Сурма

Шаблон:Химические элемент кутти

Сурма (Sb)

Инҷоро ҳам бингаред

Айнӣ (шаҳрак)

Айнӣ — шаҳракест ки дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир шуда, маркази Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва ноҳияи Айнӣ буда дар ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

АЙНИ (Захматобод 1930-1955 - ), район дар вилояти Ленииободи РСС Точикистон, дар кисми болооби дарёи Зарафшон. 23.11.1930 ташкил ёфтааст, 26.01. 1955 номи Айниро гирифт. Аз маркази нохия то ш. Хучанд 177 км, то ш. Душанбе 165 км, то истгохи рохи охани Самарканд 165 км. Масохаташ - 5,2 хаз. км2. Ахолиаш 41,1 хазор нафар (1976). Ахолии нохия асосан точикон буда, инчунин русхо ва намояндагони миллиатхои дигар зиндаги мекунанд. Зичии ахоли дар 1 км2 - 7,9 кас. нохияи Айни дорои 7 Совети қишлоқ: Айни, Анзоб, Хушекат, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарьё, Шамтуч ва як шахрак — Зарафшон мебошад. Маркази нохия — шахраки Айни. Айни нохияи кухи буда, сатхаш хеле нохамвор аст. Масохати онро аз Шарк ба Гарб каторкуххои Туркистон, Зарафшон ва Хисор бурида мегузаранд. Тегахои кух аз сатхи бахр. 3500—4000 м, Куллахои алохида то 5000 м ва аз он хам баландтаранд (Ар-арасанг дар дехаи Каздон, 5494 м). Нуқтаи пасттарин (дар гарбтари деҳаи Урметан) 950 м. Водии дарёхо танг ва чукуранд. Дехахои калон ва заминхои корам асосан дар водихо, суфахои кадими дарёи Зарафшон ва Фон чойгиранд. Иқлими нохия, тобистони водихои Зарафшону Фон гарму хушк, зимистон муътадил. Дар водихо харорати миёнаи июл 17, 21° С, январ —1, —3°С. Дар куххо тобистон салкин ва нисбатан кутох, (харорати миёнаи июл 15—18° С), зимистон хунук (харорати миёнаи январ. —7, —13° С); микдори боришоти солона дар водихо 160—190 мм, дар куххо аз 230—350 мм то 400 мм. Дар минтакаи нохияи Айни хелхои гуногуни хоки хокистарранг, дар баландкуххо хоки чигарранг вомехурад. Набототи водихою адирхо (то 1500 м) хусусияти биёбони ва нимбиёбони дорад. Дар богу рог дарахтони тут, зардолу, себу олуболу, беду сафедор, ток ва г. меруянд. Болотар аз он — дар доманаи куххо растанихои дашти, арча ва дар баландкуххо маргзорхои алафи вомехуранд. Олами хайвонот гуногун, дар куххо харгушу сугур, хирсу гург, рубох, гуроз, оху,Паланг аз паррандахо — кабк, мурги хилол, кабутар, укоб, гоз ва г. дучор мешаванд. Нохияи Айни сероб аст, дарёхои калонаш Фон ва Зарафшон. Аз куххо дарьёчахои бисьёре чорианд,сарчашмаи асосии дарёи Зарафшон,ки аз нохияи Айни сар мешавад ин дарёи кишлоки Шамтуч ва Шаршараи баландтарини нохия аз Каздон сар мешавад ки як кисми онхо барои обёрии заминхои корам истифода мешаванд. Дар худуди Айни яке аз кулхои зеботарин — Искандаркул, 7чай воқеъ буда, чои сайру тамошои туристон гардидааст. Нохияи Айни конхои сурма, симоб, ангишт дорад. Айни — нохияи зироаткор ва чорводор. Дар соли(1977).нохияи Айни дорои 7 колхоз мавчуд буд. Колхозхо ва маркази онхо: ба номи (шахраки Айни), (дехаи Рарз), «Урметан» (дехаи Урметан), «Точикистон» (дехаи Шамтуч), ба номи Лохути (дехаи Шурмашк), «Россия» (дехаи Такфон), Анзоб (дехаи Анзоб). Сохахои мухими хочаги — картошкапарвари, галлакори, чорводори, кирмакдори, богдори. Тамоми заминхои хочагии кишлок 91540 га (1976), аз чумла майдони кишти галла (асосан гандум, чав) 1841 га, картошка — 638 га, бог — 340 га, чарогох, — 84351 га. Нохияи Айни с. 1976 ба давлат 1276 сентенер галла, 304 сентенер пилла, 2017 тон картошка, 1198 тон гушт, 2858 литр шир, 1264 сентенер пашм ва махсулоти дигари хочагии кишлок фурухт. Шумораи хайвонот дар хамаи хочагихо соли(1976): чорвои калони шохдор 20474 сар, гусфанду буз — 55059 сар. Истеҳсоли маъдани кухи низ сохаи мухими хочагии нохия мебошад. Корхонаи калони саноати — комбинати маъдантозакунии Анзоб. Солхои хониши 1976/2011 нохияи Айни 57 мактаби миёна, 18 мактаби ҳаштсола ва 5 мактаби ибтидои, як мактаби мусикии бачагона дошт. Дар райони Айни 10 кинотеатр, 9 нуктаи кинонамоишдихи, 35 клуб, 75 китобхона, 13 чойхона- кироатхона, хонаи маданият, 13 беморхона, амбулатория, таваллудхона, 5 дорухона, 37 пункти фелдшери-акушери, 116 пункти хизмати маиши, 295 нуқтаи савдо, 110 нуқтаи хуроки умуми, идораи сохтмон, ташкилоти сохтмони байниколхози, идораи сохтмону таъмир, хочагии чангал, матбаа, шуъбаи районии иттиходияи «Точикселхозтехника» мавчуд аст. Наклиёт — автомобили ва ҳавои. Фурудгох дорад. Аз Айни рохи мошингарди Душанбе — в.Сугд, Душанбе — Самарканд мегузарад. Роххои асоси мумфарш. Газетаи район — «Мехнат». Одинаев В А

