Таърихи Табарӣ

Абуалии Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Аз силисалаи «Халқҳои эронӣ дар маъхазҳои таърихӣ». (Иборат аз се ҷилд). Ҷ. I – Душанбе:Ирфон, 1992. – 656 с.

«Таърихи Табарӣ» (форсӣ: «تاریخ طبری»‎) ё «Ториху-р-расул-вал-мулук» (ар. «تاریخ الرسل و الملوک»‎) ё ин ки «Ториху-л-имам-вал-мулук» (ар. «تاریخ الامم و الملوک»‎) — китобест, ки торихнигору пажӯҳишгар Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ ба забони арабӣ навишта ва яке аз муътабартарин манобеъи давраи исломӣ аст.

Persian version by Balami of Universal History by Tabari
Аксе ки дар китоби Таърихи Табари ҷой гирифта шудааст, нусхаи Балъами аст ки ба забони форсӣ аз арабӣ тарҷума кардааст «Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»-и ат-Табарӣ| асри XIV

Тарҷумони китоб

«Таърихи Табарӣ»-ро Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ аз арабӣ ба форсӣ баргардондааст[1]. Дар ин асари таърихӣ этногенези мардумони эронитабор, ҳудуди густариши воқеъии ин мардумон (сукунати аввала ва баъдинаашон) ва забонҳои онҳо, урфу одат ва суннатҳои фарҳангии шаҳру рустоҳои Эронзамин ва як идда масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ хоҳад шуд.

«Таърихи Табарӣ» таърихи мардумони эронитаборро аз Рӯзи Офриниш то пойдор шудани Хилофати Араб бозгӯ мекунад. Ба гуфти пажӯҳишгарони тоҷик – мураттибони «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ Муҳаммадҷон Умаров ва Файзулло Бобоев

«Балъамӣ аввалин донишманди таърихнигор буд, ки тамоми матолиб ва маълумоти таърихномаи Табариро ба таҳлилу тадқиқи илмӣ кашида, дар асоси он ва маълумоти сарчашмаҳои дигар ба забони дарӣ асари тозае офарид. Ва аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Балъамӣ муаллиф аст, зеро маълумоти муфассал дар достони Баҳроми Чӯбин ва фаслҳои марбут ба футуҳи кишвари Эрон берун аз ахбори арабӣ ва берун аз ин китоби таърих аст»

.

Пайвандҳо

Пайнавиштҳо

  1. Ат-Табари. Древние и средневековые источники по этнографии и истории Африки южнее Сахары. Т. 1. Арабские источники VII—X вв. М.-Л. АН СССР. 1960.
Абуалӣ Балъамӣ

Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ (форсӣ: ابو علی محمد بن محمد بن عبدالله البلعمی‎; ? – 974, Бухоро) — вазир, муаррих ва адиби форс-тоҷик, намояндаи хонадони Балъамиён, ки дар давлати Сомониён мансаби вазириро доштанд. Писари Абулфазли Балъамӣ.

Абулфазли Балъамӣ

Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ Балъамӣ (форсӣ: ابوالفضل محمد بن عبیدالله بلعمی‎; ? — 14 ноябри 940, Бухоро) — олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914–943). Писари Абӯлфазл, Абӯали Балъамӣ (ваф. марти 974) муаррих, сиёсатмадор ва вазири Абдулмалик ибни Нуҳи Сомонӣ(954 – 961) ва Мансур ибни Нуҳ (961 – 976) буд ва ҳамчун тарҷумони китоби Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» аз забони арабӣ ба забони форсӣ маъмул аст.

Абулҳасани Ҳамадонӣ

Абулҳасани Ҳамадонӣ Муҳаммад ибни Абдумалик ибни Иброҳим (тав. 1070 – 1127) — таърихшинос, ҷуғрофидони форс-тоҷик.

