Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, ҳамчунин маъруф бо исми мустаори Ибни Қурбон; тав. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб) — муаррихи тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ
Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, ба ҳангоми кор дар ЭМТ
Санаи таваллуд:

26 сентябр 1958 (61 сол)

Зодгоҳ:

Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Институти шарқшиносӣ,
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (1983-2012),
СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (аз соли 2012)

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих

Алма-матер:

Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1983)

Зиндагинома

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ 26 сентябри соли 1958 дар деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1965—1975 дар мактаби миёнаи ҳамин деҳа таҳсил кардааст. Солҳои 1976—1978 рассом-ороишгари колхози Ленингради ноҳияи Кӯлоб буд. Соли 1983 факултаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Кор ва фаъолият

Аз соли 1983 то феврали соли 2012 дар Институти шарқшиносӣ, баъдан Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ аз вазифаи лаборанти калон то ходими пешбари илмӣ фаъолият намудааст.

Аз феврали соли 2012 то имрӯз сармуҳарририи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикро бар уҳда дорад.

Фаъолияти илмӣ

Соли 1996 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Давлати Куртҳои Ҳирот» ҳимоя кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи масоили таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар ҷуғрофиёи таърихии Афғонистон, Эрон, Осиёи Марказӣ ва мамолики ҳамҷавори онҳо дар замонҳои қадим, махсусан дар асрҳои миёна ва дар даврони наву навтарини таърихӣ буда, ҳамзамон таҳия ва таҳқиқи осори хаттии форсӣ ва таҳрири матнҳои асримиёнагиро анҷом медиҳад.

Тавассути таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши таърихи давлати асримиёнагии тоҷикон — Ғуриён дар Тоҷикистон вусъат ёфт ва дар китобҳои таълимии макотиби миёна ва олии мамлакат бештар ворид шуд; аввалин бор давлати тоҷикии Куртҳои Ҳирот таҳқиқ ва ба доираҳои илмию таълимии Тоҷикистон ворид карда шуд; дар асоси маълумоти сарчашмаҳо генотсиди тоҷикон ба дасти чингизиёнро собит намуд; саҳми ҷаҳонии тоҷиконро барои тоҷикистониён барои аввалин бор таҳқиқ ва баррасӣ намуд; таърихнигории миллии тоҷикро таҳқиқ ва интишор кард; бо пешниҳоди ӯ чандин арзишҳои миллӣ дар сатҳи давлатӣ эҳё ва амалӣ карда шуданд, дар тарғиби таърих ва тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик ба воситаи ахбори омма ва ҷаласаҳои илмию омавӣ пайваста ширкати фаъол дорад.

Китобҳо

Аз ҷониби Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бештар аз 20 китоби бузургҳаҷм навишта ва таҳқиқу таҳия шудаанд, ки дар миёни онҳо «Давлатдории тоҷикон дар асрҳои 9-14», «Таърихи халқи тоҷик, асрҳои 11-14», «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд маъруфанд. Инчунин бо номи мустаори Ибни Қурбон китобҳои «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим» ва «Фавоҳиш ва раҳоиш»-ро навиштааст. Бо роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи ӯ 11 китоби силсилаи осори бузурги исломӣ, бо амри бевоситаи Президенти Тоҷикистон таҳия ва нашр шудаанд. Таҳти роҳбарӣ ва ибтикороти навоваронаи ӯ чор ҷилди Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр расида, дар таърихи илму фарҳангии тоҷик бори аввал ду ҷилди бузургҳаҷми Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик, Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон, донишномаи «Шинохт ва ёдгирӣ» (барои кӯдакони томактабӣ) дар сатҳи баланди илмӣ мунташир шуда, ҳар кадом дар намоишҳои ҳамасолаи китоб чи дар дохили мамлакат ва чи дар хориҷ аз он соҳиби ҷойҳои беҳтарин шудаанд ва баъзе китоби сол эълон дошта шудаанд. Аз ҷониби ӯ бо ҷалби гурӯҳи донишмандон барои аввалин бор китоби 16-ҷилдаи «Таърихи Табарӣ» ба ҳуруфи кириллӣ баргардон ва бо иловаи таҳқиқот бар он мунташир шуд.

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо

Соли 2012 барандаи Ҷоизаи илмии байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ гардидааст.

Осор

  • Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш. — Д.: Эр-граф, — 2003. — 200 с.
  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. — Д.: Эр-граф, — 2007. — 479 с.

Сарчашма

Исмоили Сомонӣ

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касири Табарӣ; ар. محمد بن جرير الطبري‎; — 839, Табаристон — 923, Бағдод) — яке аз аввалин шахсиятҳои машҳури форс ва таърихшиносӣ форсу машриқзамин буд. Дар ҷаҳон ӯро ҳамчунин бо номи Табарӣ мешиносанд.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърихи Тоҷикистон

Таърихи Тоҷикистон — Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто — ро офариданд.

Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.Шоирони Точикистон

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.