Подшоҳӣ

Подшоҳӣ ё Салтанат (ба англ. Monarchy) шакле аст аз низоми ҳокимиятӣ, ки дар он фарде ба унвони раиси кишвар ба номи подшоҳ ё малика дорад. Ин унвон маънои хоси намодӣ дорад. Ҳегел Эронзаминро нахуст давлати шоҳаншоҳи меномид.[1]

Monarchies of the world
Кишварҳое ки гунаҳои аз низоми подшоҳӣ дар онҳо барқарор аст.

Манбаъ

<references>

  1. Аз Википедиаи порсӣ مشارکت‌کنندگان ویکی‌پدیا. «پادشاهی». ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد. ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد، ۳۰ ژوئیه. ۲۰۱۳. وب. ۳۱ ژانویه. ۲۰۱۴.
Давлати Шоҳаншоҳии Ирон

Сулолаи Паҳлавӣ охирин сулолаи подшоҳӣ (1304 то 1357 хуршедӣ, 1926 то 1979 милодӣ) пас аз вайроншавии сулолаи Қоҷор ҳукмронии Эрон аст . Охири ин сулола ба Инқилоби Эрон, ки пас аз ду 2500 солӣ шоҳӣ фурӯ рафт ва Ҷумҳурии Исломӣ гардид, рост меояд .

Поягузори ин сулола Ризо Шоҳ буд, ки писараш Муҳаммад Реза Паҳлавонӣ ӯро пас аз он, ки баъд аз ишғол кардани Эрон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ронда шуд, иваз кард . Ин ду кас танҳо подшоҳони ин сулола дар Эрон буданд, ки тӯли панҷоҳ сол дар Эрон ҳукмронӣ мекарданд.

Империяи Русия

Империяи Русия (русӣ: Росси́йская импе́рия; низ Всеросси́йская импе́рия, Росси́я), Русияи подшоҳӣ — ҳукумати қудратманд ки аз 22 октябр (2 ноябр)-и соли 1721 то сарнагунии он Инқилоби Феврал, ба муддати 186 сол бар бахшҳои азиме аз Аврупо, Осиё ва Амрико ҳукумат ронд. Пойтахти империя — шаҳри Санкт-Петербург. Забони расмӣ — русӣ, воҳиди пул — рубл

Истаравшан

Истаравшан (форсӣ: استروشن‎) — маркази ноҳияи Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан аз рӯи шумораи аҳолӣ 59 900 (2015) дуюмин шаҳри тобеи вилояти Суғд мебошад. Масофаи байни Истаравшан ва маркази вилоят Хуҷанд 78 км ташкил медиҳад. 10 ноябри соли 2000 номгузурии туркзабонаи шаҳри Ӯротеппа дар асоси қарори Маҷлиси Миллии ҶТ ба номи қадимаи он, Истаравшан иваз карда шудааст.

Кайхусрав

Кайхусрав (Хатти ниёгон: کیخسرو) - шоҳест аз сулолаи Каёниён.

Мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҷойи бобои

худ Кайковус ҳангоми зинда будани вай ба тахти

подшоҳӣ соҳиб гардид. Дар Авесто («Яштҳо») ҳамчун

шоҳу паҳлавони номдоре дар даҳ маврид аз зиндагиву

аъмоли ӯ ёд карда мешавад. Мувофиқи ривоятҳои

зардуштия Кайхусрав намиранда ва ҷовид буд. Гӯё аз ҳамин

сабаб Кайхусрав бо марги худ аз байн нарафт. Бо чанде аз

паҳлавонони Эрон ба кӯҳе равона гардид ва дар он

ҷо ба ғоре даромада, беному нишон нопадид шуд.

Паҳлавононе, ки бо ӯ ҳамроҳ буданд, рӯзи дуюм пас

аз ин воқеа зери барф монданд. Дар бораи Кайхусрав мисли

дигар намояндагони Каёниён қиссаву ривоят ва

асотир бисёранд

Конибодом

Конибодом — шаҳр дар ҳайати вилояти Суғд. Номгузории шаҳр аз бодом — (форсӣ: بادام‎) яъне кони бодом ба вуҷуд омадааст (дар гузашта "Канди бодом" низ мегуфтаанд). Аз самти Шимоли Конибодом обанбори Қайроққум ҷойгир аст, аз самти Ҷануб шаҳри Исфара, аз Шарқ Ҷумҳурии Узбакистон вилояти Фарғона ва аз Ғарб дар мобайн шаҳри Ғафуров ҷойгир аст.

Конибодом аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ баъд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар вилояти Суғд дар ҷойи сеюм меистад. Аҳолии Конибодом 50400 нафар (соли 2016) мебошад. Аз маркази ноҳия Канали калони Фарғона гузаштааст, ки аҳолии ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии онро бо об таъмин мекунад. Асоси қувваи кории аҳолиро зиёиён ва деҳқонҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия якчанд хоҷагиҳои калон ба монанди Энаҷон Бойматова, "ҶС Ирам", "ҶС Асор", ва ғайра фаъолият мекунанд.

