Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ — арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд.

GDP nominal per capita world map IMF 2008
Номинали (арзиши номи коғазҳои қиматноқ, пул, танга ва ғ.) ММД сари ҳар як нафари аҳолӣ бо ҳисоби доллари ИМА (дар соли 2008)

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва усулҳои ҳисобкунии он

Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман, натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Дар назарияи иқтисод вобаста ба нарх ва шуғл, ки омилҳои асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд. Вобаста ба нарх МММ-и номиналӣ ва ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и номиналӣ арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли ҷорӣ мебошад. МММ-и ҳақиқӣ арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад. Муносибати байни МММ-и номиналӣ ва МММ-и ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори МММ меноманд, яъне:

ДМММ=(МММ-и номиналӣ
___________________________х100%

МММ-и ҳақиқӣ)

Вобаста ба вазъи шуғл МММ-и имконпазир ва МММ-и воқеиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и имконпазир гуфта, ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро, ҳангоми ҷой доштани шуғли пурра меноманд. МММ-и воқеӣ ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бо усулҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
аз рӯи хароҷотҳо;
аз рӯи даромадҳо;
мувофиқи арзиши иловашуда.

Мувофиқи усули хароҷотҳо МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
MMM=C+Jg+G+N Чӣ тавре ки аз ин формула бармеояд, таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузориҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nx).
Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хизматҳо дохил карда мешаванд.
Ба маблағгузориҳои умумӣ (Jg) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, харидани таҷҳизот, қоғазҳои қиматнок сарф карда шудаанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ маблағгузориҳои умумӣ 16-19 фоизи МММ-ро ташкил медиҳанд.
Ба хароҷотҳои давлатӣ (G) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои таъмини фаъолияти органҳои гуногуни давлатӣ сарф мешаванд. Масалан: хароҷотҳо барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Пардохтҳои трансферта (субсидияҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра) ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда намешаванд.
Ба содироти соф (Nx) фарқияти байни содирот ва воридот (Nx=Ex-Im) дохил мешавад. Агар ин фарқият мусбӣ бошад, пас, ҳаҷми МММ зиёд ва баръакс, дар сурати манфӣ будани ин фарқият ҳаҷми МММ кам мешавад.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз рӯи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ = даромад аз меҳнат (музди кор) + даромад аз моликият + фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + рента + фоизи қарз + андозҳои ғайримустақим + истеҳлок (амортизатсия) + дивиденд.
Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба коргаронашон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.
Даромад аз моликият даромади соҳаи (сектори) хусусӣ аз сармоя мебошад. Фоидаи ширкатҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.
Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.
Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро бар ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.
Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хизматҳояшон пардохт мекунанд.
Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.
Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.
Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашударо усули истеҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби МММ тақозо менамояд, ки тамоми молу хизматҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метавонад хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки барои истеъмоли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.
мафҳуми арзиши иловашуда фарқи байни арзиши маҳсулоти «истеҳсолшуда» ва хароҷотест, ки фирма барои хариду ашёи хом (маҳсулоти фосилавӣ) пардохт намудааст.
Масъалаҳои асосии ҳисоб намудани МММ инҳо мебошанд:

Фатҳулло Ҷабборов

Ҷабборов Фатҳулло Амриевич — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.