Шашмақом

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон ва Тоҷикистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво,, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд[1]. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мешавад[2].

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст[3]. Ансамбли Шашмақом соли (1976) бо ин унвон, ансамбли халқӣ (1986). Дар ҳайати "Шашмақом" коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Йӯлбарсов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Юсупов, дорандаи медали «Хизмати шоиста» А.Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзиев, саръаткорон А.Усмонов, З.Шарипов, С.Тоҳиров, А.Қодиров, Ч.Тӯйчиев, Т.Мамадов, А.Қаюмов ва дигаронро муттаҳид намуда дар муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони сурудҳои классикӣ роҳ ёфт. Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд. Асрҳои аср ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри нигаҳ доштани матни азими Шашмақом ба амал оварда шуда буд. Меҳнати ватандӯстонаи ин се абармарди санъати миллиро ба назар гирифта, давлат онҳоро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонид. Солҳои 1977-1987 "Шашмақом" доимо дар байни меҳнаткашон, озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, тавассути садою симои ҷумҳурӣ баромад карда, маҳорати худро сайқал медод. Дар фонди садои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони ин ансамбл сабт шудааст. Бо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд ба ансамбл шӯҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри Исфара бомуваффақият баромад намуданд. Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.[4]

Донишномаи Шашмаком
Муқоваи таълифоти "Донишномаи Шашмақом" – Душанбе,2009.
Ансамбль народных исполнителей
Сарояндагони ансамбли "Шашмақом"
Народная мелодия в исполнении Насибы Омонбоевой и Камолиддина Хамдамова
Насиба Омонбоева ва Комолиддин Хамдамов шогирдони Боймуҳаммад Ниёзов дар дарси "Шашмақом"

Шашмақом дар нашрияҳои Тоҷикистон

Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - бори аввал дар таърихи тамаддуни мусиқии тоҷик таҳия ва тадвин шудааст. Ин “Донишнома” роҷеъ ба таърих, назария, манобеи хаттии мусиқӣ, чеҳраҳои номвари созу дирӯзу, мусиқидонон, мусаннифон, сарояндагон, навозандагон, нобиғагони мактаб, равияҳои эҷодию иҷроӣ (аз Борбади Марвазӣ), ки дар ташаккул ва рушди ҳунари волои мусиқиамон мақомҳо (Шашмақом) нақши муассиру мондагор гузоштаанд, матолиби муҳимро дарбар дорад. Дар донишнома дар бораи оҳангсозону мақомхонон ба монанди:

ва дигарон маълумот оварда шудааст.

Шашмаком. В 5-ти томах. – М.: Госмузиздат, 1950 -1967. Нашри шашҷилдаи мақомҳои классикии тоҷикӣ тибқи Лоиҳаи якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ЮНЕСКО сурат мегирад, ки он дар асоси сабти нотавии устодони бузурги Шашмақом - Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев солҳои 1950 - 1967 таҳия карда шудааст. Китоб аз чунин Қисматҳо иборат аст:

Мусиқишиноси тоҷик Аслиддин Низомов роҷеъ ба Шашмақом якчанд таълифоте Таърих ва назарияи Шашмақом – Душанбе, 2006 ва Таърихи мусиқии тоҷик.–Душанбе, 2014. ба таб расонидааст. Инчунин китобҳои Аскарали Раҷабзода, А. Абдрашидов, Н.Ҳакимов, М. Акбарзод ва дигарон солҳои охир таълиф шудаанд.

Шашмақом дар Амрико

Хонаводаҳои саршиноси яҳудиҳои бухороӣ анъанаҳои шашмақомхонии тоҷикони Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Исфараро даҳҳо ҳазор километр дур аз сарчашмаҳои ҳунари волояшон ҳифз мекунанд"[5]/

Нигаред

Пайвандҳои беруна

Пайвандҳо

Эзоҳ

  1. http://radiozamaneh.com/culture/goonagoon/2011/05/08/3835 تاجیکستان بیست ساله، موسیقی صد ساله
  2. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯрабек Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  3. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯра Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  4. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 68-70. – 280 с.
  5. http://www.ozodi.tj/content/transcript/1887248.html Навои Шашмақом дар фазои Ню Йорк - Озодӣ 25.11.2009 дастрасӣ 20 апрел 2010
12 май

12 май — 132-умин рӯзи сол (133-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 233 рӯз боқӣ мемонад.

1 феврал

1 феврал — 32-умин рӯзи сол дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 333 рӯз (334 рӯз дар солҳои кабиса) боқӣ мемонад.

27 май

27 май — 147-умин рӯзи сол (148-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 218 рӯз боқӣ мемонад.

Абдувалӣ Абдурашидов

Абдувалӣ Абдурашидов – мутриб (танбӯр, сато, рубоб), номзади илмҳои санъатшиносӣ (1992), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).