Амиршо Сафаров

Амиршо Сафаров (Сафаров Амиршо Fоибович; 23 августи 1971, деҳаи Қалъай–Ҳусайни, ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёшинос, номзади илмҳои кимиё, дотсент.

Антимонит

Антимони́т (аз лот. antimonium «сурма»), ҷилои сурма, стибнит — минералест аз синфи сулфидҳо — Sb2S3, ки ғашҳои As, Hg, Au, Ag, Pb, Bi ва дигар элементҳоро дорад, манбаи асосии сурма аст.

Асри биринҷӣ

Асри биринҷӣ, давраест дар таърихи инсоният, ки баъди давраи асри сангу мис меояд. Гудохтани мис (Асри сангу мис) тадриҷан барои кашфи филиззи нав, ки аз ҷиҳати хосияти худ нисбат ба миси холис хеле мустаҳкаму бадошт буд,

мусоидат намуд. Маснуоти биринҷӣ дар мамлакат ҳои Шарқи Наздик хеле пеш (ҳазорсолаи 4 то м.), дар Аврупо дертар (ҳазорсолаи 2 то м.) пайдо шуд.

Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон на хустин дошҳо (кӯраҳо)-и мис гудозӣ ва ашёи аз мис ва хулаҳо сохташуда дар бо шишгоҳҳои неолити Анатолия (Чайонтепиз, Чаталгююк ва ғ.), ки ба ҳазораи 7–5 то м. мансубанд, ба даст омадаанд. Коргоҳҳои аз гудохтаҳо ба вуҷуд овардани би ринҷӣ ва аз он сохтани

ҳар навъи ашё дар Туркманистони Ҷанубӣ, Шим. Афғонистон, Ҷ. Ӯзбекистон, Ҷ. Тоҷи кис тон ва Ҳафтрӯд таҳқиқ шудаанд. Фаро расидани Асри биринҷӣ ба равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такон бахшид: кишоварзӣ, чорводорӣ, косибӣ ривоҷ ёфта, му носибат ҳои падаршоҳию қавмӣ пурра пойдор гардиданд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ Асри биринҷӣ аз охири ҳазорсолаи 3 то м. сар шуда, тақрибан то кашф шудани оҳан давом кард. Ниг. низ Маданияти Тозабоғоб, Мадания ти Суярғон, Маданияти Замонбобо, Маданияти Анов ва Маданияти Сафолтеппа.

Асри биринҷӣ - бо дигаргун ва тараққиёти асрҳо олоти истеҳсолот беш аз пеш ташкил ёфта, техника тараққӣ намуд. Яке аз равияҳои ин тараққиёт ба пайдоиши фулузгудозӣ оварда расонид. Илм дар ихтиёри худ мадракҳои аниқ ва дақиқи ба вучуд омадани металлургияи ибтидоиро надорад. Аввалҳо одамон фулузоти худрӯйро як навъи махсуси санг пиндошта, бо ҳамон усуле, ки ба санги муқаррарӣ кор мефармуданд, сохту пардохт мекарданд. Одамон дар яке аз вақтҳо пай бурданд, ки баъзе навъҳои санг дигаргун буда, хосияти ёзандагӣ доранд. Дертар,вақте ки инсон аз даруни хокистари сард дар натиҷаи тасодуфан гудохта шудани маъдансанг як порча мисро пайдо намуд, фикри аз маъдан хориҷ кардани мис,яъне гудозиши маъдани мис ба вуҷуд омад. Таҷрибаи сафолпазии кулолон дар кори омӯхтани фулузгудози хеле кӯмак расонид. Ин қадамҳои аввали саноати фулузгудозии ибтидои бо машаққати зиёде гузошта шуда, чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, чандин ҳазор сол тӯл кашидааст.

