Сурхакон

Сурхакон ё Сурхча (англ. Rubella) (форсӣ: سرخجه‎), гулгуна, як навъ бемории шадиди сироятӣ. Ҳангоми Сурхакон ҳарорат баланд шуда зуком ва сурфа ба вуҷуд меояд, гиреҳҳои лимфавии пушти сар калону дардманд мешаванд, дар пӯст доначаҳо медаманд. Ангезандаи Сурхакон вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сурфа, атса, гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Ба Сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Баъди аз сар гузаронидани беморӣ иммунитети устувор боқӣ мемонад. Беморон ду шаборӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд.

Вируси Сурхакон дар организм бидуни зуҳуроти беморӣ метавонад 16 – 21 шаборӯз маҳфуз монад (давраи ниҳонӣ). Давраи пешхабари беморӣ аз зукому сурфаи сабук оғоз ёфта, аксар вақт ҳатто зоҳир намешавад. Дар аснои Сурхакон уқдаҳои лимфавии пушти сар ва гардан варам ва каму беш дард мекунанд. Ҳамзамон бо ин аломатҳо ё баъди 1 – 2 шаборӯз дар рӯю бадани бемор доначаҳои гулобии сафедтоб пайдо мешаванд. Пас аз 2 – 3 шаборӯз доначаҳо нест гашта, пай намемонанд. Ҳарор. бемор 1 – 2 шаборӯз баланд меистад. Бисёр вақт дар тамоми давраи беморӣ таби кӯдак мӯътадил монда, ҳолати умумии ӯ тағйир намеёбад. Сурхакон мумкин ноаён ва бидуни ягон нишона низ падид ояд. Аз беморӣ боди ногувор намемонад.

Дар сурати ба Сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба Сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқси модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхакон махсусан дар 3 моҳи аввали ҳомилагии хавфнок аст. Ҳангоми зиёдтар будани мӯҳлати ҳамл кӯдак камхун ё узвҳои дарунӣ иллатнок мешавад. Чунин кӯдакон дар давоми зиёда аз 18 моҳ (баъди таваллуд) вирус ҷудо карда, манбаи сирояти атрофиён мегарданд.

Кӯдакро дар хона духтур табобат мекунад. Ба кӯдак оромӣ ва хӯроки хушҳазм лозим аст. Барои пешгирии Сурхакон кӯдакони беморро сари вақт аз коллективҳои бачагона ҷудо нигоҳ медоранд. Занҳои ҳомила бояд худро аз беморони Сурхакон канор гиранд. Шахсоне, ки ба бемори Сурхакон нигоҳубин мекунанд, барои маслиҳат бояд ба духтур муроҷиат намоянд.

Rash of rubella on skin of child's back
Бемори сурхакон

Нигаред

Адабиёт

  • Коровкин М.А., Почему дети болеют, М., 2003;
  • Детские инфекции, М., 2005;
  • Акимова Г.Е., Расту, играю, развиваюсь!, Екатеринбург, 2006.
Бемориҳои сурхакон ва гул

Сурхакон (сурхча) ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шуда, сабабгори фавти зиёди кӯдакон ва боиси ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст.

Барои пешгирии он бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар саросари кишвар маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон мегузарад. Барангезандаи ин бемориҳо вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад. Аз он 90-95 фоизи кӯдакони ба бемор алоқаманд, сироят меёбанд. Зиёда аз 10 фоизи фавти кӯдакони то 5 – сола аз бемории сурхакон аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ. Фаъолияти В. аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши тандурустӣ иборат мебошад. В. бар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 (№ 148) тасдиқ шудааст, фаъолияти хешро созмон медиҳад.

Мушунг

Мушунг (Pisum sativum), нахӯди даштӣ, растаниест яксола. Баландиаш то 1 м; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2 – 3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6 – 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн – июл гул ва июл – авг. мева мекунад. Дар Тоҷикистон бештар дар қ.-кӯҳҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ мерӯяд. Чун алафи бегона дар киштзори ғалладона (800 – 2800 м аз с. б.) низ месабзад.

М. дар заминҳои лалмии минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб, инчунин дар заминҳои обии Ҳисору Вахш кишта мешавад. М.- ро алоҳида ё ҳамроҳи ҷав ва сулӣ мекоранд. Аз дону орди он таом мепазанд.

