Соли 1994

Ин сол —

Садаҳо: Садаи 19 (мелодӣ) - Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1960 (мелодӣ)   Даҳаи 1970 (мелодӣ)   Даҳаи 1980 (мелодӣ)   -
Даҳаи 1990 (мелодӣ) -  Даҳаи 2000 (мелодӣ)  Даҳаи 2010 (мелодӣ)  Даҳаи 2020 (мелодӣ)
Солҳо: 1991 1992 1993 - 1994 - 1995 1996 1997

Руйдодҳо

  • март – Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо ташаббуси дар доираи ИДМ (СНГ) ташкил додани «Иттифоқи Осиёю Авропо» баромад кард.
  • 5 апрел – музокироти (байни тоҷикон) байни намояндагони Ҳукумати ҷумњурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ сар шуд.
  • 17 август – роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис ёфт.
  • 7 сентябр – дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матни суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
  • 6 ноябр – Сарқонуни Ҷумхурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.(26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, боз ба тариќи раъйпурсии умумихалқӣ, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд).
  • 6 ноябр - Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
  • 10 декабр – Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.[1]

Адабиёт

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 554.
Афғонистон

Афғонистóн (дарӣ: أفغانستان), номи пурраи расмӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي جمهوریت‎, дари: جمهوری اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Хитой (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – паштун ва дарӣ.

Берлин

Берли́н (олмонӣ: Berlin [bɛɐ̯ˈliːn], талаффуз ) — пойтахт ва шаҳр калонтарини Олмон.

Бонки Эсхата

Бонки Эсхата (Ҷаъмияти саҳҳомии кушодаи «Бонки Эсхата») — яке аз бонкҳои калонтарини тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бонк ба ҳайати панҷ бонки бонуфузи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Инчунин, дар доираи корбарон ҳамчунин мухтасар «Эсхата» (ё ин ки ЭБ) номбар мегардад. Офиси асосии — ОА, Филиали Ҷаъмияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» — ФҶСК «Бонки Эсхата» Маркази хизматрасонии бонкӣ — МХБ, Нуқтаи интиқоли маблағ — НИМ.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн —мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт мебошад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом мерасонад.

Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии вазорат, ин таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо мебошад, ки он барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётӣ равона гардидааст.

Деҳоти Панҷоб

Деҳоти Панҷоб — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлони Тоҷикистон.

Зичии аҳолӣ

Зичии аҳолӣ — шумораи одамон ба воҳиди масоҳат мебошад.

Ҷойҳои зичтарини рӯи ҷаҳон инҳоянд: (нафар дар километри квадратӣ):

Аомын (Макао) — 17684

Монако — 16620

Сингапур — 6389

Ҳонконг — 6317

Гибралтар — 4289

Сектори Газ — 3823

Ватикан — 2093

Малта — 1261

Ҷазираҳои Бермуд — 1226

Ҷазираҳои Малдив — 1163Мамлакатҳои сераҳолии рӯи ҷаҳон инҳоянд: (нафар дар километри квадратӣ):

Бангладеш — 1002

Тайван — 636

Кореяи Ҷанубӣ — 491

Пуэрто-Рико — 430

Соҳили ғарбии дарёи Иордан — 407

Ҳолландия — 395

Лубнон — 367

Белгия — 339

Япония — 337

Ҳиндустон — 328Ҷои аз ҳама камаҳолии рӯи ҷаҳон дар Нунавут аст - 0,01 наф.дар км².

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонун— 6 Ноябри соли 1994 қабул карда шудааст.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Низоми сиёсии Тоҷикистон

Низоми сиёсии Тоҷикистонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шудааст, муайян намудаааст, ки дар он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идорааш президентӣ мебошад (мод. 1) ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад (мод. 6).

Президенти Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар бп ҷаласаи яаҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд.

Президент тариқи интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб карда мешавад. Номзад ба президентӣ бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндагӣ карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад. Ниг. Бобби 4 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ричард Никсон

Ри́чард Ми́лҳауз Ни́ксон (англ. Richard Milhous Nixon; 9 январи 1913, Йорба-Линда, Калифорния — 22 апрели 1994, Ню-Йорк) — 37-ум Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1969—1974), 36-ум ноиби президенти ИМА (1953—1961). Аввалин ва ягона президенти ИМА, ки пеш аз муҳлат ба истеъфо рафтааст.

Руанда

Руанда яке аз кишварҳои Африқо аст.

Суруди миллии Тоҷикистон

Суруди миллии Тоҷикистон — композитсияи «Суруди миллӣ» мебошад. Ҳамчун суруди миллӣ аз соли 1994 истифода мешавад.

Муаллифи матн — Гулназар Келдӣ, муаллифи оҳанг — Сулаймон Юдаков.

Таърихи Тоҷикистон

Таърихи Тоҷикистон — Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто — ро офариданд.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.Шоирони Точикистон

Тоҷикистон

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 142 600 км² (93-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2018 дар Тоҷикистон 8 931 200 нафар тан бошанда буд, ки дар шаҳрҳо 2 354 200 нафар ва деҳот 6 577 000 нафар зиндагӣ доштаанд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امام‌علی رحمان‎, то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Қонуни асосии давлат

Қонуни асосии давлат - ин қонун бо номи Конститутсия, Сарқонун,

Қонуни асосй ёд мешавад. Дар Конститутсия (Сарқонун, Қонуни асосй),

ки аз санади алоҳидаи навишташуда ва ё аз маҷмӯи санадҳо ва одатҳои конститутсионӣ иборат мебошад, масъалаҳои бунёдии (асосии) ҷамъият ва давлат, аз ҷумла эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори марзию маъмурии давлат, асосҳои ташкилии мақомоти марказй ва маҳаллии ҳокимияти давлатй, салоҳият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо, рамзҳои давлатй, забон ва пойтахти давлат ифода карда мешаванд.

Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқй эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.

Тартиби гуногуни қабул ва тағйири Қонуни асосӣ вуҷуд дорад: аз тарафи парламент, мақоми махсус (маҷлиси муассисон ва ғайра), тариқи раъйпурсии умумихалқй (референдум) ва дигарҳо. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон (соли 1994) ба тариқи раъйпурсии умумихалқй қабул гардидааст ва танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқй ба он тагйирот ворид карда мешавад. Конститутсия сарчашмаи бевоситаи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи Конститутсия таҳия, қабул ва амал намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъс. 10 декабри соли 1994) ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.