Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.[1]

Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.[2]

ЭСТ ва ЭМТ
3 ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик

Таърих

Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».[3]

Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ аз ҷониби ҳайати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2012 интишор гардида, соли 2015 ҷилди чоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.

Оғози фаъолият

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) "Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.

Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.

Мундариҷа

Донишномаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Қомуси «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.

Мутолиаи ройгон

Хонандагон имкон доранд ба таври ройгон аз сомонаи расмии Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нусхаи электронии ҷилдҳои нашршудаи донишномаи мазкурро боргирӣ ва мутолиа намоянд.

Ҳаҷм ва муҳтавои нашр

Ҷилд Унвон Соли

нашр

ISBN Шумораи

саҳифаҳо

Адади

нашр

1 А — Асос 2011 ISBN 978-99947-33-45-3 608 5000
2 Асос — Боз 2013 ISBN 978-99947-33-52-4 664 5000
3 Боз — Вичкут 2014 ISBN 978-99947-33-46-0 676 5000
4 Вичлас — Гӯянда 2015 ISBN 978-99947-33-77-4 660 5000
5 Ғ — Дироя 2016 ISBN 978-99947-33-67-5 664 5000
6 Дирҳам — Замин 2017 ISBN 978-99947-33-69-9 664 5000

ЭМТ дар Википедиаи Тоҷикӣ

Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Википедиаи Тоҷикӣ шурӯъ шудааст.

Сомонаи ЭМТ

Нигаред низ

Эзоҳ

  1. Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон — Tojnews
  2. Ҷилди дуввуми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр расид — Ховар
  3. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёӣ то Сомониён. Душанбе, 2009, саҳ. 8.

Сарчашма

Албания

Албания (албанӣ: Shqipëria), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳурии Албания (албанӣ: Republika e Shqipërisë [ɾɛpuˈblika ɛ ʃcipəˈɾiːs]) — давлат дар Аврупо, дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан ва қисми ҷанубии Аврупо. Албания дар шимолу шарқ бо Косово ва Сербия, дар шимолу ғарб бо Черногория, дар шарқ бо Македония, дар ҷанубу шарқ бо Юнон ҳамсарҳад буда, соҳилҳои қисми ғарбӣ ва ҷан. ғарбии онро баҳрҳои Адриатика ва Ион фаро гирифтаанд. Масоҳаташ 28748 км2. Аҳолиаш 3,64 млн нафар (июли 2009). Пойтахташ – шаҳри Тирана (360 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калонтарин – Дуррес, Элбасан, Шкодер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 12 ретӣ (вилоят) ва 36 округ тақсим шудааст. Воҳиди пулӣ – лек.

Алибой Қурбонов

Қурбонов Алибой (тав. 1 феврали 1949, деҳаи Зарбед, ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — риёзидон, тарҷумон, қомуснигор ва донишноманависи тоҷик. Аълочии матбуоти СССР (1988) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011). Сармуҳаррири СИ ЭМТ (1996—2012).

Арабистони Саудӣ

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ар. ‎ المملكة العربية السعودية‎; al-Mamlakah al-ʻArabīyah as-Saʻūdīyah) — давлат дар қисми ҷанубу ғарбии Осиё. Тақрибан 2/3 ҳиссаи нимҷазираи Арабистон ва чандин ҷазираҳои Баҳри Сурх ва Халиҷи Форсро дар бар мегирад.

Аспирингон

АСПИРИНГÓН — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон. Аз Аспирингон то маркази ноҳия 46 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 105 нафар (2012), тоҷикон. Аспирингон мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: занбӯрпарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо ва дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд.

Астрахан

ÁСТРАХАН (Аштархон), шаҳр, маркази вилояти Астрахани Федератсияи Русия. Дар Пастии назди Каспий, дар қисми болои резишгоҳи дарёи Волга ба Баҳри Каспий воқеъ аст. Бандари асосии дарёӣ ва баҳрии ҳавзаи Волгаву Каспий. Аҳолиаш 520700 нафар (2010). Қисми асосии шаҳр дар соҳили чапи дарёи Волга ҷойгир аст. Шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмиллалӣ дорад.

