро назариявӣ асоснок намуда, онро пурра кардааст. Аз байни кашфиёти зиёди Архимед чен кардани дарозии давра ва масохати доира, ёфтани ҳаҷми ҷисмҳо, аз он ҷумла ҳаҷми силиндр ва кураро қайд кардан лозим аст. Маҳз вай дар дунё аввалин шуда нишон додааст, ки адади 22:7 -ро ҳамчун қимати тақрибии нисбати дарозии давра бар диаметр қабул кардан мумкин аст. Архимед ватанпарвари барҷаста буд. У ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳонаи румиҳо дар сангарҳо ҳамроҳи шаҳрвандони оддӣ ҷангида фавтидааст. Архимед васият карда буд, ки дар болои қабраш кураи сангиеро, ки дар силиндр дарункашида аст, гузоранд. Исботи он ки ҳаҷми чунин кура ба 2/3 ҳиссаи ҳаҷми силиндр баробар аcт, якe аз кашфиёти барҷастаи геометрии Архимед мебошад.

Ҳамаи бисёррӯяҳое, ки мо онҳоро омӯхтем, аз он ҷумла бисёррӯяҳои мутлақо мунтазам, дар Юнони Қадим маълум будапд. Китоби охирини 13-уми «Ибтидо» ба ҳамин бисёррӯяҳо бахшида шудааст. Далели мавҷудияти фақат 5 чунин бисёррӯя, ки опро файласуфи Юнони Қадим Афлотун (429-348 то милод) тахмип карда буд, ҳайратовар менамуд, чунки дар ҳамворӣ микдори бисёркупҷаҳои гуногуни мунтазам беохир аст. Танҳо соли 1794 франсуз Анри Лежапдр (1752-1823) аз теоремаи Эйлер, ки мо онро дар ибтидои ин курс овардаем, истифода намуда, исбот кард, ки бисёррӯяи мутлақо мунтазами шашум вуҷуд надорад. Яъне, чунин бисёррӯяҳо танҳо панҷтоянду халос.

Дар асрҳои II ва I -и пеш аз милод якчанд асарҳо, ки ба қоидаҳои ҳисоб дар геометрия бахшида шудаанд, нашр гардиданд. Масалан, дар китоби «Метрика»-и Герон (асри I пеш аз милод) аз Александрия қоидаҳои ҳисоби масоҳатҳо ва ҳаҷмҳо оварда шудаанд. (Формулаи ҳисоби масоҳати секунҷа аз рӯи се тараф, ки ҳамчун формулаи Герон машҳур аст, аввалин маротиба дар ҳамин китоб вомехӯрад.)

Пас аз пош хӯрдани давлатҳои ғуломдории Дунёи қадим маркази илмӣ дар асрҳои миёна ба мамолики Шарқ-Осиёи Марказӣ, давлатҳои араб, Ҳиндустон мекӯчад. Дар асрҳои У-ХП дар Ҳиндустон геометрияи ҳисобй тараққй мекунад. Ҳиндуҳо ба масъалаи ҳисоби масоҳати сатҳ ва ҳаҷми ҷисмҳо диққати калон мсдоданд. Натиҷаҳои илмии ҳиндуҳо, хитоиҳо ва юнониҳоро арабҳо моқирона истифода карданд. Тамоми асарҳои Уклидус, Архимсд ва дигар донишмандони Юнони Қадим то охири асри IX ба арабӣ гарҷума шуда буданд. Ин имконият дод, ки на танҳо донишмапдони араб, балки олимоне низ, ки дар ҳудудҳои забткардаи арабҳо умр ба сар мебурданд, на ин ки аз натиҷаҳои илмии қадима воқиф гарданд, балки худ ба масъалаҳои илмие низ, ки диққати олимони атиқаро ҷалб карда буд, машгул шаванд. (Доир ба саҳми олимони Осиёи Марказии ии давра дар масъалаи рушди назарияи параллелй ва перпендикулярӣ ниг. ба «Геометрия-10», саҳ. 93-95.) Чандин олимони Шарқ, ба мисли бузургтарин олими табииёти асрҳои Х1-ХП дар дунё,математики барҷаста ва шоири машҳур Умари Хайём (1048-1131), барчастатарин риёзидони асри XIII -и ҷаҳон Насируддипи Тӯсӣ (1201-1272) назарияи нодири хатҳои рости параллел, назарИЯИ геометрии таносубхо, усулҳои графикии ҳалли муодилаҳои кубиро пешниҳод кардаанд.

