Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

«Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) — асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон[1].

Ҷилдҳо

Ҷилди 1-и он соли 1989 дар СИЭСТ нашр шудааст, ки аз 576 саҳифа (бо 12 варақ тасвирот) иборат буда, мақолаҳои бо ҳарфҳои А — М (АБАЛАК — МУРҒ)-ро дар бар мегирад. Дар ин ҷилд 24 замима бо тасвироти ранга мавҷуд буда, матнҳо 785 аксу нақшаҳо доранд. Ҷилди дуввум (1991) аз мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои М — Ҷ (МУРҒАК — ҶӮЯК) ва аз 608 саҳифа (бо 11 варақ тасвирот, 21 замимаи дорои тасвироти ранга) иборат буда, матнҳо 749 тасвир ва нақшаҳо доранд. Ҳар ду ҷилд дар маҷмӯъ беш аз 8 ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

Мундариҷа

Дар донишномаи мазкур оид ба истилоҳот, ташкил, иқтисодиёт ва банақшагирии истеҳсолоти кишоварзӣ, рустанипарвариву обчакорӣ, деҳқониву чорводорӣ, зироаткорӣ, табиат ва муҳити зист маълумоти умумӣ ва аксу тасвирҳо дода шудаанд. Баъзе мақолаҳои донишнома доир ба ҳайвоноту набототи нодир, навъҳои меваву сабзавоти маҳаллӣ, қаҳрамонони Меҳнати Сосиалистӣ, олимони ватаниву хориҷие мебошанд, ки дар рушди илмҳои кишоварзӣ саҳм гузоштаанд. Як қисми мақолаҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ, асосҳои илмии парвариши чорво, густариши зотпарварӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи он, таърихи деҳқониву чорводорӣ, тарзу усулҳои парвариши кулли зироатҳо бахшида шудаанд.

Муаллифон

Дар таълифи «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ РСС Тоҷикистон (Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника), Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон (Институти чорводорӣ, Институти ветеринария ва зоогигиена, Институти хокшиносӣ, Институти зироат, Институти боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқ) ва кормандони редаксияҳои Хоҷагии қишлоқ, Назорати илмӣ, Тасвирот ва харита, шуъбаҳои Истеҳсолот, Комлектонӣ, Тасҳеҳоти СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳар ду ҷилди донишнома ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 10000-нусхагӣ дар Комбинати полиграфии Душанбе ба чоп расидааст.

Эзоҳ

  1. СИЭСТ. Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. donishnoma.tj. СИЭМТ (6 май 2019).

Адабиёт

  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Иборат аз 2 ҷилд). — Душанбе, 1989. — Ҷ. 1. — 576 с.
  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Иборат аз 2 ҷилд). — Душанбе, 1991. — Ҷ. 2. — 608 с.

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Абалак

Абала́к (лот. Ceratocarpus urticulosus) — гиёҳест яксола, мансуби шураиҳо.

Абдушукур Раҷабзод

Абдушукур Раҷабзод (Тошев Абдушукур Раҷабович; тав. 10 январи соли 1955, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор) — донишманди улуми биология, химия ва тиб, қомуснигор, донишноманавис, рӯзноманигор.

Профессор (2011). Аълочии тандурустии ҶТ (2005), Аълочии матбуоти ҶТ (2005).

Авазҷонӣ

Авазҷонӣ - навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ; ба навъҳои амирӣ мансуб аст. Асосан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҳалҳои гирду атрофи он мепарваранд. Баъди 80 – 85 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 1 – 2 харбуза мебандад. Авазҷонӣ харбузаи байзашакл (дарозиаш 33 – 40 см, вазнаш 3 – 5 кг) буда, пӯсташ суфтаи рах-рах, тунук, баъзан чин-чин ё тӯрдори зебо аст; рангаш сабзи сафедча. Мағзаш (3,5 – 4,5 см) сафеди сабзтоб, сахти карсосӣ, сероб, ширин, хуштаъм ва хушбӯй; 6 – 8% қанд ва 7,3 – 9,4% моддаҳои хушк дорад. Тухмаш паҳни дароз­рӯя, калон-калон, зарди сафедтоб, тухмпаллаҳояш ба мағз часпидаанд. Аз ҳар га андаряк 140 – 160 сентнер, ҳангоми ба заминҳои навкорам кишт кардан, 260 – 290 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Авазҷониро асосан тар мехӯранд, карҷ-карҷ бурида мехушконанд ва мураббо мепазанд. Авазҷонӣ барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан мувофиқ аст. Бештар аз касалии пажмурдашавии фузариозӣ ва гарда зарар мебинад.

Андархомӣ

Андархамӣ, андархомӣ— як навъ харбузаи дерпазак.

Давраи нашваш (аз неш задани тухмӣ то пурра пухтан) 100—110 рӯз. Ҳаҷмаш калон (вазнаш 5—7 кг), дарозрӯяи тухмшакл. Пӯсташ норанҷии сабзтоб, чин-чин, сахт, тӯрдор. Мағзаш сершира ва хуштаъм. 8,5—9 % қанд дорад. Тухмпаллаҳояш ба мағз часпидаанд. Тухмаш борик, калон ва зард. Дар заминҳои шӯр сабзида, ба камобӣ тоб меорад. Аз як га то 250 сентнер (дар деҳаи Патари ноҳияи Конибодом 280—300 сентнер) ҳосил мегиранд. Тар мехӯранд, барои зимистон нигоҳ медоранд. Ба ҷойҳои дур низ кашондан мумкин. Бештар аз касалии гарда зарар мебинад.

