Эр-граф

«Эр-граф» (аз англ. R-graph; кӯчаи Раҳмон Набиев, 218) — нашриёт. Муассис — ҶММ «Эр-Граф».

Аз соли 2002 фаъолият дорад. Дорои матбааи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири чопӣ ва нашриёт мебошад. Китобҳои «Донишнома барои кӯдакону наврасон», «Донишномаи фарҳанги мардум», ҷилди 3-и «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар чопхонаи «Эр-граф» ба табъ расидаанд.

Пайвандҳо

  • rgraph.tj — сайти расмии Эр-граф

Сарчашма

Асар

Асар - маҳсули эҷодии муаллиф аст. Асар бояд ба якчанд талабот ҷавобгӯ бошад. Аввалан, асар бояд маҳсули зҷодии худи муаллиф бошад, маҳсули фаъолияти шахси дигар набошад. Дуюм, асар бояд дар шакли объективӣ (хаттӣ), даҳонӣ, тасвирӣ ва ғайра ифода ёбад. Он фаҳмиш ва тасаввуре, ки дар хотири муаллиф аст, асар эътироф намешавад. Он бояд дар ягон шакл ифода карда шавад. Ғоя, усул, равия ҳамон вақт асар дониста мешавад, ки ифода карда шавад. Асар дар соҳаи илм, адабиёт ва санъат буда метавонад..

Давлат

Давлат ё Ҳукумат - кишвар, ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст. Чун ташкилоти сиёсӣ давлат ҳокимияти сиёсиро амалӣ сохта, идораи сиёсиро ба ҷо меорад. Чун ташкилоти таркибӣ давлат аз дастгоҳҳои давлатӣ иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор идоракунии давлатро амалӣ месозад. Давлат ташкилоти ҳудудиест, ки бо мақсади иҷрои корҳои умумӣ дар асоси тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва нишонаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, дорои ҳокимияти сиёсии омма буда, функсияи маҷбуркунии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеа тадбиқ менамояд.

Забони расмӣ

Забони расмӣ — забоне, ки ба таври қонунӣ дар кишвар ё минтақае аз кишвар, ки аз тавоноии вазъи қонунҳои хосси он минтақа бархурдор аст, интихоб шудааст.

Забони расмӣ бештар бо забони давлатӣ ҳаммаъно мебошад, вале метавонад баробари забони давлатӣ амал кунад. Забони давлатӣ — забонест, ки бо он коргузории давлат иҷро мегардад ва ҳамаи санадҳо бояд бо ин забон навишта ё тарҷума шаванд. Масалан, дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад.

Масалан, дар моддаи 4 Қонуни ИҶШС «Дар бораи забони халқҳои ИҶШС» аз 24 апрели соли 1990 гуфта шудааст, ки «бо назардошти шароити таърихии бавуҷудомада ва бо мақсади таъмини вазифаҳои умумииттифоқӣ забони русӣ дар марзи ИҶШС забони расмии ИҶШС дониста мешавад ва ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳо истифода бурда мешавад». Дар асл забони русӣ вазифаи забони давлатии ИҶШС-ро иҷро мекард.

Забони расмӣ забонест, ки баробари забони давлатӣ дар марзи давлат татбиқ шуда метавонад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 Конститутсияи Қазоқистон соли 1995 забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ забони қазоқӣ мебошад. Дар ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ баробари забони қазоқӣ расман забони русӣ низ истифода бурда мешавад.

Имон

Имон (ар. ايمان‎) — эътиқод, боварӣ ба чизе; эътиқод ба дин, мазҳаб.

Имон — дар дини ислом эътиқод ба Аллоҳ, рисолати пайғамбари Муҳаммад (с) ва ба китобҳои муқаддас — Қуръон, боварӣ ба қазову қадар ва охират аст. Имон аз ваҳдати се ҳад — эътиқод (боварии яқини ботинӣ), иқрор (дар сухан эътироф кардан) ва амал (ба воситаи корҳои нек исбот намудан) иборат аст.