М. растании доруист. Ҷӯшоби алафи он хосияти пешобронӣ дошта, намакҳоро аз организм хориҷ менамояд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Хусусан ба вояи ғизои ашхоси гирифтори бемориҳои дил илова кардани он манфиати зиёд меорад. Табибони халқӣ бо буғи орди М. пучак ва диг. иллатҳои ба он монанди пӯстро «мепазонанд». Орди М. хосияти беҳамтои ҷаббандагӣ дорад. Истеъмоли М. барои беморони диабети қандӣ низ муфид аст (савияи қанди хунро паст мекунад). М. – ро кӯфта ва бо сафедии тухм омехта карда ба ҷойҳои осебёфтаи пӯст (экзема, захмҳои гуногун, нарак, хуномос ва ғ) гузошта банданд, нафъ мерасонад. Қиёми обӣ ва ғилофаки М. давои сурхакон ва дерматитҳо аст. Истеъмоли М. боиси садо додану дамиши шикам мешавад. Барои ислоҳи ин бояд шибит истеъмол кард.

Нақси дил

Нақси дил — тағйироти патоло­гии сохти дил, ки боиси вайрон шу­дани функсияи он мегардад. Нақси дил дар натиҷаи инкишофи нодурусти модарзодӣ ва баъди таваллуд cap задани бемориҳои дил пайдо мешавад.

Сфеноидит

Сфеноидит (Sphenoiditis), илтиҳоби луобпардаи ҷавфи фонашакл. Аҳёнан дучор меояд. Дар бисёр мавридҳо чун оризаи ринити шадид, грипп, баъзан сурхакон ва диг. бемориҳои сироятӣ пайдо мешавад. Ба пайдоиши С. каҷии тавораи бинӣ, атрезия ва синехияи бинӣ мусоидат мекунанд.

С.-и шадид бо дарди пушти сар, чакка, чашм ва фарқи сар рух намуда, ҳисси шомма халал меёбад, ҳарор. бадан баланд мешавад. Баъзан биноӣ заъф меёбад. Аломатҳои С.-и музмин низ чунинанд, вале онҳо камтар зоҳир мешаванд. С.-и музмин гоҳо бидуни ягон аломат ҷараён ёфта, фақат биноӣ суст мешаваду бас.

Муолиҷаи С. аз кам кардани варами луобпарда иборат аст.

Тандурустӣ дар Тоҷикистон

То соли 1917 нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ барои хидматрасонии тиббии аҳолии ин сарзамин ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Аморати Бухоро бошад, барои ниёзмандии тандурустии мардум фалсе харҷ намекард. Шароити хеле вазнини моддию маишии мардум, зиндагонии қашшоқона, бесаводӣ, таъсири хурофот, вазъияти беҳдошти бади маҳалу манзилҳо, ифлосӣ ва пурсироятии муҳити атроф – об, ҳаво ва хоку хӯрок боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои гузаранда – сорию вогир, касбию иҷтимоӣ – безгак, чечак, вабо, тоун, ришта, ҳасба, домана, кузоз, ҳорӣ, хуноқ, сулфакабудак, сурхакон, махмалак, сил, зотулҷанб, исҳоли хунин, фалаҷ ва амсоли инҳо мегардиданд. Соли 1913 дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира 1 беморхона, ки 40 кат, 13 духтур ва 32 нафар корманди миёнаи тиббӣ дошт, амал мекард.

Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳо, аксаран аз Федератсияи Руссия ва Украина кормандони тиб фиристода шуданд. Соли 1924 Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятӣ тамоман аз байн рафтанд. Солҳои сиюми асри 20 аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) техникумҳои тиббӣ ва соли 1939 дар Сталинобод Ин-ти тиббӣ таъсис ёфтанд.

Соли 1946 аввал ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва баъдан ба Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 2013 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном намуд.

Хӯроки парҳезӣ барои беморони диабети қанд

Хӯроки парҳезӣ яке аз қисмҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи табобати беморони диабети қанд мебошад. Хӯрок омилест, ки ҳамеша ба ҷисми инсон, ҳолати саломатӣ ва қобилияти меҳнат таъсир менамояд. Ташкили хӯроки дуруст иқтидори муҳофизатии ҷисмро нисбат ба таъсири омилҳои муҳити зист мустаҳкам менамояд. Дар он ҷое, ки танзими тиббии табобати парҳезӣ нест, дар он ҷо табобати пурарзиш ва таъсирбахш нест. Вобаста аз намуди бемории диабети қанд ва ҳолатҳои он парҳезҳои гуногун тавсия карда мешавад. Хӯроки парҳезӣ аввалан гурӯҳи беморони нисбатан вазнинро ба назар мегирад, зеро онҳо бештар эҳиёҷманданд. Хусусияти парҳез ин тавсияҳои нисбатан устувор мебошанд, ки иҷрои онҳо ба ремиссияи беморӣ дар марҳилаи хуруҷ ва устуворона нигоҳ доштани беҳбудӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳар як парҳез қисмҳои зеринро дар бар мегирад: нишондод барои таъинот, таъиноти мақсаднок, тавсифи умумӣ, усулҳои коркарди кулинарӣ, қиммати калориянокии ғизо ва таркиби кимиёвии он, реҷаи хӯрок, номгӯи маҳсулоту озуқаворӣ ва таомҳои тавсияшаванда ва манъкардашуда. Диабети қанд асосан ду намуд мешавад: вобаста аз инсулин (ДҚВИ) ё навъи 1 ва диабети қанди новобаста аз инсулин (ДҚНИ) ё навъи 2. Зикр кардан лозим аст, ки ба ғайр аз инҳо дигар намудҳои диабети қанд низ вуҷуд доранд. Диабети қанди вобаста аз инсулин (ДҚВИ), навьи 1 дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бисёртар паҳн шуда, бештар авлодӣ мебошад.

