Сулола

Сулола (Хонадон) - намояндагони авлод (қавм), ки дар муддати муайян сарварии қабила, давлат ва дигар намуди иттиҳодияҳои давлатиро иҷро менамоянд. Дар давлатдории подшоҳӣ одатан намояндагони як авлод (қавм) вазифаи сарварии давлатро ҳамчун мерос ба насли навбатӣ (аз насл ба насл) вомегузоштанд.

Сулолаҳои ҳукмрон дар Осиёи Марказӣ

Австрия

Утриш ё Австрия (олмонӣ: Österreich [ˈøːstɐˌʁaɪç] (гӯш кардан )), Ҷумҳурии Утриш (олмонӣ: Österreich Österreichische Republik) — давлат дар Аврупои Марказӣ. Узви Иттиҳоди Аврупо (аз с. 1995). Бо Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон, Словения, Италия, Швейтсария ва Лихтенштейн ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 83858 км2. Аҳолиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — шаҳри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии мустақил: Бургенланд, Утриши Болоӣ, Утриши Поёнӣ, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ (1955) дар бораи бетарафии доимӣ — Иди миллии Ҷумҳурии Утриш. Воҳиди пулӣ — евро (то соли 2001 — шиллинги утришӣ).

Арабистони Саудӣ

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ар. ‎ المملكة العربية السعودية‎; al-Mamlakah al-ʻArabīyah as-Saʻūdīyah) — давлат дар қисми ҷанубу ғарбии Осиё. Тақрибан 2/3 ҳиссаи нимҷазираи Арабистон ва чандин ҷазираҳои Баҳри Сурх ва Халиҷи Форсро дар бар мегирад.

Аштархониён

Аштархониён, Ҷониҳо - сулола дар Мовароуннаҳр ва қисми Хуросон (1599–1753).

Давлати Каёниён

Давлати Каёниён- дуюмин давлати қадимаи ориёӣ аст. Cулолаи Каёниён баъд аз сулолаи Пещдодиён дар Ориёно подшоҳӣ кардааст. Номи 9 шоҳи сулолаи Каёниён, ки дар Ориёно ҳукумронӣ намудаанд, аз саршмаҳои хаттӣ маълум аст. Охирин шоҳи Каёнӣ, ки дар Авесто номбар шудааст, Виштасп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи Ҳахоманишиёнро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.

Шоҳони сулолаи Каёниён инҳо буданд:

1. Кайқубод,

2. Кайковус,

3. Кайхусрав,

4. Луҳрасп,

5. Виштасп,

6. Баҳман (Ҳахоманиш),

7. Ҳамонӣ,

8. Дорои I,

9. Дорои II.

Дар давраи Кайковус ва баъди ӯ дар байни Каёниён ва авлодони Афросиёб, ки пойтахташон Самарқанд буд, ҷангҳои зиёд рух медиҳанд. Писари Кайковус Сиёвуш бинобар ихтилоф бо падараш ба назди Афросиёб фирор мекунад ва духтари ӯро ба занӣ мегирад. Аммо Афросиёб хиёнат карда, Сиёвушро ба ҳалокат мерасонад. Кайковус лашкари азимеро бо сардории Рустам барои қасоси хуни писарашро гирифтан бар зидди Афросиёб равон мекунад. Каёниён дар ин ҷанг ғолиб омада, писари Сиёвуш ва модари ӯ духтари Афросиёбро ба Балх меоранд. Мутобиқи ривоятҳо Каёниён 738 сол ҳукмронӣ кардаанд.

Давлати Сомониён

Давлати Сомониён (форсӣ: سامانیان‎; 819—999) — аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон. Ҳукмронии сулолаи Сомониён солҳои 819—999 дар бар мегирад.

Давлати Сосониён

Давлати Сосониён (порсии миёна: [Ērānšahr], Эроншаҳр; форсӣ: شاهنشاهی ساسانیان‎ [šāhanšāhije sɒsɒnijɒn]) — давлати сулолаи форсизабон дар Эрон, ки баъд аз сулолаи Ашкониён (Шоҳони форсизабон), солҳои 224 - 651 ҳукумрон буд.

Давлати Шоҳаншоҳии Ирон

Сулолаи Паҳлавӣ охирин сулолаи подшоҳӣ (1304 то 1357 хуршедӣ, 1926 то 1979 милодӣ) пас аз вайроншавии сулолаи Қоҷор ҳукмронии Эрон аст . Охири ин сулола ба Инқилоби Эрон, ки пас аз ду 2500 солӣ шоҳӣ фурӯ рафт ва Ҷумҳурии Исломӣ гардид, рост меояд .