Абӯҷаъфар Муҳаммад ат-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» (Дастхат)

Абӯҷаъфар Муҳаммад ат-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» (Дастхат)

Афросиёб

Афросиёб (форсӣ: افراسیاب‎) — шоҳи Турон, персонажи асотиру ривоятҳо ва достонҳои ҳамосии бостонии мардуми ориёӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Афросиёб дар Авесто ба шакли Франграсйана, дар осори паҳлавӣ – Фрасйик омада­аст. Маънои калимаи Франграсйана, Фрасйик «касе, ки ба ҳарос меандозад» мебошад. Афросиёб дар Авесто дорои сифати «макрйа» – «сазовори марг», «муҷрим» аст. Оид ба якчанд лаҳзаи зиндагӣ ва фаъолияти Афросиёб дар бахши «Яштҳо»-и Авесто («Меҳр-яшт», «Обон-яшт», «Зомид-яшт», «Дрвасп-яшт» ва ғайра) ишораҳо мавҷуданд. Дар маҷмӯъ аз матолиби Авесто бармеояд, ки Афросиёб набераи Траетаона (Фаридун), шоҳи Турон, душмани эрониён будааст. Вай мехост ба фарри шоҳӣ ва тоҷу тахти Эрон соҳиб шавад. Бо ин мақсад ӯ ба эзад Аредвисура Аноҳита қурбониҳо оварда ин матлаби худро иброз дошт. Аредвисура Аноҳита ин хоҳиши Афросиёбро рад кард. Ба ҳамин монанд дар яштҳои дигар низ Афросиёб аз эзадоне, ки яшт махсуси онҳо мебошад, дархости тоҷу тахт менамояд, вале эзадон хоҳиши ӯро намепазиранд. Барои аз таъқиби душманон ва аз марг раҳо ёфтан Афросиёб қасри оҳанине (дар Авесто он Ҳангкан ном дорад) сохта буд, ки баробари ҳазор қади одам баландӣ ва сад сутун дошт. Дар ин қаср ӯ аз ҷавоҳироти ҷилодиҳанда моҳу офтобу ситораҳо сохта, боғу кӯшкҳо бино карда, кулли асбоби зиндагонию маишатро муҳайё сохта буд. Ба назари Афросиёб паноҳгоҳи ӯ ҷое буд, ки ба он ҳеч шахси бегонае даромадан наметавонист. Бо вуҷуди ин рӯзе ӯ дар боғаш шахсеро дид, ки аз паси буттаҳои гул ба вай наззора мекард. Ин шахс дар Авесто Ҳаома ном дорад ва яке аз эзадон аст, ки дар устураи Афросиёб ба шакли инсон даромадааст. Афросиёб пай бурд, ки ин шахс фиристодаи марг аст. Афросиёб қасри худро тарк карда, ба кӯҳ гурехт. Ҳаома дар он ҷо ӯро дастгир кард ва ба Хаосрава (Хусрав – Кайхусрав) супорид. Кайхусрав ба кинхоҳии Сиёвуш ва Ағрирас Афросиёб ва бародараш Гарсевазро ба қатл расонд. Ҳамин матолиби авестоӣ, ки мухтасаран овардем, дар осори паҳлавӣ («Бундаҳиш», «Динкард», «Минуи Хирад» ва ғайра), таърихҳои исломии арабӣ ва форсӣ («Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣва тарҷумаи форсии он ба Абӯали Балъамӣ, яке аз вазирони сулолаи Сомониён нисбат дода мешавад, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»-и Масъудӣ, «Осор-ул-бо­қия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ғурар-ул-ахбори мулук-ул-Фурс»-и Саолибӣ, «Муҷмал-ут-таворих»-и муаллифаш номаълум ва ғайра), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва асарҳои дар пайравии он навишташуда (масалан, «Барзунома») мукаммалтар гардидаанд. Дар осори паҳлавӣ Афросиёб чун «қаҳрамони маданиятомӯз» амал менамояд. Ӯ барои мардум дар кӯҳсору водиҳо ҷӯй канд, оташкадаҳо бино кард ва ғайра.