Асфалт

АСФÁЛТ (юн. asphaltos – қири куҳӣ), мум, масолеҳи бинокорӣ. Табиӣ ва сунъӣ мешавад. Асфалти табиӣ аз нафт дар натиҷаи бухор шудани ташкилдиҳандаҳои сабук ва оксид шудани он ба вуҷуд меояд. Асфалти табиӣ дар ноҳияҳои нафтдоре васеъ паҳн шудааст, ки ҷинсҳои нафтдори он (регсанг, оҳаксанг, доломитҳо ва ғайра) чандон амиқ ҷой нагирифтаанд ё ба рӯи замин баромадаанд. Асфалти сунъиро дар натиҷаи омехтани битум (мум) ва моддаҳои минералӣ (асосан оҳаксанг) ҳосил мекунанд. Дар роҳсозӣ ба асфалт санги реза омехта карда мешавад. Асфалтро инчунин дар сохтмон (ҳамчун маводди ҳидро ва электроизолятсионӣ) барои тайёр кардани тол, ширеш, локҳои мумӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Африқо

Африқо — қораи аз ҷиҳати бузургӣ дуюмини кураи Замин (баъди Авруосиё). Дар Нимкураи шарқӣ воқеъ буда, аз (хатти) истиво ба Шимол ва Ҷануб то арзҳои субтропикии ҳар ду нимкура тӯл кашидааст. Масоҳати Африқо 29,2 млн км² (якҷо бо ҷазираҳо 30,3 млн км²).

Африқои Ҷанубӣ

Áфриқои Ҷанубӣ — ноҳияи табиии Африқо, дар ҷануби пуштакӯҳи Конго – Замбезӣ. Африқои Ҷанубиро аз Ғарб Уқёнуси Атлантик, аз Шарқ Уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст. Дар Африқои Ҷанубӣ аксари навъҳои сатҳи замин (ландшафт)-и Африқо дар миқёс (масштаб)-и хурд такрор мешаванд, аз ҳамин сабаб онро баъзан Африқои Хурд ҳам меноманд. Африқои Ҷанубӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ як қисми платформаи Африқо аст. Дар ҷойҳои барҷастаи таҳкурсии платформа ҷинсҳои булӯрии токембрий ва интрузияҳое, ки дар палеозой пайдо шудаанд, намудоранд. Пастхамии Калахари бо ҷинсҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Канори ҷанубиашро кӯҳҳои чиндори Кап иҳота кардаанд, ки аз тамоми қисми боқимондаи Африқои Ҷануб ҷавонтаранд. Африқои Ҷануб аз моддаҳои маъда­­нии арзишманд – тило, платина, уран, қалъагӣ, манган, мис, хромит, асбест, алмос ва ғайра ғанӣ аст. Таҳнишастҳои давраи перм конҳои калони ангиштсанг дорад. Қисми марказии ноҳия аз ҳамвориҳои баланд (то 900–1000 м) иборат буда, атрофи он асосан бо паҳнкӯҳҳои баландиашон 1200–1800 м иҳота шудааст. Ноҳия дар минтақаҳои иқли­маш истивоӣ, тропикӣ, субтропикӣ ҷой гирифтааст. Боришоти солона 500–600 мм. Ҳарор. миёнаи моҳона 290, 270С (дар Мозамбик), дар соҳилҳои ғарбӣ 11,60, 15,30С. Қисми зиёди Африқои Ҷанубиро дашт ишғол кардааст. Соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқии серборишашро бешаҳои зичи тропикӣ ва субтропикии сернам пӯшондаанд. Ба тарафи ғарб наботот торафт кам мешавад. Аз ҳайвонот шер, паланг, кафтор, шағол, фил, каркадан, говмеш, заррофа, оҳу дорад.