Абдулқодири Мароғаӣ

Хоҷа Абдулқодир ибни Ғайбӣ Ҳофизи Мароғаӣ (форсӣ: عبدالقادر مراغی‎; машҳур ба Абдулқодири Гӯянда, тахаллус Ноӣ, Удӣ 1353—1435) — сароянда, навозанда, шоир, оҳангсоз ва мусиқидони форсу тоҷик ва шарқ.

Ансамбли давлатии «Шашмақом»

Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов — ҳайати эҷодӣ, ансамбли мукаммали овозхонон ва мутрибони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аҳмад Бобоқулов

Аҳмад Бобоқулов (17 январи 1931, Сталинобод — 18 майи 1990, Душанбе) — сарояндаи тоҷик (овозаш тенори лирикӣ ва драмавӣ), донанда ва иҷрогари мақомҳо, Артисти халқии СССР (1971), профессор (1977). Писари Бобоқул Файзуллоев.

Аҳмади Дониш

Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.

Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асарҳои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.

Бобоҷалол Носирзода

Бобоҷалол Носирзода (форсӣ: باباجلال ناصرزاده‎; машҳур ба Отаҷалол, 1845, Бухоро — 1928, Самарқанд) — сароянда, навозанда (танбӯрӣ), донанда ва оҳангсози машҳури тоҷик дар «Шашмақом», яке аз намояндагони бузурги мактаби эҷодию иҷроии Бухоро.

Боймуҳаммад Ниёзов

Боймуҳаммад Ниёзов - овозхони маъруф ва устоди “Шашмақом”, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон,

Боймуҳаммад Ниёзӣ аз оғози солҳои 1960 дар Филормунии давлати Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва дар авоили солҳои 1980 замоне устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Вай сипас ба шаҳри Хуҷанд, зодгоҳи худ, баргашт ва то охири умр дар он ҷо мондагор шуд. Дар дастаи мусиқии "Нури Хуҷанд" ҳамчун муъаллим кор мекард. Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба шогирдон дарси "Шашмақом" медод.

"Шашмақом" мероси ниёгон аст, - борҳо гуфта буд Боймуҳаммад Ниёзов. Мероси ниёгони тоҷикон ва тоҷикистониён. Он аз 263 асар иборат аст. Ҳамин 263 асарро ман замоне, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев кор мекардам, азёд карда будам. Лекин даррав (базудӣ) не, дар тӯли 13 сол. Акнун ман ҳамаи ин асарҳоро азёд медонам. Ба бачаҳо дарс медиҳам.

Сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов дар шаҳри Хуҷанд шаби 1 феврали соли 2009 аз олам даргузашт.

Борбад

Борбад (форсӣ: باربد‎) (тақр. 585 – 589, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 638, Тайсафун) — сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.

Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсӣ-тоҷикии миёна) —

Гардун

Гардун - Гардуния, Гардония, фалак, осмон, тақдир. Овозаи саввум дар таркиби Дувоздаҳмақом.

Тартиби қаторовозҳои Гардун дар табақоти адвор ва усули истихроӣи онҳо дар пардаҳои сози уд дар таълифоти назарии мусиқӣ сабт гардидаанд.

Усули доира ва дар ин усулиро намуди бахши сози мақомҳои (Шашмақом); шохаи созӣ дар мақомҳо буда ва бо номи мақомҳо маъруфият касб карда: Гардуни Бузург, Гардуни Рост, Гардуни Наво ва Гардуни танҳо дар мақоми Ироқ амал надорад.

