Мисри Қадим

Мисри Қадим (юн.-қад. Αἴγυπτος и лотинӣ Aegyptus), бо шеваи худ Та-кемет, Та-мери, Та-уи ва бо забони бостонии мисрӣ tA-kmt, tA-mrj, tA-wy, Ке́ми (копт. Kὴμε) — номи таърихии минтақа ва фарҳанг, ки ба фарҳанги ҷаҳони пайванд ҳаст, дар шимолу-шарқии Африқо дар поёноби дарёи Нил вуҷуд дошт.

tA-kmt, tA-mrj, tA-wy
Мисри Қадим
Egypt.Giza.Sphinx.01
Мавқеъи ҷуғрофӣ шимолу-шарқии Африқо
Санаи бунёд аз байни ҳазорсолаи IV-уми п.м.
Санаи барҳам асрҳои IV-VII милодӣ
Номҳои дигар Та-кемет, Та-мери, Та-уи, Кеми, Мицраим, Мудраия, Миср, Маср
Аҳолӣ мисриҳо, коптҳо, кушитҳо, юнониҳо, мақдуниҳо, яҳудиҳо
Забон забони мисрӣ
Дин дини мисрӣ

Таърих

Таърихи Мисри Қадим, аз рӯи солшумории мисрӣ зиёда аз 40 асрро дарбар мегирад ва олимон ин тамаддунро ба ду қисм тақсим карданд. Яке таърихи ғайрисулолагии Мисри Қадим ва дувум таърихи сулолагии Мисри Қадим, ки ҳамагӣ 27 асри асосиро дарбар мегирад.

Таърихи сулолагии Мисри Қадим

Сарчашмаҳо бо забони русӣ

Сарчашмаҳо бо забони форсӣ

Сарчашмаҳо бо дигар забонҳо

Абусимбал

Абусимбал (أبو سمبل ) — сахра дар соҳили ғарбии дарёи Нил, ки дар он дар давраи ҳукмронии Рамзеси II (1388 – 1322 то м.) — ду ибодатхонаи машҳури Мисри Қадим тарошида шудааст.

Ангуштарин

Ангуштарин, чала — афзори ороишест, ки аз нуқра, тило ва дигар фулузот сохта ба ангушт меандозанд.

Дар давраи палеолит ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит ангуштарини сангӣ ва дар асри биринҷӣ ангуштарини фулузӣ пайдо шуд. Ангуштарин дар сарзамини тоҷикон аз қадим маъмул буда, дар замони мо низ асбоби зинати даст аст. Онро мувофиқи табъ хотамкорӣ ва нақшу нигор мекунанд. Ангуштарин навъҳои гуногун дорад. Ангуштарини чашмакдорро дар маҳалҳои гуногун аз рӯйи сохти ҳалқааш пашшахона, панҷарадор, бодомча ва ғ. меноманд. Ангуштарини мардона низ ҳаст. Ин гуна ангуштарин аввал дар Мисри Қадим, баъд дар ҷойҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуд. Нигини ин ангуштаринро катибаву тасвирот зинат медоданд. Ангуштарин вазифаи мӯҳрро ҳам адо мекард. Духтарҳо аз 10—14-солагӣ ба ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Ангуштарин дар қатори дигар асбобҳои зебу зинат ба маҳри арӯс ҳамчун тӯҳфаи домод дохил мешуд.

Замонҳои пеш ангуштарин доштани занҳо ҳатмӣ буд, зеро онро дар рафти ба ҷо овардани ягон ойин рамзи тозагии даст мешумурданд. Дар замони мо бо ташаккули анъанаҳои нав ангуштарин гирифтани занону мардҳо, хусусан наварӯсон расм шудааст. Арӯс ва домод рӯзи қайди ақди никоҳ чун рамзи ягонагӣ, садоқат ва вафодорӣ ба дасти якдигар ангуштарин меандозанд.

Анубис

Ану́бис (Инпу) — яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим.

