Мадраса

Мадраса (ар. مدرسة‎ ҷои дарс хондан, дарсхона), таълимгоҳе, ки толибон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ Мадраса нахуст дар Бухоро пайдо шуда, соли 937938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар ҳудуди асрҳои XI—XII дар кишварҳои ғарбии олами Ислом ҳам таъсис ёфтани Мадраса ба фаъолияти ҳукуматдорони салҷуқӣ, ки ба интишори маданияти эронӣ мусоидат мекарданд, алоқаманд аст.

Мадраса ҳамчун таълимгоҳи олии динӣ дар замони таҷаддуди маданияти тоҷикон (асрҳои 9—10) ба миён омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ (дабиристонҳо) такья дошт. Ба таркиб, тартиботи дохилӣ ва ҳаёти илмии Мадраса дорулфунунҳои атикаи ибтидои асрҳои миёнаи Эдесса, академияи Ннсибия, дорулфунунҳои Хирону Ганди Шопур таъсири зиёде расонидаанд. Аввалин таълимгоҳи исломӣ Мадрасаи Бағдод — дар шаҳри Бағдод дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Абe Ҷаъфар Мансури Давониқӣ бино ниҳода шуд. Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекард. Дар мадрасаи шаҳри Кият — маркази Хоразм олими маъруф, устоди Берунӣ Абунаср Мансур ибни Алии Ироқӣ дарс медод. Дар мадрасаҳои Самарқанд ҳам олимони номдори аср — Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, Абумансур Муҳаммади Мотридӣ, Абулайси Самарқандӣ ва дигарон дарс мегуфтанд. Дар ибтидои асри XI Мадрасаҳои Нишопур, Балх, Разна, Марв дорои китобхонаҳои пурсарвате буданд.

Ба шаҳодати Байҳақӣ дар ноҳияи Хатлон ҳам бештар аз 20 Мадраса мавҷуд будааст. Дар Мадрасаи «Ҷомеи арӯси фалак»-и Разна, толибон илмҳои «мазҳабию» «мадрасагӣ» касб мeкардаанд. Аввалин Мадрасаи китобхонадори Марв дар асри X пайдо шудааст. Муқаддасӣ, ки Мадрасаи Марвро дида будааст, менависад: «Ҳар мударрис ротиба (маош)-е дорад». Ёкути Ҳамавӣ аз байни Мадрасаҳои Марв «Шарафулмулк», «Низомия», «Амдия», «Хотуния» ва «Дутория»-ро ташхис дода, махсус қайд кардааст. Дар Марв дар нимаи аввали асри XI бо унвони «Бану Тамим», дар асри XII бо унвони «Аҳмадия» ва «Шиҳобӣ» Мадрасаҳо мавчуд будаанд. Муаллифи «Китоб-ул-ансоб» «Самъонӣ (1113—1160) аз ҷумлаи мударрисони «Аҳмадия» буд. Адибону мутафаккирони машҳури форсу-тоҷик Рашиди Ватвот, Чалолуддини Румӣ аз ҷумлаи таҳсилдидагони мадрасаи «Низомия»-и Балх буданд. Ҳадди охири интишори мадраса дар Осиёи Марказӣ ш. Хутан буд. Яке аз муассисони асосии мадраса вазири маърифатпаноҳи Салҷуқиён Низомулмулк буд. Дар аҳди фаъолияти ӯ дар Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв, Исфахон, Мавсил, Табаристон мадрасаҳо кушода шуданд. Мадрасаҳое, ки бо ташаббуси Низомулмулк кушода шуда буданд, ба шарафи у «Низомия» ном гирифтанд.

