Эрон

Эрон (порсӣ: ایران ) — кишваре форсизабон дар ҷануби ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна.

Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2016 дар ин кишвар 80 629 882 тан бошанда[2] буда ва ҳарсола зиёда аз 1 млн. тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.

Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ (Курдистон) марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Баҳри Каспий ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.

Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, Вилояти фақиҳ аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. Ислом дини расмӣ ва ташаюъ мазҳаби расмӣ ва форсӣ забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае кӯҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Эрон аз барои ҷой гирифтан дар минтақаи миёнии Авросиё ҷойгоҳе роҳбурдӣ дорад. Ин кишвар аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Конфаронси Исломӣ, ОПЕК ва ЭКО аст. Эрон қудрате минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиё аст ва аз барои доштани санъати нафт, санъати кимиёнафтӣ ва гази табиӣ ҷойгоҳи муҳимеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои худ ба даст овардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон
جمهوری اسلامی ایران
Парчам Нишон
Iran in its region
Шиор: «استقلال آزادی جمهوری اسلامی»
Суруди миллӣ: «سرود ملی ایران» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз соли 728 пеш аз милод)
Забони расмӣ Забони форсӣ
Пойтахт Теҳрон
Шаҳри калонтарин Теҳрон, Машҳад,Исфаҳон, Караҷ, Табрез, Шероз, Аҳвоз
Идораи давлат Ҷумҳурии Исломӣ
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломӣ
Саид Алӣ Хоменеӣ
Ҳасани Руҳонӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
17-ум ҷой дар ҷaҳон
1,648,195 км²
0.7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2016)
  • Зичӣ
18-ум ҷой дар ҷaҳон
80 629 882[1]
44 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2012)
  • Ба сари аҳолӣ
15-ум ҷой дар ҷaҳон
952,600 млрд $
13 800 $
Пули миллӣ Рийоли Эронӣ
Интернет-Домен .ir
Коди телефон +98
Соат UTC +3.30

Таърих

Куҳантарин ёдкард аз ҷойноми Эрон дар «Авесто» ба гунаи «Airyanəm vaējah vaŋhuyå dāityayå» нигошта шуда ки баргирифта аз номи мардуми ҳиндуэронии бостон — «arya» аст. Дар порсии бостон ин ҷойном «*aryānām waiǰah» будааст ва дар порсии миёна «Ērān-wēz» гаштааст ва дар адабиёти суғдӣ низ ба гунаи «Aryānwēžan» омадааст. Дигар бор ин ҷойном дар «Авесто» ба гунаи «airyanəm dahyunəm» — «деҳаҳои ориёиҳо» омада ки «деҳа» дар инҷо ба маънии «сарзамин» ва «кишвар» аст.

Дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (550—327 пеш аз милод) истилоҳи «Aryānam Dahyunam» ҷояшро ба истилоҳи «Aryānam Xšaθram» — «подшоҳии ориёиҳо» дод ва дар замони подшоҳии Ашкониён (250 п.м. — 224 м.) ин сарзаминро «Aryānšaθr / Aryānšahr», яъне «Ориёншаҳр» – «подшоҳии ориёиҳо» мехонданд ва «шаҳр» дар инҷо ба маънии «подшоҳӣ» ва «кишвар» аст ки ҳануз ҳам дар вожаҳои «ҳамшаҳрӣ» ва «шаҳрванд» бар ҷой мондааст.

Дар замони подшоҳии Сосониён (224—651 м.) ин сарзаминро «Erānšahr» мехонданд, ки баргирифта аз истилоҳи авестоии «Airyānam Xšaθram», яъне «подшоҳии ариёҳо», буд. Дувокаи авестои «ai» дар забони порсии миёна «е» мегаштааст ва порсии тоҷикӣ ҳамин вижагиро нигаҳ доштааст.