Лаҳистон

Полша ё Лаҳистон - яке аз кишварҳои Аврупо аст.

Монархияи конститутсионӣ

Монархияи конститутсионӣ, подшоҳии машрута — навъе аз ҳукумати подшоҳӣ, ки дар он (бар хилофи подшоҳии муталлақа) қудрати подшоҳ мутлақ нест (балки «машрут» аст). Ҳукумати салтанатии машрута дорои қонуни асосӣ буда ва барои идораи кишвар ниҳоди интихобӣ (монанди маҷлисҳои авом ё хавос) дорад.

Нейпйидо

Нейпйидо (бирм. ; MLCTS: ne.prany. dau mrui. — лафзан «кишвари подшоҳӣ») — пойтахти Миёнмор.

Ноҳияи шоҳонаи Кенсингтон ва Челси

Ноҳияи шоҳонаи Кенсингтон ва Челси (англ. Royal Borough of Kensington and Chelsea, произношение ) — маркази маъмурӣ-ҳудудӣ ба мақоми «сити», яке аз ҷузъи маъмурии Лондон дар сатҳи ноҳиявӣ аст, ки дар маркази кишвар Лондони Бузург воқеъ аст. Иловаи «Royal Borough (Ноҳияи шоҳӣ)» аз он далолат медиҳад, ки ноҳияи Кенсингтон дар гузашта мулки подшоҳӣ буд.

Подшоҳии Бохтари қадим

Подшоҳии Бохтари қадим — номгузории Бохтари қадим дар Авесто ҳамчун кишвари «бо парчамҳои барафрӯхта», яке аз кишварҳои Ориёи ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти Давлати Каёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII пеш аз мелод ахбори таърихнависони Юнони Қадим гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.

Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумотҳои дигар низ мавҷуданд. Мувофиқи ахбори муаррихи юнонӣ Ктесий лашкари сершумор ва пурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд.Подшоҳии Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои томилодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштаастЗабони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.

Сент-Китс ва Невис

Федерасиюни Сент-Китс ва Невис (ба англ. Saint Kitts (Christopher) & Nevis Federation of) - кишварест ҷазираи дар дарёи Кариб, ғарби Антигуа ва Барбуда ва шарқи ҷазоири Вирҷини Амрико ва бо ҷамъияти ҳудуди 52,000 нафар. Пойтахти он Бастер аст. Ҳукумати он подшоҳӣ ва забон расмии он инглисӣ аст. Номи он то соли 1986 Сент Кристофер ва Невис буд.

Сулола

Сулола (Хонадон) - намояндагони авлод (қавм), ки дар муддати муайян сарварии қабила, давлат ва дигар намуди иттиҳодияҳои давлатиро иҷро менамоянд. Дар давлатдории подшоҳӣ одатан намояндагони як авлод (қавм) вазифаи сарварии давлатро ҳамчун мерос ба насли навбатӣ (аз насл ба насл) вомегузоштанд.

Сураи Ал Мулк

Сураи Ал Мулк (араб. سورة الملك — Подшоҳӣ, Фармонравоӣ, Давлат) — шасту ҳафтум сураи Қуръон.

Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 30 оят аст.

Фут (тул)

Фут (аз англ. foot) — ченаки масофа (дарозӣ) дар тартиби ченакҳои англисӣ.

Хуҷанд

Хуҷанд (аз суғ. kwc'nth (xučant(a) > Xuǰand), форсӣ: خجند‎, собиқ Ленинобод) маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад.

Шоҳигарии Бутан

Бутан (дзонг-кэ འབྲུག་ཡུལ་, вайли ʼbrug-yul) расман Шоҳигарии Бутан — кишвари кӯҳсорест дар Осиёи Ҷанубӣ дар Ҳимолой, миёни Ҳиндустон ва Чин ҷойгир аст. Пойтахташ - шаҳри Тҳимфу. Номи ин кишварро шаҳрвандони ин кишвар Друк Юл ва ё Друк Тсенден — яъне кишвари «Аждаҳои Барқафкан» меноманд.

Бутан ҳамчунин номи таърихии қаламрави ҳамсоя дар Ҳиндустон дар штати Бенгалияи Ғарбӣ бо маркази Калимпанг машҳур аст. Ин қаламрав ҳангоми муноқишаҳо дар асри XIX аз тарафи англисҳо пора карда шуд. Бино ба яке аз маълумотҳо Бутан аз калимаи Бҳу-Уттан ки дар тарҷума аз санскритӣ маънояш баландкӯҳ ва ё кишвари куҳансор аст. Аз дигар тараф бошад, яъне аз Бҳотс-Ант ки маънояш канори Тибет ва ё Ҷануби Тибет аст.

