Нашрия

Нашрия (форсӣ: نشریه‎) — ба асаре гуфта мешавад, ки ба таври давраҳои нусхаи нави аз он мунташир мегардад. Мисоли соддаи он нашриёт, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ҳастанд. Рӯзномаҳо маъмулан рӯзона ва маҷаллаҳо ҳафтагӣ ё моҳиёна мунташир мегарданд.

Нашрияҳо маъмулан бо истифода аз шумораи стандарти байналмилалии паяндаҳо ва ё ISSN (International Standard Serial Number) намоя мешаванд.[1].

Нигаред

Эзоҳ

  1. [Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/نشریه]
Албом

Албом(аз лот. album — сафед) — воситаҳои аёние, ки аз маҷмӯи сурат, расм, гербарий, нақша ё дигар тасвирот иборат буда, ба мавзӯи муайян, фасл ё пурра ба барномаи ягон фан бахшида шудааст. Албомҳо доир ба расмкашӣ, адабиёт, таърих, география, биология, технология ва баъзе дигар фанҳо чоп карда мешаванд. Албомҳоро ба шакли китоб ё нақшадон (ҷузвдоне, ки дохили он варақҳои алоҳида гузошта шудаанд) тайёр мекунанд. Агар андозаи Албом ва тасвироти он калон (аз масофаи нисбатан дуртар дида шаванд) бошанд, он гоҳ онҳоро чун воситаи аёнӣ истифода мебаранд ва агар тасвирҳо хурд бошанд, он гоҳ Албомҳоро барои кори мустақил ба талабагон тақсим карда медиҳанд. Дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ баъзан Албомҳое месозанд, ки дар онҳо мақола аз рӯзномаю маҷаллаҳо, маводи ба собиқадорони ҷангу меҳнат ё кишвари азиз бахшидашуда, ба таҷрибаи истеҳсолӣ, меҳнати фоиданок вобастабуда ва ғайра гирд оварда мешаванд; 2) дафтаре, ки муқоваи махсус дорад ва барои нақшакашӣ, навиштани шеърҳо, ҷой додани коллексияҳо, суратҳо ва ғайра истифода мешавад.

Бадахшон (нашрия)

«Бадахшóн» — нашрияи мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ. Аз 2 сентябри 1931 нашр мешавад. То соли 1955 «Бадахшони сурх», солҳои 1955—1990 «Бадахшони Советӣ» ном дошт ва ҳафтае се маротиба ба забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ мерасид. Аз соли 1991 «Бадахшон» ном гирифт ва ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ (баъзе матолиб ба забони русӣ) чоп мешавад. Аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии ВМКБ хабар, очерку мақола, лавҳа нашр менамояд.

Баҳори Аҷам (нашрия)

«Баҳори Аҷам» — нашрияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Январи 1998 таъсис ёфтааст.

25 декабр 2008 ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуд ва ба сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардид. Дар «Баҳори аҷам» роҷеъ ба вазъи имрӯзаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт ва эҷодиёти адибону ҳунарпешагон, тарзи ташкили кори муассисаҳои фарҳангии тобеи вазорат хабару мақолаҳо ба табъ мерасанд.

Адади нашраш 1000 нусха (2012).

Баҳористон (нашрия)

«БАҲОРИСТÓН», нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон.

Аз с. 1934 моҳе се маротиба бо теъдоди 1000 нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Аввал «Мубориза барои пахта» (аз с. 1934), сипас «Ба пеш» (аз с. 1966) ном дошт. Аз с. 2004 «Баҳористон» ном гирифт ва дар як моҳ се маротиба ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 1000 нусха (2010) нашр мешавад.

Бешкент (нашрия)

«Бешкент» — нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав.

Аз соли 1997 ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мунтазам ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои «Бешкент» роҷеъ ба мавзӯъҳои маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва масъалаҳои рӯзмарра хабару мақолаҳо нашр мешаванд. Адади нашраш 1000 нусха (2011).

Бухорои Шариф (рӯзнома)

Бухорои Шариф - рӯзномаи нахустини форсии тоҷикӣ мебошад.

Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро (ниг. Ҳаракати ҷадидия) аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” - аз 11 марти соли 1912 (4 рабеулохири 1330 ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон (Бухорои Нав, наздикии Бухоро) нашр гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик - тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 - 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба ўҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 - 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Журналистикаи иқтисодӣ

Журналистикаи иқтисодӣ – нашрия ва барномаҳое, ки дар онҳо масъалаҳои доманадори иқтисодӣ инъикосу баррасӣ мешаванд. Масалан, дар Россия «Комерсант», дар Тоҷикистон «Бизнес и политика». Ҳамчунин қариб дар аксари сайтҳо бахши иқтисодӣ мавҷуд аст.

Идораи нашрия

Идораи нашрия – 1) ҷараёни коркарди асарҳои муаллифон аз ҷониби муҳаррир барои чоп; 2) варианти матни асари бадеии аз ҷониби нафари дигар коркардшуда; 3) воҳиди маъмурии муассисаи низоми воситаҳои ахбори оммавӣ (матбуот, радио, телевизион, кино), ки аз рўйи соҳа мавзўъ, забон ва шарт тахассус шудааст; 4) манзиле, ки дар он кормандони ин ё нашрия кор мекунанд.

Ислоҳи идораи нашрия

Ислоҳи идораи нашрия – қисми таркибии таҳрир, ки аз ҷониби муҳаррир ва ё бо эроди ӯ муаллиф ва ё ҳарду дар якҷоягӣ иҷро мешавад.

