Осиёи Миёна

Осиёи Миёна баxше аз қитъаи Осиё аст, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, ва Қазоқистон ро дар бар мегирад.

Осиёи Марказӣ - истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрўзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истифода бурда мешавад ва ҷамъи аҳолии ин минтақа 60 млн нафар мебошад. Мардуми бумии ин минтақа узбакҳо - 13 миллион, қазоқ - 17 млн, тоҷикон - 47 млн ва инчунин қирғизу туркман 5 миллионӣ зиндагӣ мекунанд. Аксари кулли аҳолии Осиёи Марказӣро тоҷикон ташкил медиҳанд. Асосан аҳолии муқимии Осиёи Миёна мусулмонон, пайравони аҳли суннат буда пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Тақрибан, 3 миллион шиъа ( аз ҷумла,тоҷикони помирӣ, пайрави шиъаи исмоилӣ) дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Дар маънои васеи калима инчунин Эрон ва Покистон дар назар дошта мешавад.[1].

Central Asia borders

Манбаъ

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷикон. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
Авесто

Авесто - Авасто, Абасто, китоби муқаддаси Зардуштия, бо забони авестоӣ навишта шудааст, қадимтарин асари адабиёти форс-тоҷик - ойини халқҳои эронинажоди қадим.

Авесто - яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халқи тоҷик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифоҳӣ аз ҷониби мубадони зардуштӣ аз даҳон ба даҳон мегузашт. Забони авестоӣ аз қадимтарин ва муҳимтарин забонҳои қадими эронӣ ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эҷод гардидани Авесто онро забони авестоӣ меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод) таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он таҳрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳи ҷой дода буд. Он вақт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб ҷудо мешуд. Искандари Мақдунӣ соли 331-и қабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онро Искандари Мақдунӣ ба ватани худ бурда, матнашро ба юнонӣ тарҷума намуд.

Ниҳоят, дар охирҳои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) таҳрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарҳу тафсир номида шуд. Пеш аз ин дар асри IV барои сабти Авесто дар асоси хати оромӣ хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестоӣ номида мешуд. Он 44 ҳарф ва 3 шакли ду харфи чуфтовоз ва монанди хати арабӣ аз рост ба чап навишта мешуд. Ба ҳамин тариқ, Авесто дар тули қариб як ҳазору дусад сол чандин бор таҳрир хурда, суфта гардида, тағйирпазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираро гирифтааст.Тарзи навишту талаффузи Авесто дар асли паҳлавии он Апастак буда, маънояш асос ва матн мебошад. Ин китоби муқаддас маҷмуаи асотир, матнҳои дини мазҳабӣ ва масъалаҳои илму ахлоқ ва фалсафа буда, ба арзиши бузурги динӣ, адабӣ ва фалсафӣ молик аст.

Авесто бар замми усули дин ва аҳкоми ойини зардуштӣ, русуму воҷиботи он дуову ниёишҳо, руйдодҳои таърихиро низ фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат он ба қурби беҳамтои таърихӣ низ соҳиб аст.

Тамоми Авесто бо шеъри ҳиҷоӣ эҷод гардида, ҳар мисраъ аз панҷ то понздаҳ ҳиҷо буда, ағлаби фикрахо аз бандҳои 3-5 сатрӣ таркиб ёфтаанд, ки аксари ин сатрҳо аз 10-11 ҳиҷо иборатанд. Унсурҳои қофия низ дар он шеърхо ба назар мерасанд. Аммо санъатҳои шоирони бадеӣ, хусусан, тазод он ҷо зиёд аст.

Бухоро

Бухоро — яке аз шаҳрҳои қадим дар Ӯзбакистон буда, таърихи зиёда 2500-сола дорад. Аксари мардуми ш. Бухоро пайрави дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Тақрибан дар асрҳои V—IV пеш аз милод номи ин шаҳр «Бухо» «Буғо» ҳисоб меёфт.

Дар асрҳои IV—V ба ҳайати хонигарии Боғдар ин шаҳр дохил мешуд. Арабҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда, ин шаҳрро ба ҳайати худ дохил мекунанд.