Аммо олоти мисӣ, бинобар мулоим будани худ, он қадар самараи дилхоҳ дода натавонист. Вақте ки инсон ба мис қалъаги гоҳо сурб, сурма ва маргимуш ҳамрох карданро омӯхта, вазъият фавран тағйир ёфт, як навъи нави фулуз - биринҷӣ тавлид гардид, ки дар баробари як қатор бартариҳои технологӣ ба сабаби хеле сахт буданаш барои вусъат пайдо кардани таҳияи олоти фулузи имконият фароҳам овард. Вале дар айни замон асбобу аслиҳаи санги низ ҳамоно мавҷудияти худро нигоҳ медошт.

Аз ҳама муҳимтарин мис ва қалъаги, инчунин биринҷи аз ҳамбастагии онҳо ҳосилшуда ба шумор мерафтанд, Дар асри биринҷи олоту аслиҳаи лозимаро ба вуҷуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонистанд, ба ин кор фақат қудрати оҳан мерасид, аммо ҳосил кардани оҳанро ҳоло намедонистанд.

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конҳои мис, ки дар асри биринҷӣ кашф гардида, мавриди истифодаи аҷдоди қадимаи мо қарор гирифта буданд, боқӣ мондаанд.

Аслан мис дар кӯҳистонҳои Осиёи Миёна, истихроҷ намуда, ҳамчун конҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳсори ёфта шуданд, аз ҳама қабил манбаҳои машҳури мис ба шумор меравад.

Баъзе маьданиҳое, ки дар гудозиши истифода мебурданд, зиёдтар гардид аввалҳо фулузгудозони ибтидои мисро фақат аз маьданҳои туршонидашуда гудохта ҳосил мекарданд.

Баббит

Баббит — хӯлаҳои антифриксионии дар асоси қалъагӣ ё сурб тайёршуда. Баъзе навъҳои баббит сурма, мис, никел, маргимуш, кадмий, теллур, калсий, натрий, магний ва ғ . доранд. Баббитро соли 1839 И. Баббит (ИМА) ихтироъ кардааст. Бештар се навъи хӯлаҳо маъмуланд (90 % қалъагӣ ва 10 % мис; 9 % қалъагӣ, 7 % сурма ва 4 % мис; 80 % сурб, 15 % сурма ва 5 % қалъагӣ). Баббити асосаш қалъагиро барои сох­тани хӯлаҳои антифриксионии нисбатан нарм ва коэфффитсенти соишашон хурд ба кор мебаранд. Чунин баббит нисбат ба баббити сурбдор ба зангзанӣ ва фарсудашавӣ устувор буда, гармигузаронии хуб дорад. Баббитҳои сурбӣ ҳарор. кории нисбатан баланд дошта, барои рехтани подшипникҳои муҳаррикҳои дизелӣ ва дастгоҳҳои навардӣ истифода мешаванд. Ҳарорати гудозиши баббит паст (300—440 °С) ва коркарди он осон аст.

Вағаштон

Вағаштóн (аз вожаи суғдии ваға – ба маънои сабзу хуррам, кабудизор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент.

Гелос

Гелос (лот. Prúnus avíum) — як навъ дарахти мева. То 25 м баланд мешавад.

Барги эллипсии дароздумча (дарозиаш то 18 см, бараш то 9 см), хӯшагули чатрнамо, гули сафед (баъдтар гулобӣ мешавад), меваи нарми донакдори ширини мудаввари (то 1,7 см) сурх, зард, сиёҳ ва ғайра, 9 — 14 % қанд, то 0,8 % туршиҳои органикӣ, 0,05 — 0,15 % моддаҳои пигментӣ дорад. Нимаи аввали апрел бо оғози баргбарорӣ гул карда, дар охири май ё аввали июн мепазад.

Замин

Зами́н (форсӣ: زمین‎; аз зам — сардӣ, замин — сард, сардгун) — яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб; аз рӯи масофа то Офтоб сев­вумин ва аз рӯи ҳаҷм панҷумин сайёра дар миёни сай­ёраҳои манзумаи Офтоб. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст. Аҳолии Замин — 7,3 млрд (январи 2016).

