Мис

Шаблон:Химические элемент кутти

Cuivre Michigan
Мис

Мис (Cu) Мис дар қатори оҳан, тилло, нуқра, қалъагӣ, қурғошим, симоб аз қадимтарин металлест, ки инсон 10 ҳаз.сол муқаддам онро мешинохт ва 9 ҳаз.сол пеш дар Шарқи Наздик асри халколит (энеолит) эълон шуд. Тахминан 7 ҳаз.сол муқаддам асри мис ба Аврупо гузашт. Дар он ҷо захираи калони мис дар Кипр (ҷазираест дар баҳри Миёназамин) ба мардум маълум буд ва гумон аст, ки аз Кипр истилоҳи лотинии «купрум» пайдо шуд, вале мис («медь») аз калимаи «смида»-и қабилаҳое, ки дар минтақаи европоии собиқ Иттифоқи Шўравӣ дар асри биринҷӣ сукунат доштанд, ҳама гуна металлҳоро «Смида» меномиданд, чунки танҳо як металл-«медь» (мис)-ро медонистанду бас. Бо мурури вақт асри мис ба Осиёи Миёна, Кавказ ва дар асри 2 пеш аз мелод, то ба Украина расид. Миси асил сурх, сурхи гулобӣ, ёзанда, мулоим, ноқил, вазнин (зичиаш 8,92 г/см3) асту дар 10830С гудохта мешавад, дар ҳавои намнок бо доѓҳои сабз пўшонида мешавад, яке аз металлҳои рангаи саноати ранга ба шумор меравад. Ин аст, ки истифодаи мис аз тамаддуни қадимаи инсоният маълумот медиҳад. Соҳаҳои асосие, ки мис ва хўлаҳои он истифода мешаванд, электротехника ва электроника (ѓалтакҳои аппарати электрикӣ, сим, кабел, резина, қисмҳои эҳтиётии аппаратҳои радио, телевизион, телефон, тамғаҳои чопӣ), мошинсозӣ (қисмҳои двигателу шамолдиҳанда, техникаи кафшерӣ), нақлиёт (қисмҳои пайвасткунандаи қаторҳо, тепловозҳо, киштию тайёраҳо, асбобҳои бонгдиҳанда), саноати кимиё (истеҳсоли катализаторҳо, ранг, намакҳо), сохтмон, кишоварзӣ (истеҳсоли химикатҳои заҳрдор) мебошанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир барои истеҳсоли як мошинаи сабукрав 20 кг мис истифода мешавад. Дар баробари миси тоза хўлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хўлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хўлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хўлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад. Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хўлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хўлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд. Дар асрҳои гузашта (а.15-18) аз хўлаи биринҷӣ аслиҳаи ҷангӣ (тўп) ва барои мазҳаби славияниҳо зангўлаҳо месохтанд, аз ҷумла зангўлаҳои 40 тонна - Шоҳ-Пушка (с.1586) ва аз 200 тонн биринҷӣ Шоҳ-Зангўларо (с.1755) Андрей Чохов ва падару писар Маторинҳо бо муваффақият рехтанд, ки ҳоло дар Кремли Москав маҳфузанд. Пётри 1 дар ҷанги Полтава ба муқобили 4 танки свидҳо 72 танкҳоеро истифода бурд, ки аз зангўлаҳои мазҳаби славиянҳо сохта буданд. Мутахассисон аслиҳаи ҷанги (а.6 пеш аз милод) дар Ирон, Туркия ва Месопотомия аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намуда, ба хулосае омаданд, ки калимаи «бронза» (биринҷӣ), ба сифати истилоҳ баъд аз истеҳсоли хўла пайдо шудааст. Дар ибтидо «бронза» маънои мис аз Брундизия («медь из Брундизия)-ро дошт. Брундизӣ деҳаи портӣ дар соҳили баҳри