Дар асрҳои миёна мадраса ҳақиқатан маркази асосии таълим буда, олимон он ҷо ба тадқиқи илм низ машғул мешуданд. Дар мадраса омузиши фанҳои табииёт мавқеи калон дошт. Олим Майсорӣ, мусаннифи достони «Донишнома» менависад, ки чаҳор илми асосӣ вуҷуд дорад: нуҷум, ҳандаса, тиб, илоҳиёт. Насриддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға мадраса таъсис кард. Машғулият дар он ихтиёрӣ буд. Риёзиёт ва диг. фанҳои дақиқ дар мадраса бо усули Осиёи Миёна таълим дода мешуд. Асарҳои Мухаммади Хоразмӣ «Хисоб-ул-ҷабр ва-л-мукобала», Махмуд ибни Вусудӣ «Лубоб-ул-ҳисоб» ва диг. беҳтарин васоити таълим буданд. М.-и давра чандон равияи динӣ надошт, балки дорулфунуни том буд, ки дар таълими он илоҳиёт мавқеи калон надошт. С. Айнй қайд мекунад, ки М.-и Алишер Навоӣ дар давраи худ ба унт монанд буд. Дар асри XV Мадрасаи Улуғбек маркази афкори илмии Самарқанд ҳисоб мешуд. Аз мударрисони он олимони барҷастаи Шарқ: Қозизодаи Румӣ, Риёсуддини Ҷамшед, Муинуддини Кошӣ ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. А. Ю. Якубовский ва Т. Қорӣ Ниёзӣ қайд кардаанд, ки дар Мадрасаи Улуғбек на фақат илоҳиёт, балки илмҳои дақиқ, аз ҷумла нуҷум низ таълим дода мешуд. Дар асри XV якчанд мадрасаҳо илми тибро таълим медоданд. Мадрасаи Рубъи Рашидӣ (наздикии Табрез) аз ҳамин қабил буд. Дар ин ҷо табибони машҳури Ҳиндустон, Хитой, Миср, Сурия дарс медоданд. Ҳар табиб 10 шогирд дошт. Ҳирот дар асри XV дуто чунин мадраса дошт: Дорушшифои Султонӣ (бо амри Шоҳрух сохта шудааст) ва Шифоия (Навоӣ таъсис додааст). С. Айнӣ менависад: «Дар он мадраса аз табибҳои хозики ҳамон замон, ки илми тибро бо амалиёташ медонистанд, Мавлоно Риёсуддин Муҳаммад ва Мавлоно Ҷалолиддин барин донишмандон дарс медоданд». Дар охири асри XVII дар Регистони Бухоро Мадрасаи дигари Дорушшифо сохта шуд, ки дар он табибони ботаҷриба дарc медоданд ва беморонро муолиҷа мекарданд.

Storks samarkand
Мадраса дар Самарқанд

Инчунин нигаред

Манбаъ

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Аҳмади Дониш

Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.

Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асарҳои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.

Домулло

Домулло (форсӣ: داملاّ‎) — мухотабест, ки ҳангоми муроҷиат (гуф­ту­гӯ) ҳамчун арзи эҳтиром нисбат ба ходимони барҷаста, соҳибэътибор ва боиззати динӣ, илмиву адабӣ ва маорифу фарҳанг истифода бурда мешавад.

Мадраса (филм)

Мадраса (форсӣ: مدرسه‎) — филми драмаи 2013 дар Афғонистон, бо таҳия ва коргардонии Асад Сикандар.

Ин филм бар асоси достони воқеии хонавода паноҳандагони афғон аст, ки дар Эрон пас аз ҷанг дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Ин филм дар таърих 6 июли 2013 дар Кбул ва дар таърих 14 октябри 2014 дар Мумбай мунташир шуд.

Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ"

Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ" дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд ҷойгир шуда, ёдгории таърихии меъмории асри XVII, ки солҳои 1656 – 60 бо ташаббуси ҳокими он замон Мирраҷаб Додхоҳ дар кӯчаи Ҷари шаҳри Конибодом аз хишти пухта сохта шудааст. Бино ба вақфномае, ки соли 1883 навишта шудааст, ин мадраса ба домулло Олим ном марди хирадманд тааллуқ дошт. Даромадгоҳи мадраса дар мобайн воқеъ буда, дарвозаи кандакорӣ дорад. Дарвозаи мадрасаро устоҳои кандакор Мулло Ҳоҷӣ Саид ва Усто Мансур сохта, дар кунҷи болои он санаи сохтмони дарвоза – 1070 (1656 – 60) ва исми худро бо хатти арабӣ сабт намудаанд.