Ноҳия

1.Ноҳия - воҳиди маъмурӣ - ҳудудӣ дар Тоҷикистон. Ноҳияҳо тобеи вилоят мебошанд. Дар Тоҷикистон 13 ноҳия ҳаст, ки тобеи марказ мебошанд. Ноҳияҳо дар навбати худ аз ҷамоатҳо иборат мебошанд.

2.Ноҳия - дар ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун воҳиди марзию маъмурӣ эътироф шудааст. Дар ҶТ ноҳияҳо дар ҳайати ҳамаи вилоятҳо мавҷуданд ва инчунин як қисми ҳудуди ҷумҳурӣ ба ноҳияҳо ҷудо мешавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҶТ» аз 4 ноябри с.1995 ноҳияҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати ҶТ дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ташкил ва барҳам медиҳад. Дар ҶТ ноҳияҳо ба ноҳияи деҳавӣ ва ноҳияи шаҳрӣ ҷудо мешаванд. Ҳангоми ташкили ноҳияи деҳавӣ сарҳад ва маркази маъмурии он ва дар вақти ташкил додани ноҳияи шаҳр бошад, сарҳади он муқаррар карда мешавад. Ҳоло дар ҶТ фақат шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои шаҳр тақсим мешавад. Ноҳияҳо ба шаҳраку деҳа ҷудо мешаванд. Дар ҳайати баъзе ноҳияҳои деҳавӣ шаҳрҳои тобеи ноҳия ҷойгиранд.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, ҳамчунин маъруф бо исми мустаори Ибни Қурбон; тав. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб) — муаррихи тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Пардохт

Пардохт - иҷро кардан, адо намудани қарз. Чунин намудҳои пардохтҳо дида мешаванд:

1. Пардохти зарар;

2. Пардохти маблағи суғурта;

3. Пардохтҳои иҷтимоӣ;

4. Пардохтҳои кафолатӣ;

5. Пардохти гумрукӣ;

6. Пардохтҳои кафолатӣ;

7. Пардохтҳои ҷубронӣ.

Ректификатсияи сарҳад

Ректификатсияи сарҳад - тағйирёбии ғайримуҳим ё муайянкунии нисбии хатти сарҳади давлат дар маҳал мебошад, ки тибқи шартномаи байналмилалии собиқ муқаррар шудааст. Ректификатсияи сарҳад дар ҳолати сохтмони туннелҳо, гидростансияҳо ва дигар иншоотҳо дар минтақаи сарҳадӣ, инчунин дар хатти сарҳад ё наздикии он бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои хоҷагии давлат татбиқ мешавад. Ректификатсияи сарҳад дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни тарафҳои манфиатдор ба амал бароварда мешавад. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 396

Тафсир

Тафсир (ар. التفسير‎) — илмест, ки маонии оятҳо, ҳолатҳои гуногуни онҳо ва ҳамин тавр, маҷмӯаи улумеро, ки ба омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни Қуръон сару кор доранд, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон

Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон / Сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. — Душанбе. — Эр – граф, 2013. — С. 332. — 332 с. — P. 332.

Ходими давлатӣ

Ходими давлатӣ - ба сифати ходими давлатӣ роҳбар ва шахси ваколатдори ҳокимияти маҳаллӣ, депутатҳо, роҳбарони вазорат ва кумитаҳо, раисони вилоятҳо, кормандони ваколатдори дастгоҳи иҷроияи Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ., ки фаъолияти сиёсиро дар идораи давлат ба амал мебароранд, эътироф мешаванд.

Қонун

Қонун (ар. قوانین‎) (форсӣ: قانون‎) – санади ҳуқуқй мебошад, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ ва ё тариқи овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим месозад.

Қонун санади ҳуқуқиест, ки аз тарафи мақомоти олии намояндагӣ (парлумон) бевосита ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад.Қонун муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.Қонун асоси низоми ҳуқуқии давлатро ташкил менамояд. Қонун нисбат ба ҳар гуна санадҳои ҳуқуқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ дорад.