Давлати Селевкиён

Селевкиён — сулолаи шоҳони юнонӣ, ки баъд аз Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Миёна ҳукумронӣ намудаанд.

Давлати Сомониён

Давлати Сомониён (форсӣ: سامانیان‎; 819—999) — аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон. Ҳукмронии сулолаи Сомониён солҳои 819—999 дар бар мегирад.

Забони ӯзбекӣ

Забони узбекӣ (Oʻzbekcha / Oʻzbek tili / Ўзбекча / Ўзбек тили / ئۇزبېك تیلى / ئوزبېچه) — яке аз забонҳои туркӣ мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ҳамчунин забони расмии баъзе вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Забони ӯзбекӣ — яке аз бузургтарин забонҳои туркӣ мебошад. Гӯяндаҳои забони узбекӣ дар ҷаҳон тақрибан 30 миллион ҳастанд. Дар ин забон асосан дар кишварҳои Ӯзбекистон (тақрибан 25 миллион мардум), Тоҷикистон (тақрибан 1,5 миллион мардум), Афғонистон (беш аз 2,5 миллион мардум), Қирғизистон (беш аз 850 000 мардум), Қазоқистон (беш аз 550 000 мардум) ва Туркманистон (беш аз 500 000 мардум) гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин, дар кишварҳои Русия, Туркия, Чин, Покистон, ИМА ва дигар кишварҳо (масалан дар кишварҳои Оврупо) ҳам мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ мекунанд. Забони ӯзбекӣ — забони маъмултарин дар Осиёи Миёна мебошад.

Яке аз забонҳои туркӣ, дар гурӯҳӣ қарлуқии забонҳои туркӣ доҳил аст. Дар Ӯзбекистон барои забони ӯзбекӣ расман алифбои лотинӣ истифода мешавад, ва ҳамчунин алифбои кирилликӣ ҳам хуб истифода мешавад. Барои забони ӯзбекӣ, мардуми ӯзбекзабон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон асосан алифбои кирилликӣ истифода мебаранд. Дар ин кишварҳои ҳамсоя, барои забони ӯзбекӣ, асосан авлоди ҷавон ҳамчунин алифбои лотинӣ ҳам истифода мебарад. Дар Афғонистон, Покистон, Чин ва дигар кишварҳо (масалан дар Эрон ва кишварҳои Араб) ӯзбекзабонон алифбои арабӣ ва ё алифбои форсӣ истифода мекунанд.

Дар забони ӯзбекӣ асосан чор гурӯҳи лаҳҷаҳо мавҷуд аст: лаҳҷаҳои ӯзбекии шимолӣ, лаҳҷаҳои ӯзбекии ҷанубӣ, лаҳҷаҳои ӯзбекии ӯғузӣ, ва лаҳҷаҳои ӯзбекии қипчоқӣ.

Китоб

Китоб - (аз арабӣ: كتاب — навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда) воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ (тасвир) ва донишҳо. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.Китоб аз васоили муҳимми ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.

Китоб маҳсулоти саноати полиграфӣ ва китобчопкунист. Ҷамъ кардану нигоҳ доштани китоб ба китобхона ва тасвири он ба библиография вобаста аст.

Маздаясно

Маздаясна (порсӣ: مزدیسنا ), Зардуштия ё Дини Зардуштӣ ("Маздоия"), дини халқҳои қадимаи Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод пайдо шуда, дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Ин дин аз ваҳии пайғамбари Спитама Заратуштра (форсӣ — زرتشت, юнони қадим — Ζωροάστρης), ки вай аз Худо Аҳура Маздо гирифта буд, сар шудааст.

Оромгоҳ

Оромгоҳ, мақбара (ар. مقبره‎ — маҳалли қабр), марқад, турбат, мадфан — бинои ёдгории болои қабр, мавзолей. Максад аз сохтани макбара як навъ пос ва боки доштани ёди шахси мархум аст. Анъанаи сохтмони макбара дар давраҳои муайяни таърихи ва дар байни халқхо тафовути ҷиддӣ дорад. Масалан дар Юнони Қадим (3000 — 2400 то мелод) макбараро аз сангҳои калонхачм ва ба шакли ахроми чорпахлу сохта бо гачи сафед руйкаш мекарданд.