Тамаддунҳои нухустин

Ёфтаҳои бостоншиносон пешинаи тамаддунҳойи нухустин дар Эронро ба 6000-7000 соли пеш мерасонад. Аз ин тамаддунҳо, метавон тамаддуни Ҷируфт, тамаддуни Сиялк, ва тамаддуни Шаҳри сӯхта-ро ном бурд. Ҳамчунин, аз 5000 соли пеш, тамаддуни Элом дар ҷанӯби ғарбии Эрон падидор шуд. Дар ҳазораи дуввуми пеш аз милод, Ориёиҳо вориди сарзамини Эрон шоданд. Аз миёни ақвоми Ориёӣ, Модҳо 700 пеш аз милод, ҳукумати бузурге дар ғарбу шимоли Эрон барпо карданд.

Ҷумҳурии исломӣ

Сиёсат ва ҳукумат

Hassan Rouhani
Раиси ҷумҳурӣ Ҳасан Руҳонӣ (Hassan Rouhani)

Ҳасан Руҳонӣ бори аввал 3 августи соли 2013 дар интихоботи президентӣ пирузӣ ба даст оварда Раиси ҷумҳурӣ шуд ва то соли 2017 дар ҳамин вазифа буд. Бори дуввум 19 майи соли 2017 дар интихоботи президентӣ тахминан 57% овозҳоро соҳиб шуд ва ҳоло Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Бахшбандии кишварӣ

Эрон 30 устон (Вилоят) дорад. Ҳар як вилоят чандин шаҳристон (ноҳия) дорад.

Blank-Map-Iran-With-Water-Bodies


30 устони Эрон:

  1. Теҳрон
  2. Қум
  3. Марказӣ
  4. Қазвин
  5. Гилон
  6. Ардабил
  7. Занҷон
  8. Озарбойҷони шарқӣ
  9. Озарбойҷони ғарбӣ
  10. Курдистон
  11. Ҳамадон
  12. Кирмоншоҳ
  13. Илом
  14. Луристон
  15. Хузистон
  1. Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ
  2. Кӯҳгилуяву Буир-Аҳмад
  3. Бушаҳр
  4. Форс
  5. Ҳурмузгон
  6. Систону Балучистон
  7. Кирмон
  8. Язд
  9. Исфаҳон
  10. Симнон
  11. Мозандарон
  12. Гулистон
  13. Хуросони шимолӣ
  14. Хуросони разавӣ
  15. Хуросони ҷанубӣ
Numbered map of provinces

Иқтисодиёт

Дар тайи 30 соли гузашта ҷамъияти 36 миллионаи Эрон ба 80 млн афзоиш пайдо карда ва нахустин мавҷи ин насли нав ба бузургсолӣ расидааст. Дар асоси оморњои расмӣ нархи бекорӣ ба 22 фисад расидааст, аммо бархе ба гуфтаи Раиси Ҷумҳурии пешин Муҳаммад Хотамӣ рақами онро ба 12,2 фисад баровард мекунанд. «Солона 700 нафар ҳазор ба бозори кори шадиди фишори бекорӣ рў ба рў мешавад, сатҳи бекори дар тайи солҳои (1974-2004) аз 7% ба 50% расидааст. Ва замоне нархи бекори 3% ва гоҳе 16% будааст. Дар ҳоле ки заминаҳои бидеҳкории хориҷӣ, ин рақам барои муддатҳо сифр буда, вале гоҳ чунон афзоиш ёфтааст, ки давлатро бо буҳрон рў ба рў кардааст. Хусусисозӣ, роҳе аз иқтисоди мутакко ба нафт ва ҳамгом шудан бо иқтисоди ҷаҳонӣ онӣ пешниҳодҳоест, ки аз сўйи таҳлилгарон барои беҳбуди вазъи иќтисодии Эрон матраҳ мешавад. Вобастагиҳои ғайриқобили нефтӣ, барномарезии иқтисоди Эронро ҳамвора шикананда кардааст. Барномаи давлати Эрон ин аст, ки вобастагиҳои нефтиро, ки 80фисади даромадҳои арзии давлатро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад, аммо ҳар гуна талоше барои хориҷ кардани даромадҳои нефтӣ ба маънои он аст, ки даромадҳои молиётї чанд баробар шавад. Дар ҳамин росто, давлат иќдом ба иҷрои тарҳи ҳадафманди ёронаҳо намудааст. Пас аз солҳо, саноати Эрон зерпўши як риштаи қонунҳои ҳимоятии давлат фаъолият мекунад ва агар дар баробари фишорҳои раќобатии ҷаҳонӣ қарор гирад, мумкин аст, бисёре аз фаъолияти корхонаҳо қатъ гардад ва сатҳи бекорӣ боз афзояд. Дар солҳои мухталиф Эрон рушди иқтисодии гуногунеро таҷриба кардааст. Бар пояи гузориши сандуқи байналмилалии пулсоли 2009 рушди иқтисодии Эрон ба 1,1 расида ин рақам соли 2010 ба 1,4% расидааст, ки пас аз Қазоқистон камтарин нархи рушди иқтисодиро дар байни кишварҳои минтақа доштааст. Бар пояи пешбинии сандуқи байналмилалии пул нархи рушди Эрон дар соли 2011 ба сифр нузул мекунад ва дар соли 2012 ба 3% мерасад.