Дар даромадгоҳи мадраса гумбази куррашакл ва пештоқҳо ҷойгиранд. Дар ду тарафи даромадгоҳ ду гулбуттаи (манора) начандон баланд ҷойгир аст. Асоси ёдгориро ду толори гуногунҳаҷм ташкил медиҳад, ки як толор ба сифати намозгоҳ, толори дигар ба сифати дарсхона истифода бурда мешуд. Дар дохили мадраса 15 ҳуҷра ва дар қисми ҷанубии он айвони 10-сутундор ҷойгир аст, ки ба сифати намозгоҳи тобистона истифода бурда мешуд. Ин айвонҳоро солҳои 1916 – 1917 устоҳои наҷҷор Муҳаммад Шукур, Усто Эрбой, Усто Ориф ва Усто Олим сохта, кандакорӣ намудаанд. Дар мадраса 100 нафар шогирдон таҳсил мекардаанд.

Дар ибтидои асри 20 Ҷунайдулло Махсум (ваф. 1919) ва Махсум-домулло аз гузари Арабхона 40 сол мударриси ин мадраса буданд. Сипас дар ин мадраса Бӯрихон-домулло, Ҷунайд-домулло ва Саидхон мударрисӣ кардаанд. Мадраса дар роҳи Халтақишлоқ (ҳоло Янгиобод) замин (вақф) дошт, ки даромади он ба хароҷоти мадраса сарф мешуд. Соли 1883 Муҳаммад Шариф писари Ашӯр Қайчӣ ба ин мадраса сарварӣ мекард. Ӯ ба 15 пули тилло об харид ва онро ба истифодаи замини мадраса бидод.

Дар бинои мадраса солҳо 1922 – 24 мактаби «Доруттадрис», солҳои 1914 – 1928 мактаби дараҷаи 2-юм, курси дусолаи муаллимтайёркунӣ, минбаъд интернат ва хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбҳои технинии № 18 ҷой гирифта буданд.

Бинои вайронаи ин мадраса бо қарори комиҷроияи шаҳри Конибодом аз 3 августи соли 1977 пурра таъмир гардид ва аз 7 июли соли 1983 барои истифода ба ихтиёри осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр дода шуд.

Имрӯз ин мадраса ҳамчун осорхонаи шаҳри Конибодом хизмат мекунад.

Мадрасаи Бағдод

Мадрасаи Бағдод — дар шаҳри Бағдод дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Абe Ҷаъфар Мансури Давониқӣ бино ниҳода шуд.

Мадрасаи Бағдод, мадрасае барои таълими тиб дар он барпо кард ва Ҷарҷис ибни Бахтишуъро аз сипоҳи Шопур фаро хонд ва ёро ба раёсати мадраса мансуб кард ва нависандагони «сурёни»-ро ба тарҷамаи осори юнонӣ ба арабӣ маъмур сохт.

