Кулолӣ

Кулолӣ — яке аз касбҳои суннатии маъруфи тоҷикон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти гилӣ марбут аст. Касби кулолӣ бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буд. Дар деҳот зарфсозӣ ё кулолӣ, асосан, ба зиммаи занҳо буд. Онҳо аз гилҳои маҳаллӣ бидуни чархи кулолӣ зарфҳо сохта, дар ҷойи соя хушконида, дар оташдонҳои наздиҳавлигӣ мепухтанд. Барои сўзишворӣ, одатан, порӯи чорпои хонагӣ истифода мешуд.

Ба кори кулолӣ дар фаслҳои гарми сол машғул мешуданд. Хок ва гили онро кӯзагарон аз ҷойи махсус мегирифтанд. Ҳар гуна хоку гил барои зарфсозӣ мувофиқ набуд. Масалан, кулолони Истаравшан аз гили бута ва сурххок истифода мебурданд, дар Варзоб аз хоки сурхро аз кӯҳи Хӯҷахок меоварданд. Кулолони деҳаи Ёгеди Дарвоз гилро аз мавзеъи Виск оварда, зарф месохтанд. Кулолони Қаратоғ хокро кӯҳҳои атроф дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе меоварданд. Гилро аввал дар офтоб хушконида, бо кӯба мекӯфтанд, сипас бо об онро шӯрида, лой тайёр мекарданд. Баъзан бо гил регро низ аз элак гузаронида ҳамроҳ менамуданд. Агар кулолон кӯза, хум ё хурмаи калоне сохтанӣ шаванд, каме пашми буз меандохтанд, то ки мустаҳкамтар шавад. Лойро бо дасту по зер карда, ҳавояшро мебароварданд ва дар ҷойи сояву хушк бо латтаҳо пӯшонида мемонданд. Лой якчанд рӯз, баъзан то 10 рӯз, то расидан ва часпак шуданаш мехобид. Пас аз омода шудани лой як миқдори онро ҷудо карда, ба пештахтаи лоймолӣ гузошта, ба шакли зарфҳои дилхоҳ медароварданд ва баъдан онро ба дастгоҳ мениҳоданд. Дастгоҳи кулолӣ аз чархи пой, тир ва сандон (сумба) иборат буд. Усто бо пояш чархро тоб медод ва тири ба чарх устуворшуда низ тоб хӯрда, тахтаи гирдро мечархонид. Лойи болои тахта тоб хӯрда, кулол каме об ба он пошида, лойро лағжонак мекард, то ки ба шакли муайян дароварданаш осон шавад. Дар вақти шакл додан кулолон аз асбобҳои махсуси худ, ба монанди каҷкорд, қошуқ, гардангирак, товонча истифода мебурданд. Пас аз омода шудани зарф он бо қолибҳои белчамонанд, ғирғирак (ғарғара) ва ғайра ороиш дода мешуд. Нақшҳои кӯзаҳои сафолии маҳаллӣ чандон мураккаб набуданд. Қолибҳо нақшҳои хатти уреб, бодомча, чоркунҷа ва амсоли инҳоро доштанд. Баъзе занҳои кӯзагар баъд аз хушконидан ва пухтани зарфҳо бо рангҳои табиӣ маҳсулоти худро бо тасвирҳои гулу баргҳо ва хатҳои мавҷнок оро медоданд. Зарфи аз дастгоҳ гирифташударо, нахуст бо латтаи дар оби гили сурх таршуда мемолиданд, ки ин амал «маймолкунӣ» ё «гилобчакунӣ» ном дошт. Барои гилобчакунӣ аз гилҳои зардчатоб, сурх ва кабуд бештар истифода мешуд. Зарфҳоро дар ҷойи соя мехушкониданд. Баъд аз хушк шудан зарфҳоро аввал бо латтаи тар ва сипас бо хушк молида, сайқал мезаданд. Чун сайқалзанӣ ба анҷом расид зарфҳоро боз дар ҷойи соя ва баъдан дар офтоб дубора гузошта, пурра мехушкониданд. Зарфҳои хушкшударо дар хумдон ё оташдонҳои махсус мепухтанд. Хумдонҳо вобаста ба таъйиноту вазифаашон ду навъ мешуданд: хумдони калон, ки барои кӯзаву хуму хурмаҳо сохта шуда буданд ва хумдони косаву табақ, ки хурдтар буданд. Хумдон аз гулах – фарши оташафрӯзӣ, тур (пур) – ҷойи зарфгузорӣ ибрат буда, аз болояш сӯрохие калоне мавҷуд буд, ки онро «даҳани хумдон» меномиданд ва аз он зарфҳоро ба хумдон мениҳоданд. Девораҳои хумдон аз чор тараф бо номи «мурғак» сӯрохиҳои хурде барои дудбароӣ дошт. Зарфҳоро аз даҳанаи хумдон ба тур андохта, даҳани хумдонро бо сафолпораҳои кӯҳна маҳкам мекарданд. Аммо дар деҳот ҳар як зан дар ҳавлии худ ин корро анҷом медод. Барои сӯзишворӣ порӯи чорпои хонагӣ ба кор мерафт. Амали ҷобаҷогузории зарфҳоро дар оташдон «пурмонӣ» ва худи оташдони пур аз зафҳоро кӯтоҳ карда «пур» меномиданд. Барои чашм нарасидан ва бешикаст аз «пур» берун омадани зарфҳо занҳо як қатор амалҳои эътиқодиро анҷом медоданд. Дар деҳоти водии Рашт барои чашм нарасидан ба оташ каме испанд ё камч (пиёзи кӯҳӣ) меандохтанд. Баъзеҳо порае аз саргини сагро бо ҳамин мақсад ба оташи «пур» мепартофтанд. Пеш аз оташ додани сӯзишворӣ кулол дуо мехонд, аз худованд бешикаст берун омадани маҳсулоти сохтаашро талаб менамуд. Занҳои кулол дар Рашт ҳангоми дуо ҳатто ваъда мекарданд, ки агар зарфҳо безарару шикаст берун оянд, дуто кӯза ё зарфи дигарро садақа мекунанд. Дар баъзе деҳаҳои Қалъаи Хумб одате буд, ки оташи «пур»-ро духтари хона мафрӯхт. Ӯ нахуст ба тариқи дуо мегуфт: «пур сангакӣ, санг шиканаду пур не!». Оташи «пур» як шабонарӯз беист дарун-дарун месӯхт. Дар Дарвоз шабона гирди гулхан занҳои ҳамсоя ва кӯдакон ҷамъ мешуданд. Соҳибхона барои ҳамсояҳо кашк мепухт. Дар оташи кӯра чой ҷӯшонида, бо ҳам менӯшиданд. Бачаҳо дар оташи кӯра каду пухта мехӯрданд. Духтарон рубоихонӣ мекарданд, чистонёбӣ менамуданд калонсолон ба бачаҳо афсона мегуфтанд. Саҳар кулолзан зарфҳоро аз хокистар берун оварда, онҳоро хунук мекард, сипас ба онҳо об гирифта, якчанд соат ҳамин тавр мегузошт. Бо ин амал сӯрох ё тарқиши зарфҳо маълум мешуд. Ба зарфҳо чарбу ё равғани зард мемолиданд, ки онҳоро ҷилодор ва хушнамуд мекард. Кулолон беш аз 20 намуди зарфҳои гуногуни сафолиро истеҳсол менамуданд. Чунончи:

Ба ғайр аз зарфҳо кулолон инчунин дегдон, сарпӯши дегдон, кулӣ, бозичаҳо ва дигар маҳсулоти гилиро месохтанд. Косаву табақҳоро сир медавониданд ва бо рангҳо нақшҳо кашида ороиш медоданд. Рангро кулолон аз ишқор, маъданҳои табиӣ, гиёҳу маҳсулоти ҷонварон тайёр мекарданд. Кулолон ба мисли дигар косибон дар гузашта ҷамъияти махсус, қоидаву меъёр ва рисолаи касби худро доштанд. Пири кулолон Сайид Амири Кулол ба ҳисоб мерафт. Занҳои кулол дар Варзоб пири худ Бибӣ Кулолро (баъзан Бибӣ Ҳилол), дар Дарвоз Бӣ Кулол, дар Рашт Бӣ Саиди Кулолро пири касби худ мешумориданд. Ин касб аз насл ба насл бо усули устод-шогирд мегузашт. Занҳои ба духтарон ва хешдухтарони худ ҳунари кулолиро меомӯхтанд ва пас пурра аз худ кардани ин касб ба онҳо фотиҳа дода, ба кори мустақилона иҷозат медоданд. Касби кулолӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарфҳои металию чинии корхонагӣ доираи истеъмоли маҳсулоти кулолӣ танг шуда, касби мазкур рӯ ба инқироз овард. [1]

Хум, Исорический музей в Худжанде
Хум, дар осорхона таърихии Хуҷанд
Сlay toys artisans Tajikistan 1
Маҳсулоти кори кулолӣ

Нигаред

Манбаъ

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 46 - 50.
Ёдгориҳои хусусӣ

Ёдгориҳои хусусӣ - моликияти шахси алоҳида ба ҳисоб меравад ва дар ташкилотҳои марбутаи давлатӣ ба қайд гирифта мешавад. Ёдгориҳои хусусӣ - кўзаҳои кулолӣ, тангаҳо, олоти меҳнат, аслиҳа, либос, китоб (дастнависҳо) ё ашёи дигар, ки аз авлод ба авлод мерос омадааст ва шахси алоҳида молики он мебошад.