Шоҳигарии Бутан аз шимол бо Чин, аз ғарб – бо штати Ҳинд Сикким (то соли 1975 собиқ шоҳигарии мустақил), аз шарқ – бо штати Аруначал-Прадеш, аз ҷануб – бо штати Ассам (дар ҳамоне, ки ҷанги шаҳрвандии дарозмуддат гузашта буд) ва аз ҷанубу-ғарбӣ бошад – бо Бенгалияи Ғарбӣ ҳамсарҳад мебошад.

Эрон

Эрон (порсӣ: ایران ) — кишваре форсизабон дар ҷануби ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна.

Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2016 дар ин кишвар 80 629 882 тан бошанда буда ва ҳарсола зиёда аз 1 млн. тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.

Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ (Курдистон) марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Баҳри Каспий ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.

Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, Вилояти фақиҳ аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. Ислом дини расмӣ ва ташаюъ мазҳаби расмӣ ва форсӣ забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае кӯҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Эрон аз барои ҷой гирифтан дар минтақаи миёнии Авросиё ҷойгоҳе роҳбурдӣ дорад. Ин кишвар аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Конфаронси Исломӣ, ОПЕК ва ЭКО аст. Эрон қудрате минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиё аст ва аз барои доштани санъати нафт, санъати кимиёнафтӣ ва гази табиӣ ҷойгоҳи муҳимеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои худ ба даст овардааст.

Ҳоланд

Нидерланд (Подшоҳии Нидерланд) (нидерландӣ.. Nederland) — кишваре, ки аз ду қисм иборат аст, яке Аврупои Ғарбӣ ва ҷазираҳои Бонайре, Синт-Эстатиус ва Саба дар баҳри Кариб (инчунин Нидерландҳои Кариб ҳам меноманд). Дар Аврупои Ғарбӣ сарзамини Нидерланд дар соҳили Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст (дарозии хати соҳил — 451 км), бо Олмон (577 км) ва Белгия (450 км). Якҷоя бо ҷазираҳои Аруба, Кюрасао ва Синт-Мартен, ки мақоми маъмурии махсус дорад (худидоракунии давлатӣ), Нидерланд ба Подшоҳии Нидерланд дохил ҳастанд. (нидерландӣ.Koninkrijk der Nederlanden). Муомилаи байни воҳидҳои маъмурии подшоҳӣ ба воситаи Хартияи Подшоҳии Нидерланд танзим мешавад, ки он соли 1954 қабул шудааст.

Ҷамшед

Ҷамшед — (дар Авесто Йима ба маънии «ҳамзот»), номи яке аз фармонравоёни ҳамзамони Зардушт аст.

Ҷамшед ё Ҷам — як шоҳи асотирии ҳиндуэронист. Вай дар асл аввалин башар ва аввалин шахси фанопазир ва шоҳи сарзамини мурдагон (ҷаҳони фонӣ ва заминӣ) буд. Дар достони Ҷам дар густураи садаҳои пеш аз таърих дигаргуниҳое падид омадааст, ки мунҷар ба пайдо шудани достони подшоҳӣ ҳамроҳ бо иқтидори вай бар замин шудааст, чунонки дар замони подшоҳии вай мардум аз газанди пириву марг барканор ва ҳамвора ҷавон буданд.Номи Ҷамшед дар Авесто Йима омада, ба таври гуногун маънидод шудааст. Мувофиқи Яснои 30 банди 3-4 ин ном Йема дугона ҳамзот тарҷума карда мешавад. Йима - подшоҳест, ки зоҳиран, дар давраи зиндагии муштараки ҳиндуориёоиҳо шаҳриёрӣ кардааст. Ддар Ведохо Йима худованди дузах буда дар назди бараҳмонон бошад, Яма ва хоҳараш Ями – одамони нахустин шуморида шудаанд.

Ҷамшед бузургтарин подшоҳ аст, ки лифоҳу саодати мардумро бартар аз ҳарчиз дониста, ба онҳо роҳу равиши зиндагӣ омухт ва барои онҳо ҷомеаи одилона барпо кард. Аз ин ҷихат вай дар "Авесто" соҳиби лақабу унвонҳои ифтихоромез мебошад.

Фаргарди дуюми Вандидод дар бораи ин подлшоҳи маъруфи ориёи маълумоти мавчуте медихад. Ҷолиб аст, ки дар ин бахши Авесто як силсила шабохиде нухуфта аст,ки дар бахшхои дигари китоби мукаддас дида намешавад. Аввалин , дар он ходисае, ки дар Космологияи исломӣ ва насронӣ, ба номи «Туфони Нӯҳ» маъруф аст ва дар асоси мифологияи зардушти марбут ба Ҷамшед мебошад, тасвир гардидааст. Ҷамшед дар «Шоҳнома» омадааст.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.