Зирк

Зирк, зилол, зиришк, анбарборис (лот. Bérberis) — ҷинси буттаест аз оилаи зиркиҳо.

Мисгарӣ

Мисгарӣ (порсӣ: مسگری ) – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон аст.

Инсон бори нахуст дар асри санг бо мис шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр намешавад. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки вай бо усули кӯфтани сард ороишот, аслиҳа ва олоти меҳнат созад. Ин давраи аввали истифодабарии миси табиӣ дар таърих энеолит – асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хеле мулоим будани миси табиӣ, аз он тайёр кардани олотҳои сахт имконнопазир буд. Бинобар ин, олотҳои мисӣ олотҳои сангиро иваз карда натавонистанд. Баъдтар инсон тавассути гудозиш аз маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 градус гудохта мешавад. Барои чунин гудозиш шӯълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо щуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфт. Ихтирои филиз дар таърихи инсоният инқилобе буд.

Дар ҳудуди Осиёи Миёна қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод Саразми Панҷакант ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тилло, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки аз Саразм кӯраҳои филизгудозӣ ва ороишоти мисиро кашф намуданд. Баъдтар инсон ба мис қалъагиро омезиш дод ва дар натиҷаи ин филизи нисбатан мустаҳкам - биринҷиро ихтироъ кард. Бо ихтирои биринҷӣ санг ҳамчун воситаи асосии олотсозӣ мавқеи худро гум кард. Доир ба истеҳсол ва истифодаи мис аз ҷониби аҷдоди тоҷикон Ҳеродот (асри VI то милод), Страбон (асри I то милод) ва баъдтар ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI маълумоти арзишманд додаанд. Масалан, Ҳеродот навиштааст, ки форсҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп ва табарзин аз мис истифода мекарданд. Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Мақдисӣ ва дигар таърихнигорону ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI ва минбаъда доир ба конҳои филиз ва филизгудозии тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр маълумот медиҳанд.

То давари исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаю занон аз қабили дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Масалан, аз ёдгории Ҳалқаҷари Хатлон, ки ба давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ мансуб аст, ороишот ва сиккаҳои зиёди мисиро дарёфт намуданд. То асри XV дар давраи Кӯшониён (асри 2 то милод- асри 4 милодӣ) аз ҳама бештар мис истеҳсол карда мешуд ва аз он ба тариқи зарбзанӣ сиккаҳои мунаққаш мебароварданд. Аксари маҳсулоти ороишии мисини аз Осиёи Миёна ёфтшуда ба давраи императории Кӯшониён мансубанд. Дар асрҳои аввали мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мисӣ чандон роиҷ набуд. Баъди асри III-и мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мунаққаш ва тасвирдори нуқрагӣ роиҷ мегардад.

Шаҳрҳои Балх, Ҳаловард (Вахш), Бухоро, Исфаҳон, Самарқанд, Шаҳрисабз, Истаравшан, Тошканд ва Хева марказҳои қадимаи мисгарии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки номи яке аз давлатҳои дар асри IX – ташкилкардаи ниёгони тоҷикон - Давлати Саффориён ба касби мисгарии асосгузорони он марбут аст. Авҷи аълои мисгарии тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Акнун дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоҷикон аввал раста ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳалҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд. Бостоншиносон аз боқимондаи шаҳри Ҳаловарди Хатлон дафинаи зарфҳои мисию биринҷии давраи сомонӣ- кӯза, коса ва шамъдонҳоро кашф карданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Дар маркази баъзе зарфҳо нақшҳои барҷастаи ҳандасавӣ назаррабо мебошанд. Аз Истаравшан низ чунин дафинаи зарфҳои ҷаззобу зебои мунаққаш кашф шуд, ки он бо номи «дафинаи Қалъаи Баланд» машҳур аст. Аз ин зарфҳо маълум мешавад, ки ҳунармандони мумтози истаравшанӣ тавонистанд дар ороиши зарфҳо нақшҳои растанигӣ, эпиграфӣ ва зооморфию геометриро бо роҳи буриш ва кандакорию кӯбиш омезиш дода, онҳоро зебою назаррабо омода намоянд. Масалан, дар яке аз зермонҳои истаравшанӣ тасвири саги шикорӣ, заргуш, шерҳои афсонавӣ, нақшҳои мудаввар ва катибаи куфӣ ба хубӣ кандакорӣ шудааст. Навъҳои гуногуни хати кӯфӣ асоси нақшҳои эпиграфии даврони сомониро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои XIV-XV низ ҳунари мисгарӣ равнақ меёбад. Дар ин давра истеҳсоли дегҳои калон - лангарҳо ва қандилҳои мунаққаш афзоиш ёфта, зарфҳоро бо нақшҳои эпиграфии иборат аз оёти қуръонӣ, абёти классикони форсу тоҷик - Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зинат медоданд. Дар давраи ҳукумронии Шайбониён ҳунари мисгарӣ инқироз меёбад. Ҳатто дар асри XVI зарфҳои мисиро об карда, аз онҳо сиккаҳои мисӣ зарб мезананд. Мисгарии тоҷикон дар асрҳои XIX-XX бо нигаҳдошти анъанаҳои қадима дар Осиёи Миёна боз рушду нумӯъ меёбад.

Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон, ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ - ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, ислими қаламфур, ислими муғча, ислими нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислмии зарфҳои мисӣ мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.

Зарфҳои мисӣ аз рӯи техникаи иҷроиш ба ду гурӯҳ табанок (рехта) ва хоискорӣ (кӯфтан, кӯбидан) ҷудо мешавад. Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Кӯбиш асоси ҳунари мисгариро ташкил медод ва олоти асосӣ, ки дар он кӯбидан анҷом меёфт, сангдон ном дошт. Дар вақти кӯфтан филиз бетанаффус тафсон мешуд. Кӯбидани мис ва васлсозии пораҳои алоҳида аз мисгар маҳорати баландро талаб мекард. Зарфҳои калони мисиро дар аввал ҷудо-ҷудо омода сохта, баъд онҳоро бо усули кӯбидан бо ҳам васл мекарданд. Пас аз пайванд кардан зарф пурра тоза карда мешуд. Сипас кандакорон, ки онҳоро наққош меномиданд, ба кандани нақшҳо шурӯъ мекарданд. Дар рафти гулпардозии зарфҳо мисгарон ба таври ҳатмӣ аз мум истифода мекарданд. Мумро аз растание, ки он аз Ҳиндустон ва Эрон оварда мешуд, омода менамуданд. Ин растаниро муддати дароз ҷӯшонида қиёми нисбатан сахт ҳосил карда, онро болои тахтаи мисгарӣ-хонтахта мерехтанд. Мисгар дар болои ҳамин қабати ғафси муми сиёҳ зарфро гузошта бо истифода аз паргор, пӯлодқалам, обсанг ва чакуш (болға) нақшҳои гуногунро ҳаккокӣ мекард. Нақшпардозии зарфҳои мисӣ бо се роҳ – кандакорӣ, буриш ва кӯбидан анҷом меёфт. Мисгарони моҳири бухорӣ нусхаи нақшҳоро истифода накарда, нақши дар хотирашон бударо тавассути пӯлодқалам тасвир менамуданд. Аммо ҳангоми истифодаи усули кӯбидани нақшҳо аз қолибҳои чӯбӣ истифода мекарданд, ки дар онҳо нақшоҳи гуногун канда шуда буд. Дар аввал пораҳои мисро гирифта, болои чӯбҳои мунаққаш гузошта, онро бо чакуши чӯбӣ кӯфта нақшро аз чӯб ба мис мегузаронданд. Барои ороиши зарфҳои мисӣ онҳоро хотамкорӣ низ менамуданд. Дар хотамкории зарфҳои мисӣ аз нуқра, сир ва сангҳои қимату нимқимат ва шишаи ранга истифода бурда мешуд.

Яке аз зарфҳои машҳури тоҷикон чойҷӯш мебошад. Дастаи чойҷӯшро аксар вақт дар шакли аждаҳо аввал дар алоҳидагӣ аз биринҷ сохта, баъд онро ба зарф васл мекарданд. Дастаи чойҷӯшҳо нисбатан камнақш буда, дар он бештар номи усто ё соҳиби зарф кандакорӣ мешуд. Сарпӯши чойҷӯш гумбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст мегардид. Гардан ва қисми обгири чойҷӯш бештар нақшкорӣ мешуд. Обрези чойҷӯш дар шакли барҷаста аз қисми боло оғоз ёфта то ба ними обгири он мерасад. Ҳар ду тарафи қисми марказии чойҷӯш бо нақшҳои барҷастаи мудаввар ва қатрагӣ оро дода мешуд. Қисми поёнии чойҷуш, ки вазифаи пояро иҷро мекард, доирашакл ва калонтару нисбатан камнақш сохта мешуд.