Адриа воқеъ аст, ки дар он ҷо металли мис савдо мекарданд ва металлургҳои брундизӣ истеҳсоли биринҷиро аз худ намуданд. Номи биринҷӣ аз калимаи тағйирёфтаи туркӣ, номи маҳаллаи Брундизӣ пайдо шудааст. Дар он вақт маркази металлургия дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиё дари хешро боз намуда, гудохтани биринҷӣ авҷ мегирифт ва аслиҳаи ҷангӣ, табар, досу болға, корд ва асбобҳои лозими дигар месохтанд. Аз 240 минерали мис миси асил (100% мис), халкопирит-CuFeS2 (34-35%), ковеллин-CuS (66,4%), борнит-Cu5FeS4 (55-69%), халкозии –Cu2S (80%), куприт-Cu2S (89%), малахит-Cu2(OH)2CO3 (57%), азурит – Cu3(OH)2 [CO3]2 (56-69%), хризоколла-Cu8(OH)8(H2O)4 [Si8O20]•8 H2O (36%), сулфосолҳо (56-69%) дар таркибашон мис доранд. Аз конҳои ҷаҳонии мис аз 95 мамлакат 1,6 млрд.т. (01.01.2005 с.) ошкор шуда, 75% онҳо ба 11 мамлакат рост меояд: Чилӣ (24,6%), ИМА (6,4%), Перу (6,1%), Русия (5,8%), Хитой (5,7%), Замбиё (5,2%), Австралия (4,2%), Мексика (4,1%), Индонезия (3,7%), Полша (3,6%) ва Қазоқистон (3,1%). Захираи умумии маъданҳои мис 1,22 млрд.тоннаро (01.01.2005 с.) дар бар мегирад, аз ҷумла: Чилӣ (29,5%), Русия (6,8%), ИМА (%,7%), Хитой (5,2%), Перу (4,9%), Полша (3,9%), Австралия (3,5%), Мексика (3,3), Индонезия (3,1%), Замбиё (2,9%) ва Конго, Монголия, Қазоқистон, Канада, Ўзбекистон, Бразилия, Аргентина ва Перу. Захираи иктишофшудаи ҷаҳон ба 637 млн.т. рост меояд. Захираи калонтарин дар Чилӣ (22%), ИМА (5,5%), Перу (4,7%), Мексика (4,2%), Бразилия (3,5%) макон дорад. Аз ҳама бойтарин маъданҳои мис дар таркиби регсангҳои мисдори Конго (4% миқдори мис), Замбия (2,8%) ва конҳои колчедани мис дар Австралия (2,4%), миқдори ками мис дар Мексика (0,5%) ва Қазоқистон (0,68%)-конҳои мисупорфир мебошанд. Гудохтани мис дар 37 кишвари ҷаҳон 12,38 млн.т. (с.2005) буда, Ҷапон, Чилӣ, Хитой 30%-и онро дар бар мегиранд. Истеҳсоли миси тоза 16,58 млн.т.( с.2005) мебошад, вале талабот ба он 15,5 млн.т. (с.2005) рост меояд. Содироти умумии мис 7 млн.т., воридот 7,7 млн.т. аст. Содирот аз мамолики рўбатарақкӣ, воридот – тарақкикарда. Содироти калонро Русия (– 500-700 ҳаз.т.) иҷро мекунад. Арзиши миси тоза солҳои 1990-1997 ба 2300-2900 долл./т., солҳои 2004-2005 аз 2865 долл./т. то 3680 долл./т., солҳои 2006-2007 нарх ба 6500-8000 долл./т. рост омад. Заминаи ашёи минералии саноати Русия аз рўи сифат аз саноати Аврупо монданӣ надорад ва ба талабот ҷавобгў мебошад. Захираҳои дурнамои мис 9,8 млн.т. мебошад. Дар Русия мисро асосан аз конҳои сулфиди мису никел (70-75%), комплекси полиметаллҳо, колчедани мис ва мису руҳ (20-25%) истихроҷ мекунанд. Истихроҷи мис дар Русия 5% аз истихроҷи ҷаҳонӣ бартарӣ дорад, аз кони Норилс ки 62%, региони Урал (Туринское) 34,5% мис истихроҷ намуда, 37 конро дар бар мегирад. Никели Норилск 61% истеҳсоли мис ва гудохтани миси тоза 54% дар Урал ва Таймир ба қайд гирифта шудааст. Содироти никели Норилск 85% содироти миси Русияро дар бар мегирад.