Афросиёб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ набераи Тур, писари Пашанг аст. Бо баҳонаи кинхоҳӣ ба сабаби кушта шудани Тур борҳо ба Эрон ҳуҷум карда, ин кишварро тороҷу ғорат менамуд ва ҷанговарон, занону кӯдакони эрониро ба асирӣ мебурд. Афросиёб шоҳи Эрон Нӯзарро асир гирифта, ба қатл расонд. Мехост паҳлавонон – ҷанговарони эрониро, ки ҳамроҳи Нӯзар буданд, нест бикунад, вале Ағрирас – бародари Афросиёб онҳоро раҳо кард. Барои ин кораш Афросиёб Ағри­расро кушт. Боз як бадкирдории Афросиёб дар Турон кушта шудани Сиёвуш мебошад. Ҳатто Рустам, ки борҳо Афросиёбро шикаст дода, аз мулки Эрон дур мекард, ба ҷавру ҳилаву найранги Афросиёб гирифтор шуд. Афросиёб писари Рустам – Суҳробро, ки дар Турон таваллуд ёфта буд, ба ҷанги Рустам фиристода, ба ҳамдигарро шинохтани онон мумониат кард. Дар натиҷа Суҳроб ба дасти Рустам кушта шуд. Чунонки дар «Барзунома» омадааст, Афросиёб набераи Рустам – Барзу – писари Суҳробро ба ҷанги Рустам фиристод, вале дар ин достон набераву бобо ҳамдигарро бо ёрии модари Барзу шинохтанд ва Барзу дар ҷангҳо ба муқобили Афросиёб қарор гирифт. Поёни кори Афросиёб дар «Шоҳнома» ба достону ривоятҳои Авесто монанд аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Афросиёб тимсоли шахси бадкирдор, шоҳи золиму хунхор ва ғоратгару кинаҷӯй мебошад. Як хислати бадтари Афросиёб ҷангҷӯист. Афросиёб ба асотиру ривоятҳо, достонҳои ҳамосии туркҳо, озарбойҷониҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо низ роҳ ёфтааст. Дар баъзе ҳамосаҳои туркӣ Афросиёб шоҳи кишвари туркон аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳуҷум мекард. Сулолаҳои туркии Қарахониён, Салҷуқиён худро аз дудмони Афросиёб медонистанд. Сабаби ин таҳаввулот таъсири ҳамосаҳои қаҳрамонии эронӣ ба ҳамосаҳои туркӣ мебошад. / М. Диловаров.

Афсар

Афсáр (форсӣ: افسر‎ > англ. officer > лот. officiarius — «кордор, масъул» аз лот. officium — кор, масъулият) — касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ, милиса, пулис ва дигар сохторҳои низомӣ дараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.

Давлати Пешдодиён

Давлати Пешдодиён (ба форсӣ: دولت پیشدادیان‎). Таърихи қадимтарини ориёӣҳо дар китоби Авесто, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Мутобиқи ин сарчашмаҳо Пешдодиён аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ буданд.

Давлати Суғди қадим

Давлати Суғди қадим — ҳамчун дуюмин кишвари Ориёно дар Авесто ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти шоҳи Турон ш. Афросиёб (ш. Самарқанд) буд. Бунёди ш. Бухоро ба домоди Афросиёб, ки писари шоҳи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ, то давраи Ҳахоманишиён Суғд ёд нашудааст. Муҳаққиқон фарз мекунанд, ки он ба ҳайати Подшоҳии Бохтари қадим ё иттиҳоди Давлати Хоразми Бузург дохил мешуд.

Исмоили Сомонӣ

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касири Табарӣ; ар. محمد بن جرير الطبري‎; — 839, Табаристон — 923, Бағдод) — яке аз аввалин шахсиятҳои машҳури форс ва таърихшиносӣ форсу машриқзамин буд. Дар ҷаҳон ӯро ҳамчунин бо номи Табарӣ мешиносанд.

Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ

Абулқосим Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ (с. тав. Номаълум — ваф. 833) — мутарҷими осори паҳлавӣ ба арабӣ, шоири арабизабони эронинажод.