Ҳадис

Ҳадис — аз калимаи арабии «ҳадаса» - нақл кардан мебошад. Ҳадис дар ҳуқуқи мусулмонӣ ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ эътитроф мешавад. Ҳадис ифодакунандаи нақл, гуфтор ва кирдори пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба шумор меравад, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти мусулмононро муназзам гардонидааст. Ҳадисҳо баъд аз ҳаёти пайғамбари ислом гирд оварда шудаанд. Машҳуртарини онҳо «Алҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Имом ал-Бухорӣ ва «Ас-Саҳеҳ»-и Муслими Нишопурӣ мебошанд. Ҳадисҳо вобаста ба қувваи юридикӣ ва саҳеҳият ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

ҳадиси заиф,

ҳадиси ҳасан,

ҳадиси саҳеҳ.

Ҳадиси саҳеҳ дар низоми ҳуқуқи мусулмонӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад..

Ҳукумат

Ҳукумат - мақоми олии иҷроияи дастаҷамъии давлатӣ мебошад.

Дар баъзе мамлакатҳои хориҷа Ҳукумат номҳои гуногун дорад, аз қабили Шӯрон Вазирон, Девони Вазирон, Шӯрои давлатӣ ва ғайра. Тартиби ташкили Ҳукумат аз шакли идора вобастагӣ дорад. Дар кишварҳои парлумонӣ Ҳукумат бо замимаи сардори давлат аз тарафи роҳбари ҳизбе, ки дар парлумон ҷойҳои бештареро соҳиб гардидааст, ташкил карда мешавад. Дар ҷумҳурии президентӣ ҳайати Ҳукумат аз тарафи Президент ташкил ёфта, ҳар як узви он аз тарафи парлумон тасдиқ карда мешавад.

Ҳуқуқ

Ҳуқуқ — яке аз намудҳои мунтазамкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.

Дар муддати ҳазорсолаҳои таърихи дар илми ҳуқуқшиносӣ чандин маротиба таъкид карда мешуд, ки ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ аз қонунҳои универсалӣ|куллӣ бояд даст кашид.. Қонуни маслуки ҳуқуқ дар илми ҳозиразамон низ вуҷуд надорад..

Дар луғати Энсиклопедии Брокгауз ва Ефрон қайд карда шудааст:

Дар Энсиклопдияи калони шӯравӣ ҳуқуқ ба тарзи классикӣ дар асоси ғояи (идеологияи) марксизм-ленинизм муайян карда шудааст:

Қоидаи аниқи он аз тарзи фаҳмиши ҳуқуқ аз тарафи ин ё он олим вобаста мебошад. Дар баробари ин қоидаҳои гуногуни мавҷуда имконияти пурратар муайян намудани ҳуқуқро медиҳанд. Бинобар ин барои рушди илми ҳуқуқ гуногунандешӣ ниҳоят муҳим аст, ки он на ҳама вақт имконпазир, зеро ки ҳуқуқ бевосита ба ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад.

Дар Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ/Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009 чунин шарҳ оварда шудааст:

Мафҳуми ҳуқуқ дар илми муосир вобаста ба ин ё он равияи (назарияи) ҳуқуқ пешбарй мегардад, чунончй, ҳуқуқ ҳамчун меъёри адолат ва озодии инсон (дар фалсафаи ҳуқуқ), ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ (дар позитивизми ҳуқуқӣ), ҳуқуқ чун инъикоси низоми (кулли) муносибатҳои ҷамъиятии танзимгашта (дар сотсиологияи ҳуқуқӣ).

Ҳуқуқи байналмилалӣ

Ҳуқуқи байналмилалӣ - аз низоми меъёрҳо ва принсипҳое иборат аст, ки муносибатҳои байналмилалиро байни Cубъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим менамояд.