Мадрасаи Кӯҳна

Мадрасаи Кӯҳна — ёдгории меъмории асри XVIII ва аввали асри XIX дар ноҳияи Ҳисор. Дар самти ҷанубии Қалъаи Ҳисор рӯ ба рӯи арк аз хишти пухта бино гардидааст. Дар шафати Мадрасаи кӯҳна корвонсаройи бузург воқеъ будааст, ки ҳоло вуҷуд надорад. Мадрасаи Кӯҳна якошёнаи мураббаъ буда, 50Х45 м андоза дорад. Ҳавлии васеъ ва чоркунҷаи онро аз се тараф ҳуҷраҳои начандон калон иҳота кардаанд, ки намояшон равоқтоқҳои мусалсали томро таркиб додааст. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои “балхӣ” пӯшида шудаанд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоҷтовҳои панҷқирра бино ёфтаанд. Ҳар кадоми онҳо роҳрве доранд, ки ба се хонаи асосии мадраса мебаранд. Тартиби ҷойгиршавӣ ва сохтмони ҳуҷраҳо дар ду ҷой – кунҷи ҷануби ғарб бо дарвоза ва мақобили он зинаи борики ба бом бароянда фарқ мекунад. Дар тарафи шимолу ғарб айвони равоқтоқдори рӯ ба ҳавлии мадраса сохта шудааст. Қисми шимолии мадраса нисбатан мураккабтар мебошад; дахлези гунбазӣ ва дар болои он як дар хонаи чоркунҷае – китобхонаи гунбазӣ балхидор ҷой гирифта, дар ғарби даҳлез айвони равоҷӣ ва паси он болои устувонаи таркдор толори сафедгунбаз бино ёфтааст. Меҳроби мадраса дар яке аз чор тоқ, ки нисбатан чуқуртар аст, ҷойгир мебошад ва канораҳои он бо гач гулпартоӣ шудааст. Мадраса бар хилофи меъмории анъанавӣ дарсхона надорад ва ҳамчунин берабтӣ дар бандубасти номи Мадрасаи Кӯҳна низ мушоҳида мегардад; пештоқи калонаш ба девор номувофиқ афтода, дар ду гӯша гулдастаҳои бузурги гунбазу тоқдор қомат афрохтаанд.

Тарафи рости иморатро масҷиди пешайвондор ва тарафи чапи онро дарсхона бо шаклу андозаи мухталиф ишғол кардаанд.

Мадрасаи Кӯҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд, ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд. Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ (оташдони деворӣ), тоқҷаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд (балхӣ) мебошад. Мадрасаи Кӯҳна дорои 31 ҳуҷра буда, масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ташкил менамояд.Мадрасаи Кӯҳна дар муҳофизати давлат мебошад.

Мадрасаи Нав

Мадрасаи нав — ёдгории меъмории асри XIX дар ноҳияи Ҳисор. Дар ҳавлии Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта сохта шудааст.

Мадраса дуошьёна буда, бинои яклухти он шакли анъанавии хоси меъмории даврашро дорад: дар марказ пештоқи васеи даромадгоҳ паси он даҳлези ду равоқаи андозаашон якхелаи пештоқ, рӯ ба ҳавлй ва дар ду тарафи пештоқ равоқтоқҳои қатори мутаносиби дуқабатаи гунбазй ва дар кунҷҳо гулдастаҳои суфтан маҳрутй бидунн тобадонҳои равшанигузар қад афрохтаадд. Бинои асосй аз хишт бино гардида, дарзҳои байни хишт бо гаҷ бандкашй шудааст, ки ин амал ба бино зеб бахшида ва онро яклухт нишон медихад. Қисмҳон дар ду тарафи даромадгох будаи бино (аз нигоҳи ороиш) — якхела нестанд. Кисми чапи девор яклухт ва қисми рост тоқ дар тоқ буда, дар марши ҳap яки ин токҳо даричае гузоштаанд. Қисми болои бино мутавозй буда, давродаври ошьёнаи дуюм айвондор ва дари ҳучраҳои Мадраса ба ҳамин айвон кушода мешаванд. Аз ин ҷо ба манорахо низ рох, аст. Дар тарафи чап инчунин толорн дарозруяи масчид ва дар тарафн рост дарсхонаи гумбазй ҷой гирифтаанд.

Аз харобаҳо бармеояд, ки атрофи ҳавлии росткунҷаи мадрасаро ҳучраҳо иҳота мекардаанд. Ин ёдгорӣ аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар ошьёнаи якум хуҷраҳои муқаррарии ру ба ҷониби хавлӣ ва дар қабати боло айвонҳои кушоду дигар ҳуҷраҳо ҷо гирифтаанд. Ин усули мадрасасозӣ, ки аз тарзи анъанавӣ фарқ дорад, дар амалияи санъати меъморин Осиёи Миёна намунаи нодир аст. Едгорӣ дар муҳофизати давлат мебошад.