Инҷоро ҳам бингаред

Абрамовский Мис (деҳа дар ноҳияи Мезенск)

Абрамовский Мис (деҳа дар ноҳияи Мезенск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Мезенск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Аргентина

Аргенти́на (испанӣ: Argentina), номи рамсии пурра — Ҷумҳурии Аргентина (испанӣ: República Argentina [reˈpuβlika aɾxenˈtina]) — дуюмин давлат (пас аз Бразилия) аз ҷиҳати масоҳат, сеюмин (пас Бразилия ва Колумбия) аз рӯи аҳолӣ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.

Африқои Ҷанубӣ

Áфриқои Ҷанубӣ — ноҳияи табиии Африқо, дар ҷануби пуштакӯҳи Конго – Замбезӣ. Африқои Ҷанубиро аз Ғарб Уқёнуси Атлантик, аз Шарқ Уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст. Дар Африқои Ҷанубӣ аксари навъҳои сатҳи замин (ландшафт)-и Африқо дар миқёс (масштаб)-и хурд такрор мешаванд, аз ҳамин сабаб онро баъзан Африқои Хурд ҳам меноманд. Африқои Ҷанубӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ як қисми платформаи Африқо аст. Дар ҷойҳои барҷастаи таҳкурсии платформа ҷинсҳои булӯрии токембрий ва интрузияҳое, ки дар палеозой пайдо шудаанд, намудоранд. Пастхамии Калахари бо ҷинсҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Канори ҷанубиашро кӯҳҳои чиндори Кап иҳота кардаанд, ки аз тамоми қисми боқимондаи Африқои Ҷануб ҷавонтаранд. Африқои Ҷануб аз моддаҳои маъда­­нии арзишманд – тило, платина, уран, қалъагӣ, манган, мис, хромит, асбест, алмос ва ғайра ғанӣ аст. Таҳнишастҳои давраи перм конҳои калони ангиштсанг дорад. Қисми марказии ноҳия аз ҳамвориҳои баланд (то 900–1000 м) иборат буда, атрофи он асосан бо паҳнкӯҳҳои баландиашон 1200–1800 м иҳота шудааст. Ноҳия дар минтақаҳои иқли­маш истивоӣ, тропикӣ, субтропикӣ ҷой гирифтааст. Боришоти солона 500–600 мм. Ҳарор. миёнаи моҳона 290, 270С (дар Мозамбик), дар соҳилҳои ғарбӣ 11,60, 15,30С. Қисми зиёди Африқои Ҷанубиро дашт ишғол кардааст. Соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқии серборишашро бешаҳои зичи тропикӣ ва субтропикии сернам пӯшондаанд. Ба тарафи ғарб наботот торафт кам мешавад. Аз ҳайвонот шер, паланг, кафтор, шағол, фил, каркадан, говмеш, заррофа, оҳу дорад.

Березовская (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Березовская (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Болшой Мис (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Болшой Мис (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Василевская-1 (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Василевская-1 (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Верхний Базлук (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Верхний Базлук (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Гришин мис (ноҳияи Жигалов, Иркутск)

Гришин мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Жигалов, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Емеляновская (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Емеляновская (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Иванов Мис (ноҳияи Тайшет, Иркутск)

Иванов Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Тайшет, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Мис (ноҳияи Верховаж, Вологда)

Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Верховаж, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.

Мис (ноҳияи Качуг, Иркутск)

Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Качуг, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Мис (ноҳияи Нюксен, Вологда)

Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Нюксен, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.

Мис (ноҳияи Тотем, Вологда)

Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Тотем, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.

Мис (ноҳияи Шекснин, Вологда)

Мис (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Шекснин, ки дар вилояти Вологда қарор дорад, дохил мешавад.

Ноҳияи Ленск

Ноҳияи Ленск (русӣ: Ленский муниципальный район) — ноҳия дар ҳайати вилояти Архангелски Федератсияи Русия мебошад.

Маркази маъмурӣ — деҳаи Яренск.

Седуновская (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Седуновская (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Серединская (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Серединская (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

Тимасова Гора (деҳа дар ноҳияи Ленск)

Тимасова Гора (деҳа дар ноҳияи Ленск) (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Ленск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.