Талаботи асосии ислоҳи идораи нашрияро методикаи он муайян мекунад, ки чунин аст: 1) то он даме, ки бо матн пурра шинос нашавӣ, бартарияти умумӣ, махсусият ва камбудиҳои онро маълум насозӣ, вазифаҳои асосии таҳрирро муайян накунӣ ба ислоҳ шурӯъ макун; 2) танҳо баъд аз аниқ ба шакл даровардани сабабҳои ғайриқаноатбхшии матн ва фикр кардани роҳҳои бартараф кардани он ба ислоҳ даст зан; 3) аз доираи дахолати дастрасии муҳарририи матн бояд берун нашуд, яъне танҳо ба матн тағйиротеро бояд ворид кард, ки ба мақсади муаллиф ҷавобгӯянд; 4) то ҳадди имкон ислоҳро бояд маҳдуд кард ва кӯшид, ки аз матни муаллиф дур нашуда, ҳангоми таҳрир воситаҳои услуби баёни муаллифро истифода намуд; 5) ҳар як ислоҳро амиқан бояд санҷид, ки оё калимаву ибораҳои ҳангоми ислоҳ ба матн воридшуда, музмун ва маънои дар назардоштаи муаллифро ифода мекунанд; 6) бо муаллифи асар мувофиқ кунонидани тамоми ислоҳот.

Аз рӯйи методика ислоҳро аз дуруст кардани композитсияи асар шурӯъ менамоянд, зеро ҳангоми бозсозии услубии матн метавонад, ислоҳоти пешина нолозим шаванд. Агар матн ихтисори ҳаҷми муайянро талаб кунад, беҳтар мешавад, ки таҳрирро аз ихтисоркунӣ шурӯъ кунем. Дар ин ҳолат барои порчаи ихтисоршуда вақт ва қувва сарф намекунем. Техникаи ислоҳи нашрия ба якчанд қоидаҳо такя мекунад: 1) калима ва ҳарфҳои ислоҳшавандаро бояд хат зад ва калима ва ҳарфҳои навро на дар болои матн, балки дар миёни сатр навишт; 2) ислоҳотро хоно бояд навишт, хати нохоно кори ҳуруфчинро душвор мегардонад; 3) иловаҳои калонро дар ҳошияҳои саҳифа ва ё дар саҳифаи алоҳида навишта, онро ба саҳифаи асосӣ ширеш бояд кард; 4) ҳангоми хат задани матн калимаи пеш аз онро ба калимаи аввали пас аз он омада бохат (штирх) пайваст бояд кард; 5) дар ислоҳ ҳангоми нишон додани хатоиҳо аломатҳои таҳририро васеъ истифода мебаранд.

Истинод

Истинод – қисми таркибии дастгоҳи нашрия, ки сарчашмаро нишон ва ё маълумоти дар матни асосӣ овардашударо шарҳ медиҳад. Аз рӯйи ҷойгиршавӣ чунин навъи истинодҳо мавҷуданд:

Истиноди дохилиматнӣ – дар дохили матни асосӣ ҷой дода мешавад;

Истиноди баъдазматнӣ – дар охири матн дар поварақ чо дода мешавад;

Истиноди саҳифаӣ – дар поварақи саҳифаи матни асосӣ гузошта мешавад. .

Иттилооти ҳафтагӣ

Иттилооти ҳафтагӣ (аз форсӣ: اطلاعات هفتگی‎) ҳафтаномае аст, ки аз фарвардини 1320 хуршедӣ мунташир мегардад. Сардабири кунинии ин нашрия Фатҳулло Ҷаводӣ аст.

Набзи Файзобод

«Набзи Файзобод» (то соли 1969 «Меҳнати сотсиалистӣ» ва аз соли 1970 то 1990 «Меҳнати коммунистӣ») — нашрия ва корхонаи табъу нашри ноҳияи Файзобод.

Нашр

Нашр – амали чоп бо теъдоди муайян, ороиши ягона ва мундариҷаи якхела барои тамоми нусхаҳо; ҷараёни барориши китоб, рўзнома, маҷалла ва дигар асарҳои матбуотӣ.

Нашри академикӣ

Нашри академикӣ – интишори асари илмӣ, ҳар гуна адабиёт, ки дар асоси талаботи матншиносӣ: муқоисаи нусхаҳо, истифодаи манобеъ, нишон додани адабиёт, тартиби феҳраст, эзоҳот ва амсоли ин чоп шудааст.

Нашри илмӣ

Нашри илмӣ – нашри фарогирандаи корҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои назариву амалӣ; нашри илмӣ дар шакли фишурда, рисола, ҳисоботи илмӣ ва ғайра.

Нашри китоб

Нашри китоб – зиёд кардани матнҳо ва ороишот дар матбаа. Зиёдкунии матбавии маҳсулоти чоп.

Нашри оммавӣ

Нашри оммавӣ – чопи китобу китобчаҳо ва ВАО-и чопӣ барои хонандагони зиёди касбу кори гуногун аз мактаббача то академик. Теъдоди чопи нашри оммавӣ дар замони шӯравӣ барои асарҳои бадеӣ 50 ҳазор нусха ва бароиасарҳои танқиди адабӣ, адабиётшиносӣ ва санъатшиносӣ на камтар аз 25 ҳазор нусха муайян шуда буд.

Нашрияи маъруф

Нашрияи маъруф – 1) нашрияе, ки миёни хонандагон хуш қабул гардида маъруф шудааст;

2) нашрияҳои таъйиноташон маорифпарварӣ, ки аз ҷиҳати вусъатбахшии донишҳои илмӣ (масалан, санъати актёрӣ, ин ё он фаъолияти амалӣ) маъруф шудаанд.

Парвин (нашрия)

«Парвин» — нашрияи ҷумҳуриявии иттилоотӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Файзобод, ки моҳи сентябри соли 2003 таҳти рақами 001 – 349 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидааст.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.