Ашъор

Шаблон:Underlinked

АШЪÓР (форсӣ أشعار) як навъи хат, ки бештар дар китобати шеър истифода мебурданд. Хаттоти араб Муҳаммад ибни Ҳасани Тиббӣ (вафоташ 1519) дар рисолааш «Ҷомеу маҳосини китобат-ил-куттоб» овардааст, ки Ибни Таввоб (вафоташ 1022) 16 навъи хат, аз ҷумла хатти ашъорро муайян карда, дар хусуси онҳо маълумот додааст. Аз ҷумла рисолаи мазкурро бо хатти зебои ашъор китобат кардааст. / С. Султонов

Аълочии маорифи Тоҷикистон

«АЪЛОЧЍИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН» - нишони сарисинагӣ, ки бо он кормандони беҳтарини муассисаву корхонаҳои маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи коркунони ма­ориф, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои илмӣ қадр карда мешаванд. Кормандони беҳтарини соҳаҳои дигар, ки дар кори маорифи халқ хидмати шоиста кардаанд, бо тавсияи вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдор низ бо ин нишон сарфароз мегарданд. Соли 1944 бо номи «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» таъсис ёфт. Баъд «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ном гирифт. Соли 2009 нишони «Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки бо он шахсоне, ки дар рушди со­ҳаи маориф хизмат­ҳои арзанда кардаанд, қадр карда мешаванд.

Умуман «Аълочии маорифи халқи ...» номи мукофот ва нишонҳои сарисинагии соҳавии ИҶШС буд (1936–1991). Ба пешқадамони соҳа нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супурда, дар дафтарчаи меҳнатиаш қайд мешуд. Ин анъана алҳол дар Тоҷикистон роиҷ аст. Қариб ҳамаи вазорату кумитаҳои соҳавӣ нишони худро доранд.

Аҳолӣ

Аҳолӣ (ҷамъият, нуфус) — тамоми мардуми рӯйи Замин ё сокинони ҳудуди муайян; яке аз мафҳумҳои асосии илмҳои ҷамъиятӣ.

Белгород

БЀЛГОРОД (русӣ: Белгород) — шаҳр дар Русия, маркази вилояти Белгород. Дар қисми ҷанубии баландии Руси Миёна, дар соҳили рости дарёи Северский Донеск ва шохоби он – дарёи Везелка ҷой гирифтааст. Маркази роҳи оҳан: Маскав–Харков (Украина), Брянск–Купянск (Украина), шоҳроҳи автомобилии Маскав–Симферопол (Украина) дорад. Аҳолиаш 356,4 ҳазор нафар (2010). Аэропорти байналмиллалӣ дорад. Дар сарчашмаҳо Белгороди бори нахуст дар соли 1237 зикр гардидааст.

Бемориҳои чашм

Бемориҳои чашм — бемориҳои узвҳои чашм (пилк, аъзои ашк, косаи чашм). Тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғайра, инчунин ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои силсилаи асаб ва рагҳо, авитаминоз ва ғайра мумкин аст муҷиби бемориҳои чашм шаванд. Ин гуна бемориҳо аз таъ­сири механикӣ (зарбу лат), кимиёӣ (кислотаҳо, ишқорҳо) ва физикӣ (гармӣ, рӯшноӣ, афканишоти радиоактив) низ сар мезананд. Ихтилоли фаъолияти босира – наздикбинӣ, дурбинӣ ва астигматизм низ ба бемориҳои чашм тааллуқ доранд. Баъзе бемориҳои чашм, масалан, глаукома, кӯчидани тӯрпарда, харобии асаби босира, трахома ва ғайра мумкин аст боиси нобиноӣ гарданд. Бемориҳои чашмро соҳаи махсуси тиб – офталмология меомӯзад.

Вилояти Астрахан

Вилояти АСТРАХÁН (русӣ: Астраха́нская о́бласть) — вилоятест дар Федератсияи Русия, тобеи Округи федералии Ҷануб Вилоят 27 декабри соли 1943 ташкил шудааст.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, ҳамчунин маъруф бо исми мустаори Ибни Қурбон; тав. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб) — муаррихи тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Сарой

Сарой — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 2253 нафар (2010), тоҷикон. Аз 247 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 28 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 мағоза, чойхонаи ҷамъиятӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яккабед

ЯККАБЕД — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 856 нафар (2010), тоҷикон. Аз 105 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, 2 мағозаи хусусӣ, хонаи саломатӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо обёрӣ мешаванд.

Ҳаймаҳмадӣ

Ҳаймаҳмадӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони (номи пештарааш Қарабулоқ) ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳияи 17 км. Аҳолиаш 1302 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти таҳсилоти миёнаи умумӣ, мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи саломатӣ, корхонаи хурди коркарди меваи «Гулоб» фаъолият доранд. Аҳолии деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.