Нармафзори озод

Нармафзори озод (англ. Free software) — нармафзорест, ки ба ҳамроҳи коди манбаъ тавзеъ шуда ва бо қонунӣ мунташир мешавад, ки озодии истифода, мутолиа, вироиш ва интишори муҷаддади корбаронро тазмин мекунад.[1][2] Нармафзорҳои озод маъмулан бо ҳамкории барноманависони довталаб ба унвони як проект ба вуҷуд меоянд. Идеяи аслии нармафзори озод ин аст, ки корбарон бояд молики дастгоҳҳои диҷитолии худ бошанд, на созандагони дастгоҳҳо.

Trisquel Installer
Trisquel яке аз системъомилҳоест, ки ба таври комил аз нармафзорҳои озод ташкил шудааст.

Эзоҳ

  1. جنبش نرم‌افزار آزاد(форсӣ). www.gnu.org. 25 май 2019 санҷида шуд.
  2. What is free software and why is it so important for society?. www.fsf.org. Free Software Foundation — working together for free software. 25 май 2019 санҷида шуд.
Друпал

Друпал (ба англ. Drupal) - нармафзори озод ва коди боз ба забони PHP барои мудирияти мӯҳтаво, тавсиъаи барномаҳои корбурди мубтано бар веб ва эҷоди блог аст, ки таҳти муҷавизи GPL мунташир шудааст. Аз ин барнома барои мудирияти мӯҳтавои беш аз 1 дарсад аз сафҳоти веб истифода шудааст.

Системи мудирияти мӯҳтаво аз вебблогҳои шахсӣ то ширкатҳои тиҷорӣ, сиёсӣ ва ҳатто давлатҳо низ истифода шудааст. Вебгоҳи Кохи Сафед низ аз Друпал истифода мешавад.

Рахнагар

Рахнагар (форсӣ: رخنه‌گر‎), ё ҳа́кер (англ. hacker, аз to hack — рахна кардан, буридан, даст ёфтан) — касе, ки аз роёна барои дастёбии ғайримуҷоз ба додаҳо ва маъмулан ба қасди тахриб, баҳра мегирад. Ин вожа ибтидо ба маънии корбари ҷиддӣ ва муштоқи роёна ба кор мерафт.

Ворид шудан ба сомона ё шикаст додани муҳосибот, кунҷковӣ дар иттилооти маҳрамона аз хусусиёти як ҳакер аст. Ҳакер барноманависи кунҷковест, ки садамае ворид намекунад ва ҳатто боиси таҳкими интиқолот мешавад. Имрӯза рахнагар бештар дар заминаи роёна ба кор меравад ва барои ишора ба чандин гурӯҳ аз корбарони роёна истифода мегардад. Вижагии муштараки ин гурӯҳҳо дар истифодаи онҳо аз роёна ва имконоти он дар сатҳи болотар аз сатҳи умумӣ ва пуштибонии тавонманди техникии онҳост ва ду дастаанд:

Мутахассисони амнияти роёна, ки тавоноии вуруд ба системҳои роёнаӣ ва дар даст гирифтани контроли ононро доранд.

Корбарони хонагӣ, ки алоқаманд ба тағйир додани умдаи нармафзор ва сахтафзор роёнаҳошон ҳастанд то битавонанд амалкарди онро беҳбуд бибахшанд ё қобилиятҳои наву пешбининашудае ба он бифзояанд.Агарчи имрӯза вожаи рахна кардан бештар барои ишора ба афрод гурӯҳ аввал ба кор меравад.

Ройгонафзор

Ройгонафзор ё нармафзори ройгон (англ. freeware) — ба навъе аз нармафзор гуфта мешавад, ки истифода аз он ройгон аст. Ин мафҳум дар баробари нармафзори тиҷорӣ таъриф мешавад, ки усулан ба корбар барои суд фурӯхта мешавад.

Нармафзори ройгон бо нармафзори озод (англ. free software) комилан тафовут дорад ва набояд иштибоҳ шавад, зеро ҳуқуқи монанди ҳаққи тавзеъи муҷаддад ё дахл ва тасарруф дар код дар нармафзори ройгон барои масрафкунанда вуҷуд надорад.

Қолаби озод

Қолабҳои озод, форматҳои озод (англ. Free format) — ба дастае аз қолабҳои парванда гуфта мешавад, ки матни манбаъ ва мушаххасоти онҳо фориқ аз ҳаргуна ҳаққи нашр ё нишони тиҷорӣ ба сурати комил мунташир шуда бошад ва ҳар касе битавонад ба ройгон онҳоро барои ҳар мақсуди дилхоҳе истифода кунад.

Ингуна қолабҳо маъмулан тавассути муассисаҳои стандарти ғайритиҷорӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Қолаби боз ё формат боз (англ. Open format) — дастае дигар аз қолабҳои парванда ҳастанд, ки мумкин аст барои коди манбаъ онҳо ҳаққи ихтироъ ё ҳаққи моликият вуҷуд дошта бошад ва маҳдудиятҳои барои истифода дошта бошанд, аммо бо ин ҳол ҳамчунон матни манбаъ онҳо барои мутолиа дар ихтиёри умум қарор дода шудааст. Ин ду истилоҳ мумкин аст ба ҷойи якдигар истифода шаванд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.