Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Логотипи нашриёти «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»
Мамлакат

 СССР,  Тоҷикистон

Таъсисёбӣ

1968

Нишонӣ

хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон

Сармуҳаррир

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Рамзи КДН СССР

505

Пешванди ISBN

978-99947-33


Веб-сайт: www.donishnoma.tj

Таърих

То соли 1991 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Дар назди Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон соли 1968 таъсис ёфта, ба таркиби Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб дохил карда шуд (соли 1974). Самтҳои асосии фаъолияти сарредаксияи илмӣ аз омода сохтан, таҳрир ва интишори энсиклопедияҳои умумӣ, соҳавӣ, фарҳангҳои тафсирӣ, луғатҳо, маълумотномаҳои энсиклопедӣ ва ғайра иборат аст.

Редаксияҳо

Дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик редаксияҳои зерин мавҷуданд:

  • Таърих
  • Фалсафа, дин ва ҳуқуқ
  • Адабиёт, забон ва фолклор
  • Фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризм
  • География, геология ва петрография, геодезия, сейсмология
  • Тиб, биология ва химия
  • Астрономия, физика, математика ва техника
  • Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ
  • Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ
  • Харита, тасвирот, саҳифабандӣ ва комплектатсия

Интишорот

Дар тӯли фаъолияти худ сарредаксияи илмӣ асарҳои зиёдеро, аз қабили Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ; дар 8 ҷилд, 1978–88), энсиклопедияи «Таджикская ССР» (1974, 1984). «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (дар 3 ҷилд, 1988, 1989, 2004), «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (дар 2 ҷилд, 1989, 1991), энсиклопедияи «Хуҷанд» (1999, ба забони русӣ), энсиклопедияи «Душанбе» (2004, ба забони русӣ), «Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), маълумотномаи энсиклопедии «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1987), «Ленинномаи тоҷик» (1990, ба забони русӣ), «Ҳазору як корнома» (маълумотномаи энсиклопедӣ оид ба ширкатдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон; 3 ҷилдаш ба табъ расидааст), «Энсиклопедия персидско-таджикской прозы» (1986), «Фарҳанги тиббӣ» (дар 5 ҷилд), «ал-Қонун»-и Абуалӣ ибни Сино (бори аввал ба забони тоҷикӣ, дар 5 китоб), «Китоби хотира» (2005, дар бораи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз собиқ вилояти Сталинобод), «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (4 ҷилд, 2011, 2013, 2014, 2016), «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» (2013) ва ғайра интишор кардааст.

Сармуҳаррирони сарредаксия

Сармуҳаррири илмии сарредаксияи илмӣ: Муҳаммад Осимӣ (Осимов: 1968–88). Сармуҳаррирони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: Атахон Сайфуллоев (1975–85), Мусо Диноршоев (1986–88), Ҷ. Азизқулов (1988–96), А. Қ. Қурбонов (1996–2012), Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (аз соли 2012).

Пайвандҳо

  • donishnoma.tj — сайти расмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (тоҷ.)

Сарчашма

Баҳористон (собиқ Қалошӣ)

Қалошӣ (Баҳористон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 25 км. Аҳолиаш 152 нафар (2010), тоҷикон. Аз 22 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби ибтидоӣ, 2 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳои корам лалмӣ буда, заминҳои наздиҳавлигӣ қисман аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Гулафшон

Гулафшон (пештара Ҳайтак ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 22 км. Аҳолиаш 346 нафар (2010), тоҷикон. Аз 37 хочагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаб, мағозаи хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо обёрӣ мешаванд.

Имом

Имом (ар. إمام‎ - пешдаро) — пешдаро дар на­мози ҷамоат.

Кӯлобиён

Кӯлобиён — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 497 нафар (2010), тоҷикон. Аз 66 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, 79 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, фабрикаи хусусии мурғпарварии «Оби сафед», фермаи чорводорӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаи Оби сафед ва дигар чашмахо обёрӣ мешаванд.

Мискинобод

Мискинобод — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 27 км. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ аст. Аҳолиаш 1120 нафар (2010), тоҷикон. Аз 130 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, ошхона, хонаи фарҳанг, 3 бозор дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Дашти Марзо ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муаззин

Муаззин (ар. مؤذن‎, талаффуз ҳамчун «муъаззин» - азонгӯй) — дар ислом ходими масҷид, шахсе, ки аз манораи масҷид азон гуфта, эътиқодмандонро ба намоз даъват мекунад.

Муминобод

Муминобод — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 1762 нафар (2010), тоҷикон. Аз 173 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, 40 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 мағоза, 1 чойхона ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (форсӣ: ناحیه عبدالرحمان جامی ‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 682 км2. Марказаш — шаҳраки Ҷомӣ.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, ҳамчунин маъруф бо исми мустаори Ибни Қурбон; тав. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб) — муаррихи тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Саричинор

Саричинор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 806 нафар (2010), тоҷикон. Аз 96 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, 3 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Хамисеб

Хамисеб — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 397 нафар (2010), тоҷикон. Аз 98 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби № 7, 4 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 2 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Хуросон (деҳа, н. Файзобод)

Қулобод (ҳозира Хуросон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 13 км. Аҳолиаш 416 нафар (2010), тоҷикон. Аз 52 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Меҳробод обёрӣ мешаванд.

Шахтакиён

ШАҲТАКИЁН — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 602 нафар (2010), тоҷикон. Аз 76 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, магозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 42 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ба воситаи канали Гумбулоқ обёрӣ мешаванд.

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.

Энсиклопедияи насри форсу тоҷик

Энсиклопедияи насри тоҷику форс («Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома»). - Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. - 404 c.

Яккабед

ЯККАБЕД — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 856 нафар (2010), тоҷикон. Аз 105 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, 2 мағозаи хусусӣ, хонаи саломатӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо обёрӣ мешаванд.

Ғуломдавлат

ҒУЛОМДАВЛАТ — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 14,5 км. Аҳолиаш 1413 нафар (2010), тоҷикон. Аз 53 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот, 46 хоҷагии деҳқонӣ, фермаи чорводорӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Қасамдара

Қасамдара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 23 км. Аҳолиаш 334 нафар (2010), тоҷикон. Аз 49 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа магозаи хусусӣ, дӯконҳои хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хочагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Ҳаймаҳмадӣ

Ҳаймаҳмадӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони (номи пештарааш Қарабулоқ) ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳияи 17 км. Аҳолиаш 1302 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти таҳсилоти миёнаи умумӣ, мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи саломатӣ, корхонаи хурди коркарди меваи «Гулоб» фаъолият доранд. Аҳолии деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.