Мадрасаи Нав баъди 50 соли буньёди Мадрасаи Кўҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуввуми асри ХVII. Абдуҳалим Раҳимов таърихи сохтмони Мадрасаи Навро чунин гуфтааст: — Мадраса дорои 28 ҳуҷра, ки аз ин 21-ададаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масҷиду як синфхона мебошад.

Мадрасаи Ойим

Мадрасаи Ойим — ёдгории таърихии меъмории чаҳоряки якуми асри XIX. Дар сари роҳи қадими деҳаи Патари ноҳияи Конибодом воқеъ аст. Солҳои 1824 – 1825 сохта шудааст. Шогирди ин мадраса Қоринасиби Ҷамол санаи 1825 сохта шудани онро тасдиқ намуда буд. Ин мадрасаро домулло Мир Олим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибиойим гузоштааст. Дарозии мадраса дар қисми шимолӣ – 36,5м, дар қисми Ғарбӣ – 35м, сатҳи дохили он 17Х20,5м. Мадраса аз 25 ҳуҷра иборат буда, ҳаҷми ҳар яке аз он 2,4Х3м аст.

Аз рӯи маълумотҳо дар ин мадраса 200 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Дар мадраса 4 мударрис, 1 мутаваллӣ, 2 имом, 1 сӯфӣ, 1 посбон ва 1 сартарош кор мекарданд. Соли 1891 аз рӯи фармони губернатор Наливкин Камолхоҷа-домулло мударриси ин мадраса таъйин гардида буд. Баъди вафоти ӯ ба ин вазифа Мулло Бобохоҷа Бузургхоҷаев таъйин гардид. Солҳо ба сифати мударрис Охунҷон Махдум ва Мулло ирвалӣ кор кардаанд. Замини деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар вақфи мадраса ба ҳисоб рафта, даомади он дар бонки шаҳри Қӯқанд нигоҳ дошта мешуд.

Бинои ин мадраса баъди Инқилоби Октябр ба истифодаи артели ҳунармандӣ, солҳои 1941 – 1970 ба ихтиёри маҳбас (колонияи ислоҳотӣ) дода шуд. Сипас бинои фарсудаи мадраса дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Конибодом доир ба омодагӣ ба ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён аз нав сохта ба истифода супурда шуд.

Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Мадрасаи Улуғбек (Самарқанд)

Мадрасаи Улуғбек, ёдгории меъмории асри XV дар шаҳри Самарқанд аст. Мадраса як чузъи ансамбли Регистони Самарқанд аст. Солҳои 1417 — 1420 бо фармони Улуғбек сохта шудааст.

Аз замони ҳукумронии Амир Темур майдони Регистон ба бозори асосӣ ва маркази ҷамъиятии Самарқанд табдил меёбад. Дар давраи ҳукумронии набераи маорифпарвари Амир Темур Мирзо Улуғбек намуди Регистон тағйир меёбад. Улуғбек бо мақсади рушди илму маърифат ба сохтумони донишгоҳи исломӣ Мадраса шурӯъ мекунад.

Ҳаҷми умумии мадраса 81x56 метр аст. Се дарвоза дорад, дарвозаи асосӣ ба майдони Регистон мебарояд. Даромадгоҳи асосии мадраса дорои пештоқи муҳташам аст. Девори асосӣ ду паҳлӯи пештоқ) бо ду қатор токҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Дар гирдогирди хавлии мураббаи мадраса (30x30) қатори ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор, дарсхонаҳои калони гунбазпуш (дар чор кунҷи ҳавлӣ) чор айвон ва масҷиди зимистона ҳастанд. Мадрасаи Улуғбек намунаи олии санъати ороишии меъморист. Изораҳои мармарй, ҳотамкориву кошикории девору манораҳо, гаҷкориҳои олии ин ёдгорӣ аз завқи баланди созандагонаш шаҳодат медиҳанд. Нақшҳои ҳар як иморат аз ҳамдигар фарқ карда, ҳар кадом дорои ҳусни хосаест. Катибаҳои Мадрасаи Улуғбек низ хеле назаррабо буда, бо як маҳорати том (ба тоҷикӣ) сабт гардидаанд.

