Нупедия

Нупедия (англ. Nupedia) — лоиҳаи донишнома ба забони англисӣ, мақолаҳое, ки коршиносон навиштаанд ва озод дар Интернет паҳн карда мешавад.

Нупедия
Nupedia
Nupedia main page
URL:

wikipedia.org

Шакли сайт:

донишнома

Забон(ҳо):

англисӣ, олмонӣ, испанӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ

Соҳибҳуқуқ:

Bomis

Муаллиф:

Ларри Сенгер ва Ҷимбо Вейлс

Оғози кор:

9 марти соли 2000

Анҷоми кор:

сентябри соли 2003

Унвони ҷорӣ:

пӯшида, ба ҷои Википедиа

Таъсис

Аз тарафи Ларри Сэнгер — сармуҳаррир ва ташкилкунандаи лоиҳа ва Ҷими Вэйлс — онгоҳ директори иҷроияи ширкати Bomis, маблағгузори лоиҳа таъси ёфтааст. Нупедия аз 9 марти соли 2000-ум то сентябри соли 2003 вуҷуд дошт ва пеш аз ҳама ҳамчун "бобо"-и Википедиа маълум аст.

Нупедия вики-сайт нест. Дар асоси он гузоштани раванди баррасии ҳамаҷонибаи мақолаҳо, бо мақсади ноил шудани сифати муқоисашаванда ба донишномаҳои ҳирфаӣ буд. Муаллифон олимон, ширкатдорони лоиҳа дар асоси ихтиёр буданд. Пеш аз бастан дар Нупедия 25[1] мақолаи тайёр ва 74 мақола бештар, дар раванди такмил ва баррасӣ буданд.

Дар моҳи июни соли 2008 CNET Networks Нупедияро яке аз бузургтарин сомонаҳои ҳоло кор намекардагӣ дар таърих унвон кард[2].

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

  1. Chen Shun-Ling: Self-governing online communities in Web 2.0: privacy, anonymity and accountability in Wikipedia (PDF; 950 kB) Albany Law Journal. 5.
  2. The greatest defunct Web sites and dotcom disasters. CNET (24 июли 2008). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2012.

Пайвандҳои беруна

Википедия

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадаф Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

Ларри Сенгер

Ла́рри Сэ́нгер (англ. Larry Sanger, номи пурра Ло́ренс Марк Сэ́нгер, англ. Lawrence Mark Sanger; тав. 16 июл 1968, Белвю, Вашингтон, ИМА) — яке аз асосгузорон ва сармуҳаррири Википедиа дар давраи кор дар ширкати "Bomis", доктори фалсафа.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.