Дарвешалии Чангӣ

Дарвешалии Чангӣ (с. тав. 1542-43, Миёнколот, с.ваф. 1649 Бухоро, Дарвешалии Чангии Хоқонӣ писари Мирзоалии Чангӣ ибни Абдуалӣ ибни Муҳаммад Мӯъмини Қонунӣ ё худ Амир Қосими Қонунӣ ибни Хоҷа Абдулло ибни Хоҷа-муҳаммади Марворид, машҳур ба Дарвешалии Чангӣ) — сароянда, навозанда, шоир ва мусиқишиноси машҳури тоҷик, зодаи Миёнколоти Бухорост. Ӯ дар хонаводаи шоир, навозанда ва мусиқишинос Мирзоалии Чангӣ ба дунё омада, асосҳои шеъру мусиқӣ, сознавозӣ, овозхониро аз падараш омӯхт. Фаъолияти омӯзишии Дарвешалии Чангӣ Дар мактаби эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии Самарқанд сурат гирифта, шеъру мусиқӣ, овозхонӣ, сознавозиро аз устодони мусиқӣ Алидӯсти Нойӣ, Устод Алиакбар Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Устод Абдусаттори Қонунии Самарқандӣ, Устод Арабнавои Қобузии Самарқандӣ, Мавлоно Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Устод Ҳусайни Удии Самарқандӣ, Амир Фатҳии Тошкандӣ, Устод Дарвеши Қонунӣ ва дигарон андӯхтааст. Ӯ бо доираҳои адабию ҳунарии Самарқанду Бухоро, Марв, Тошканд, Ҳироту Балх аз овони ҷавонӣ иртибот дошта, аз онҳо паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти бадеии гузаштаю муосири Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндро фаро мегирад. Дар санъати мусиқӣ ба дастовардҳои ҳунарӣ комёб шуда, дере нагузаш-та ӯ ба сифати мутриб ба дарбори ҳокимони Шайбонию (1499-1599), Аштархонӣ (1598-1747) даъват мешавад ва муддати тӯлонӣ дар (роҳбарии меҳтархона, наққорахона) Абдуллохони Шайбонӣ, Имомқулихони Аштархонӣ (1611-1647) будааст. Д.Ч. дар доираҳои адабию ҳунарии замони шайбонию аштархонӣ бо устодони адабиёту таърих, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотон, наққошон, тазкиранависон, мутрибон ва ғ.) аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба масоили афкори адабию ҳунарии дирӯзу замонааш, мактаб, равияҳои эҷодию иҷроии шеъру мусиқӣ махсусан ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Марв, Ҳирот, Балх, Хоразм, Машҳаду Табриз, Шерозу Исфа-ҳон, Ҳинд ва ғ. ахбору хулосаҳои ҷолиберо дар асараш (ниг. «Тӯҳфату-с-сурур») ба қалам овардааст. Ӯ дар ҳамкории эҷодӣ бо устодаш Фатҳии Тошкандӣ ва дигарон дар вусъати жанру шаклҳои мусиқӣ, идомати суннати эҷодию иҷроии мусиқӣ, тарбия ва камолоти насли нави ромишгарони замонааш, ки муддати тӯлонӣ сарварии ромиш-сарои шайбонию аштархониро ба ӯҳда дошт, мусоидат намудааст. Дарвешалии Чангӣ чун мусиқидон, оҳангсоз ва навозандаи бомаҳорату донишандахта дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «тарона», «пешрав», «кор», «навбат», «рехта», «саҷъ» ва ғ. асарҳои ҳирфаии мураккаб-таркиб эҷод намудааст. Зимни ин дар пешрафти шаклу анвои шеърии замонааш саҳми босазо гу-зошта, чун суханвар дар тарбияи насли нав шоирон-ромишгарон, ромишгарон-шоирон, мусиқидонон доираҳои дарборӣ ва берун аз он ҳам нақши хоса гузошта аст. Дарвешалии Чангӣ дар пешрафти тафакури илмии мусиқӣ ҳам саҳми бузург дошта, дар асараш «Туҳфату-с-сурур» (Рисолаи мусиқӣ) на фақат назари таҳлилии мусиқии замонааш, инчунин афкори мусиқии дирӯз (мусиқидонони гузаштаро) бар пояи манобеи хаттии мӯътамад ба ҳаёти мусиқии садаҳои XVI-XVII ворид намуда, дар ҷараёни таҳқиқ ба натиҷагириҳои тоза дастёб шудааст. Асари Дарвешалии Чангӣ чун тазкираи адабию мусиқӣ аз муҳимтарин манобеи хаттӣ оид ба таърих ва назарияи мусиқии тоҷик ва мардумони ғайри эронист. Дарвешалии Чангӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги замонааш даст дошт ва асари барҷастааш «Тӯҳфат-ус-сурур» аз муҳимтарин манобеи хатти доир ба ҳаёти мадании садаҳои XVI-XVII Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд аст.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Дувоздаҳмақом

Дувоздаҳмақом — маҷмӯи мӯҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуввуми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XVII маъмулият касб намудааст.([Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом| бештар...])

Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шӯъба, гӯша ва таркибҳои созию овозии «Дувоздаҳмақом» зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва диг.), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии мусиқӣ бо ин ном то нимаи дуввуми асри XII хотирнишон нашудааст.

Зебунниcо

Зебуниссо (Зебунисcо бегим) (порсӣ: زیب‌النّساء ) — яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст, ки шеър мегуфт ва тахаллусаш «Махфӣ» (порсӣ: مخفی ) буд.

Кавкабии Бухороӣ

Кавкабии Бухороӣ (Мавлоно Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ, с. тав. 1476, Бухоро, с. ваф.1535, Бухоро), мусиқидон, шоир, мусанниф, навозандаи (қонун).

Мусиқии Тоҷикистон

Мусиқии Тоҷикистон — дастовардҳои фарҳангии мусиқии мардуми тоҷик.

Фазлиддин Шаҳобов

Фазлиддин Шаҳобов (21 марти соли 1911 – 1 феврали соли 1974) - мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи шашмақом ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1952), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1944), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972) ва Ҷоизаи ба номи Борбад (1990), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР (1942), раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1955-1956).

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.