Поягузори ин сулола Ризо Шоҳ буд, ки писараш Муҳаммад Реза Паҳлавонӣ ӯро пас аз он, ки баъд аз ишғол кардани Эрон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ронда шуд, иваз кард . Ин ду кас танҳо подшоҳони ин сулола дар Эрон буданд, ки тӯли панҷоҳ сол дар Эрон ҳукмронӣ мекарданд.

Давлати Ғазнавиён

Давлати Ғазнавиён (Салтанати Ғазнавиён) — давлатест, ки дар солҳои 977—1186 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ арзи вуҷуд дошт ва дар он сулолаи Ғазнавиён ҳукмронӣ кардаанд.

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 1.5 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион (2018) нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Каёниён

Каёниён (Хатти ниёгон: كیانیان) - каёния, унвони силсилаи шоҳоне, ки

мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ баъди Пешдодиён

ҳукм рондаанд. Саромадашон Кайқубод. Каёниён исми ҷамъ

аз «кай». ки дар Авесто ба шакли «кавӣ» ба маънии

«шоҳ», «ҳоким» омадааст. Дар забони паҳлавӣ дар

шакли «ке» чун ифодаи «шоҳ» ва дар маъхазҳои ҳиндии

қадим дар шакли «кавӣ» ба маънии «пешвои динӣ»

низ дучор меояд.

Дар Авесто Кайқубод, Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кай Гуштосп (Виштосп) номбар шудаанд. Кай Гуштосп ҳамчун ҳомии Зардушт

машҳур аст. Дар Готҳо «қавӣ» нисбат ба шоҳони ситамгар ва ноодил истифода гардидааст, ки душмани зардуштия будаанд. Дар бораи Каёниён дар осори забони

паҳлавӣ «Бундаҳишн» (фасли 31 «Дар нажод ва насаби каёниён»), «Динкард», «Минуи хирад» ва манъбаҳои баъди а-ҳои 6-7 низ маълумот ҳаст. Маълумоти «Шоҳнома» ҷамъбасти тамоми ривоёту гуфторҳо дар бораи Каёниён буда, аз маълумоти то таълифи он фарқи ҷузъӣ дорад. Фирдавсӣ Ҳумой, Дороб, Дороро ба қатори Каёниён дохил кардааст, ки онҳо аслан шоҳони ҳахоманишӣ мебошанд. Дар «Шоҳнома» Искандари Мақдунӣ низ ба қатори Каёниён дохил гардидааст, ки мувофиқи ривояте падараш гӯё эронӣ будааст ва аз ин рӯ, ӯ тавонист ба фарри каёнӣ соҳиб гардад ва дар Эрон ҳукмронӣ намояд.Ба ақидаи муҳаққиқон, аз ҷумла, М.М. Дьяконов,

А. Кристенсен Каёниён шоҳоне буданд, ки а-ҳои IX-VII то м. дар Бохтар дар давраи аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳундуэронӣ ҳукм рондаанд. Ҳудуди давлати Каёниён қисмати шарқӣ, шарқу шимоли Эронро дарбар мегирифт ва Каёниён ба ҳахоманишиён муносибате надоранд. Гарчанде мавҷудияти таърихии Каёниёнро пурра исбот намудан мушкил аст, дар амалиёту фаъолияти баъзе аз Каёниён ҷанбаи таърихиро пайдо намудан имконпазир аст. Номи 9 шоҳи сулолаи Каёниён, ки дар Ориёно ҳукумронӣ намудаанд, аз саршмаҳои хаттӣ маълум аст. Охирин шоҳи Каёнӣ, ки дар Авесто номбар шудааст, Виштосп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи Ҳахоманишиёнро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.

Шоҳони сулолаи Каёниён:

Кайқубод,

Кайковус,

Кайхусрав,

Луҳрасп,

Гуштосп (Виштосп),

Баҳман (Ҳахоманиш),

Ҳамонӣ,

Дорои I,

Дорои II.

Оли Курт

Сулолаи Куртҳо, ё Оли Курт (ар. آل کرت‎) — силсилае аз амирони тоҷик, ки аз солҳои 1244—1381 дар Хуросон истиқлол доштаанд. Сабаби куртҳо ном бурда шудани ин сулола он аст, ки асосгузораш Курт ном шахс мебошад. Сулолаи Куртҳои Ҳирот ба халқи курди ба шумо маълум ҳеҷ робитае надорад.