Албания

Албания (албанӣ: Shqipëria), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳурии Албания (албанӣ: Republika e Shqipërisë [ɾɛpuˈblika ɛ ʃcipəˈɾiːs]) — давлат дар Аврупо, дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан ва қисми ҷанубии Аврупо. Албания дар шимолу шарқ бо Косово ва Сербия, дар шимолу ғарб бо Черногория, дар шарқ бо Македония, дар ҷанубу шарқ бо Юнон ҳамсарҳад буда, соҳилҳои қисми ғарбӣ ва ҷан. ғарбии онро баҳрҳои Адриатика ва Ион фаро гирифтаанд. Масоҳаташ 28748 км2. Аҳолиаш 3,64 млн нафар (июли 2009). Пойтахташ – шаҳри Тирана (360 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калонтарин – Дуррес, Элбасан, Шкодер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 12 ретӣ (вилоят) ва 36 округ тақсим шудааст. Воҳиди пулӣ – лек.

Ангоб

Ангоб (фр. engobe) — рангест, ки онро аз гил тайёр мекунанд ва дар кулолӣ истифода мебаранд.

Ангоб сафед (аз навъи гилҳое, ки ҳангоми дар хумдон пухтан ба худ ранги сафед мегирад) ва ранга (ҳангоми пухтан бо иловаи маддаҳо ранг мегирад) мешавад. Ангобро одатан ба рӯи зарфи сафолӣ пас аз хушкидан ва пеш аз пухтан мемоланд, ки он ранги аслии зарф ва ноҳамвориҳои рӯи онро пинҳон мекунад. Ангоб дар Осиёи Миёна аз давраҳои неолит (ҳазораи 4–3 то м.) маълум буд. Дар замони атиқа (а. 4 то м. – а. 4 м.) асосан ангоби сурх ва ҷигарӣ истифода мешуд. Дар замони Қарахониён (а-ҳои 11 – 12) бештар ангоби сафед ба кор мерафт. Аввал ангобро ба рӯи зарф молида, сонӣ нақш мекашиданд. Баъзан аз рӯи ангоб ба зарф сири шаффоф ҳам мемолиданд. Ангоб ҳозир ҳам дар кулолӣ, истеҳсоли хишти ранга ва ороиши бино истифода мешавад.

Афина (пойтахт)

Афина (Athenai) — калонтарин шаҳр ва пойтахти Юнон. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и Аттика. Афина дар нимҷазираи Аттика, дар соҳили халиҷи Сароникоси Баҳри Эгей ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии Пирей Афинаи Калонро ташкил медиҳад.

Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар Аврупо дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст.

Бангкок

Бангко́к, Крунгте́п (тайландӣ: กรุงเทพฯ, Крунгтхеп, ё กรุงเทพมหานคร, Крунг Тхеп Маха Накхон) — пойтахти Шоҳигарии Таиланд (аз 1782), маркази саноатӣ ва бандари асосии мамлакат.

Дар резишгоҳи д. Меном-Чао-Прая, 30 км дуртар аз соҳили халиҷи Сиами Баҳри Ҷануби Хитой, ҷойгир аст. Аҳолиаш 9,1 млн нафар (бо сокинони атрофаш; 2010).

Бетон

Бето́н (аз фр. béton) — масолеҳи бинокории сунъӣ, ки аз санг, омехтаи моддаҳои илтиҳоқӣ (бо об ё бе он), регу шағал, оҳаксанг ва моддаҳои иловагӣ (аксаран барои беҳтар шудани хусусиятҳои бетон ва гирифтани ранги мувофиқ) ҳосил мешавад.

Деҳоти Рӯдакӣ

Ҷамоати Рӯдакӣ - ҷамоатест дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон.

Кулолӣ (деҳа, н. Панҷакент)

Кулолӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент. Аз Кулолӣ то маркази шаҳр 50 км. Аҳолиаш 1870 нафар (2017), тоҷикон.

Наққошӣ

Наққошӣ — накшакашӣ, хунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои кадими санъати ороиши амалӣ.

Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдузӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ низ мусоидат кардаанд.

Намунаҳои нодири накшунигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз Тирмиз, Варахша (Бухоро), Афросиёб (Самарқанд), Панҷакенти қадим, Хулбук (Хутлон) ва дигар мамлакатҳо ёфт шудаанд, аз маданияти гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд.

Ноҳияи Дӯстӣ

Ноҳияи Дӯстӣ (форсӣ: ناحیۀ دوستی‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст. Маркази маъмуриаш — деҳаи Ҷиликӯл.

Панҷакент

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Самарқанд

Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанд и Ӯзбекистон аст ва қисмати зиёди мардуми ин шаҳри қадима тоҷик аст (суннӣ, ҳанафӣ). Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд.

Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии "Авесто" номбар гардидааст.

Сафол

Сафол - маснуот ва ашъёест, кн дар натиҷаи ба хам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оквидҳо ва диг. моддаҳи ғайриорганикӣ ва пухтан ҳосил мешавад. Хамираи сафол баъди пухтан сифатан тағйир ёфта, ба материали хуби силикатӣ табдил меёбад. Сафол дар рӯзгор (зарфиёт), сохтмон (хишт, сафоли бомпӯш, нова, сафолтахта, кошӣ. ҷузъхои муҷассамаҳо), техника, нақлиёти обию ҳавоӣ ва роҳи оҳан, санъати ороиши амалӣ ва хайкалтарошӣ бисёр истифода мешавад. Навъу намудхои гуногуни сафол мчвчуд аст: гили сӯхта, маснуоти кулолӣ, мино, чинин хом (фағфурӣ), чинӣ, хокасанг.

Сафолрезӣ

Сафолрезӣ — ҳунари аз омехтаи гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва ғ. тайёр кардани зарфҳо, сохтмон (хишт, сафоли бомпӯш, нова, сафолтахта, кошӣ, ҷузъҳои муҷассамаҳо), техника, нақлиёти обию ҳавоӣ ва роҳи оҳан, санъати ороишию амалӣ ва ҳайкалтарошӣ бисёр истифода мешавад. Сафол навои гуногун дорад, ки гили сӯхта, маснуоти кулолӣ, мино, чинии хом, чинӣ, хоксанг аз қабили онҳост. Дар Истаравшан, Турсунзода нимфаъол аст.

Селен

Шаблон:Химические элемент кутти

Селен лот. Selenium) - аз истилоҳи юнонии «selene» - маънои моҳтобро дошта, дар табиат парахшанда аст. Ранги хокистарӣ, зичии 4,807 г/см3 дошта, дар ҳарорати 220,80С гудохта мешавад. Ба халкогенҳо мансуб аст.Сохти элктронии [Ar] 3d104s24p4 дорад. Вазни атомиаш 78,96 ± 0,03 аст. Электроманфиаташ мувофиқи ҷадвали Полинг 2,55 мебошад.

Селен дар истеҳсоли шиша барои рафъ намудани тобишҳои сабзе, ки пас аз коркард аз омехтаҳои оҳан боқӣ мемонанд, ашёи бебаҳо мебошад. Моддаҳои рангдиҳандаи сулфоселенидҳои кадмий дар коркарди пластмасса, кулолӣ, шишаҳои бадеӣ, дар катализаторҳо барои зиёд кардани навъҳои тўршаҳо, истеҳсоли электролитии манган ва хўлаҳои мис истифода мешавад. Ҳамчун васоити дорувор бо собунмоеъ (шампун) барои рафъ кардани сабўсаки сар ва дар ғизои ҳайвоноти хонагӣ чун иловаи органикӣ, дастгоҳҳои нусхабарорӣ чун фоторесептор дар чархҳо, ахбори азнавзуҳурёбандаи шуоъҳои рентгенӣ истифода мешавад.

Теллур

Теллу́р — элементи кимиёвии гуруҳи 16-уми системаи даврӣ (мувофиқи таснифоти куҳан —гуруҳи VI-уми зергуруҳи иловагӣ буда, ба қатори халкогенҳо)мансуб аст.

Теллур аз лотинии «telluris» гирифта шуда, маънояш Замин аст. Кристаллҳои мўрт ва дурахшандаи сафеди равшан, зичии 6,24 г/см3 дошта, дар ҳарорати 4500С гудохта мешавад. Дар табиат ҳамроҳи сулфур (S) ва селен (Se) во мухӯрад.

