Энсиклопедияи мухтасари тиб

«Энсиклопедияи мухтасари тиб» — донишномаи пизишкӣ ба забони тоҷикӣ. Дар донишнома мақолаҳо ба тартиби алифбо ҷойгир шудаанд.

Донистаниҳо

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб . — Душанбе, 2011. — Ҷ.2. — 512 с.
  • Энсиклопедияи мухтасари тиб . — Душанбе, 2012. — Ҷ.3. — 503 с.
  • Энсиклопедияи мухтасари тиб . — Душанбе, 2012. — Ҷ.4. — 503 с.
  • Энсиклопедияи мухтасари тиб . — Душанбе, 2012. — Ҷ.5. — 487 с.

Китоби Энсиклопедияи мухтасари тиб (Иборат аз 5 ҷилд) . — Душанбе, 2011, 2012. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Дар бораи муаллиф

-логия

-логия (аз юн.-қад. λόγος — калима, таълимот) — қисми калимаҳои мураккаб, ки таълимот, дониш, илм ва ғайраро ифода мекунад, масалан, биология, физиология, андрология, гистология, гинекология ва ғайра.

Абдушукур Раҷабзод

Абдушукур Раҷабзод (Тошев Абдушукур Раҷабович; тав. 10 январи соли 1955, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор) — донишманди улуми биология, химия ва тиб, қомуснигор, донишноманавис, рӯзноманигор.

Профессор (2011). Аълочии тандурустии ҶТ (2005), Аълочии матбуоти ҶТ (2005).

Бофта

Бофта (Textus) — маҷмӯи ҳуҷайраҳое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд.

Варикоселе

Варикосе́ле (varicocele; лот. varix, varicis —дамиши вена, юн.-қад. kēlē — омос) — васеъ шудани танобакҳои манидон.

Вожаномаи тиббӣ (китоб)

Вожаномаи тиббӣ - иборат аз 2 ҷилд./Тартибдҳанда: У.Қурбон, А. Раҷабзод. -Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014. - 808 с.

Вожаномаи тиббӣ зиёда аз 60 ҳазор истилоҳро дар бар мегирад. Дар китоб дар баробари вожаҳои тиббии муосир вожаҳои тибби қадимро низ ҷой дода, номҳои лотинӣ ва тарзи навиштани онҳоро бо ҳуруфи форсӣ қайд кардаанд.

Хусусияти асосии фарҳанг-муҷазбаёнӣ, осонфаҳмӣ ва дақиқии маводи он аст.

Вожанома дар кори аз худ кардану истифода бурдани истилоҳоти тиббӣ муҳим мебошад.

"Китоби Беназир" – ҳадя ба табибон ва кормандони тиббии соҳаҳои гуногун, донишҷӯёни макотиби тиббӣ, муҳаққиқону олимон ва умуман ҳаводорони илми тиб!

Иммунология

Иммунология, масуниятшиносӣ (аз лот. immunis — озод, раҳо, халосшуда аз чизе + юн. λόγος — дониш) — илми тиббию биологиест, ки таассури молекулавӣ, ҳуҷайравӣ ва физиологии организмро ба антигенҳои гуногун ва ноҷӯриҳои дар ин маврид пайдошуда меомӯзад.

Камол (гиёҳ)

Камол, кумот (лот. Ferula) — номи умумии чанд навъ гиёҳи бисёрсола.

Касруф

Касруф, каструф (лот. Ferula eugenii) — рустаниест бисёрсолаи худрӯй.

Кислотаи дезоксирибонуклеат

Кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) — навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда паҳн шудааст. КДН аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (тимин, ситозин, 5-метилситозин), қанди дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтааст. Асосан дар ядрои ҳуҷайра дар шакли дезоксирибонуклеопротеидҳо (ДНП) мавҷуд аст. КДН вазифаи нигаҳдорӣ ва гузаронидани ахбори генетикии доир ба сохт ва аломатҳои организмҳои зиндаро иҷро мекунад. Доруҳои КДН-ро аз бофтаи ҳайвонот ва растанӣ, инчунин аз бактерияҳо ва вирусҳои КДН-дор ҳосил кардан мумкин аст. АДН биополимерест, ки аз мономерҳои зиёдӣ дезоксирибонуклеотидҳо таркиб ёфтааст; вазни молекулавиаш 106 – 109.

Мушхор

Мушхор, ё парам, ё патрун, ё эзорчаспак (лот. Ārctium tomentōsum) — гиёҳест дусола, рустании паҳнбарги хордори часпанда.

Рагҳои хун

Рагҳои хун (Vasa sanguifera) — рагҳое, ки ба воситаи онҳо хун дар бадани одам аз дил ба бофтаҳо (артерияҳо, артериолаҳо, мӯйрагҳо ва ғайра) ва баръакс аз бофтаҳо ба дил (мӯйрагҳои венавӣ, венулаҳо, венаҳо) ҳаракат мекунад. Маҷмуи рагҳои хун ва дил системаи ягонаи дилу рагро ташкил медиҳанд.

Ров

Ров, рова, ровак, роба, реба (лот. Ferula tadshikorum) — гиёҳест бисёрсола мансуби ҷинси камол.

Санҷид

Санҷид, ҷигда (лотинӣ: Elaeagnus) — як ҷинси бутта ё дарахт, ки дар Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Амрикои Шимолӣ мерӯяд. Қариб 40 навъаш маълум аст.