Офтоба аз навъи дигари машҳури зарфҳои мисии тоҷикон мебошад. Онро обдаста низ меноманд. Офтобаро бештар барои шустани дастҳо пеш ва баъд аз таомхурӣ истифода менамоянд. Офтобаҳоро бештар бо нақшҳои майда ба таври композитсионӣ оро медоданд. Дар ибтидо гарданаи офтобаҳоро баландтар сохта, атрофи онро бо нақшҳои нисбатан барҷаста зинат медоданд. Аз ҳама бештар беруни қисми марказии офтобаҳо зинат дода мешуд.

Дастшӯ аз навъи маъмул ва машҳури зарфҳои тоҷикӣ мебошад. Зинатдиҳии дастшӯ мисли офтоба ба анъанаҳои қадимаи меҳмондӯстӣ ва зебопарастии тоҷикон алоқаманд мебошад. Дастшӯ аз ду қисми асосӣ - обрез ва обгир иборат аст. Қисми болоии дастшӯро бештар нақшпардозӣ намуда, онро бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ оро медиҳанд. Усто Олими Мисгари Шаҳрисабзӣ (асри ХХ) яке аз мисгарони мумтоз мебошад, ки намунаҳои ҳунари ӯ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Яке аз дастшӯйҳои сохтаи вай хеле зебо буда, гирдокирди лаби он тавассути парчинкорӣ ба 14 қисми мунаққаш ҷудо шуда, дар маркази ҳар як қисм боз нақши барҷастаи мунаққаши ислимӣ ба назар мерасад. Дар қисми парчамкоришуда инчунин 114 санги фирӯзамонанди сунъӣ насб шудааст. Қисми обрези дастшӯ низ пурра аз нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ иборат аст. Дар ин қисм низ 14 нақши дигар кандакорӣ шудааст. Вале ин нақшҳо барҷаста набуда, дар маркази онҳо ситора панҷгуша ҷой дорад. Болои ин нақшҳо каме сир кашида шудаанд. Чунончӣ мушоҳида шуд дар як дастшӯ ҳам нақши ҳандасӣ ва ҳам нақши ислимӣ истифода шуда, тавассути хотамкорӣ ва сирдавонӣ онро бештар ороиш дадаанд.

Вабаста ба истеъмоли чой мисгарон чойникҳои мисини мунаққашро истеҳсол менамуданд, ки онҳоро бештар бо нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ оро медоданд. Маъмултарин навъи зарфи мисини мунаққаши шакли мудаввар ва чоркунҷадорро лаълӣ, лаган ва гоҳҳо табақ мегуфтанд. Нақши марказии лаълиҳоро «нақши гардон» меномиданд. Маркази лаълиҳоро бо нақшҳои зооморфӣ аз қабили тасвири шерҳои болдор зинат медоданд. Масалан, дар зарфҳои аз Қалъаи Баланди Истаравшан ёфтшуда ҳам шер ва ҳам зани болдор ба назар мерасад. Дар ороиши лаълиҳо аз катибаҳои гуногун низ ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Мисгарони мумтози Осиёи Миёна ҳангоми истифодаи нақшҳои эпиграфӣ дар зарфҳои мисӣ танҳо катибаҳои арабӣ ва тоҷикиро истифода менамуданд. Нақши марказии мудаввар таърихи хеле қадима дошта, он ифодакунандаи офтоб ва системаи офтобӣ аст. Дар умум нақшҳои лаълиҳо композитсионӣ мебошанд. Мисол, дар маркази яке аз лаълиҳои мисӣ нақши геометрии шашкунҷаи ситорамонанд кандакорӣ шуда, дар атрофии он се нақши занҷираи нимдоираи дар маҷмуъ як давраро ташкилдиҳанда мавҷуд аст. Берун аз ин нақш се нақши мудаввари ислимӣ ва се нақши эпиграфӣ дар шакли хати сулси печон кандакорӣ шудааст. Атрофи ин нақшҳоро боз нақши мудаввари занҷира иҳота кардааст. Лаби лаълӣ низ мунаққаш буда, аз қисми марказии он каме баландтар сохта шудааст.