Тибқи эъломи Бонки Ҷаҳонӣ захираи арзии Эрон дар соли 2010 ба 100 млрд расида ва тибқи эъломи раиси Бонки марказии Эрон дар соли 1389 (2010) захираи тиллоӣ Эрон ба ҳисоби миёна ба 1350 доллар аст. Ҳамчунин иқтисодӣ эълом кард, заҳоири Эрон ба ҷуз тилло дар соли 2009 81 млрд доллар будааст. Саноат Умдатарин саноати пешрафтаи Эрон иборат аст аз: саноати нефт, газ, петрошимиё, фулод, нассоҷӣ, шимиё, ғизоӣ,мошинсозӣ, нерўгоҳсозӣ, электрикӣ ва электроникӣ ва ѓайраҳо…. Саноати дастии муҳим Эрон аз ќабилї: фарш ва қолин, гилембофӣ, ҷоҷимбофӣ, минбаткорӣ, хотамкорӣ, сафолгарӣ, оинакорӣ, мискорӣ…..

Мардум

Аксари мардуми Эронро форсҳо ташкил медиҳанд, зиёда аз 55 миллион (тақрибан 65%). Баъди форсҳо аз рӯи шумора озариҳо мебошанд, ки қариб 10 % мардуми Эронро ташкил медиҳанд, яъне қариб 7 миллион. Боқии мардуми Эрон: аз курдҳо, луру, мозандариҳову, тату, талишҳо ва дигарон иборатанд. Тамоми мардуми Эрон форсиро медонанд ва ҳатто озариҳо дар хона ҳам ба форсӣ гуфтугӯ мекунанд. Забони форсӣ яке аз 7-умин забоне мебошад, ки дар ҷаҳон бо ин забон 225 миллион мардум (Порсигӯ) ҳарф мезанад. Форсӣ аз 3 гӯиш иборат мебошад: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ. Танҳо ба гӯиши тоҷикӣ 45 миллион порсигӯ (дар Ӯзбакистон 15 миллон, дар Афғонистон 15 миллион, дар Тоҷикистон 8 миллион, боқӣ дар дигар давлатҳо) гуфтугӯ мекунанд. Дар Эрон (80 миллион), Тоҷикистон (8,5 млн) ва Афғонистон (30 миллион) ҳама порсигӯ ҳастанд.

Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ"

Дар охири соли 2016, аҳолии Зрон 80 629 882 наф. танро дар бар мегирифт. Соли 2016 аҳолии Зрон тахминан 1 008 013 тан зиёд шудааст, афзоиши солонаи аҳолӣ 1.27 % ташкил додааст.