Дар Мисри Қади Анубис худои фавтидагон, нигоҳдорандаи дахма ва мадфуншудагон ҳисоб меёфт. Мумиёро барои нигоҳдории фиръавнҳо гӯё маҳз бо ёрии Анубис месохтаанд. Дар таърихи дини мисриёни қадим маҷмӯаи навиштаҷоте бо номи «Китоби фавтидагон» аҳамияти хосае дошт, ки баъди марг бо ҳамроҳии фавтида дар қабр мегузоштанд. «Китоби фавтидагон» аз чанд қисмати гуногун иборат буда, дар он сурудҳои охиратӣ ва роҳҳои мумиёкунӣ дар охират дарҷ ёфта буданд. Дар яке аз бобҳои «Китоби фавтидагон» навишта шуда буд, ки рӯҳи фавтида дар охират дар ҳузури қозигии Анубис худро сафед карда мегуфт, ки «Ман чизе маҳкумкунандаи худоёнро содир накардаам. Ман мусоидат накардаам, ки хоҷаам ғуломашро биранҷонад. Ман ӯро маҷбур накардаам, ки гурусна нигоҳ дорад. Ман ашки касеро нарехтаам. Ман касеро қатл накардаам». Ҳамчунин як боб дар бораи саёҳати фавтида дар киштии тиллоии худои олии миллату давлати мисриёни қадим — Ра сабт шуда буд. Баъди марг гуноҳ ва савоби фавтида дар шоҳидии Анубис баркашида мешуд.

Апис

Апис — гови муқаддас дар парастиши динии мисриёни қадим.

Дар дини онҳо парастиши ҳайвонот низ ҷой дошт. Масалан, гурба ва пайгу мавриди парастиш дар ҳама ҷо ва мору тимсоҳ дар баъзе мавзеъҳо буданд. Вале дар байни ҳайвоноти парастишшаванда дар Мисри Қадим гов муқаддастар буд. Аписро ҳамеша чун рамзи нерӯи мардона ва маҳсулдориву серҳосилӣ меҳисобиданд. Маъбади асосии Апис дар шаҳри Мемфис қарор дошт.

Атон

АТÓН — худои олӣ ва ягонаи мисриёни қадим дар замони ҳукмронии сулолаи 18-и фиръавнҳои мисриён, тақрибан дар асри III то мелод дар Мисри Қадим, ки фиръ­авни замон – Аменхотепи IV – писари Аменхотепи III кӯ­шиши ҷорӣ намудани як­ка­худоӣ намуда буд. Ба ақи­даи ӯ Атон на танҳо худои ягонаи мисриён, балки худои ягонаи ҳамаи кишварҳо аст. Атон на ҳамсар дошту на фарзанд, на шакли ҳайвонӣ дошту на шакли инсонӣ ва на ҳайкал. Атон худои ягонае буд, ки Аменхотепи IV парастиш мекард ва дигаронро ба парастиши он даъват менамуд. Атон то марги Аменхотепи IV худои ягона эътироф гардид ва парастиш карда шуд.

Атум

Атум - худои нахустсозанда дар ривоятҳои Мисри Қадим.

Вай нахустин бор ба беохир ва якка будани тамоми ҳаёти зинда, ишора намудааст. Аз руи ривоятҳои гелиополск Атум худро сохта, аз хаоси Нунна пайдо шудааст.

