Энсиклопедияи советии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик (Энциклопедияи Советии Тоҷик) — нахустин донишномаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ (ба алифбои кирилӣ) иборат аз 8 ҷилд.

ЭСТ ва ЭМТ
8 ҷилди Энсиклопедияи советии тоҷик

Таърих

Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷ. (3 июни соли 1968, № 198) дар Душанбе солҳои 19781988 аз ҷониби «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик» табъу тадвин шудааст. Сармуҳаррири илмии он академик Муҳаммад Осимӣ ва сармуҳаррираш академик Мусо Диноршоев мебошанд.

ЭСТ 8 ҷилд (ҷ.1 — 1978; ҷ. 2 — 1980; ҷ. 3 — 1981; ҷ. 4 — 1983; ҷ. 5 — 1984; ҷ. 6 — 1986; ҷ. 7 — 1987; ҷ. 8 — 1988 бо адади 5 — 10 ҳазор нусха) буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии республикаҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.

Ҳаҷм ва муҳтавои нашр

Ҷилд Унвон Соли

Нашр

Шумораи

саҳифаҳо

Адади

нашр

1 А — Гавҳар 1978 672 22950
2 Гавҳарак — Ирланд 1980 640 20000
3 Ирландия — Лениннома 1981 640 20000
4 Лениннома — Муҳит 1983
5 Муҳит — Плеханов 1984
6 Плешко — Сақил 1986
7 Сақофӣ — Ховалинг 1986
8 Ховалинг — Ҷӯяк 1988

Дигар донишномаҳои бузурги шӯравӣ

Номи аслӣ Номи тоҷикӣ Шумораи ҷилдҳо Сана
Українська радянська енциклопедія Энсиклопедияи советии Украина 17 1927—1934 ; 1959—1965 ; 1978—1985
Ўзбек совет энциклопедияси Энсиклопедияи советии Ӯзбекистон 14 1971—1980
Հայկական սովետական հանրագիտարան Энсиклопедияи советии Арманистон 13 1974—1987
Беларуская савецкая энцыклапедыя Энсиклопедияи советии Белорусия 12 1969—1975
ქართული საბჭოთა ენციკლოპედია Энсиклопедияи советии Гурҷистон 12 1975—1987
Latvijas padomju enciklopēdija Энсиклопедияи советии Латвия 11 1981—1988
Азәрбајҹан Совет Енсиклопедијасы Энсиклопедияи советии Озарбойҷон 10 1976—1987
Қазақ Кеңес энциклопедиясы Энсиклопедияи советии Қазоқистон 12 1972—1978
Lietuviškoji tarybinė enciklopedija Энсиклопедияи советии Литва 13 1976—1985
Türkmen sowet ensiklopediýasy Энсиклопедияи советии Туркманистон 10 1974—1989
Енчиклопедия советикэ молдовеняскэ Энсиклопедияи советии Молдавия 8 1970—1981
Энциклопедияи советии тоҷик Энсиклопедияи советии тоҷик 8 1978—1988
Eesti nõukogude entsüklopeedia Энсиклопедияи советии Эстония 8 ; 10+5 1968—1976 ; 1985—2006
Кыргыз Совет Энциклопедиясы Энсиклопедияи советии Қирғизистон 6 1976—1980
Сибирская советская энциклопедия Энсиклопедияи советии Сибир 4 1929—1933

Нигаред низ

Пайвандҳо

Газ

Газ (фр. gaz; химики ҳолландӣ Я. Б. Гелмонт ба сифати истилоҳ ба илм дохил кардааст), ҳолати агрегатии модда. Ҳар як модда (мас., об) вобаста ба тағйирёбии ҳарорату фишор холати сахт, моеъ ё газро гирифта метавонад. Моддаҳои газмонанд дар табиат бисёранд. Атмосфераи Замин аз Газ иборат аст. Газ дар таркиби ҷисмҳои сахту моеъ низ мавҷуд аст. Офтобу ситорагон ва муҳити байни ситораҳо низ аз газҳои нейтрал ё ионизонида (плазма) таркиб ёфтаанд.

Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Давлати Сафавиён

Сафавиён - cулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалй барпо карданд.

Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Дег

Дег — олати филизиест, барои тайёр кардани хӯрок, ош, таом. Дегҳо аксари вақт шакли мудавварро дороянд. Аз рӯи ҳаҷм дегҳо ниҳоят гуногун мешаванд.

Калом

Калом (ар. كلام‎ - сухан, нутқ) — ҷараёни динию фалсафии афкори идеологии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна, ки асоси фалсафаи исломӣ буд. Пайравони каломро мутакаллим меноманд. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «Ал-милал в-ан-ниҳал» ду этимологияи каломро нишон додааст: 1) «Зоҳиртарин масъалае, ки (мутакаллимон) сухан бар сари он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи ҳақ (яъне Қуръон – Н. Қ.), ки оё қадим аст ё ҳодис», 2) «ё аз он ҷиҳат, ки (онҳо) бо фалсафа муқобила кардаанд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиқ ном кардаанд ва (азбаски) мантиқу калом ду лафзи муттақорибанд дар маънӣ, эшон ин илмро калом ном кардаанд».

Калом дар асри 8 ба вуҷуд омадааст. Дар ин аср доманаи ислом вусъат ёфт ва халқҳои гуногунэътиқодро ба итоати худ даровард. Дар дохили ислом фирқаю мазҳабҳои зиёди оппозитсионӣ пайдо шудаанд; баҳсу мунозираи онҳо имони аҳли суннатро ба ислом суст мегардонданд.

Километри мураббаъ

Километри мураббаъ (км², км кв., англ. km²) — воҳиди ченаки масоҳат.