Мисгарони хивагӣ кӯзаҳои мунаққаше тайёр мекарданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимии себарга ва нақшҳои геометрии меҳробмонанд, ромб, хатҳои росту мавҷӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Қисмҳои нақшдори кӯзаҳоро аз ҳам нақши алоҳида-занҷира ҷудо менамуданд. Шаклҳои гуногуни занҷира - мавҷӣ, нуқтавӣ, дандонадор, ростхат ва ҷуфтхат истифода мешуд. Коса, шоҳкоса ва тос низ аз навъи маъмули зарфҳои мисӣ мебошанд. Дар баъзе шоҳкосаҳои аввал нақшҳои меҳробиро канда, баъд даруни ин нақшҳоро ба нақшҳои эпиграфӣ ва ислимӣ оро медоданд. Дар маркази қисми дохилӣ сангҳои ороиширо низ насб менамуданд. Чилим, носкаду ва туфдонҳоро низ бо чунин нақшҳо оро медоданд. Дар қаламдонҳо бештар катибаҳои тоҷикӣ ва нақшҳои растаниҳо кандакорӣ мешуданд. Истеҳсоли сурмадонҳои бодомшакли мунаққаши тоҷикӣ хеле ҷолиб буда, шакли бодомӣ ва истифодаи он маъно ва рамзи таърихӣ дорад. Сурмадонҳоро барои он дар шакли бодом месохтанд, ки худи хокаи сурмаро аз донаи бодоми талхи хушк истеҳсол мекарданд. Донаи бодомро дар аввал хушк карда, онро дар зарфи хушк таспонда, баъд ба хокаи он каме равған илова карда, аз он сурма тайёр мекарданд. Дар Мисри қадим низ аз бодом сурма тайёр менамуданд ва сурмаро ҳам занон ва ҳам мардон истифода мекарданд. Ҳамчунин нақши бодомӣ яке аз нақшҳои зебо ва маъмули зарфҳои мисӣ мебошад.Вижагии фарқкунандаи нақши зарфҳои мисини асримиёнагӣ ва муосири тоҷик дар он аст, ки онҳо бештар моҳияти ороишӣ ва ҳикматона доштанд. Дар ороиши зарфҳои мисӣ сирро истифода мебурданд, ки онро минокорӣ меноманд. Сири фирӯзаранг ва сафед бештар ба кор мерафт.

То охири чоряки аввали асри XX Бухоро маркази асосии истеҳсоли зарфҳои мунаққаши мисӣ ба ҳисоб мерафт. Муқаддам Мукаррамов, Абдусалом Ҳомидов, Ғулом Ҳасанов, Мирусмони Хуҷандӣ, Олими Шаҳрисабзӣ аз зумраи мисгарони машҳури асри ХХ мебошанд. Дар асри XX тасвири ёдгориҳои меъморӣ дар зарфҳои мисӣ роиҷ мегардад. Чунончӣ соли 1936 мисгари бухороӣ Абдусалом Ҳомидов дар маркази як лаълӣ мақбараи Исомили Сомониро хеле моҳирона кандакорӣ намудааст. Чунин анъана то имрӯз низ идома дорад.

Нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст ва ҳозиронро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад.

Муҳаммад Закариёи Розӣ

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд, Дар Аврупо ӯро

«Abubater» ё «Razes» ном гузоштаанд.

Навшодир

Навшодир – моддаи сахти маълум ва монанди шӯра ва намак сафед аст. Миҷозаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар аввали дараҷаи саввум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: навшодирро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, захми онро ба ҳам меоварад, обравии чашмро, ки аз хунукӣ бошад, дафъа мекунад.

Агар инро дар оби судоб ҳал карда, бо он об ғар-ғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ менамояд. Агар навшодирро бихӯранд, чирк ва рими узвҳои даруни синаро дафъ мекунад. Чун инро бимоланд, дарди гулӯро шифо мебахшад. Навшодирро бо мисли он саргини инсон якҷо намуда, дар оташ гарм карда, муқаттари бухори онро ҳосил намуда, аз он моеъ 4,5 грам бинӯшанд, тамоми заҳрҳои қотилро аз бадан дафъ мекунад, ки инро аз асрори махфӣ шумориданд.

Хӯрдани навшодир сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад.

Нок

Нок, муруд, амруд (лот. Pýrus) — меваест маъмул.

Панҷакент

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Сурмапазӣ

Сурмаро аз замонҳои қадим занҳо истифода мебаранд. Он на танхо зебоии чашмро меафзоёнад, балки равшании онро низ беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, сурма хусусияти шифоҳӣ ҳам дорад. Сурма 2 навъ мешавад: сурмаи говӣ ва сурмаи сангӣ.

Сус

Сус (Glycyrrhiza glabra), буя, ширинбуя, гиёҳест ширинбехи доруӣ. Одатан 20 – 150 см (баъзан то 2 м) қад мекашад. Пояаш рост, баргаш пармонанд, аз 2 – 9 ҷуфт баргчаҳои дарозрӯя ё нештаршакли часпак иборат аст. Гулаш гулобии сафедча ё бунафш, гулбаргаш парвонашакл, тухмаш майдаи гирда, баъзан гурдашакл, ҷигарранг ё бӯртоби ҷилодор. Май – июн гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Дар Тоҷикистон (қ – кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ) асосан дар дарёбоду доманакӯҳҳо (дар баландии 350 – 1600 м аз с.б.) месабзад.