Дар Эрони кадим шохон ва дигар одамони машхурро дар макбараҳои мегурониданд, ки намои баъзеи онхо намои хани икоматиро ба хотир меовард. Мардум чунин акида доштанд, ки макбара ин хонаи абадии маит мебошад. Дар Эрон макбарахое хастанд, ки ба шакли манора сохта шудаанд.

Дар Осиёи Миёна анъаеаи махсуси гуронидани часади мурда ва сохтани макбара вучуд дошт. Дар давраҳои хеле кадим часади мурдаро дар чойҳои махсус мегурониданд. Чунин расми гуронидани часади мурда ба оини зардушти хос буд, ва ин анъана то истилои Араб дар Осиёи Миёна давом дошт.

Помир

Помир (форсӣ: پامیر‎) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад.

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 — қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 — қуллаи Революция) ном доранд.

Баъзе татқиқотчиён (Поло Марко, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев).

Таърихи Тоҷикистон

Таърихи Тоҷикистон — Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто — ро офариданд.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.Шоирони Точикистон

Тоҷикистон

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 142 600 км² (93-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2018 дар Тоҷикистон 8 931 200 нафар тан бошанда буд, ки дар шаҳрҳо 2 354 200 нафар ва деҳот 6 577 000 нафар зиндагӣ доштаанд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.

Тоҷикон

Тоҷикон — халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Маркази мебошанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -7.5 млн., Ӯзбакистон - аз 1,7 то 11 млн., тақрибан 35 млн. нафар.

Туркманистон

Туркманистон (Türkmenistan) кишварест дар Осиёи Миёна. Дар ҷануб бо Афғонистон ва Эрон, дар шимол бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Узви СММ аз 2 марти 1992. Пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод мебошад. Туркманистон сиёсати бетарафиро дар муносибатҳои байналмилалӣ нигоҳ медорад.

Президенти Туркменистон — Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (аз 14 феврали 2007) аст.

Рӯзи истиқлолияти кишвар — 27 октябри соли 1991

Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо

Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, (порсии бостон: Ariyānām Xšaçam; форсӣ: شاهنشاهی هخامنشیها ‎) — солҳои 558—330 пеш аз милод. Асосгузори давлат Куруши II-ро (Куруши Кабир форсӣ: کورش کبیر‎)

Давлати Ҳахоманишиёнро солҳои 334—327 п.м. Искандари Мақдунӣ истило кардааст.

Қазоқистон

Қазоқистон (қазоқӣ. Қазақстан) — кишварест дар Осиёи Марказӣ ва АвруОсиё. Дар шимол бо Русия, дар шарқ бо Чин, дар ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон, дар ҷанубу шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон.

Қирғизистон

Қирғизистон (қирғ. Кыргыз Республикасы) — кишварест дар Осиёи Миёна. Дар шимол бо Қазоқистон, дар ғарб бо Ӯзбекистон, дар ҷанубу ғарб бо Тоҷикистон, дар ҷанубу шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек.

Ҳанафӣ

Мазҳаби Ҳанафӣ ар. المذهب الحنفي‎ — номи яке аз чор мактабҳои исломӣ-ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ (ҳанафия) . мазоҳиби аҳли суннат аз дини Ислом аст. Яке аз мазҳаби фиқҳӣ ва пайрави «Имоми Аъзам», Абуҳнифа Нӯъмон ибни Собит аз эмоми чаҳоргонаи Аҳли суннатАҳли суннат аст. Ин мазҳабб дар байни мазоҳиби чаҳоргонаи Аҳли суннат бештарин пайрав дорад ва умдаи пайравони ин мазҳаб низ дар кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Чин, Туркия, Нимҷазираи Балкан, Нимҷазираи Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Осиёи Марказӣ, Миср, Сурия, Урдун, Русия ва манотиқи шимолу шарқӣ, шарқу ҷанубии Эрон (66% мардуми Эрон ҳанафӣ ҳастанд), қарор доранд. 77 % (зиёда аз 1 111 миллиард) мусалмонҳои ҷаҳон пайрави ин мазҳаб мебошанд.

Номи ин шохаи мазҳаби ислом, мансуб ба бунёдгузори он, яъне ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا‎ — Абу-Ҳанифа Нӯъмон бин Собит Зута аст.