Сабабҳои пайдоиши диабети навъи 1 (ДҚВИ)Ин намуди диабет яку якбора сар зада бо аломатҳои (симптомҳои) тезу тунд ҷараён меёбад. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин намуди диабети қанд - ҳангоми бемориҳои вирусӣ (зардпарвин, сурхакон, сурхча, ҳерпис, паротити эндемикӣ) системаи иммунитети инсон ба ҷавоби вирус аз ҳад зиёд антителаҳо хориҷ менамояд ва онҳо ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаро нобуд мекунанд. Дар сар задани диабети қанди намуди 1 зарбаи фикрронӣ (шахс дар кӯдакӣ ва наврасӣ дучор шудааст) нақши калонро мебозад. Сабабҳои дигари саршавии беморӣ ин газаки ғадуди зери меъда, латхӯрӣ ва ҷарроҳии он низ шуда метавонанд. Яке аз сабаби дигари пайдоиши диабети қанди инсулинвобаста, ин кам истеъмол намудани сафедаҳо ва аминокислотаҳо мебошад (таркиби инсулин аз сафедаҳо иборат аст). Вайроншавии ҳосилшавии ферментҳо ва нуқсонҳои авлодии бета ҳуҷайраҳо низ сабабгори диабети қанд шуда метавонанд.

Нишонаҳои даибети қанди новобаста из инсулин (ДҚНИ), навъи 2Ин намуд диабети қанд дар байни калонсолон бештар вохӯрда бештар аз миқдои зиёд истеъмол намудани ғизо ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо пайдо мегардад.

Сабабҳои пайдоиши диабети қанди навъи 2 ё ДҚНИБештар шахсони (занон) синнашон аз 40 боло гирифтори ин намуди диабети қанд мешаванд. Сабаи асосии пайдоиши ДҚНИ ин вазни зиёд ва фарбеҳӣ мебошад, чунки барои ба танзим даровардани мубодилаи глюкоза зиёдтар инсулин лозим мешавад. Аммо ғадуди зери меъда аз ӯҳдаи ин «дархост» намебарояд ва дар натиҷа миқдори қанди хун баланд мегардад. Қайд кардан лозим аст, ки гузаронидани инсулини сунъӣ ин проблемаро бартараф нанамуда, шахсро бисёртар ба фарбеҳӣ меорад ва дар ин ҳолат тавсияи парҳез бисёр муфид мебошад. Синтези инсулин кам ҳам бошад тамоман қатъ нагардида аломатҳои он оҳиста - оҳиста пайдо мегарданд. Ҳуҷайраҳои бадан қобилияти ҳиссиётро нисбати инсулин гум мекунанд, дар натиҷа ғадуди зери меъда баҳри қонеъ гардондани талабот бисёртар инсулин хориҷ менамояд. Дар натиҷаи фаъолияташ бозмонда аломатҳои диабети қанд пайдо мешаванд. Сабаби дигари пайдоиши намуди 2 ин вайроншавии механизми пайвастшавии ҳуҷайра ва инсулин мебошад, яъне ресепторҳои ҳуҷайра инсулинро намешиносанд, дар натиҷа қанд дар хун зиёд мегардад. Дар ин ҳолат талабот ба инсулин зиёд гардида, одам хароб мешавад ва бисёртар ғизо истеъмол мекунад, ки ба фарбеҳшавӣ овада мерасонад. Ҳамин тавр давраи сарбаста ҳосил мегардад, яъне ғадуди зери меъда бисёр кор мекунад, ки ҳуҷайраҳоро бо глюкоза таъмин намояд, одам бисёр ғизо истеъмол менамояд, ки гуруснагиро бартараф намояд, дар натиҷа ҳуҷайраҳои нав пайдо мешаванд, ки онҳо низ ба инсулин эҳтиёҷ доранд. Яке аз сабабҳои асосии дигари сар задани ин беморӣ омили ирсӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари сабабҳои номбурда шуда баланравии фишори хун низ ба бемории диабети қанд оварда мерасонад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.