Мадрасаи Улуғбек таҷассуми комёбиҳои қариб якуним ҳазорсолаи санъати меъмории Осиёи Миёна аст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат қарор дорад. Соли 2001 Мадрасаи Улуғбек ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё Мақбараи дугона дар деҳаи Сайёд, Ноҳияи Шаҳритус ҷой гирифтааст. Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷа Машҳад ҳамчун номзад ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Мадрасаи Шердор

Мадрасаи Шердор - ёдгории меъморй дар Регистони Самарқанд. Солҳои 1619—1635 бо фармони сардори хонадони хонҳои узбек Олчин Ялангтуш Баҳодур дар рӯбарӯи Мадрасаи Улуғбек сохта шуда, аз рӯи банду баёт ва хусусан намой пеш ба он шабоҳат дорад. Накшунигори коши пештоқ бо тасвири офтоби нурафшони ба рӯи инсон монанд ва шери ба РИЗОЛ хамлавар (аз ин чост, ки Мадраса номи «шер-дор»-ро гирифтааст) чолиб аст. Меъморон нусхабардорй накарда, бандубасти дохили иморатҳо аз ҳам фарк кунонидаанд. Хавлии чор суи Мадрасаи Шердорро чор айвони барҳаво иҳота кардааст. Ин айвонҳо бо нимгунбазҳои ба шарафаҳои сипаршакл такьякунанда пушонида шудаанд. Кошиву хотамкориҳои М. Ш. аз ороишоти диг. ёдгориҳои ин давр гуётару чузъҳои накшунигораш даман калонтар буда, бештар шаклҳои хандасй ва мунаббатй истифода шудаанд. Девори айвонҳо саросар наккошй гулпартой шуда, чо-чо катибаҳо зебо сабт гардидаанд. Девори кафои иморат дар ду кунчаш гулдастаи пасту ғафс дорад. Дар яке аз катибаҳо номи офарандагони мадраса Абдучаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Накош сабт гардидаанд. Мадрасаи Шердор дар ҳифзи давлат аст.

Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор

Муасисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор» - нахуст бо номи

«Қуруқи таърихӣ-мадании Ҳисор» 4 апрели соли 1979 ташкил шуда буд ва 28 январи соли 1982 мамнӯъгоҳ номи «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор»-ро гирифт, аз 30 июли соли 2009 мақоми давлатӣ ва ҷумҳуриявиро соҳиб гашт ва ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофизати давлат аст. Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад.

Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор дар асоси маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор:

Қалъаи Ҳисор,

Дарвозаи Арк,

Мадрасаи Кӯҳна,

Мадрасаи Нав,

Масҷиди Сангин,

Мақбараи Махдуми Аъзам,

Корвонсарои Хиштин,

Мадрасаи Чашмаи Моҳиён,

Таҳоратхона,

Масҷиди Одинава деворҳои боқимондаи ш. Ҳисор, ки инчунин ёдгориҳои ҳафриётии атрофи ш. Ҳисорро дар бар мегирад, ташкил карда шудааст.

Айни замон дар мамнӯъгоҳ шуъбаҳои фонду мардумшиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, меъморӣ-рассомӣ, таъриху бостоншиносӣ ва осорхонаи таърихӣ барои босамар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум фаъолият мекунанд. Дар соли 2013 шумораи кормандони мамнӯъгоҳ 42 нафар буда, 36 нафар мувофиқи воҳиди корӣ ва 6 нафар шартномавӣ фаъолият мекунанд.

«Ҳисор» ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷойи мустаҳкам, девори даври қалъа омадааст. Дар «Ҳудуд- ул-олам» қайд шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва барокӯҳи ниҳода ва гирди ӯ борае (девора) кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург, аз вай заъфарон хезад бисёр». Аввалин маротиба Ҳисори Шодмон дар асари муаррих Алии Яздӣ «Зафарнома» зикр ёфтааст.