Аъзоёни сулолаи Куртҳо ҳанӯз дар замони мавҷудияти Давлати Ғуриён ном бароварда, соҳиби мансабҳои калони давлатӣ шуда буданд. Масалан, Малик Саиди Курт яке аз лашкаркашони номии давлати Ғуриён буд. Набераи Курт — Иззуддин Умари Марғонӣ ҳам дар дарбори Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ ба мартабаҳои вазирй ва ноибин ӯ мушарраф гардида буд. Ба замми ин, вилояти Ҳиротро бародари Иззуддин — Тоҷиддини Маргонӣ идора мекард. Дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо вилояти Ғур ба марказаш — Шаҳри Ҳайсор ба ихтиёри яке аз аъзоёни хонадони Куртхо — Рукнуддини Маргонӣ гузашт.

Вақте ки муғулхо вилояти Ғурро таъсис доданд, қалъаи Ҳайсорро, ки ниҳоят зебою дилкаш буд, вайрон накарда, ба пойтахти вилояти Ғур табдил доданд ва ҳокими нн вилоятро ҳокими тамоми Ғур таъйин карданд. Ҳамин тариқ, сулолаи Куртҳои Ҳирот давлати тоҷиконро дар собиқ қаламрави давлати Ғуриён аз нав эҳё карданд.

Сосониён

Сосониён — сулолаи ҳокимон (шоҳаншоҳон)-и порс, ки дар Давлати Сосониён аз соли 224 то соли 651 ҳукумронӣ кардаанд.

Темуриён

Сулолаи Темуриён (форсӣ: تیموریان‎) — авлоди амир Тимур, султонҳои сулола солҳои 1370 - 1858 дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ), Эрон ва Ҳиндустон ҳукумрон буданд.

Тоҳириён

Тоҳириён (821 – 873) - сулолаи тоҷиктабори кишвари Хуросон аст, ки солҳои 821 - 873 дар вилояти Хуросон ҳукумрони кардааст.

Хилофати Аббосиён

Хилофати Аббосиён (ар. الدولة العباسية‎) — дуюмин силсилаи хилофати араб (749—1258).

Шайбониён

Сулолаи Шайбониён сулолаи узбекзабон, ки дар Мовароуннаҳр баъд аз сулолаи Темуриён солҳои 1500 - 1599 ҳукумрон буд. Асосгузори ин сулола Муаммад Шайбонихон буд.

Ғазнавиён

Ғазнавиён – сулолае, ки Давлати Ғазнавиёнро ташкилу идора кардааст. Асосгузораш сарлашкари Сомониён Алптегин буд.

Намояндагони ин сулола:

Алптегин

Сабуктегин (997 - 998)

Маҳмуди Ғазнавӣ (998 - 1030)

Муҳаммад (1030)

Масъуди I (1030 - 1041)

Мавдид (1041-1048)

Масъуди II (1049)

Алӣ Абулҳасан (1049-1051)

Абдуррашид (1051-1099)

Масъуди III (1099-1115)

Шерзод (1115-1116)

Арслон (1116-1117)

Баҳромшоҳ (1117-1153)

Хусравшоҳ (1153-1160)

Хусрав Малик (1160-1187)

Ғуриён

Ғуриён – сулолаи суннимазҳаби тоҷикон, аз Хонадони Шонасбониён (Ғуриён) аст. Сарсулолаи хонадон Сури ибни Муҳаммад, сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари Ғур) буд. Шонасбониён (Ғуриён) шоҳони давлати Ғуриён - давлати дуюми таърихии тоҷикон дар Хуросон буданд. Давлати Ғуриён солҳои 1150 – 1215 арзи ҳастӣ намудааст.

Ҷумҳурии Халқии Чин

Ҷумҳурии Халқии Чин (ҶХЧ) (хит. сун. 中華人民共和國, сод. 中华人民共和国, пинйин: Zhōnghuá Rénmín Gònghéguó, палл.: Чжунхуа Жэнмин Гунхэго), бештар маъруф ба Чин (хит. сун. 中國, сод. 中国, пинйин: Zhōngguó, палл.: Чжунго), — давлат дар Осиёи Шарқӣ. Калонтарин кишвари сернуфуз дар ҷаҳон (беш аз 1,38 млрд, аксарияти аҳолӣ — қавман хитойиҳо, худномгузорӣ — ҳон); аз нуқтаи назари масоҳат дар ҷаҳон, мақоми савумминро пас аз Русия ва Канада дорад.

Ҷумҳурии Халқии Чин бо 14 кишвар ҳамсарҳад аст: Афғонистон, Бутан, Мянма (Бирмой), Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Непал, ҶХДК, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ветнам ва бо Ҷопон сарҳади оби дорад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.