Мақбараи Абу Ҳанифа дар Бағдод дар маҳаллаи Алхазро қарор дорад.

Аз шогирдони саршиноси Абу Ҳанифа метавон аз афроди зер ном бурд:

Абу Юсуф (Ёқуб бин Иброҳим)

Муҳаммад бин Алҳасан Алшайбонӣ

Ҷуғрофия

Чуғрофия, Jug‘rofiya ё География (аз калимаи юнонӣи γεωγραφία гирифташуда тасвирнамудани замин мебошад) – илм дар бораи замин, дар бораи харакати замин, ҷойгир шавии замин ҳамчун саёра дар ситема офтоби, дар бораи шакли замин, сохт ва релефи замин, дар бораи атмосфераи замин ва дар бораи хаёти органикии он маълумот медихад. География чамъи маълумот ва холат буда, аз тарафи як катор илмхо коркарда бароварда мешавад ва хаёти руи заминро хаматарафа меомузад.

Маҷмӯи ба ҳам алоқаманди илмҳо оид ба табиат (географияи табиӣ) ва ҷамъият (географияи иқтисодӣ), ки комплексҳои территориявии иабиӣ ва истеҳсолиро бо мақсадисамаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва оқилона ҷойгиркунонии истеҳсодот меомӯзад. Илмҳои табиатшиносию географи ба географияи табиии умуми (заминшиносии умуми) ва географияи табиии регионали (ландшафтшиноси) чудо мешавад.

Географияи табиии умуми конунияти умумии сохт, таркиб, динамика ва табакаи географии Замин; географияи табиии регионали конунияти комплексҳои территориявии табииро тадкик менамояд.

Географияи иктисоди бошад, конунияти чийгиркунонии истехсолот, шароит ва хусусиятҳои тараккиёти онро дар мамлакат ва нохияҳои гуногун меомузад. Объекти тадкикоти географияи табии ва иктисоди гуногун буда, яке аз руйи конунҳои табиат, дигаре дар асоси конунҳои чамъият инкишоф ёбал хам, дар байни онхо алокаи мустахкаме хаст. Асоси ин алокаманди дар он аст, ки таъсири фаъолияти инсон ба табиат ба назар гирифта шуда, ба истехсолоти чамъияти аз нуктаи назари шароитҳои реалии табии бахо дода мешавад. Дар алокамандии географияи табиию иктисоди аз як тараф ва як катор илмҳои шабех аз тарафи дигар геохимияи ландшафтхо, кишваршиноси, этнография, демография, географияи табии, таърихи ва гайра инкишоф меёбанд.

География хамяун илм дар давраи сохти гуломдори дар Миср, кишварҳои Осиёи Пеш, Ҳиндустон, Хитой, дертар дар Юнон ва Рим ру ба инкишоф ниход. Он вактхо география бештар хусусияти тасвири дошт. Маълумотҳои онро баои бахрнаварди, тичораи, корҳои харби ва идораи мамлакат истифода мебурданд. Исбот гардидани куррашаклии Замин ва мавчудияти минтакаҳои иклими комёби бузурги географияи хамонвакта буд. Олтмон - географҳои машхури дунёи кадим (Ҳеродот ва Страбон), ки хануз географияро аз таърихи халқхо чудо намекарданд (инчунин Арасту, Эратосфен ва Дикеарх), аввалин бор дарозии дарачаи меридианро чен карданд. Птолемей (Батлимус) харитаи территориявие тартиб дод, ки он аз укёнуси Атлантик то ба Хинд ва аз Скандинавия то болооби Нилро дарбар мегирифт. ДАр ибтидои асрҳои миёна география махсусан дар кишварҳои шарқи Араб ва Чин равнак ёфт; дар инкишофи география хиссаи олимони Осиёи Миёна низ хеле калон аст. Нишонаҳои аввалини афкори географии халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар ёдгориҳои кадими (навиштачоти кухи Бесутун, барелефҳои Исфахон, кандакории кухи Дамованди Хамадон, катибаҳои руйидевории шаҳрҳои кадимии Панчакент, Тирмиз, Марв ва Бомиён) акс ёфтаанд.

Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.