Соли 1926

Соли 1926

Садаҳо: Садаи 19 (мелодӣ) - Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1890 (мелодӣ)   Даҳаи 1900 (мелодӣ)   Даҳаи 1910 (мелодӣ)   -
Даҳаи 1920 (мелодӣ) -  Даҳаи 1930 (мелодӣ)  Даҳаи 1940 (мелодӣ)  Даҳаи 1950 (мелодӣ)
Солҳо: 1923 1924 1925 - 1926 - 1927 1928 1929

Таввалуд

Вафот

Арабистони Саудӣ

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ар. ‎ المملكة العربية السعودية‎; al-Mamlakah al-ʻArabīyah as-Saʻūdīyah) — давлат дар қисми ҷанубу ғарбии Осиё. Тақрибан 2/3 ҳиссаи нимҷазираи Арабистон ва чандин ҷазираҳои Баҳри Сурх ва Халиҷи Форсро дар бар мегирад.

Афғонӣ

АФҒОНӢ (порсӣ:أفغانی) — воҳиди пули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. 1 афғонӣ = 100 пул. Дар муомилот аз соли 1926, ба ҷойи рупияи Кобул ҷорӣ шудааст. 1 доллари ИМА = 57.3 Афғонӣ (2015).

Вағаштон

Вағаштóн (аз вожаи суғдии ваға – ба маънои сабзу хуррам, кабудизор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент.

Елизаветаи II

Елизаветаи II (англисӣ: Elizabeth II) — маликаи шоҳигарии Бритониёи Кабир . Елизавета дар Лондон Мэйфер, 21 апрели соли 1926 дар оилаи шоҳ Георги VI ва малика Елизаветаи Боуз-Лайон ба дунё омадааст.

20 ноябри соли 1947 бо ҳертсоги Эдинбургӣ Филип издивоҷ намудааст.

6 феврали соли 1952 Шоҳи Бритониёи Кабир Георг VI, падари Елизавета, даргузашт. 8 феврали соли 1952, Елизавета мувофиқи расму ойини дарбори шоҳигари муттаҳидаи Бритониёи Кабир барои қабули мансаби олии подшоҳӣ қасам ёд кард ва аз ҳамон лаҳза маликаи шоҳигарии Бритониёи Кабир мебошад.

Елизаветаи II соҳиби 4 фарзанд:Чарлз, Анна, Эндрю, Эдвард аст.

Иброҳим Кобулӣ

Иброҳим Кобулиев (10 июли 1926, ноҳияи Тоҷикобод) — сароянда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Ноҳияи Ашт

Ноҳияи Ашт — яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Ноҳия 29 сентябри соли 1926 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш 155 200 нафар (соли 2016), тоҷикон ва ӯзбекон, масоҳаташ 2790 км². Маркази ноҳия шаҳраки Шайдон аст. Масофа: аз Ашт то Хуҷанд — 107 км, то Душанбе — 400 км. То истгоҳи роҳи оҳани наздиктарин (Хуҷанд) – 90 км.

Ноҳияи Конибодом

Ноҳияи Конибодом яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Ноҳия 26 сентябри соли 1926 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш 146,3 нафар (соли 2015), тоҷикон ва узбекон, масоҳаташ 288,9 км.кв2.Маркази ноҳия шаҳри Конибодом аст. Масофа аз шаҳри Конибодом то Хуҷанд - 80 км,

то Душанбе 382 км. аст.

Ноҳияи Ғафуров

Ноҳияи Ғафуров — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2016 355 000 нафар мебошад, асосан тоҷикон ва узбекон дар ноҳия истиқомат мекунанд. Паҳновари ноҳия 2651,7 км² аст, ки 4,1% майдони умумии вилоятро ташкил медиҳад.

Маркази ноҳия шаҳри Ғафуров аст, ки 26 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масофа: аз Ғафуров то Душанбе 326 км роҳ аст.

Панҷакент

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Патриша Неал

Патриша Неал (англисӣ: Patricia Neal) (20 январ, 1926 — 8 август, 2010) — ҳунарпешаи аҳли Англия аст. Дар 1963 ҷоизаи Оскар гирифт.

Паҳлавӣ (мазмунҳо)

Мазмунҳо:

Хати паҳлавӣ — хати паҳлавӣ дар даврони ҳукуматдории Сосониён

форсии миёна ё забони паҳлавӣ

Сулолаи Паҳлавӣ - сулолаи шоҳаншоҳии ҳукмрони Ирон аз соли 1926 то 1979 милодӣ. Дар натиҷаи Инқилоби исломӣ дар соли 1979 аз тахт ронда мешаванд.