Аркони

Аркони — як навъи харбузаи тирамоҳӣ. Бештар дар водии Вахшу Ҳисор вилояти Суғд ва инчунин дар вилоятҳои Самарканд, Бухоро ва Тошканду Сурхандарёи Узбакистон кишт карда мешавад. Баъди 110-120 рӯзи кишт мепазад. Ҳосилаш тухмшакли нугборик, дарозиаш 30-35см, вазнаш 4-7кг. Пӯсташ камтуру сабзи баланд, мағзаш сабз, хушлаззати сершира, то 9,1% қанд дорад. Дер нигоҳ доштан, хушконидан ва ба ҷойҳои дур бурдан мумкин аст.

Аробакаш

Аробакаш — як навъи харбузаи тобистона аст. Бештар дар вилояти Суғд, водии Вахш парвариш карда мешавад.

Береи Жиффар

Береи Жиффар (лот. Pyrus communis Beurré Giffard) — навъе аз нокҳои пешпазак.

Гаплоид

Гаплоид – (аз юн. haplois -якка), (русӣ: плоидность) - организмеро гӯянд, ки дар ҳуҷайраҳои соматиаш дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ (якка) дорад. Ин хромосомаҳо нисфи дастаи хромосомаҳои диплоидӣ (ё моноплоид) ё полиплоидии (полигаплоид) ҷинси модариро ташкил медиҳад. Аввалҳо Гаплоид гуфта фақат фардҳои дастаи хромосомаҳояшон якхеларо меномиданд. Чунин Гаплоидҳоро айни замон моногаплоидҳо ё моноплоидҳо меноманд.

Гулобӣ

Гулобӣ - навъи харбузаи тирамоҳӣ аст. Дукмонанд, тухмшакли борики дароз; дарозиаш 27-56 см, вазнаш 8-12 кг, баъзан то 40 кг мешавад. Пӯсташ сахт, сабзи баланд, зардча, суфтаи тӯр-тӯр аст.

Бештар дар вилояти Суғд, водии Вахшу Ҳисори Тоҷикистон, вилоятҳои Хоразму Бухоро, Самарқанд ва Сурхандарёи Ӯзбакистон паҳн шудааст.

Даҳбедӣ

Даҳбедӣ - навъи харбузаи пешазак. Баъди 70-75 рӯзи кишт мепазад.

Зарметанӣ

Зарметани - навъи харбузаи тобистона. Ҳосилаш тухмшакл, дарозиаш 21-26 см, вазнаш 4-5 кг мебошад.

Кабк

Кабк (кавк, каклик, яъқуб) (лотинӣ: Alectoris) — паррандаи хушовоз ва шикорбоб. Ҷуссааш миёна, вазни модакабк 350—550 г (болаш 142—162 мм), наркабк 450—750 г (болаш 157—175 мм); думаш 80—90 мм. Рангаш ҷигарии равшан, кабудтоб буда, дар паҳлӯ хатҳои кӯндаланги сиёҳ, сурхчаи тира ва сафед дорад; нӯлаш ва пойҳояш сурх. Кабк асосан дар нишебиҳои санглохи кӯҳсор зиндагӣ мекунад. Баъзан дар буттазори анбӯҳ ва дарахтзор низ вомехӯрад.

Каду

Каду (лотинӣ: Cucurbita) - ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаи полизӣ аз оилаи кадуиҳо (Cucurbitaceae); зироати маъмул. Поя, яъне палакаш дароз, баргаш соддаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон (диаметраш аз 6-30 см), гуногуншакл, зард, норанҷӣ, ҳосилаш калон. Дар дунё 27 намуди каду маълум аст. Асосан 3 намудашро мекоранд:

Гаҳворакаду (Cucurbita maxima)

Палавкаду (Cucurbita moschata)

Ошкаду ё чӯбкаду (Cucurbita pepo)

Кайк

Кайк (лот. Siphonaptera — юн.-қад. σίφων — насос, ἄπτερον — беболҳо. Синонимҳо лот. Suctoria, лот. Aphaniptera) — ҳашароти беболи майдаи хунмак, ки дар ҷисми ширхӯрон, паррандаҳо ва одам зиндагӣ мекунад.

Нуриддин Шарипов

Нуриддин Шарипов (тав. 1 декабри 1955, деҳаи Зериҳисори ноҳияи Панҷакент) — корманди СИЭМТ, энсиклопедист, узви шӯрои назорати илмӣ ва ҳайати таҳририяи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).

Рӯихати Энсиклопедияҳо

Рӯихати Энсиклопедияҳо:

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик;

Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон;

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик;

Энсиклопедияи Британика

«Бундаҳиш»,

«Динкард»,

«Ал-Қонун»

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фарҳанги Тоҷикистон

Фарҳанги Тоҷикистон — фарҳанги чанд ҳазорсола ва ғанӣ аст. Тоҷикистон кишвари форсизабонон, воқеъ дар Фарорӯд ва Осиёи Миёна аст, ки ин маворид яъне дини ислом, забони тоҷикӣ ва таърихи пурфарозу нишеби ниёкони тоҷикон, фарҳанги Тоҷикистонро ташкил додаанд. Тоҷикистон русуму ойинҳои маҳаллии бисёре дорад, ки бархе аз онҳо монанди Наврӯз дар миёни кишварҳои минтақа низ мавҷуд аст.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.