Сайёҳи чинӣ Сюан Тзян дар асри 7 м. менигорад: «Хонигарии Суман (Шумон) аз ғарб ба шарқ ба масофаи чоррӯза сафар, аз ҷануб то шимол ба масофаи як рӯзи роҳпаймойӣ тӯл кашидааст. Пойтахти ин қаламрав кучак буда,дар он ду дайри буддоӣ вуҷуд дорад.»

Дар шаҳр 24 масҷид, 5 мадраса, 5 корвонсарой вуҷуд доштааст. Майдони Регистон маркази шаҳр буд, дар атрофи он се мадраса, корвонсарой, таҳоратхона, 2 чойхона, бозорҷо ва қатлгоҳ мавҷуд буданд. Қалъаи Ҳисор дар масоҳати 17 га ҷойгир шуда, аз 3 қисм иборат аст: қароргоҳи ҳоким, Уштурхона ва Аскархона. Даромадгоҳи асосии қалъаро Дарвозаи Арк мегуфтанд, ки асри XVI-XVII сохта шуда, ду бурҷи баланди мудаввар дорад, ғафсии девори бурҷҳо зиёда аз 1 м буда, 8-тоӣ тиркаш доранд.

Масҷиди Сангин яке аз нахустмасҷид дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар асри VII аз тарафи Қутайба ибни Муслим бунёд ёфтааст. Ду пешайвони масҷид ва манораи он асри XIV сохта шудааст.

Мақбараи Махдуми Аъзам аз се бино иборат буда, бинои аввал ҳамчун зиёратхона дар а.10 бунёд ёфта, ду гӯрхона асри XIV-XVI сохта шудааст.

Мадрасаи Кӯҳна ба асри XVI тааллуқ дошта, 2250 м мураббаъ, дорои 27 ҳуҷра, 4 синфхона, 1 масҷид, чиллахона, китобхона-қироатхона ва 2 манора мебошад.

Мадрасаи Нав ба асри XVII тааллуқ дошта, аз тарафи Хонуми Сабз сохта шудааст, дорои 21 ҳуҷра, масҷид, синфхона дар ошёнаи 1-ум ва дар ошёнаи 2-юм дорои 7 ҳуҷра мебошад.

Мадрасаи Чашмаи Моҳиён дар асри XIV-XV сохта шудааст.

Таҳоратхона дар байни ду мадраса ҷойгир буда, дар асри XVI сохта шудааст.

Корвонсарои Хиштин дар соли 1804 аз тарафи Сайидбии Атолиқ сохта шудааст, то соли 1928 ҳамчун меҳмонхона истифода мешуд.

Мулло

Мулло (ар. مُلَّا‎ — пурдон, бисёрдон) — ходими дини ислом, махдум, олими мадраса, олими дин ва шариат.

Ноҳияи Ваҳдат

Ваҳдат — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 Янгибозор, то 25.12.1991 Орҷоникидзеобод, то 07.04.2003 Кофарниҳон ном дошт. 07.04.2003 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдат номгузорӣ шуд.

Регистон

Регистон (ӯзб. Registon) — майдон ва ансамбли ёдгории қадим (XV—XVI асрҳо) дар шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон) аст. Ансамбли Регистон аз се мадраса иборат аст: мадрасаи Улуғбек, мадрасаи Тиллокорӣ ва мадрасаи Шердор. Соли 2001 мадрасаҳои ансамбли Регистон ва дигар ёдгориҳои меъмории Самарқанд ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997).

Самарқанд

Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанд и Ӯзбекистон аст ва қисмати зиёди мардуми ин шаҳри қадима тоҷик аст (суннӣ, ҳанафӣ). Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд.

Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии "Авесто" номбар гардидааст.

Фиқҳ

Фиқҳ (ар. فقه‎ - фаҳмиш, дониш‎) — илмест, ки аҳкоми ҷузъӣ ва масоили фаръии шариъатро дар тамоми бахшҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва онҳоро аз далелҳои тафсилӣ ва асосҳои шаръӣ коркард ва муайян менамояд.

Шамсиддини Шоҳин

Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин - шоир ва маорифпарвари тоҷик.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.