Карам

Карам ё Калам ҷинси растаниҳои як-ду ё бисёрсола аз чилликгулхо. Намуди карам пояи рост ё каме хамидаи сершохча, барги навбати ё дар бехи поя нумукунанда, гултудаи хушнамо, гули одатан зард, меваи гилофаки, тухми мудаввари қаҳваранг, сиёҳтоб ё зард доранд. Зиёда аз 100 намуди карам маълум аст.

Wirsingkohl
Карам
Адрас

Адрас (порсӣ: ادرس ) – дар гузаштаи начандон дур адрас аз абрешими нисбатан дурушт бофта мешуд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сўрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузарониданд. Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, тори адрас бошад, нахи ғафсу пудаш нахи борики ресмонӣ дошт. Пуди адрас аз се ресмони борики сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се хел мешуд: оддӣ (одмиёна) – 40 см, сербар (олчинбар) – 70 см ва камбар (якбара) – 26 см.

Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кӯрпа ва ғайра медӯхтанд.

Адрасбофӣ

Адрасбофӣ (порсӣ: ادرسبافی ) - матои адрасро дар Хуҷанд инчунин «подшоҳӣ» ва адраси сурхро «подшоҳии сурх» меномиданд.

Бофандаҳои адрас ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. «Бофандор»(порсӣ: بافندار ) устое буд, ки дар дастгоҳи адрасбофӣ кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат мекард, ўро «иштибор» меномиданд. Устоҳои дигар ба таҳияи нақшҳо дар адрас машғул мешуданд, ки ин амалро абрбандӣ (порсӣ: ابربندی ) мегуфтанд.

Бофандагон барои рангу бори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шангарф, суринҷ, лоҷувард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.

Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирифт. Адрасро абрбандӣ намуда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт.

Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ҳам ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш суфтаю ҷилодор мешуд. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кўрпа ва ғайра медўхтанд.

Алтернариоз

Алтернариоз — навъе аз касалиҳои занбӯруғии растанӣ. Ангезандааш занбӯруғҳои ҷинси Alternaria. Алтернариоз чанд хел мешавад, масалан, алтернариози майса (ангезандааш алтернариоз tenuis), алтернариози картошка (ангезандааш алтернариоз solani), алтернариози себ (ангезандааш алтернариоз mali), алтернариози нок (ангезандааш алтернариоз bokurai), алтернариози карам (ангезандааш алтернариоз brassicae), алтернариози ток (ангезандааш алтернариоз alternata, алтернариоз tenuissima, алтернариоз vitis). Махсусан алтернариози карам зарари калон мерасонад. Алтернариози ток дар тамоми мавзеъҳои токдории ҷаҳон дучор меояд. Зарари алтернариоз тадриҷан меафзояд. Алтернариоз дар ҳавои гарми намнок авҷ мегирад. Дар навдаҳои касал доғҳои дорчинӣ ё нуқрафом пайдо мешаванд. Ҳангоми ба ҷойи намнок гузоштан ранги навдаҳои сироятёфта зуд зайтунӣ мегардад. Баргҳои ток аввал доғҳои сафед пайдо карда, баъд тирагун мешаванд; дар ҳавои серрутубат рӯи баргро қабати тунуки занбӯруғ мепӯшад. Меваи касал пажмурда гашта, таъми нохуш пайдо мекунад. Тадбирҳои мубориза: риояи қоидаҳои агротехникӣ, нест кардани пасмондаҳои растаниҳо; ҳангоми зоҳир гардидани касалӣ ба зироат ва боғот пошидани маҳлули 2-фоизаи моеи бордосӣ; дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ кардани ҳосил; дар шароити мусоид нигоҳ доштани мева.

Атласбофӣ

Атласбофӣ (порсӣ: اطلسبافی ) – атласбофӣ дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Атласи хушранг ва олисифаташро хонатлас меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд.

Баргхӯраки карам

Баргхӯраки карам (лот. Pieris brassicae) — як навъ шапараки зараррасон.