Вазъи демографии Эрон дар соли 2016:

  • Таваллуд: 1 443 544 наф.
  • Даргузашт: 373 427 тан
  • Ҳолати афзоиши аҳолӣ: 1 070 118 тан
  • Афзоиши аҳолӣ дар натиҷаи муҳоҷират: - 62 105 тан
  • Мардҳо: 40 889 977 тан (баҳодиҳӣ ба 31 декабри соли 2016)
  • Занҳо: 39 739 905 тан (баҳодиҳӣ ба 31 декабри соли 2016)[3]

Нигаред

Пайвандҳои беруна

  1. Iran
  2. Iran
  3. Iran
Бахш (тақсимоти кишварӣ)

Бахш (форсӣ: بَخش‎) дар тақсимоти кишварӣ Эрон ва дегар кишварҳоӣ ҷаҳон ба воҳидӣ кӯчактар аз шаҳристон ва бузургтар аз диҳистон гуфта мешавад,

Гоҳшумории эронӣ

Гоҳшумори Эронӣ (порсӣ: گاهشماری ایرانی ), Тақвими Эронӣ (порсӣ: تقویم ایرانی ) ё Гоҳшумори ҳиҷри хуршедӣ (порсӣ: گاهشماری هجری خورشیدی ), ик Тақвими хуршедӣ аст ки дар Эрон ва Афғонистон корбурд дорад.

Забони порсӣ

Форсӣ ё Порсӣ (форсӣ: زبان فارسی‎ [fɒːrsi-zæbɒːn], форсӣ: ایرانی‎ [irɒːni], форсӣ: فارسی‎ [fɒːrs], устар. форсӣ: پارس‎ [pɒːrs]), — (се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ) яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гуфтугӯкунанда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 122 миллион тан мардуми бумӣ ва ҳама Порсигӯ мебошад.

Бо забони форсӣ шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва бисёре аз дигарон, асарҳои оламшумуле эҷод кардаанд.

Дар замони муосир танҳо се давлати форсизабон — Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз шохаҳои забони порсиро — форсӣ, тоҷикӣ ва дариро дар кишварашон ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул кардаанд.

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион (2018) нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Осиёи Миёна

Осиёи Миёна баxше аз қитъаи Осиё аст, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, ва Қазоқистон ро дар бар мегирад.

Осиёи Марказӣ - истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрўзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истифода бурда мешавад ва ҷамъи аҳолии ин минтақа 60 млн нафар мебошад. Мардуми бумии ин минтақа узбакҳо - 13 миллион, қазоқ - 17 млн, тоҷикон - 47 млн ва инчунин қирғизу туркман 5 миллионӣ зиндагӣ мекунанд. Аксари кулли аҳолии Осиёи Марказӣро тоҷикон ташкил медиҳанд. Асосан аҳолии муқимии Осиёи Миёна мусулмонон, пайравони аҳли суннат буда пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Тақрибан, 3 миллион шиъа ( аз ҷумла,тоҷикони помирӣ, пайрави шиъаи исмоилӣ) дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Дар маънои васеи калима инчунин Эрон ва Покистон дар назар дошта мешавад..

Саршумории умумии нуфӯс ва маскан (1385)

Саршумории умумии нуфӯс ва маскан (1385) шашумин Саршумории умумии нуфӯс ва маскан Эрон аст ки дар торихи 6 обони 1385 дар саросари кишвар ба иҷро даромад.

Саршумории умумии нуфӯс ва маскан Эрон

Саршумории умумии нуфӯс ва маскан Эрон (форсӣ: سرشماری عمومی نفوس و مسکن ایران‎) бузургтарин саршуморӣ аст ки дар ин кишвар анҷом мегирад. ин саршуморӣ ҳар даҳ сол як бор бо ҳадафи таъини мушаххасоти ҷамъиятии кишвари Эрон тавассути маркази омори Эрон анҷом мегирифт аммо аз соли 1385 (2006) ба баъд ҳар панҷ сол анҷом мегирад.

Теҳрон

Теҳрон талаффуз (порсӣ: تهران ) — пойитахт ва бузургтарин шаҳри Эрон аст. Аҳолии шаҳр 10.244.105 тан нафарро ташкил мекунад. Теҳрон маркази маъмурии устон ва маркази маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, молӣ, савдо ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Теҳрон дар қисми шимолии кишвар, дар пояи қаторкӯҳи Элбурс, 90 км ҷанубтари Баҳри Каспий қарор гирифтааст. Шаҳр, 40—50 км аз ғарб ба шарқ қади қаторкӯҳ тӯл кашидааст. Ноҳияҳои шимолии Теҳрон (Шемиран) дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр воқеъ дорад ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ (Рей, Султонобод), бо дашти Ковир бе восита ҳаммарз ҳастанд.

