Соли 1809

Соли 1809

Садаҳо: Садаи 18 (мелодӣ) - Садаи 19 (мелодӣ) - Садаи 20 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1770 (мелодӣ)   Даҳаи 1780 (мелодӣ)   Даҳаи 1790 (мелодӣ)   -
Даҳаи 1800 (мелодӣ) -  Даҳаи 1810 (мелодӣ)  Даҳаи 1820 (мелодӣ)  Даҳаи 1830 (мелодӣ)
Солҳо: 1806 1807 1808 - 1809 - 1810 1811 1812

Таваллуд

Абдулқаҳҳор ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ

Абдулқаҳҳо́р ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи аввали асри 19).

Абраҳам Линколн

Абраҳам Линколн (англ. Abraham Lincoln [ˈeɪbrəhæm ˈlɪŋkən]) (12 феврали соли 1809, Хоҷенвилл иёлати Кентуккӣ, — 15 апрели соли 1865, Вашингтон) — ходими давлатии Амрико, 16-ум президенти ИМА (1861-1865) ва аввалин аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, озодгари бардаҳои Амрико, қаҳрамони миллии халқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Ба феҳристи 100 шахсияти аз ҳама беш омӯхта дар таърих дохил гардидааст.

Австрия

Утриш ё Австрия (олмонӣ: Österreich [ˈøːstɐˌʁaɪç] (гӯш кардан )), Ҷумҳурии Утриш (олмонӣ: Österreich Österreichische Republik) — давлат дар Аврупои Марказӣ. Узви Иттиҳоди Аврупо (аз с. 1995). Бо Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон, Словения, Италия, Швейтсария ва Лихтенштейн ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 83858 км2. Аҳолиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — шаҳри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии мустақил: Бургенланд, Утриши Болоӣ, Утриши Поёнӣ, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ (1955) дар бораи бетарафии доимӣ — Иди миллии Ҷумҳурии Утриш. Воҳиди пулӣ — евро (то соли 2001 — шиллинги утришӣ).

Аланд

Алнд, Аҳвенанмаа (шведӣ Ǻland, финнӣ Ahvenanmaa) — галаҷазира дар қисми ҷанубии халиҷи Ботникаи Баҳри Балтика.

Бермуда

Бермуда (англ. Bermuda), ҷазираҳои Бермуда — гурӯҳи ҷазираҳои марҷонӣ (қариб 300 ҳазор) дар Уқёнуси Атлантик, 917 км дуртар аз қитъаи Амрикои Шимолӣ.

Дар шимол аз димоғаи Гаттераси иёлати Каролинаи Шимолӣ тӯл кашидааст. Аз соли 1684 мустамликаи Британияи Кабир. Масоҳаташ 53,3 км². Аҳолиаш 68,3 ҳазор нафар (2010). Маркази маъмуриаш — шаҳри Ҳамилтон. Забони расмӣ — англисӣ. Ҷашни миллӣ: Рӯзи Бермуда — 24 май. Воҳиди пулӣ — доллари Бермуда, ҳамқурби доллари ИМА.

Волтер

Волтер (фр. Voltaire; 21 ноябри 1694, Порис, Фаронса — 30 майи 1778, ҳамонҷо; ном дар хурдӣ Франсуа́-Мари́ Аруэ́, фр. François Marie Arouet) — файласуф, нависанда, публисист ва таърихнигори фаронсавӣ, узви Академияи Фаронса (1746), АИ Пруссия (1750), узви ифтихории АИ Петербург (1746).

Николай Абраҳам Абилдгаард

Николай Абраҳам Абилдгаард (даниягӣ: Nikolaj Abraham Abildgaard) (1744 — 1809) рассом ва санъаткори даниягӣ аст.

Николай Гогол

Никола́й Васи́левич Го́гол (русӣ: Николай Васильевич Гоголь; (фамилия ҳангоми таваллуд Яно́вский, аз соли 1821 — Го́гол-Яно́вский; 1 апрели 1809, деҳаи Великие Сорочини уезди Миргороди, вилояти Полтава — 6 марти 1852, Маскав) — драматург, шоир, мунаққид, публисист ва нависандаи рус.

Оливер Уендел Ҳолмс, Калонӣ

Оливер Уендел Ҳолмс нависандаи бузурги ИМА.

Томас Пейн

Томас Пейн - нависанда, сиёсатмадор ва файласуф.

Уиллиам Еуарт Гладстон

Уиллиам Еуарт Гладстон (англисӣ: William Ewart Gladstone) дар солҳои 15 август, 1892 — 2 март, 1894 наxуствазири Подшоҳии Муттаҳида буд. Вай аз ҳизби либерал буд.

Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен

Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен (9(20).9. 1978–13(25)1.1852) — баҳрнаварди рус, адмирал (1843). Аз авлоди баронҳои Лифлянд. Хатмкардаи корпуси кадетии баҳрӣ (1797). Солҳои 1803–06 бо киштии «Надежда» таҳти роҳбарии И. Ф. Крузенштерн дар сайёҳати аввалини ҷаҳонии рус иштирок кардааст. Соли 1809 фармондеҳи корвети (киштии ҳарбӣ) Флоти Балтика буд. Соли 1810 дар Баҳри Сиёҳ таҳқиқоти гидрографӣ бурдааст. Солҳои 1819–21 экспедитсияи гирдиҷаҳониро дар киштиҳои «Восток» ва «Мирний», ки ба Антарктида бо мақсади ҳарчи бештар наздик шудан бо қутби Ҷанубӣ ва кашфи ҷаз-ҳои нав равон шуда буд, роҳбарӣ намуд. Соли 1819 дар қисми антарктикии Уқёнуси Атлантик ва Уқёнуси Ором якчанд ҷаз. ва 16 (28) январи 1820 Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819 — 1921) бо роҳбарии Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев, ки Антарктидаро кашф намуда, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Ширкаткунандаи ҷанги Россияю Туркия (1828–1929) буда, дар муҳосира ва ба даст овардани қалъаи Варна корнамоӣ нишон додааст. Соли 1830 сардори дивизияи 2-юми Флоти Балтика, с. 1839 губернатори ҳарбии Кронштадт ва сарфармондеҳи бандари ҳамном буд. Хотираҳои баҳрнавардии худро дар китоби «Таҳқиқи дукарата дар Уқёнуси Яхбастаи Ҷанубӣ ва баҳрпайҶентиле моӣ (шиноварӣ) дар гирди ҷаҳон» (1960) гирд овардааст. Як баҳр дар Антарктида, ҷаз-ҳо дар Уқёнуси Ором ва Атлантика (галаҷазираҳои Туамоту) ба номи Беллинсгаузен гузошта шудаанд. Дар Антарктида 2 пойгоҳи тадқиқоти илмии ИҶШС ба шарафи киштиҳои экспедитсионии Беллинсгаузен ва Лазарев – «Восток» ва «Мирний» номида шудаанд.

Чарлз Дарвин

Чарлз Ро́берт Да́рвин (англ. Charles Robert Darwin (tʃɑrlz 'dɑː.wɪn); 12 феврали 1809, Шрусбери — 19 апрели 1882, Даун, наздикии Лондон) — табиатшиноси англис, асосгузори таълимоти таҳаввулӣ дар бораи пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ, доктори ифтихории донишгоҳҳои Бонн, Беслав, Лейден, аъзои Академияҳои илмҳои Петербург, Берлин ва Париж.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.