Березовка (ноҳияи Казачинско-Ленск, Иркутск)

Березовка (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Казачинско-Ленск, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Витаминҳо

Витаминҳо (лот. vita) — «ҳаёт» — аз рӯи табиати химиявии гурӯҳи пайвастаҳои органики гуногун буда қисми зарурии таркиби озуқавори ба ҳисоб мераванд

Витаминҳ аз рӯи табитати химиявии гурӯҳи пайвастаҳои органикии гуногун буда қисми зарурии таркиби озуқаворӣ ҳисоб мешаванд. Аз нарасидани онҳо дар организм норасоиҳо ва касалиҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо дар организм вазифаи кататитикиро иҷро мекунанд. Манбаи асосии витаминҳо – наботот ва ҳайвонот мебошанд. Истеъмоли шабонарӯзии витаминҳо чунин аст.

Витамин b1 (аневрин, тиамин) — норасоии ин витамин боиси вайроншавии кори системаи асаб полиневрит мегардад.

Витамин b с (кислотаи аскарбин) — барои одам ахмияти калон дошта, омили зидди синга мебошад.

Витмани с — дар лимӯ, афлесун коти сиёҳ, карам, меваи настаран, пиёз, картошка, қаламфури сурх ҳамчу витиммини д аст. Витамини с бо роҳи ссинтез аз глюкоза ҳосил мешавад. OCH2 – CH – CH –CH –CH – C, CH2 – CH - CH – CH – CH – CH2, OH OH OH OH OH ,H OH OH OH OH OH OH

Глюкоза оксидшавии CH2 – CH – CH –CH –CH – CH2. [0]

Ферментиви OH OH OH OH OH OH

L – Сорбоза CH 2– CH – CH –CH –CH – CоH

Лактонидан CH 2– CH – CH –CH –C – c, OH OH OH OH OH - H 2 o oh o OH O O O CH 2– CH – CH – C – C – C OH OH OH OH o

Гулкарам

Гулкарам (форсӣ: گل کرم) бот. навъи карам, ки гулҳои онро пухта мехӯранд.

Дамлама

Дамлама таомест, ки аз гӯшт ё моҳӣ ва сабзавот бо дампартоӣ пухта мешавад. Дамлама хушхӯр ва зудҳазм аст, зеро дар он тамоми моддаҳои фоиданоки таркиби таом (витаминҳо, намакҳои маъданӣ, қанд, инчунин моддаҳои хуштаъму хушбӯйкунанда) боқӣ мемонанд. Дамлама чанд навъ мешавад: дамламаҳои гӯштӣ, моҳигӣ, кадугӣ, сабзавотӣ ва ғайра. Дамламаро бо номи буғлама низ истифода мебаранд.

Тарзи тайёр намудани дамлама (буғлама) чунин аст: дар дег аввал дунбачаҳои хурд-хурд буридашударо як қабат мечинанд, сипас аз болои он гӯшти гӯсфанд (ё гов)-ро як қабат мечинанд, аз болои он пораҳои пиёз, шалғам, сабзӣ ва картошка, инчунин қаламфури булғорӣ, кашнич, мурч ва зираро меандозанд. Дар охир як пиёла оби гарм андохта, дар оташи хеле паст, дар муддати 40-45 дақиқа буғ мекунанд, бо хоҳиши дил пораҳои карам ва барои хушбӯй шудан занҷабил ё райҳон илова мекунанд. Гӯшт ва равғани дунбаро лӯнда-лӯнда реза ва устухонҳоро бо гӯшташ 2-3-сантиметрӣ пора карда, бо пиёзи реза, намак ва зиравор омехта мекунанд. Ба дег аввал равған, баъд устухону гӯшти резашударо қабат-қабат мечинанд. Ба ҳар қабат андохтани барги ғор, мурчи кӯфта, шибит тавсия мешавад. Таом дар деги сарпӯшдор (барои набаромадани буғ ба атрофаш сачоқ мепечонанд) дар давоми 40 дақиқа бо дам мепазад.