Металл чун хўла барои баланд бардоштани устувории пўлод бо мис ва сурб омехта мешавад. Қисми таркибии катализатор барои ҳосил кардани матоъҳои синтетикӣ ва маводи ширешкунанда дар саноати кимиё ва аз ларзидан (вибратсия) муқобилият нишон додан, торҳои ҳискунандаи рўшноӣ, дастгоҳҳои электронии термобарқӣ, хунуккунанда ва чун рангдиҳандаи шишаю маводи кулолӣ истифода мешавад.

Тут

Тут (лот. Morus) — меваи истеъмолии инсон аст, ки моҳҳои май-июн-июл вобаста ба макони парвариш мепазад.

Аз меваи он тутмавиз, талқон ва ширинӣ тайёр мекунанд. Дар навоҳии кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тути балхӣ, бедона, биринҷӣ, кулолӣ, марворид, морпечак, рахш, фалғарӣ ва ғайра, дар маҷмўъ 20 навъ, парвариш меёбад.

Дарахт ва меваи тут дар рӯзгори тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Аз чӯби он, ки сахту вазнин мебошад, устоҳо табақу чумча, баъзе созҳои тории мусиқӣ ва ғайра месозанд. Барги тут ҳамчун ғизои асосии кирмаки абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ истифодаи васеъ дорад.

Дар деҳаҳои Дарвоз тут яке аз меваҳои асосии мардум маҳсуб буд. Дар ҳамаи рустоҳо навъҳои гуногуни тут парвариш мешаванд. Тутҳои беҳтарин ва машҳури Дарвоз: бедона, ревичӣ, бедонаи сурхак, музаффарӣ, сафедак, рахшак, шехӣ, шурак, малбед, шаҳтут, зиғарӣ, сангевнӣ ва чанде дигар мебошанд. Дар айёми тутпаз мардум зери дарахтони тутро рӯфта, ҳамвор мекунанд. Дар аввал меваҳои хомпаз ва бемазаи он меафтанд, ки онро «хастут» меноманд. Хастутро барои хӯроки гову хар медиҳанд. Вақте ки тутҳо пухтанд, дар зери дарахтон чодар паҳн мекунанд ва болои дарахт баромад, меафшонанд. Сипас дар сабадҳо тутҳоро чида, мехушконанд ва тутмавиз ё тути қоқ тайёр мекунанд. Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус – хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд. Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд.

Хонакорӣ

Хонакорӣ - саноати хонакорӣ, дар хоҷагии шахсӣ аз ашёи хоми худи хоҷагӣ ва ё истифода аз маҳсулоти дигар барои истеъмоли шахсӣ ва барои фурӯш истеҳсол кардани маснуот. Маҳсулоти қаннодӣ, кулолӣ, заргарӣ, ҷомадӯзӣ тоқидӯзӣ, тайёр кардани абзоли асп ва ғ. бо тарзи Хонакорӣ истеҳсол карда мешавад.

Навъҳои қадимаи хонакорӣ коркарди пӯсту чармгарӣ ва чӯбу пӯстлох буд. Одамон дар давраи ибтидоӣ аз соқи рустанӣ, мӯй, нах ва диг. ашёи хом маснуоти гуногун – арғамчин, сабад, тӯр, зарф ва дар заминаи он саноати бофандагӣ инкишоф ёфт. Кулолӣ низ аҳамияти калони хоҷагӣ дошт ва дар инкишофи санъати тасвирӣ роли муҳим бозид. Хонакорӣ ҷузъи иқтисодиёти тарзи истеҳсолоти токапиталистӣ буд. Дар давраи феодализми мутараққӣ хонакорӣ тадриҷан ба косибӣ табдил ёфта бошад ҳам, вале он пурра аз байн нарафт. Капитализм дар баробари хоҷагии натуралӣ Хонакориро низ барҳам дод, вале дар ин давра ҳам хонакорӣ дар хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боқӣ монд. Хонакорӣ аз аввали инқилоби Октябр ба хоҷагии патриархалӣ дохил шуда, дар ҷараёни азнавсозии сотсиалистии деҳот аз байн рафт. Дар замони истиқлолияти кишвар ин навъи хоҷагидорӣ аз нав эҳё гардид, ки аксаран занҳо бо он машғуланд. Инчунин маҳсулоти қаннодӣ, кулолӣ, заргарӣ, ҷомадӯзӣ тоқидӯзӣ, тайёр кардани абзоли асп ва ғ. бо тарзи Хонакорӣ истеҳсол карда мешавад.

Хум

Хум (форсӣ: خم) зарфи сафолини калон барои нигоҳ доштани об ва дигар моеот.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.