Револд Бурҳонов

Револд Бурҳонов – сароянда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974).

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997).

Феликс Тошмуҳаммадов

Феликс Тошмуҳаммадов – режиссёри (коргардони) Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1957).

Шаҳраки Шарора

Шарора (шаҳрак) (Ҷамоати шаҳраки Шарора) - Ҷамоати шаҳраки Шарора дар ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст.

Бо қарори ШО ҶТ 2 майи соли 1993 аз Ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор ҷудо карда шудааст. Аҳолиаш 13116 нафар. Дар масофаи 12 км аз маркази ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст. Ҷамоати шаҳрак аз ғарб бо Ҷамоати Ҳисор, аз шимол бо Ҷамоати Дурбат, аз шарқ бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Маҳаллае, ки ҳоло шаҳраки Шарора ҷойгир аст, дар гузашта «Кӯли Мирӣ» ном доштааст. Дар ҷойе, ки ҳоло биноҳои шаҳрак қомат афрохтаанд, Соли 1938 заводи хачирпарварӣ бунёд карда буданд. Аз ҳамон солҳо ин мавзеъро «Мулзавод» меномиданд. Солҳои 60-80 асри XX дар ин маҳал якчанд институтҳои илмӣ- тадқиқотӣ амал мекарданд. Соли 1926 ба мавзеи лаби «Кӯли Мир»-и шаҳрак аз Россия, Украина, Тотористон, Белоруссия, минтақаҳои пахтакори Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо имтиёзҳои зиёд муҳоҷиронро оварда буданд. Баъд аз заминларзаи Ҳоит (1949) ба шаҳрак қирғизҳоро муҳоҷир намудаанд. Ба шаҳрак аз Водии Рашт, Хатлон, Бадахшону Яғноб, Fозималику Обигарм ва гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ муҳоҷир шуда омадаанд. Дар тобеи Ҷамоати шаҳрак 272 га заминҳои обӣ, 85 га заминҳои лалмӣ ва 349 га чарогоҳи чорво мавҷуд аст. Дар қаламрави он хоҷагии таълимию истеҳсолии «Зироаткорӣ», Институти илмию тадқиқотии «Зироаткорӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,

Пажӯҳишгоҳи Астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва 6 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Маркази зилзила (23 январи соли 1989) дар ҳудуди шаҳраки Шарора буд ва 226 нафар ғафлатшаҳид шуданд. Дар ҳудуди шаҳрак 2420 хоҷагӣ, 12521 нафар аҳолӣ, як деҳа – Сафобахш (Ҷарак), 18 маҳалла, 62 кӯча мавҷуд аст. Дар шаҳрак мактаби миёна, 3 мактаби

асосӣ, муассисаи томактабӣ, 16 масҷид, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 3 китобхона, осорхонаи тахрихию кишваршиносӣ, 3 бозор, бонк, терминали мусофиркаш, 14 ташкилоту муассиса, 2 нуқтаи гуфтугӯи телефонӣ, 4 нуқтаи хизматрасонии техникӣ, 21 нуқтаи савдо, 3 ошхона фаъолият доранд.

Энсиклопедияи калони советӣ

Энсиклопедияи Калони Советӣ (русӣ: Большая Советская Энциклопедия; БСЭ) — нахустин донишномаи умумӣ ва марксистӣ-ленинӣ, ки дар СССР ба забони русӣ нашр карда шудааст. Аз соли 1926 (ҷилди якуми нашри аввали он) то соли 1990 (охирин солнома) дар нашриёти «Советская энциклопедия» (ҳозира — нашриёти «Большая Российская энциклопедия») ба нашр расидааст.

Се интишори Энсиклопедияи Калони Советӣ :

нашри аввал (1926-1947) дарбаргирандаи 65 ҷилд ва ҷилди иловагӣ «СССР», бе рақам;

нашри дуюм (1949-1958) дарбаргирандаи 49 ҷилд, ҷилди 50 «СССР», ҷилдҳои иловагӣ 51 ва 52 «Алфавитный указатель» дар ду китоб (1960);

нашри сеюм (1969-1978) дарбаргирандаи 30 ҷилд (чопи ҷилди 24 дар ду китоб: дуюм, китоби иловагӣ — «СССР») ва ҷилди иловагӣ «Алфавитный именной указатель» бе рақам (1981).

Ҳюго Банзер

Ҳюго Банзер (испанӣ: Hugo Banzer Suárez; АФБ: []) (10 май, 1926 — 5 май, 2002) пешсафони боливарӣ буд. Вай яке аз пешсафони Боливия дар давраи Ҷaнги Сард буд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.