Аҳром

Аҳром (ар. أحرام‎ — ҷамъи ҳарам), пирамида — иншооти бузурги меъмории аҳромшакли давраи атиқа, ки деворҳои он зинамонанд ва баъзан ҳамворанд. Мақбараҳои азими фиръавнҳои Мисри Қадим (ҳазорсолаи 3 то м. — асри 18 то м.) — «Маъбади Офтоб» дар шаҳри Пеленкеи Мексика (нимаи дуюми асри 7) ва баъзе иншооти пойтахти астекҳо — шаҳри Теночтитлан (Мексика) аз ҷумлаи аҳром мебошанд. Қадимтарин аҳром ҳарами фиръавн Ҷосер дар Саккара (асри 28 то м.) буда, дар шакли аҳроми зинадор сохта шудааст. Ин ҳарамро Имхотеп бино кардааст. Ӯ аз аввалин донишмандони машҳури замонаш буд, ки бинои сангӣ сохтааст. Аҳроми Ҷосер маркази маҷмаа (ансамбл)-и меъмории давраи атиқа буда, масоҳаташ 544,9 × 277,6 м аст. Девораш 14,8 м ғафсӣ ва 9,6 м баландӣ дорад. Баъдтар аҳромҳо ба шакли маншур (призма)-и чорпаҳлу сохта мешуданд, ки намунаи онҳо аҳроми фиръавнҳо Хеопс, Хефрен ва Микерин (Ҷиза) мебошанд. Боҳашаматтарин аҳром ҳарами Хеопс буда (ҳазораи 3 то м., баландиаш 146 м.) — мувофиқи маълумоти Ҳеродот онро дар давоми 20 сол 100 ҳазор ғулом сохтаанд. Хусусияти фарқкунандаи аҳромҳои Ҷиза дар он аст, ки дар сохтмони онҳо мисли аҳромҳои Ҷосер аз имконоти зинатию ороишии санг ба хубӣ истифода кардаанд. Дар сохтани аҳромҳо хишти пухтаро низ истифода мебурданд, ки инро дар ҳарамҳои зинадор мушоҳида кардан мумкин аст.

Клеопатра

Клеопа́тра VII Филопа́тор (юн.-қад. Κλεοπάτρα Φιλοπάτωρ, соли 69 п.м. — соли 30 п.м.) — охирон шоҳи (зан) Мисри Қадим аз насли элинии мақдунии Птолемей.

Дар ҷаҳон бо ишқи худ нисбат ба сарлашкари Римӣ Марк Антоний машҳур гаштааст. Солҳои ҳукмрониаш соли 44 п.м. — соли 30 п.м.ро дарбар мегирад. Мисри Қадим он вақт дар итоати Рими Қадим буд. Барои бандаи императори Рим Октавиан Август нашудан, худкуши мекунад. Клеопатра дар замони имрӯза яке аз қаҳрамонони машҳури таърихи ба ҳисоб меравад, ки дар бораи ӯ филмҳои бадеӣ ва китобҳои бисёр вуҷуд доранд.

Кобалт

Шаблон:Химические элемент кутти

Кобалт (Co)

КОБАЛТ (Cobaltum), Co, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 27, массаи ат. 58,933. К. дар табиат як изотопи собит 59Co дорад. К.-и металлиро с. 1735 химики швед Г. Брандт кашф кардааст.

К. металли вазнини нуқраранг буда, каме тобиши сурх дорад. t гуд. 1493°С, t ҷӯш. 3100°С, зичиаш 8900 кг/м3. Дар ҳарорати муқаррарӣ ба таъсири обу ҳаво устувор мебошад.

Пайвастҳои К. дар Мисри Қадим, Чин барои истеҳсоли ранги кабуд, шишаҳои рангин, сир (эмал) истифода мешуданд. Ҳоло К.-ро дар саноат асосан дар шакли хӯлаҳо барои истеҳсоли масолеҳи ба оташ тобовар, магнитҳои доимӣ, асбобҳои буранда, шиша, рангубор ва ғ. истифода мебаранд.

Изотопи радиоактиви сунъии 60Co-ро барои муолиҷаи варам, тамйизи дорувор, нест кардани ҳашароти ғалладона, сабзавот ва дер нигоҳ доштани хӯрокворӣ ва ғ. истифода мебаранд.

К. дар организми одам, ҳайвонот ва растанӣ микроэлементи зарурӣ мебошад. К. фаъолияти ферментҳоро метезонад; дар мубодилаи сафеда, карбогидрат ва чарбу, синтези кислотаҳои нуклеат, реаксияҳои оксиду барқароршавӣ ва тавлиди хун дар организм роли калон мебозад. Организм К.-ро аз таркиби хӯрокворӣ мегирад. Баъзе доруҳои дар асоси К. тайёркарда барои муолиҷаи анемия (камхунӣ) истифода мешаванд.

