Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик - энсиклопедия ва ё донишномаи фарҳангии Тоҷикистон мебошад. «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» дар 3 ҷилд нашр шуда бештар аз нӯҳ ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

Аз соли 1986 сар карда таълифу тадвини "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик", дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Сармуҳаририри донишнома А.К. Қурбонов мебошад. Ҷилди аввали энсиклопедия аз ҳарфи «А»-и калимаи «АБАЙ» шурӯъ шуда, бо ҳарфи «К» -и калимаи «КАЛИМ» хотима ёфтааст ва соли 1988 аз нашр баромадааст. Ҷилди дуввум аз калимаи «КАЛИМ» шурӯъ шуда, бо калимаи «РАБОТ» хотима ёфтааст ва соли 1989 аз нашр баромадааст. Ҷилди сеюм аз калимаи «РАВЗАНА» шурӯъ шуда, бо калимаи «ҶӮРАЕВ» хотима ёфтааст ва соли 2004 аз нашр баромадааст.

Мундариҷа

Донишномаи «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст донишномаи фарҳангист, ки ба забони муосири тоҷикӣ табъу тадвин шудааст. Қомуси «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» тавсифи давраҳои мухталиф – адабиёт ва санъати қадим, асрҳои миёна ва советии тоҷик, равияву ҷараёнҳои адабӣ, жанр, сабк, истилоҳот ва чехраҳои барҷастаи адабиёту санъат, фолклор, мусиқии халқӣ ва классикӣ, ҳунари тасвирию меъморӣ, театр, сирк ва кино, назария ва фарҳанги комусҳои адабии ниёгон ва соҳаҳои ба санъат оиди бостоншиносӣ (археология) ва мардумшиносӣ (этнография)-ро дар бар мегирад. Дар донишнома оид ба олимону адабиётшиносон, адибону мутарҷимон аҳли санъату фарҳанги халқҳои ИҶШС (СССР) ва хориҷӣ, ки дар тарғиби осори гаронбаҳои адабиёту санъати тоҷик саҳм гузоштаанд низ мақолаҳо дарҷ шудаанд. Инчунин оиди ташкилотҳою иттиходияҳои эҷодӣ, марказҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, театру муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаю китобхонаҳо, нашрияҳои адабӣ ва ғайра, ки дар тӯли мавҷудият барои инкишофи адабиёт ва санъати тоҷик ҳисса гузоштаанд мақолаҳо ба табъ расидаанд.

Мутолиаи ройгон

Хонандагон ройгон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби номбурдаро мутолиа карда метавонанд. Нусхаи электронии он дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон - kmt.tj гузошта шудааст.

Нашрияҳои донишнома

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди I (АБАЙ – КАЛИМ)[1]
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди II(КАЛИМ – РАБОТ)[2]
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди III(РАВЗАНА – ҶӮРАЕВ)[3]

Боз нигаред

Манбаъ

  1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди I [1]
  2. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди II [2]
  3. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди III [3]
Абдусаттор Нуралиев

Абдусаттор Нуралиев - адабиётшинос ва журналисти тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия (2011). Раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон».

Арбоби ҳунари Тоҷикистон

“Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” (ҳоло "Арбоби ҳунари Тоҷикистон")- унвони фахриест, ки 28 марти соли 1939 Президиуми Совети олии ҶШС Тоҷикистон таъсис намудааст. Унвон ба режисёрон, дирижёрон, оҳангсозон, меъморон, рассомон, ҳайкалтарошон ва диг. Ходимони санъат барои офаридани асарҳои барҷастаи соҳаи санъат, тарбия ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷумҳурӣ ва барои офаридани корҳои илмӣ дар соҳаи санъат дода мешавад. Ашхосе, ки сазовори унвони “Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” гаштаанд, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома мегирифтанд.Солҳои 1939 – 1989 "Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон", Мувофики Укази Президиуми Совети олии ҶШС Тоҷикистон аз 6 январи соли 1989 унвони “Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” ба “Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” иваз карда шуд. Минбаъд,солҳои 1991 – 1996 - "Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон" ном дошт.

Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон бо фармони Президенти ҶТ январи соли 1997 таъсис ёфтааст. Ин унвони фахрӣ ба коргардонҳо, композиторон, рассомон, меъморон, ҳайкалтарошон ва дигар ходимони санъат барои эҷоди асарҳои барҷаста ва корҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни санъат, тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг дода мешавад.Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"аз 31 июли соли 2001 № 29 доир ба унвон чунин тағйирот ворид карда шудааст:

Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон ба режиссёрон, дирижёрон, бастакорон, рассомон, ҳайкалтарошон, дизайнерон, драманависон ва дигар ходимони санъат барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, барномаҳои консертӣ, барои хизматҳо дар тайёр ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ, офаридани асарҳои илмӣ, дар соҳаи санъат 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Бахтулҷамол Карамхудоев

Бахтулҷамол Карамхудоев (12 феврали 1919, Хоруғ) — ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1946), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1962)

Башоратхон Тоҷибоева

Башоратхон Тоҷӣбоева (10 ноябри 1916 — 20 июли 1965) — актрисаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1943)

Бобоқул Файзуллоев

Бобоқул Файзуллоев - сарояндаи шашмақом ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1952)

Кимёгаров Бенсион Ариевич

Кимёгаров Бенсион (Борис) Ариевич – (30 сентябри соли 1920, ш. Самарқанд – 19 апрели соли 1979, ш. Душанбе), коргардони синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви Иттифоқи кинематографистони СССР ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Сталин (ҳамроҳи филмбардор И. Барамиков) дараҷаи сеюм (1952).

Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон - муассисаи давлатии фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Китобхона 20 марти соли 2012 ба ҷойи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ш. Душанбе таъсис дода шудааст.

Лутфи Зоҳидова

Лутфӣ Зоҳидова – (6 ноябри соли 1925 - 10 октябри 1995), аввалин раққосаи балети ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957). Барои иҷрои партияи Лайли (аз балети "Лайли ва Маҷнун"-и Сергей Баласанян) бо ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) сарфароз гардидааст. Бо орденҳои "Парчами сурхи меҳнат" ва "Нишони фахрӣ" мукофотонида шудааст.

Мирбобо Зиёев

Мирбобо Зиёев — актёри тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Мусиқии анъанавии тоҷик

Мусиқии анъанавии тоҷик ғанӣ ва гуногунранг аст. Дар он зиндагӣ, маишат, фаъолияти меҳнатӣ, муборизаи иҷтимоӣ, русуму омол, хислат ва эҳсосоти халқ ифода ёфтаанд.

Мусиқии анъанавии тоҷикро аз лиҳози тафаккури мусиқӣ метавон ба се сабк тақсим кард: сабки шимолй (вилояти Суғд), сабки марказӣ ё худ кӯҳистонӣ (Ҳисор, Хатлон, Ғарм) ва сабки Бадахшонӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон).

Маданияти мусиқии Бухорову Самарқанд ва ноҳияву вилоятҳои ҳамсояи онҳо (Қашқадарё ва Сурхондарё) ба сабки шимолй қаробат дорад, вале баробари ин ба асолат ва сифатҳои хос соҳиб аст. Мусиқии анъанавии тоҷик бо доираи васеи жанрҳо фарқ мекунад: ҳамосавӣ, меҳнатӣ, русумӣ (таронаҳои тақвимӣ, тӯёна, сӯгворӣ ва ғайра), сурудҳои лирикӣ, ҳамчунин мусиқии созӣ бо истифодаи созҳои мусиқии миллӣ, шаклҳои силсилавии касбӣ ва касбии классикӣ.

Мусиқии анъанавии тоҷик аз се ҷанбаи бо ҳам робитадошта иборат аст: халқӣ, халқии касбӣ ва касбии классикӣ. Мусиқии анъанавӣ дар тӯли таърихи инкишофаш ба шароити зиндагӣ ва шавқу завқи гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (масалан, Мусиқӣ дар байни созандагони шаҳру деҳот) вобаста буда, он қонуниятҳои хос ва намояндагони худро дорад (мас., навҳагарон, мавригихонон сарнақшхонон, гӯрғулихонон, фалаксароён ва ғ).

Руд

Руд (аз санскр.), сози мусиқии тории қадима буда, дар асрҳои 9-10 сози удро ҳам руд меномиданд. Масалан Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» рудро чунин номидааст:

Суханҳои Рустам ба ною ба руд,

Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.Баъдтар дар Шарқи Миёна ва Наздик ба ҷои руд номи удро ( забони арабӣ) истифода мебурдагӣ шуданд.

Рӯихати Энсиклопедияҳо

Рӯихати Энсиклопедияҳо:

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик;

Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон;

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик;

Энсиклопедияи Британика

«Бундаҳиш»,

«Динкард»,

«Ал-Қонун»

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сотим Улуғзода

Сотим Улуғзода - нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951) , дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфтааст.

Султон Мирзошоев

Султон Мирзошоев – арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон. Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон (1982), Аълочии маорифи халқии ҶСШ Тоҷикистон (1954) ва Аълочии кинематографияи ИҶШС (1969).

Тоҷӣ Султонова

Тоҷӣ Султонова - – ( соли 1918), актрисаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Урватуллои Тоир

Урватуллои Тоир — журналист, адабиётшинос , олим, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969), доктори илмҳои филология (1997), профессор (1998).

Шариф Ҷӯраев

Шариф Ҷӯраев, маъруф ба номи Акашариф (3 марти 1896, ноҳияи Дарвоз — 2 октябри 1966) — сароянда ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1946).

Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон

Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (дар ибтидо Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон) – унвони фахрии коркунони санъат, ки 5 декабри соли 1947 Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис додаст. Унвон ба сарояндаҳои машҳури ҷумҳури, ки хизматҳои арзанда намудаанд дода мешуд. Соли 1989 бо Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ин унвон барҳам хурд.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.