Пас аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шудани «Ибтидо» аз асрҳои мисна сар карда дар Аврупо тадқиқоти математикӣ аз нав авҷ мегирад. Региомонтан (1436-1476) дар китоби соли 1461 чопкардааш барои ҳалли масъалаҳои геометрӣ усулҳои алгебраро истифода кардааст. Файласуф ва математики франсуз Рене Декарт (1596-1650) дар «Геометрия»-и худ аввалин шуда бузургиҳои тағйирёбандаро дар математика дохил кардааст. Дере нагузашта аз рӯи ин бузургиҳо олими англис Исаак Нютон (1643-1727) ва олими немис Готфрид Лейбнитс (1646-1716) бунёди асосҳои ҳисоби дифферентсиалӣ ва интегралиро ба итмом расопиданд. Кашфиёти Декарт, Нютон ва Лейбнитс инқилобе буд дар илми математика. Бо ёрии ин кашфиёт ҳалли бисёр масъалаҳои гсометрӣ ба осонӣ ёфта шуд. Масалан, ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди масъалаи гузаронидани расанда ба хати каҷи дилхоҳ, масъалаи ҳисоби масоҳати сатҳ ё ҳаҷми ҷисм. Бо истифодаи натиҷаҳои ин кашфиёт ёфтани ҳаҷми ҷисми геометриро мо дар мисоли ёфтани ҳаҷмҳои силиндр, конус ва кура муоина кардем.

Франсуз Гаспар Монж (1746-1818) ва швейтсарй Леонард Эйлер (1707-1783), ки солҳои зиёд дар Россия кор ва эъҷод кардааст, дар кори омӯхтани хосиятҳои геометрии фигураҳо тарзи истифода кардани ҳосиларо нишон доданд. Бо ҳамин онҳо ба пайдо шудани шохаи нави математика- геометрияи дифферентсиалй асос гузоштаанд.

Дар асри XIX аз сабаби зарурияти ҳалли масъалаҳои геометрия, физика, механика ҳисоби векторӣ офарида шуд. Асосгузори ин ҳисоб (назарияи векторҳо) англис Виллям Ҳамилтон (1805-1865) ва амрикоӣ Ҷозеф Гиббс (1839-1903) мебошанд.

Дар ҳамин давра тадқиқот доир ба асосноккунии аксиомаҳои Уқлидус, хусусан доир ба аксиомаи 5-умаш, дар Россия ва дигар мамолики Аврупо давом доштанд. Дар ин роҳ ба олими бузурги рус Николай Лобачевский (1792-1856), олими маҷор Янош Бойя (1802-1860) ва математики барҷастаи немис Карл Гаусс (1777-1855) муяссар шуд, ки исботнашаванда будани постулати 5-уми Уқлидусро нишон дода, геометрияи ғайриэвклидиро офаранд. (Мо дар ин бора дар «Геометрия - 10» муфассал сухан ронда будем.) Хамин тариқ, номукаммал будани системаи аксиомаҳои Уқлидус муайян гардид.

Ин буд, ки олимони немис Давид Гилберт (1862-1943), Г. Вейл , олими рус Андрей Николаевич Колмогоров (1903-1987) системаи аксиомаҳои худро пешниҳод карданд, ки хосиятҳои пуррагӣ, ноҳамзиддӣ ва новобастагиро доранд, яъне мукаммаланд. Ин системаҳо дар зоҳир гуногун намоянд ҳам, ба ҳамдигар баробарқувваанд, яъне як системаи аксиомаҳо хулосаи дигарӣ аст ва баръакс. Нишон дода шудааст, ки аз рӯи ҳар яке аз ин системаҳо натиҷаҳои математикаро асоснок кардан мумкин аст. Геометрияе, ки мо дар мактаб, дар синфҳои 7-11 омӯхтем ба системаи аксиомаҳои академик А.Н.Колмогоров асос карда шудааст.

Дар Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ доир ба геометрия гузаронида мешаванд. Пажӯҳишро академик Зафар Усмонов сарварӣ менамояд.

Аз китоби дарсии Геометрия барои синфи 11, муаллиф Боймурод Алиев

Забони юнони қадим

Забони юнони қадим (ἡ Ἑλληνικὴ γλῶττα) — забон ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ, аҷдоди забони юнонӣ, ки дар ҳудуди Юнони Қадим дар давраи аввали ҳазораи II п.м. то асри IV-и милодӣ паҳн буд.

Зевс

Зевс (юн. Ζεύς) — дар асотири Юнони Қадим худои осмон ва раъду барқ. Зевс сарвари худоёни олимпӣ ва фарзанди сеюми Кроносу Рея мебошад. Зевс бародари Аид, Гестия, Деметра ва Посейдон мебошад. Зани Зевса — олиҳа Гера (хоҳари худаш) мебошад, вале бисёр ба Зевс хиёнат мекунад. Мувофиқи асотир Зевс бадиву некиро дар рӯи Замин тақсим мекунад.

Илиада

Илиада (юнонии қадим: Ἰλιάς) — достони эпикии адабиёти Юнони Қадим, ки муаллифи онро Ҳомер медонанд. Ин қадимтарин осори хаттии адабиёти юнонӣ мебошад.