Содатаринҳо

Соддатаринҳо (лот. Protozoa) — як навъ ҷонварони бемӯҳра. Қариб ҳамаи соддатаринҳо мавҷудоти микроскопӣ буда, аз ҷиҳати морфо-физиологӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, амёба сохти хеле содда дорад, вале сохти инфузорияҳо бошад, нисбатан мураккаб аст. Дар олам 25 – 30 ҳазор намуди содатаринҳо маълуманд, ки ба 5 синф (саркодовиҳо, қамчинакдорҳо, споровикҳо, инфузорияҳо, книдоспоридияҳо) мансубанд. Соддатаринҳо дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Онҳо чун анвои ғизо дар биотсеноз ва умуман дар биосфера ҷои намоёнро ишғол мекунанд.

Як қисми соддатаринҳо (зиёда аз 3,5 ҳазор намуд) тарзи ҳаёти паразитӣ доранд. Онҳо дар одам бемориҳои вараҷа, лейшманиоз, лямблиоз ва амёбиаз, дар ҳайвонот пироплазмидоз, тейлериоз, трипаносомоз, коксидиоз ва ғайраро ба вуҷуд меоранд. Қисми зиёди книдоспоридияҳо паразити моҳӣ, оруи асал ва кирмаки абрешим мебошанд. Соддатаринҳои паразит ба паррандапарварӣ, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ зарари калон мерасонанд. Бо кӯшиши протозоологҳои тоҷик намудҳои соддатаринҳои паразити одам, моҳӣ, парранда ва чорво муайян карда шудаанд.

Илме, ки соддатаринҳоро меомӯзад, протистология ном дорад.

Фуромадани бачадон

Фуромадани бачадон (лот. Prolapsus uteri) — беҷошавии бачадон, одатан дар вақти суст шудани тонус ё ихтилоли томии (ҳангоми таваллуд) мушакҳои қаъри кос, ки узвҳои таносули занро мӯътадил нигоҳ медоранд, рӯй медиҳад.

Хамёза

Хамёза (форсӣ: خمیازه‎), даҳонфожа — боз кардани даҳон ва танаффуси амиқ ба сурати «ғайрииродӣ» ва гоҳе кашише дар дастҳо ва сина аст, ки тақрибан аз замони пеш аз таваллуд ва ба иборате дақиқтар аз давраи ҷининӣ ва дар ёздаҳҳафтаӣ қобили мушоҳида аст. Маъмулан хамёза аз нишонаҳои хоб аст. Ин падида дар инсон ва бархе ҳайвонот дида мешавад, аммо дар бештар ҳайвонот амре аст. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки ин амал, мусрӣ аст.

Хасмол

Хасмол (лот. panaricium), милкак, панаритсий — илтиҳоби шадиду фасодноки бофтаҳои ангушти даст. Бештар дар нӯги ангушт дар натиҷаи ба захми хурд (ҷои кадифа, харошхӯрда, бурида, хор ё сӯзан халида ва ғ.) роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад.

Ҳикак

Ҳикак, ҳиқақ, ҳиққак, (лот. singultus) — ҳолатест, ки баъзан одамони солим бе ягон сабаби ҷиддӣ ба он дучор мешаванд (мас., ҳангоми нӯшидани шароб, хӯрдани таоми бисёр ва ғ.).

Одатан, ин ҳолат безарар ва зудгузар аст. Чуқур нафас гирифтан, муддате нафас набаровардан, нӯшидани чанд қулт оби хунук ҳиқақро сабук ё тамоман нест мекунад. Ҳиқақ инчунин, мумкин аст, нишонаи баъзе бемориҳо бошад. Дар аснои ангезиши диафрагма, ки бинобар илтиҳоби узвҳои ҷавфи шикам падид меояд, ҳиқақ гоҳо бардавом ва дардовар мешавад. ҳангоми баъзе бемориҳои мағзи сар ва ҳароммағз, сактаи дил, бемориҳои сироятӣ ва ҳаяҷони рӯҳӣ одам ҳиқақ мезанад. Агар ҳиқақ бисёр рӯй диҳад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед; ӯ сабаби ҳиқақро муайян карда, муолиҷа мефармояд.

Ҷанин

Ҷанин ё эмбрион (юн.-қад. ἔμβρυον), — организме, ки дар давраи аввали инкишоф бошад. Ҷанин одатан аз тухми бордор инкишоф ёфта, аз захираи моддаҳои ғизоии организми модар ғизо мегирад. Ҷанини баъзе ҷонварони бемӯҳра, наҳанг, мӯҳрадорҳои дараҷаи олӣ ва одам бо ҷанинпарда, ки онро аз ҳар гуна офат эмин медорад, иҳота шудааст. Аксари организмҳо 3 баргаки ҷанин доранд: берунӣ (эктодерма), дарунӣ (энтодерма) ва мобайнӣ (мезодерма). Аз эктодерма дар рафти инкишофи ҷанин асаб, пӯст, мӯй, ғадудҳои пӯст, нохун ва ғайра, аз энтодерма пардаи луобии системаи ҳозима, аъзои нафас, ғадудҳои ҳозима ва аз мезодерма узвҳои ихроҷ, аъзои ҷинсӣ, рагҳои хунгард, мушакҳо, скелет ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.