Дар китобҳои муътабари таърихии арабиву форсӣ, аз ҷумла "ал-Феҳрист "-и Ибни Надим, «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ», "ал-Бадъ ва-т-таърих "-и Муқаддасӣ, «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас» (муаллифаш номаълум), «Китоб-ул-ағонӣ»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ аз Бармакӣ чун шоири тавоно ва мутарҷими хушсалиқа ёд шудааст. Ривояте ҳаст, ки гӯё халифа Маъмун (ҳукмр. 813-88) аз ӯ се байт дар мадҳ, ҳаҷв, рисо хостааст ва барои ҳар як байт бахшидани як вилоятро ваъда кардааст. Бармакӣ ин шартро иҷро кард ва соҳиби вил-ҳои Динавару Ҳамадон гардид. Б. «Худойнома»-и паҳлавиро бо номи «Сияр мулук ал-фурс» ба арабӣ тарҷума кардааст. Ҷиҳати ҷолиби диққат дар тарҷумаи Б. он аст, ки вай мутобиқи ҳодисаву воқеаҳои

дар асар омада, аз эҷодиёти худ пораҳои манзум овардааст (19 байти Б. дар китоби Муқаддасӣ сабт гардидаанд). Ҳамин тарзи нигориши Б. дар оянда мавриди истиқболи таърихнависони Арабу Аҷам қарор гирифт.

Муҳаммадҷон Умаров

Муҳаммадҷон Умаров (15 январи 1950, Душанбе — 30 июни 2015, ҳамон ҷо) — шарқшинос, тарҷумон, омӯзгор, пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръони Карим (аз арабӣ ба тоҷикӣ).

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, ҳамчунин маъруф бо исми мустаори Ибни Қурбон; тав. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб) — муаррихи тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Подшоҳии Бохтари қадим

Подшоҳии Бохтари қадим — номгузории Бохтари қадим дар Авесто ҳамчун кишвари «бо парчамҳои барафрӯхта», яке аз кишварҳои Ориёи ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти Давлати Каёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII пеш аз мелод ахбори таърихнависони Юнони Қадим гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.

Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумотҳои дигар низ мавҷуданд. Мувофиқи ахбори муаррихи юнонӣ Ктесий лашкари сершумор ва пурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд.Подшоҳии Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои томилодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштаастЗабони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.

Сиёвуш

Сиёвуш Кайсиёвуш - яке аз қаҳрамонҳои асотир, қиссаву ривоятҳои мардуми эронинажод, подшоҳ аз сулолаи Каёниён. Номи Сиёвуш дар «Яштҳо»-и Авесто ба шакли «Сйаваршан» вомехӯрад, ки маънояш «доранда, савораи аспи сиёҳ» мебошад.

Сиёвуш,тибки маълумоти сарчашмаҳои таърихи ҳанӯз 4 ҳазор сол пеш мардуми эронинажод Сиёвушро ҳамчун худованди наботот эътироф карда, ба парастиши ӯ мепардохтанд. Аввалин маълумот оид ба Сиёвуш дар Яштҳо оварда шуда, шоҳи каёни буданаш таъкид мегардад. Сарчашмаҳои баъдинаи фарҳангии то замони Фирдавси ба хулку хӯй ва сурату сирати Сиёвуш иловаҳо намуда, симои ӯро хотирнишину барҷаста намуданд.

Дар дар «Яштҳо»-и Авесто инчунин ёдрас шудааст, ки Сиёвуш ҳафтумин шоҳ аз

сулолаи Каёниён аст. Паҳлавони далеру зебо, бегуноҳ

аст, ки қурбони фитнаву дасисаҳо гардида, ба дасти

Афросиёб – шоҳи Турон кушта мешавад. Дар осори

адабиёти ба забони паҳлавӣ- форсии миёна эҷодшуда,

аз қабили «Худойнома», «Занди Воҳуман-ясн»,

«Ёдгори Ҷомосп», «Бундаҳишн», «Минуи хирад» ва ғ.

номи Сиёвуш ба шакли «Сиёвахш» ва қиссаҳову ривоятҳо

дар бораи ӯ омадааст. Ҳамин асотир, қиссаву ривоятҳо

баъдан ба таърихномаҳою осори бадеӣ ба забони

арабӣ ва порсии дарӣ – «Китоб –ул-ахбор-ут-тивол»-и

Диноварӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»-и Масъудӣ, «Тарҷумаи

Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ, «Шоҳнома»-и

Фирдавсӣ, «Ғурар мулук-ул-фурус»-и Саолибӣ ва ғ.

