Соли 1999

1999.

Садаҳо: Садаи 19 (мелодӣ) - Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1960 (мелодӣ)   Даҳаи 1970 (мелодӣ)   Даҳаи 1980 (мелодӣ)   -
Даҳаи 1990 (мелодӣ) -  Даҳаи 2000 (мелодӣ)  Даҳаи 2010 (мелодӣ)  Даҳаи 2020 (мелодӣ)
Солҳо: 1996 1997 1998 - 1999 - 2000 2001 2002

Воқеаҳо

  • 1999 — «интерференсияи гуманитарӣ» бар зидди Югославия.
  • Дар соли 1999 Гюнтер Грас бо Ҷоизаи Нобелӣ қадрдонӣ шудааст.
4 апрел

4 апрел — 94-умин рӯзи сол (95-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 271 рӯз боқӣ мемонад.

Аргентина

Аргенти́на (испанӣ: Argentina), номи рамсии пурра — Ҷумҳурии Аргентина (испанӣ: República Argentina [reˈpuβlika aɾxenˈtina]) — дуюмин давлат (пас аз Бразилия) аз ҷиҳати масоҳат, сеюмин (пас Бразилия ва Колумбия) аз рӯи аҳолӣ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.

Афғонистон

Афғонистóн (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت‎, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.

Белгия

Белгия (/ˈbɛldʒəm/) (ҳол. België, МФА: [ˈbɛlɣijə]; фр. Belgique, олмонӣ: Belgien), номи расмии пурра — Шоҳигарии Бе́лгия (ҳол. Koninkrijk België, фр. Royaume de Belgique, олмонӣ: Königreich Belgien) — давлат дар Аврупои Ғарбӣ.

Белгия дар шимол бо Нидерланд, дар шарқ бо Олмон, дар ҷанубу шарқ бо Люксембург, дар ҷануб ва ҷанубу ғарб бо Фаронса ҳамсарҳад буда, қисми ғарбиаш соҳили Баҳри Шимолӣ аст. Масоҳаташ 30,5 ҳазор км2, аҳолиаш 11,190,845 нафар (2015), зичии аҳолӣ – 344 нафар/км2. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (21 июл), воҳиди пул– евро (аз с. 2002, аввалӣ – франки Белгия). Пойтахташ – Брюссел. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Антверпен, Гент, Шарлеруа, Лйеж, Брюгге.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонун— 6 Ноябри соли 1994 қабул карда шудааст.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Парламенти Тоҷикистон - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Дар моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебощад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тагйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва яке аз маҷлисҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии умумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Маҷористон

Маҷористон (русӣ: Венгрия ва англ. Hungary аз юн. ˈhʌŋɡəri, расман — Ҷумҳурии Халқии Маҷористон; дар Аврупои марказӣ ҷой гирифта, дар шимол бо Словакия; дар шарқ бо Руминия; дар шимолу шарқ бо Украина; дар ҷануб бо Сербия, Хорватия; дар ғарб бо Утриш ҳамсарҳад аст. Пойтахти Маҷористон — Будапешт мебошад.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомнома «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад:

а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (ҳукуматҳо), шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дар хонаҳо (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва ақди никоҳ;

в) дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳо ҷой додани тасвири Нишон дода шудааст;

г) дар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шиносномаҳои дипломатӣ ва дигар шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд;

е) дар сутунҳои марзӣ, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳатман тасвир намудани тарҳи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда метавонад.

Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин Низомнома номбар шудаанд, ҳуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад.

3. Таҷдиди тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаҳояш, ҳамеша бояд дақиқан ба асли тарҳи ранга, сиёҳу сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба ҳамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд.

4. Тартиби тайёр кардани тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва нест кардани мӯҳре, ки дар он Нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

5. Ашхосе, ки дар таҳқир кардани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999 № 891

Покистон

Покистон ( урду: پاکِستان - «замини пок" англ. Pakistan Покистон [ˈpækɪstæn] ё [pɑːkiˈstɑːn] номи пурраи расмӣ - Ҷумҳурии Исломии Покистон ( урду: اسلامی جمہوریہ پاکِستان Jumhuriyah Покистон англ. Islamic Republic of Pakistan Ҷумҳурии Исломии Покистон ) — кишварест дар Осиёи Ҷанубӣ. Покистон ҳамчун як созмони мустақили сиёсӣ соли 1947 дар натиҷаи тақсимоти қаламрави Ҳиндустон Бритониё таъсис ёфтааст.

Тибқи барӯйхатгирии соли 2017 Покистон шашумин кишвари аҳолиаш дар ҷаҳон сершумор буда, шумораи аҳолии он 207,774,520 нафарро ташкил медиҳад ва аз рӯи аҳолии мусулмон дуюмин пас аз Индонезия (мутаносибан 178 ва 205 миллион мусулмон) мебошад. Кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди миллатҳо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва инчунин узви кишварҳои рӯ ба инкишоф дар "Гурӯҳи 77" мебошад.

Президенти Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар бп ҷаласаи яаҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд.

Президент тариқи интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб карда мешавад. Номзад ба президентӣ бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндагӣ карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад. Ниг. Бобби 4 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Соли 1994

Ин сол —

Соли 2013

2013 - аз рӯи тақвими григориянӣ рузи сешанбе сар шуд, соли 2013 давраи нав, 13-ум соли ҳазорсолаи 3-юм, 13-ум соли садсолаи 21-ум, 3-юм соли даҳсолаи дуюми садсолаи 21-ум, 3-юм соли солҳои 2010-ум.

Рост меояд ба солҳои зерин:

Соли 2556 дар тақивим Буддоиҳо.

Соли 102 дар Чучха (дар ҶХДК Корея).

25 соли давраи Хэйсэй (дар Ҷопон).Якум соли сеюм даҳсолаи асри XXI.

Тоҷикистон

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 142 600 км² (93-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2018 дар Тоҷикистон 8 931 200 нафар тан бошанда буд, ки дар шаҳрҳо 2 354 200 нафар ва деҳот 6 577 000 нафар зиндагӣ доштаанд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.

Фаронса

Фаронса — кишварест дар Аврупо. Пойтахташ шаҳри Порис аст.

Хуҷанд

Хуҷанд (аз суғ. kwc'nth (xučant(a) > Xuǰand), форсӣ: خجند‎, собиқ Ленинобод) маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрванд (шахси воқеӣ)

Шаҳрванд (шахси воқеӣ) - таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад. Муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳамаи шаҳрвандон татбиқ мегарданд.70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора дар иттилоияи интишорнамудаи намояндагии UNFPA дар Душанбе гуфта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امام‌علی رحمان‎, то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.