Леохар

Леохар, аз бузургтарин хайкалтароши Юнони Қадим (миёнаҳои а. 4то м.). Л. дар тарошидани хайкалхи мармарин маъбади Галикарнас ширкат доштааст. Машртарин асари Л. мучассамаи биринчии Аполлон мебошад, ки то замони мо дар нусхаи мармарии Рим (машхр ба Аполлони Вельведери) расидааст.

Маздаясно

Маздаясна (порсӣ: مزدیسنا ), Зардуштия ё Дини Зардуштӣ ("Маздоия"), дини халқҳои қадимаи Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод пайдо шуда, дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Ин дин аз ваҳии пайғамбари Спитама Заратуштра (форсӣ — زرتشت, юнони қадим — Ζωροάστρης), ки вай аз Худо Аҳура Маздо гирифта буд, сар шудааст.

Нависандагони Юнони Қадим

Нависандагони Юнони Қадим

Ҳесиод

Ҳомер

Саппо

Оромгоҳ

Оромгоҳ, мақбара (ар. مقبره‎ — маҳалли қабр), марқад, турбат, мадфан — бинои ёдгории болои қабр, мавзолей. Максад аз сохтани макбара як навъ пос ва боки доштани ёди шахси мархум аст. Анъанаи сохтмони макбара дар давраҳои муайяни таърихи ва дар байни халқхо тафовути ҷиддӣ дорад. Масалан дар Юнони Қадим (3000 — 2400 то мелод) макбараро аз сангҳои калонхачм ва ба шакли ахроми чорпахлу сохта бо гачи сафед руйкаш мекарданд.

Дар Эрони кадим шохон ва дигар одамони машхурро дар макбараҳои мегурониданд, ки намои баъзеи онхо намои хани икоматиро ба хотир меовард. Мардум чунин акида доштанд, ки макбара ин хонаи абадии маит мебошад. Дар Эрон макбарахое хастанд, ки ба шакли манора сохта шудаанд.

Дар Осиёи Миёна анъаеаи махсуси гуронидани часади мурда ва сохтани макбара вучуд дошт. Дар давраҳои хеле кадим часади мурдаро дар чойҳои махсус мегурониданд. Чунин расми гуронидани часади мурда ба оини зардушти хос буд, ва ин анъана то истилои Араб дар Осиёи Миёна давом дошт.

Осиё

Осиё бузургтарин қитъаи кураи замин аст, ки 40 давлати дунё дар он ҷойгир буда, масоҳати умумиаш ба 44,5 млн км² баробар аст ва 8.6% сатҳи масоҳати умумии Заминро, ва ё 29.4% масоҳати хушкии онро иҳота мекунад. Тибқи маълумоти соли 2014 аҳолии Осиё 4,1 млрд буда, 60%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қитъаи Осиё релефи гуногун дошта, нуқтаи пасттарин ва баландтарини қураи замин дар ин қитъа ҷойгиранд (қулаи Эверест дар баландии 8848м ва баҳри Мурда дар пастии 395м аз сатҳи баҳр). Дар қитъаи Осиё нахустин империя – давлати Ҳахоманишиё ва се дини ҷаҳонӣ – Буддоӣ, Насронӣ, ва дини мубини Ислом ба вуҷуд омадаанд. Қитъаи Осиё яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни ҷаҳон мебошад. Номи Осиё аз мавқеи географии он бар меояд. Ҳоло географҳои Юнони Қадим қаламравҳое, ки дар ғарб ва шимолии Юнон воқеъ гардидаанд, ба Аврупо (аз калимаи юнонии эреб - ғарб) ба он қаламравҳое, ки дар шарқии он ҷойгир шудаанд, ба Осиё (аз калимаи юнонии асу - шарқ) мансуб медоданд. Мавқеи иқтисодию географии Осиёро, пеш аз ҳама дар байни қитъаҳои олам мавқеи мобайниро ишғол намуданд ва дар сари роҳҳои ҷаҳонии баҳрии тиҷоратии аз Аврупо ба сӯи Уқёнуси Ҳинд ва Ором раванда, ҷойгир шудани он муайян менамояд.

Сиклопҳо

Сиклопҳо, Киклопҳо («доирачашмҳо», аз юн. κύκλος, «доира» ва юн. όψις, «чашм») — се азимҷуссаи якчашма, писарони Гея ва Уран: Арг (юн. Ἄργης, «дурахшон»), Бронт (юн. Βρόντης, «раъду барқ») ва Стероп (юн. Στερόπης, «ҷилодор»).

Суқрот

Суқрот (юнонии қадим: Σωκράτης, соли 469 то милод, Афина — соли 399 то милод, дар ҳамон ҷо) — файласуфи Юнони Қадим мебошад. Аз тарафи мухолифини сиёсӣ қатл карда шудааст.

Суқрот писари сангтарош Софроникс ва доя Фенарета мебошад.

Юнон

Юнон - кишварест дар Аврупо

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.