Тоҷикон

Тоҷикон — халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Маркази мебошанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -7.5 млн., Ӯзбакистон - аз 1,7 то 11 млн., тақрибан 35 млн. нафар.

Устони Исфаҳон

Устони Исфаҳон (порсӣ: استان اصفهان) — яке аз 31 устони Эрон аст. Mаркази ин устон шаҳри Исфаҳон аст.

Тидод аҳолӣ ин устон 5٬120٬850 дар саршуморӣ ҷамьят соли 95 хуршидӣ(2017) бӯда аст.

Устони Озарбойҷони шарқӣ

Устони Озарбойҷони Шарқӣ (порсӣ: استان آذربایجان شرقی) — яке аз 30 устони Эрон аст. Mаркази ин устон шаҳри Табрез аст.

Устони Теҳрон

Устони Теҳрон (порсӣ: استان تهران) яке аз 30 устони Эрон аст. Mаркази ин устон шаҳри Теҳрон аст.

Устони Форс

Устони Форс (порсӣ: استان فارس) — яке аз 30 устони Эрон аст. Mаркази ин устон шаҳри Шероз аст.

устони Форси якӣ аз устонҳои Эрон аст ки дар бахши ҷанӯби ӣн кишвари воқеъи шдҳ‌ост.[ ۵] обу ҳавоии устони Форс дар нуқоти мухталифи ӣн устон ба се гӯнаи кӯҳистонӣ , муътадилу гарми тақсими мӣ‌шўд.[ ۶] ӣн устон бо масоҳатӣ дар ҳудӯди ۱۲۲٬۶۰۸ километри мураббаъ , чаҳорумин устони бузургу бо ҷамъиятии муодили ۴٬۸۵۱٬۲۷۴ тан , бар тибқ баровард ҷамъиятии соли 1395 хуршедии маркази омори Эрон , чаҳорумин устони пурҷамъияти Эрон ба шумор меравад . бар асоси тақсимоти кишварии тири моҳи соли 1398 хуршедӣ , устони Форс ба 29 шаҳристон , 111 шаҳр , 84 бахшу 207 диҳистони тақсими шдҳ‌ост.[۲][۳]

мр кази устони Форс , шаҳр Широз аст ки бар тибқ баровард ҷамъиятии соли 1395 , ҷамъиятии муодили 1869001 нафар дошта ки пурҷамъияттарин шаҳри ӣн устону панҷумин шаҳри пурҷамъияти кишвар маҳсӯб мешавад . аз дигари шаҳрҳои пурҷамъияти ӣн устон ме тавон ба шаҳрҳои Козирӯн , ҷаҳрум , мрўдшт , Фасоу Лористони ишораи крд.[۷]

омрў зиҳ ба ҷузи аксарияти форсии забони ақвоми мухталифӣ низ дар ӣн устони зиндагии мӣ‌кннд؛[۸][ ۹] аз ҷумлаи лурҳо , ачмӣ , ، қшқоӣӣ‌ҳо , аъроби хмсаҳ , босрӣҳоу лк‌ҳо،[ ۸] ки ҳар як ба гӯйишҳоу забонҳои мухталифии монанди форсӣ , лурӣ , Лористонӣ , қшқоӣӣ , Сивандӣ , дўонӣ , Ардаконӣ , арабӣу кҳмраҳе ( бккӣ ) сухани мӣ‌гўӣнд.[۱۰][۱۱][۱۲][۱۳][۱۴][۱۵]

мно бъ муҳими иқтисоди ӣн устон бар пояи кишоварзӣу домдорӣ،[۸][ ۹] шаҳракҳои мухталифи санъатӣ , полоишгоҳҳо , саноеъи петрошимӣу нерӯгоҳҳои мухталифи баннои шдҳ‌ост.[۱۶][۱۷][۱۸][۱۹]

ост ани Форс бо вуҷӯди ҷозибаҳои мутаъаддиди фарҳангӣ , торихӣ , табиӣу мазҳабӣ , якӣ аз марокизи муҳими гардишгарӣ Эрон аст . ҳамчунин шуморӣ аз марокизи муҳими донишгоҳии Эрон низ дар ӣн устони воқеъи шдҳ‌ост.[۲ ۰]

Устони Хӯзистон

Устони Хӯзистон (порсӣ: استان خوزستان) — яке аз 30 устони Эрон аст. Mаркази ин устон шаҳри Аҳвоз аст.