бо таҳриру такмили бештар омадаанд. Умуман, Сиёвуш аз

қаҳрамони асотирӣ, эзиди наботот, табиати миранда

ва эҳёшаванда, ки дар оғози кор дар устураҳо буд, ба

дараҷаи паҳлавони беҳамтову барҷаста, шоҳи одилу

инсондӯст, ободкунандаи шаҳрҳову қалъаҳо (Гангдиж,

Сиёвушгард ва ғ.) таҳаввул кардааст. Ниҳоят, устураи

Сиёвуш дар сурати достони муфассалу муназзам ва

баландғояи бадеӣ ба василаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

комилан шакл гирифт. Модари Сиёвуш туронидухтаре

аз авлоди Фаридун буд, ки бо ӯ паҳлавонони

эронӣ – Тӯс ва Гев дар бешаи марзи Эрону Турон

вохӯрданд. Ин духтарро шоҳи Эрон ба занӣ гирифт.

Ситорашиносон ба Сиёвуш толеи бад пешгӯйӣ карданд ва

ин пешгӯйии онҳо рост буд. Сиёвуш яке аз ҷавонмардони

бетолеи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Вайро аз замони

кӯдакиаш Рустам – паҳлавони маъруфи мардуми

эронинажод тарбия кард. Дар синни камолот ба

даргоҳи падар баргашт, вале дар ин ҷо ӯро ишқи

номатлуб- муҳаббати зани падараш – Судоба сарсону

саргардон намуд. Сиёвуш ишқи Судобаро қабул накард.

Судоба ӯро дар назди шоҳ туҳмат намуд. Барои нишон

додани покӣ ва бегуноҳии худ Сиёвуш аз байни хирмани

оташ (озмоиш бо оташ) гузашт ва ба ӯ осеб нарасид.

Баъдан Сиёвуш дар ҷанг ба муқобили Афросиёб иштирок

кард, вале ӯ бо рою тадбир хост, ки ду лашкар бо ҳам

муоҳида намоянд ва сулҳу оштӣ барқарор гардад. Ин

кори Сиёвуш ба Кайковус писанд наомад ва Сиёвуш барқасди

падар Эронро тарк намуда, ба Турон рафт. Афросиёб

духтараш Фарангисро ба Сиёвуш ба занӣ дод ва гӯшае аз

кишварро ба ду ҷавон бахшид, ки шаҳре обод карда

зиндагиашонро пеш баранд. Неруҳои бадӣ дар симои

бародари Афросиёб – Гарсеваз пешрафту комёбиҳои

Сиёвушро дидан натавонистанд ва боз ӯро дар назди

Афросиёб сиёҳ карданд ва Сиёвуш ба қатл расонида шуд. Сиёвуш

қаҳрамони дӯстдоштаи халқ буд. Мувофиқи ривояти

таърихнависон дар а-ҳои 9-10 дар Бухоро рӯзи қатли

Сиёвушро ба ёд доштанд ва дар ин рӯз мардум барои С.

гиряву навҳа мекарданд. Суруди таърихии «Кини

Сиёвуш» ё «Гиристани муғон» вуҷуд доштааст, вале

он то замони мо нарасидааст. Дар деворнигораҳои

Панҷакенти бостонӣ низ бостоншиносон лавҳаеро

пайдо намуданд, ки дар он ҷавони зебои ба қатл расида

ва навҳагарони дар гирди ӯ ҷамъшуда тасвир ёфтаанд.

Донишмандон Сиёвуш будани ин ҷавонро бо далелҳои

раднашаванда исбот карданд. Рустам ба кинхоҳии

бархост; аввал Судобаро кушт ва баъдан Туронро

харобу валангор кард. Интиқоми падарро писари

Сиёвуш - Кайхусрав гирифт. Ба фармони вай подшоҳи

бадкирдор Афросиёб кушта гардид.

Фирдавсӣ тавассути фоҷиаи барҷастаи манзумаш,

ки дар адабиёти форс-тоҷик мавқеи баланде дорад, дар

симои Сиёвуш шахсияти идеалии сулҳҷӯ, шахси хирадманду

доноро офаридааст.

Таърихи Тоҷикистон

Таърихи Тоҷикистон — Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто — ро офариданд.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.Шоирони Точикистон

Файзулло Бобоев

Файзулло Бобоев - олим, шарқшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.