Ҷамоат

Ҷамоа —(форсӣ: جماعه ‎) а 1. гурӯҳ, тӯда, гурӯҳи мардум 2. гурӯҳи талабагони дар як ҷо таҳсилкунанда дар мадрасаҳои собиқ 3. табақа, тоифа, қабила 4. деҳшӯро, деҳаҳое, ки тобеи як деҳшӯроанд: идораи ҷамоа, раиси ҷамоа, котиби ҷамоа …

ҷамоат — (форсӣ: جماعت‎) 1. ниг. ҷамоа 2. ҷамъият, умум …ҷамоатӣ — (форсӣ: تي جما ‎) 1. мансуб ба ҷамоат 2. ҷамъиятӣ, умумӣ: вазифаи ҷамоатӣ, кори ҷамоатӣ …Ҷамоат — мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа мебошад. Ҷамоатро Раиси Ҷамоат бо маслиҳати Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, ё Раиси шаҳр, ноҳия дар мавриди зарурӣ, вале камаш ду бор даъват мекунад. Раиси шаҳр, ноҳия ё худ бо ташаббуси камаш сеяки шаҳрвандон, ки ҳуқуки дар Ҷамоат иштирок кардан доранд, даъват шуда метавонанд. Дар Ҷамоати шаҳрак намояндагони кӯчаю маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии дар ҳайати он буда, дар Ҷамоати деҳа бошад, намояндагони деҳаҳои дахлдор чун вакил иштирок менамоянд.

Ҷамоат дар ҳадди худидораи шаҳраку деҳа ваколатҳо дорад ва хизматрасонии аҳолии маҳал, ободонии шаҳраку деҳаро ба роҳ монда, ҷамъоварии маблағ ва харҷи онро ташкил мекунад. Ҷамоат масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои заминро барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ҷамъиягӣ ва шахсӣ, тартиби ихтиёрдорӣ, истифода ва иҷораи замин ва дигар муносибатҳо оид ба заминро ҳал мекунад. Раиси Ҷамоат дастгоҳи худро дорад ва дар доираи салоҳияти худ мустақилона қарор қабул мекунад.

Ҷиноят

Ҷиноят - амали (ҳаракат ё беҳаракатии) гунаҳкорона содиршудаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ки яке аз намудҳои Ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Ҳуқуқвайронкунӣ аз нигоҳи сатҳи хавфнокии ҷамъиятӣ ва зарари иҷтимоӣ ба ду намуд ҷудо мешавад:

ҷиноят - амали (ҳаракат ё беҳаракатии) гунаҳкорона содиршудаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст;

кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ - ҳуқуқвайронкуниҳое, ки муносибатҳои идоравӣ, меҳнатӣ, молумулкӣ ва дигар муносибатҳоро халалдор мекунанд ва сатҳи хавфнокиашон аз ҷиноят пасттар аст. Ҷиноят — кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки КҶ ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст.Таърифи додашудаи ҷиноят хусусияти расмиву модцӣ дорад, чунки ҳам аломати расмй (кирдори бо қонуни ҷиноятй манъкардашуда) ва ҳам аломати моддиро (барои ҷамъият хавфнок) пешбинй менамояд. Ҷиноят дорои чунин аломатҳо мебошад;

барои ҷамъият хавфнок;

зиддиҳуқуқй;

гуноҳ;

ҷазо.Аломатҳои ҷиноят мазмуни онро тавсиф дода имконият медиҳанд, ки ҷиноят аз дигар ҳуқуқвайронкуниҳо фарқ карда шавад. Ҷиноят, пеш аз ҳама, кирдор буда, дар шакли ҳаракат ё беҳаракатй ифода меёбад. Шахс бояд имконияти дарк намудани мазмун ва аҳамияти кирдори худро дошта бошад. Кирдори шахс бояд бошуурона, иродавй, ихтиёрй ва мақсаднок содир шавад.

Танҳо кирдоре ҷиноят эътироф мешавад, ки барои ҷамъият хавфнок бошад. Ба ҷамъият хавфнок будан яке аз хусусиятҳои асосии иҷтимоии (моддии) ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурӣ

Ҷумҳурӣ, республика (ар. جمهوری ‎) —— шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимият дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимият байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешавад ва байни онҳо низоми мутақобилият ва худнигаҳдорӣ таъмин мешавад.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.