Километри мураббаъ — воҳиди андозагирии масоҳат, майдони мураббаъи барорбар бо тарафҳои 1000 метрӣ. Масоҳати мураббаъ чунин аст: 1000 м × 1000 м = 1 000 000 м²

Як километри мураббаъ баробар аст ба:

1 000 000 м²

100 гектар;Дар навбати худ:

1 м² = 0,000 001 км²;

1 гектар = 0,01 км²;

Ноҳияи Ёвон

Ноҳияи Ёвон (форсӣ: ناحیۀ یاوان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар бахши марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 11 июни соли 1934 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон (форсӣ: یاوان‎) аст, ки дар канори рӯди Ёвон, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад.

Ёвон - мувофики маъхазҳои таърихи номи 10-умин фарзанди Одам будааст. Тадқиқотҳои бостоншиносон нишон додаст, ки дар ин сарзамин дар асри санг бошишгоҳои одамони қадим мавҷуд буд. Дар фарҳангномаҳо бошад, мафҳуми Ёвонро биёбон шарҳ додаанд, ки ишора ба ҳамвории замини он аст.

Пойтахт

Пойтахт — ин маркази маъмурии кишварҳои алоҳида мебошад. Дар пойтахти кишвар Хукумати кишвар дигар маъмуриятҳои давлатӣ ба монанди вазоратҳо ҷойгир мешаванд.

Пойтахт, шаҳри асосии давлат, маркази маъмурию сиёсии мамлакат аст. Пойтахт одатан, ҷойи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, идораҳои давлатӣ, инчунин муассиасаҳои олии судӣ, ҳарбӣ ва ғайраҳо мебошад. Маъмулан пойтахт маркази иқтисодии мамлакат низ мебошад, дар баъзе кишварҳо маркази иқтисодӣ шаҳри дигар (мас., маркази иқтисодии ИМА шаҳри Ню Йорк) буда метавонад. Одатан пойтахт бо тартиби махсуси идоракунӣ ва воҳиди мустақили маъмурӣ ҷудо карда мешавад (мас., шаҳри Порис)

Помир

Помир (форсӣ: پامیر‎) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад.

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 — қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 — қуллаи Революция) ном доранд.

Баъзе татқиқотчиён (Поло Марко, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев).

Режиссёр

Режиссёр - коргардони намоишхои эҷодӣ дар саҳнаҳои муассисаҳои фарҳангӣ (театр, синамо, телевизион, даставу гуруҳои касбӣ ва ҳаваскори эҷодӣ.

Резишгоҳ

Резишгоҳ — ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ якчанд хел аст: резишгоҳи оддӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (мас., дарёи Тибр); делта — маҷрои дарьё дар назди резишгоҳ ба шохаҳо ва обраву обгузарҳо тақсим мешавад (дарёи Волга); эстуарий — резишгоҳи қифшакле, ки ба тарафи баҳр васеъ шуда меравад (дарёи Темза) ; Pезишгоҳ лиманӣ — Pезишгоҳи васеи халиҷмонанд, ки дар натиҷаи зери оби баҳр мондани водии дарё ҳосил шудааст (дарёи Буги Ҷанубй); Резишгоҳи муаллақ — ба шохоби дарёҳои кӯҳӣ хос аст (ба шарте, ки резишгоҳи дарёи кӯҳӣ нисбат ба дарёи асосӣ баландтар бошад); Pезишгоҳи саргум — ба он дарёҳое мансуб аст, ки то баҳр ё кӯл нарасида, дар дашту биёбонҳо барҳам мехӯранд. Аксари бандарнои калонро дар резишгоҳ месозанд.

Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сомонашиносӣ

Система́тика — дар биология илмест, ки гуногунии ҳамаи организмҳои мавҷуда ва мунқариз, муносибати байни ҳамдигарӣ ва алоқаи хешии байни гурӯҳҳои (таксонҳои) гуногуни онҳо — популятсия, намуд, ҷинс (авлод), оила, қатор (барои рустаниҳо тартиб), синф, тип (барои рустаниҳо шуъба) ва ғайраро тавсиф менамояд. Дар баъзе ҳолатҳо гурӯҳҳои таксономии иловагӣ: зероила, зерқатор, зерсинф, зертип, рӯиолам (забаролам), зеролам ва истифода бурда мешаванд.

Хок

Хок ин қабати ҳосилхези замин мебошад. Хок яке аз моддаҳои мураккаб ва омехтаи табии мебошад.

Ҳосилшавии он дар зери таъсири бо ҳам пайваст амал кардани ҳодисахои мухталиф сурат мегирад. Аввало ҷинсҳои кӯҳӣ бо таъсири равшании офтоб, гармӣ, намӣ, шамол, об, ҳаво, ва мавҷудоти зинда вайрон шуда пора ва майда мешавад

Шоир

Шоир – касе мебошад, ки шеър месарояд. Ҳар шоир маъмулан сабк вижаи худро дорад.

Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ

Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (русӣ: Коммунистическая партия Советского Союза) (ихтисораи расмӣ: КПСС; гуфторӣ: партия) — ҳизби сиёсии ҳоким дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ.

Ҳиндуия

Ҳиндуия - яке аз динҳои сернуфузи миллӣ мебошад.

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (ё ин ки "Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон") - унвони фахрии кормандони санъат ва маданият, ки бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 28 марти 1939 таъсис ёфтааст. Мувофиқи низомнома ин унвон ба артистон, актёру коргардонҳои театру кино, дирижёрон, оҳангсозону мутрибон, кормандони эҷодии сирк ва намояндагони дигар бахшҳои фарҳанг, ки бо маҳорати баланд ва фаъолияти пурсамари эҷодиашон ба рушди санъати ҷумҳурӣ мусоидат намудаанд, эҳдо мегардид.

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Ӯзбекистон (дар ҳайати ИҶШС).

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.