Барои дамлама 2 кг гӯшт, 2 кг пиёз, 100 г равған, 5-6 дона барги ғор, 2 бандча шибит, мувофиқи табъ мурчи кӯфта, намак лозим аст.

Дамламаи моҳигӣ низ мисли дамламаи гӯштӣ пухта мешавад. Фақат ба ҷои 2 кг гӯшт 2 кг моҳӣ (лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра) меандозанд.

Долма

Долма, Дӯлма (форсӣ: دلمه ‎) (Dolma), ё барги ток яке аз хӯрокҳои шарқӣ аст. Дар Тоҷикистон бо номи Дӯлма, Дулма маъмул аст.

Дӯлма яке аз таомҳои маъмули тоҷикӣ. Дӯлмаро бо қаламфури булғорӣ ва ё баргҳои карам таҳия мекунанд. Даруни қамфури булғориро тоза карда, аз гўшту пиёзи реза ва биринҷи таршуда, омехтае тайёр карда, ба даруни он мегузоранд. Сипас қаламфурҳоро дар шўрбои муқаррарӣ меандозанд. Дар дулмаи карамӣ омехтаи гўшту биринҷро ба варақи карам, ки қаблан дар об ҷўшонида шудааст, мепечонанд ва ба деги шўрбо меандозанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.Анвоъи долма (дӯлма) шомили:

Дӯлмаи барги ток

Дӯлмаи бодинҷон

Дӯлмаи гуҷа фарангӣ/помидор

Дӯлмаи себи заминӣ/картошка

Дӯлмаи каду

ДӯлмашӯрбоДолма (дӯлма) бештар дар Русия, Эрон ва кулли Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ривоҷ дорад. Долмаро метавон бо барги ангур, помидор, бодинҷон дуруст кард.

Карам (ноҳияи Казачинско-Ленск, Иркутск)

Карам (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Казачинско-Ленск, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Карамшӯрбо

Карамшӯрбо

Тарзи тайёр намудани карамшӯрбо : гӯшт ва пиёзи резашударо дар равғани тасфон то сурхшавӣ бирён мекунанд. Сипас, ба дег помидори резашуда ё хамираи помидори пухта андохта, 10 дақиқа бирён мекунанд ва баъд сабзии наргасӣ ва картошкаи гирда-гирда резашударо меандозанд. Баъди бирён шудани масолеҳ ба дег 3 литр об, қаламфур, намак, барги ғор, карами майдарезашуда андохта, 35-40 дақиқа меҷӯшонанд. Карамшӯрборо ба косаҳо кашида, ба рӯяш мурч ва кабудӣ мепошанд. Бо қаймоқ ё ҷурғот низ истеъмол мекунанд. Ба 500 г гӯшт 150 г равған, 2 пиёз, 3-4 дона помидор, ё 1 қошуқ хамираи помидори пухта, 2-3 дона сабзӣ, 300 г картошка, 300 г карам, 1 дона қаламфур, 2-3 дона барги ғор, мувофиқи табъ намак, 1 қошуқча мурч, ним бандча шибит, кашнич ё ҷаъфарӣ лозим аст.

Кирми карам

Кирми Карам (Barathra brassicae), як навъ шапалак, ки карам мехӯрад. Дарозиаш то 50 мм, рангаш ашхаби, сабзча, сабз ё бур аст. Пахноии болҳои кушодаи шапалаки он то 50 мм; боли пеши бури раху холдор ва ранги болҳои кафо нисбатан паст. соле 1 – 3 маротиба насл меорад. Ба пушти барги карам туда – туда 10 – 15 тои тухм ниммудаввари ашхаби ашхаби) мегузорад. Кирмина асосан барги карамро мехурад вале ба тамоку, офтобпараст, лаблабу, нахуд, пиёз, коху ва гайра низ зарар мерасонад. Зочаи кирми карам зимистонро дар хок мегузаронад ва мохҳои март – апрел ба шапалак табдил меёбад. Тадбирҳои мебориза: шудгори чукури тирамоҳи, дар давраи тухмгузории шапалаки кирми карам ба киштзор сар додани трихограмма (ба хар гектар то 50 ҳазор.); пошидани инсектицидхо ва гайра.