Форсизабонон

Форсизабонони Эрон - (форсӣ: فارسی‌زبان‎ [fɒːrsi-zæbɒːn], форсӣ: ایرانی‎ [irɒːni], форсӣ: فارس‎ [fɒːrs], устар. форсӣ: پارس‎ [pɒːrs]), (ки Форс ҳам номида мешаванд) қавме аст ки бештаришон дар Эрон зиндагӣ мекунанд ва беш аз 65 % аҳолии Эронро ташкил медаҳанд. Ҷамъияти ин қавм дар ҷаҳон 122 миллион (Форсизабони асил) тан мебошанд. Аммо Порсигӯ дар ҷаҳон 222 миллион тан: тоҷикони Порсигӯ 45 миллион; форсҳои Порсигӯ 38 миллион; курдҳои Порсигӯ 30 миллион;, озариҳои Порсигӯ 20 миллион, паштунҳои Порсигӯ 30 миллион, узбакҳои Порсигӯ 11 миллион, ҳазораҳои Порсигӯ тақрибан 7 миллион, арабҳои Порсигӯ 11 миллион ва дигар қавмҳо (аз қабили забони лурӣҳо, мозандарониҳо, татҳо, ва ғ. ки ба форсӣ ҳарф мезананд, ҳастанд. Аксари кулли мардуми Порсигӯ пайрави дини Ислом мебошанд (88 % суннӣ, 11 % шиъа

ва 1 % ғайр аз суннӣ ва шиъа).

Шаҳристон

Шаҳристон (форсӣ: شهرستان‎) — яке аз воҳидҳои тақсимоти кишварӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст.

Дар Эрон шаҳристон воҳиде хурдтар аз устон ва калонтар аз бахш аст. Ҳар устон ба чандин шаҳристон ва ҳар шаҳристон ба чандин бахш ҷудо мегардад. Раиси шаҳристонро фармондор гӯянд.

Муъодили шаҳристон дар тақсимоти кишварии Тоҷикистон ноҳия ва дар Афғонистон вулусволӣ (форсӣ: ولسوالی‎) мебошад.

Ҳанафӣ

Мазҳаби Ҳанафӣ ар. المذهب الحنفي‎ — номи яке аз чор мактабҳои исломӣ-ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ (ҳанафия) . мазоҳиби аҳли суннат аз дини Ислом аст. Яке аз мазҳаби фиқҳӣ ва пайрави «Имоми Аъзам», Абуҳнифа Нӯъмон ибни Собит аз эмоми чаҳоргонаи Аҳли суннатАҳли суннат аст. Ин мазҳабб дар байни мазоҳиби чаҳоргонаи Аҳли суннат бештарин пайрав дорад ва умдаи пайравони ин мазҳаб низ дар кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Чин, Туркия, Нимҷазираи Балкан, Нимҷазираи Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Осиёи Марказӣ, Миср, Сурия, Урдун, Русия ва манотиқи шимолу шарқӣ, шарқу ҷанубии Эрон (66% мардуми Эрон ҳанафӣ ҳастанд), қарор доранд. 77 % (зиёда аз 1 111 миллиард) мусалмонҳои ҷаҳон пайрави ин мазҳаб мебошанд.

Номи ин шохаи мазҳаби ислом, мансуб ба бунёдгузори он, яъне ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا‎ — Абу-Ҳанифа Нӯъмон бин Собит Зута аст.

Мақбараи Абу Ҳанифа дар Бағдод дар маҳаллаи Алхазро қарор дорад.

Аз шогирдони саршиноси Абу Ҳанифа метавон аз афроди зер ном бурд:

Абу Юсуф (Ёқуб бин Иброҳим)

Муҳаммад бин Алҳасан Алшайбонӣ

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.