Аз хӯроквориҳо нахӯд, лаблабу, панир ва ҷигари гов К.-и бисёр дорад. К. яке аз микроэлементҳои муҳим мебошад. Вай дар организм бо сафедаҳо ва аминокислотаҳо пайваст аст; дар таркиби витамини В12 дохил мешавад. К. ферментҳоро фаъол сохта, ба ҳосилшавии сафедаҳои мушак, хун ва ассимилятсияи нитроген тақвият мебахшад, фаъолияти гемолизии хунро баланд мебардорад. Ҳангоми дар организм нарасидани К. гипо- ё авитаминози В12 рух менамояд.

Дар аснои ба организм таъсир расондани пайвастҳои К. мумкин аст заҳролудии шадид ё музмин ба вуҷуд ояд. Хусусан пайвастҳои ҳалшавандаи К. заҳрнок мебошанд. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз К. ба қоидаҳои ҳифзи саломатӣ дар истеҳсолот қатъӣ риоя кардан лозим аст (бояд бо либоси махсус, аз ҷумла одамоне, ки бо пайвастҳои К. сарукор доранд, бояд мудом аз назорати тиббӣ гузаранд.

Мумиёкунӣ

Мумиёкунӣ — маҷмӯи чорабиниҳост барои муддати дароз аз нобудшавӣ эмин доштани мурда (майит).

Барои аз пӯсиш ва вайроншавӣ нигоҳ доштан тамоми бофтаҳои ҷасадро бо маҳлулҳои антисептикӣ ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба мақсади таълимӣ, илмӣ, инчунин барои нигоҳ доштани ҷасади ашхоси барҷаста истифо­да мебаранд. Ин кор бо ду усул ба ҷо оварда мешавад. Яке аз онҳо ҷасадро барои муваққатан, дигаре ба­рои дуру дароз нигоҳ доштан имконият медиҳад. Дар замонҳои қа­дим бо ёрии моеи растаниҳои гуногуне, ки дорои хосияти аз пӯсиш нигоҳдорандаанд, ба ҷо оварда мешуд.

Омун

Амон, Омун (форсӣ: آمون‎) — яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим.

Дар Мисри Қадим Амон подшоҳи худоҳо ва ҳимояткунандаи фиръавнҳо ҳисоб меёфт. Худоҳои миллии мисриёни қадим бештар бо мавзеъ ва шаҳрҳои алоҳида вобаста буданд. Решаи чунин парастишот ба замонҳои қабл аз таърих мерасад. Бо мурури эътибори бештар пайдо кардани шаҳрҳои алоҳида доираи парас-тиши худои парастишшавандаи он мавзеъ васеъ мешуд. Айнан ҳамин тавр, аз давраи Шоҳигарии Миёна (2050 – 1700), аз замоне, ки Фив маркази умумии мисриён эътироф гашт (Фив дар давоми асрҳо пойтахти Мисри Қадим буд), парастиши Амон характери умумидавлатӣ гирифт. Ҳатто Амонро Амон-Ра низ меномиданд. Зеро Ра (Офтоб) аз замонҳои қадим дар Миср подшоҳи худоҳо ва падари одам ҳисобида мешуд.

Осорхонаи Британия

Осорхонаи Британия (инглисӣ: British Museum) — осорхонаи таърихии муҳими Британияи Кабир ва яке аз калонтарин осорхонаҳои ҷаҳон мебошад. Ин осорхона дар соли 1753 таъсис дода шудааст., дар 1759 кушода шудааст (бинои осорхона дар соли 1823—1847 сохта шудааст, меъмор Р. Смёрк; толори хониш — дар солҳои 1854—1857, меъмор С. Смёрк).