С. гиёҳи доруии қадимист. Хосияти шифобахшии он ба Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино маълум буд. С. дар Шарқ ба монанди мардумгиёҳ шӯҳрат дошт. Онро барои тайёр кардани доруҳои гуногун истифода мебурданд. Абӯалии Сино бо қиёми ғализи бехи С. зиқи нафасро табобат мекард. ӯ навиштааст, ки С. найчаҳои шушро нарму тоза, овозро соф мекунад, ба шушу гулӯ муфид аст, захми пешобдону гурда ва табларзаи куҳанро барҳам медиҳад. Қиёми бехи он давои исҳоловар аст.

Дар тибби халқии тоҷикон С.-ро ҳангоми қабзияти узвҳои нафас, ташаннуҷи мушаки гулӯ, бемадорӣ, заъфи системаи асаб, дамиши шикам, камиштиҳоӣ ва ғ. истифода мебаранд. Доруҳои аз С. таҳиягашта ба захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта даво мебахшанд. Бо мақсади табобат асосан решаи пӯсткандаи С.-ро истифода мебаранд. Таъми он ширин, баъзан андаке талхча аст. Истеъмоли бехи С. ахлоти ғафси часпак ва мураккабро пазонда, барои хориҷ шудан омода мекунад, узвҳои даруни сина ва ҳалқро мулоим менамояд, асабҳоро қавӣ мегардонад, бодҳоро таҳлил медиҳад, барои иллатҳои дамкӯтаҳӣ, дуруштии аъзои даруни сина ва сӯзиши онҳо дору мешавад, овозро неку мегардонад, зиқи нафас, иллатҳои шуш, ҷигар ва пешобдонро ба ибро меоварад, тафси меъда ва сӯзиши пешобро таскин медиҳад, бемориҳои мағзи сар, иллатҳои сипурз, бавосир, табҳои кӯҳна ва ҳамаи намудҳои сурфаро шифо мебахшад.

Ба ақидаи Абӯалии ибни Сино агар 14 г решаи пӯсткандаи С.-ро бо оби панир биёшоманд, қулинҷро шифо мебахшад (танҳо худашро бихӯранд ҳам, ҳамон таъсирро дорад). Решаи С.-ро хушк (бе пӯст) карда, соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад, зардии онро мебарад. Онро кӯфта, бо асал ва ё муми занбӯри асал сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун даво мешавад; агар бо оби холис хамир сохта, бо такрори амал гузошта банданд, ба ҷойҳои танга-танга мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Барги тару тозаи С.-ро кӯфта гузошта банданд, бадбӯии зери бағал ва миёни ангуштони пойро дафъ мекунад.

Аз С. қиём низ таҳия месозанд. Бо ин мақсад решаи пӯсткандаи онро реза карда, дар об меҷӯшонанд. Баъд онро соф мекунанд, то он ки таҳшин намонад. Сипас то ғафс гаштанаш онро такроран меҷӯшонанд. Ин қиёми С. аст. Хислатҳои шифобахши қиём аз ҳама ҷиҳат беҳтар аз решааш мебошад.

Дар амалияи тибби муосир асосан беху решаи С.-ро истифода мебаранд. Решаи онро аввали баҳор ё тирамоҳ кофта мехушконанд. С. ба таркиби доруи «Котермопс» дохил мешавад, ки он давои пешоброн ва исҳоловар аст. Қиёми ғализаш давои балғамрон мебошад. С.-ро барои хуштаъм кардани доруҳо низ истифода мебаранд.

Унсури кимиёӣ

Элементҳои кимёӣ - ҳоло дар ҷадвали даврии Дмитрий Иванович Менделеев такрибан 118 элемент ҷойгир буда ба 114 тои он номгузори шудааст. Ба 4-тои он ҳоло номгузори давом дорад. Дар системаи даврии Дмитрий Иванович Менделеев номи элементи Менделеев дар элементи рақами 101-ум ҷойгир шудааст.

Челон

Челон (Zizyphus jujuba) бутта ё дарахтест, ки аз оилаи Rhamnaceae. Мевааш санҷидмонанд аст, аз ин рӯ санҷиди гургонӣ ё челонҷигда мегӯянд.

Рӯдакӣ мегӯяд:

Санҷиду челон бад-ӯ нима шуда.

Нуқтаи сурма бад-ӯ як-як зада.

Ҳанифа Мавлонова

Мавлонова Ҳанифа Муҳиддиновна - 30 январи соли 1924 ш.Ленинобод - соли 2010 ИМА), сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон1951. Ҳунарпешаи халқии СССР (1968).

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.