Энсиклопедияи калони советӣ

Энсиклопедияи Калони Советӣ (русӣ: Большая Советская Энциклопедия; БСЭ) — нахустин донишномаи умумӣ ва марксистӣ-ленинӣ, ки дар СССР ба забони русӣ нашр карда шудааст. Аз соли 1926 (ҷилди якуми нашри аввали он) то соли 1990 (охирин солнома) дар нашриёти «Советская энциклопедия» (ҳозира — нашриёти «Большая Российская энциклопедия») ба нашр расидааст. Се интишори Энсиклопедияи Калони Советӣ :

  • нашри аввал (1926-1947) дарбаргирандаи 65 ҷилд ва ҷилди иловагӣ «СССР», бе рақам;
  • нашри дуюм (1949-1958) дарбаргирандаи 49 ҷилд, ҷилди 50 «СССР», ҷилдҳои иловагӣ 51 ва 52 «Алфавитный указатель» дар ду китоб (1960);
  • нашри сеюм (1969-1978) дарбаргирандаи 30 ҷилд (чопи ҷилди 24 дар ду китоб: дуюм, китоби иловагӣ — «СССР») ва ҷилди иловагӣ «Алфавитный именной указатель» бе рақам (1981).

Интишор

Нашри якум

1-ed-GSE
Нашри якум

Нашри дуюм

2-ed-GSE
Нашри дуюм

Нашри сеюм

Нашри сеюми «Энсиклопедияи Калони Советӣ», (солхои нашр 1969 – 1978) - аз 30 ҷилд иборат аст. Соли 2001 нашри сеюми Энсиклопедияи Бузурги шӯравӣ дар се компакт-диск (ширкати «Аутопан» сабт шудааст.

UBN Great Soviet

Тарҷумаи нашри 3-юм ба забони англисӣ, китобхонаи Неймеган

Нусхаи электронӣ

Донистаниҳо

Пайвандҳои беруна

Атлас (матоъ)

Атлас як навъи матои абрешимӣ мебошад, ки он матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо ба бар мекарданд. Ин матоъ матои тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик бо тахти шинам дӯхта мешавад. Лавозимоти атласро солҳои аввали баромаданашон, ранги онро аз давлати Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад ҳамаи маҳсулотро аз давлати худамон Тоҷикистон истифода карда мебарорем. Дар Тоҷикистони мо бошад ҳоло якчанд намуд атлас истеҳсол карда мешавад аз қабили; атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайраҳо.

Новобаста аз ин ки қарни Х1Х давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад.

Дар даҳсолаҳои охири қарни ХХ дар атласбофӣ намудҳои: «Пирӯзӣ», «Ҳамроҳ», «Кайҳон», «Кремл», «Олимпиада», «Чашма», «Ҷашнӣ», «50-сол», «Шодиёна», «Гули баҳор», «Ҷонона», «Одмӣ», «Мурғобӣ», «Лола», «Гули намошом», «Гули шоҳмот» ва ғайра ба миён омадаанд.

Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Намунаҳо аз нигораҳои матои абрешимӣ бо наққошиҳои абрӣ дар либоси тоҷикона «Осорхонаи» суннатии абрешими «Ардси-Сура»-и Институти илмӣ-тадқиқотии санъатшиносии Хуҷанд шуморо бо ҷодуҳои наққошӣ ва рангомезиҳои матоҳои абрӯии мардуми тоҷик дар қарни Х1Х ва ХХ ошно мегардонад.

Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

Карл Залеман

Карл Германович Залеман (ё Генрихович; 1849/50-1916) — эроншиноси рус, дастпарвари Университети Петербург, узви Академияи илмҳои Петербург. Шогирдаш Александр Фрейман буд.

Обигарм

Обигарм (таъс. 27 январи соли 1977) — шаҳрак тобеи шаҳри Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар 95 км шарқтари шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Фрейман Александр Арнолдович

Фрейман Александр Арнолдович (22.08.1879, ш. Варшава – 19.01.1968, ш. Санкт-Петербург), эроншиноси рус, профессор (1918), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1949), шогирди Карл Залеман.

Энсиклопедияи калони Русия

Энсиклопедияи калони Русия (русӣ: Большая российская энциклопедия; ихтисора БРЭ) — донишномаи умумӣ ба забони русӣ. Нашр иборат аз 35 ҷилди рақамгузоришуда ва ҷилди «Россия» бо фарогирии беш аз 80 ҳазор мақола мебошад.

Донишнома аз соли 2004 то соли 2017 дар нашриёти илмии «Большая российская энциклопедия» ба табъ расидааст. Аз соли 2016 нусхаи интернетии донишнома мавҷуд аст.

Энсиклопедияи советии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик (Энциклопедияи Советии Тоҷик) — нахустин донишномаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ (ба алифбои кирилӣ) иборат аз 8 ҷилд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.