Аввал монанди як ҷамъоварии қадима аз Мисри Қадим, Юнони Қадим, Ассирия ва дигар кишварҳо кушода шуда буд. Маҳз дар осорхонаи Британия Санги Розетта ва дастхати Шоҳномаи Фирдавсии Бузург нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир осорхона теъдоди зиёди аксҳо ва тасвирҳо, нишонаҳо, тангаҳо ва китобҳое, ки дар давраҳои гуногун таалуқ доранд, нигоҳ дошта мешаванд.

Дар китобхонаи осорхонаи Британия беш аз 7 млн китобҳои чопшуда, беш аз 105 ҳаз. дастхатҳо, около 100 ҳаз. ифтихорномаҳо, беш аз 3 ҳаз. папирусҳо вуҷуд доранд.

Даромад ба осорхонаи Британия озод — ройгон аст. Ба қатори кормандони осорхона 6 гурбаҳо ба ҳисоб мераванд ва вазифаҳои онҳо шикор ба мушҳо мебошад.

Аз соли 1926 Осорхонаи Британия маҷалли «British Museum Quarterly» дар ҳар чоряк ба табъ мерасонад.

Охнотун

Аменхотепи IV (баъдан Охнотун; 1380 то м. — ?) — яке аз фиръавнҳои Мисри Қадим.

Папирус

Папи́рус (юн.-қад. πάπῡρος, лот. papyrus), ё би́блиос (юн.-қад. βιβλίος) — як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ мавод тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ папирус гӯянд.

Папирусҳои риёзӣ

Папирусҳои риёзӣ — ёдгориҳои илмии Мисри Қадим, ки ба асрҳои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини папирусҳои риёзӣ папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музейи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст.

Папируси Ринд аз номи со­ҳиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи ма­тематики немис А. Эйзенлор тадқиқ ва соли 1877 нашр шудааст. Папируси Ринд аз маҷмӯи ҳалҳои 84 масъалае, ки татбиқи амалӣ доштанд иборат аст; ин масъалаҳо ба иҷрои амалҳо бар касрҳо, муайян кардани масоҳати росткунҷа, секунҷа, трапетсия ва доира, ҳачми параллелепипед ва силиндр, ҳалли масъалаҳои ариф­метики ва ғайра доиранд. Вале дар он ягон қоидаи умумии ҳалли ин масъ­алаҳо дода нашудааст.

Папируси Москваро мисршиносон Б. А. Тураев (1917) ва В. В. Струве (1927) омӯхтаанд; соли 1930 ба забони немисӣ пурра нашр шуда­аст. Он усулҳои ҳалли 25 масъалаеро, ки ба масъалаҳои папируси Ринд монанданд, дарбар мегирад. Омӯзиши папирусҳои риёзӣ аз вазъи илми мате­матика дар Мисри Қадим маълумот медиҳад.

Ривоятҳои Миср

Дар Мисри Қадим як дин вуҷуд надошт. Дар онҷо бисёр динҳо мавҷуд буданд, ки худоҳои гуногун доштанд. Аз ҳама дини дар он давра машҳур буда - ин дини Пантеонӣ, ки худои он Пантеон буд, мебошад.

Ривоятҳои Мисри Қадим

Дини Мисри Кадим

Анубис

Атум

Гор

Осирис

Изида

Учат

Усир

Соли 30 п.м.

Соли 30 п.м.

Таърихи ҷашнгирии Соли Нав

Соли нав - яке аз қадимтарин идҳост,ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд.

Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа даъво мекарданд.

Императори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ дӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чӣ дод...

Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон тӯҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот тӯҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I як маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оиди рӯзи ҷашнгириро ба 1 январи соли 1752 гузарониданд ба занҳо хуш наомад. Намояндагони занон ба назди сухангӯи парлумон омада иброз доштаанд, ки парлумон ҳуқуқ надорад занҳоро ин қадар зиёд рӯз калонтар кунад.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро ки ин дар ин давра табиат аз нав зинда ва мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.