Магистралний (ноҳияи Казачинско-Ленск, Иркутск)

Магистралний (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Казачинско-Ленск, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Муҳаммад Авфӣ

Нуриддин Муҳаммад Авфӣ ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ (таваллуд байни 1172 –1176, Бухоро – соли вафот номаълум) — тазкиранигор, насрнавис ва шоири форс-тоҷик.

Поперечная (ноҳияи Казачинско-Ленск, Иркутск)

Поперечная (русӣ: ) — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад.

Деҳа дар ҳайати ноҳияи Казачинско-Ленск, ки дар вилояти Иркутск қарор дорад, дохил мешавад.

Сураи Бақара

Бақара (араб. البقرة — Гов) — дувум сураи Қуръон.

Бақара аз ҷумлаи аввалин сураҳои маданӣ буда, дарозтарин сураи Қуръон – дорои 286 оят мебошад. Дар мусҳаф дувумин сураи Қуръон ва яке аз ҳафт сураи дароз (ассабъ-ут-тивол) аст. Мутобиқи ривоятҳо ва баъзе қаринаҳо, дар муддати даҳ соли пас аз ҳиҷрат ба муносибатҳои гуногуне ба Пайғамбар (с) нозил шудааст. Масалан, оятҳои 190-ум то 194-ум дар ҳукми қитол дар ҳарими Каъба, дар охирҳои соли шашуми ҳиҷрӣ, пас аз сулҳи Ҳудайбия, ояти 183-юм, ки ҳукми фаризаи рӯзаро баён месозад, дар ибтидо ва ё пеш аз моҳи Рамазони соли дувуми ҳиҷрӣ, ояти 281-ум соли даҳуми ҳиҷрӣ дар ҳаҷҷат-ул-вадоъ дар сарзамини Мино нозил шудааст. Ба манзури эҳёи хотираи муъҷизае, ки дар замони Мусо (ъ) ба вуқӯъ пайваставу дар оятҳои 67–71 зикр гардидааст, сура ба номи Бақара (гов) номгузорӣ шудааст (ҳамон гуна ки сураҳои дигари Қуръон ҳам ба номи муҳимтарин мавзӯи худ номгузорӣ шудаанд). Банӣ Исроил дар замони Мусо (ъ) барои ёфта­ни қотили номаълуме ба куштани гове амр мешаванд ва дар анҷоми ин амри илоҳӣ ба ҳар гуна баҳонаҷӯиҳо даст мезананд. Достони «Гов» дар Қуръон баёнгари намунае аз баҳонаҷӯиҳо ва бархӯрди манфии яҳудиён ба амрҳо ва силсилаи пайғамбарони илоҳист.

Фомоз

Фомоз — касалии рустаниҳост, ки занбӯруғҳои ҷинси Phoma ба вуҷуд меоранд. Бештар карам, сабзӣ, лаблабу, чой ва картошка зарар меёбанд.

Ғужмкарам

Ғужмкарам (Brassica gemmifera), муғҷакарам, карами брюсселӣ, як навъ карам. Пояаш рост (дарозиаш 50 – 70 см), баргаш сабз (дарозиаш 18 – 40 см, бараш 18 – 32 см). Дар бехи пояаш то 30 – 40-то «каллакарам» (вазни умумиашон 200 – 700 г) мебандад. Бештар навъи миёнсолию дерпазаки Ғужмкарам – «Геркулес 1342»-ро мепарваранд. Дар Тоҷикистон дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ парвариш карда мешавад. Даври нашваш 8 – 10 моҳ. Онро охири тирамоҳ ҷамъоварӣ мекунанд.

Дар таркиби Ғужмкарам моддаҳои барои организм муфид бисёранд. Он хусусан аз намакҳои минералии натрий (7 мг%), калий (500 мг%), калтсий (40 мг%), фосфор (110 мг%), оҳан (1,3 мг%), йод, аминокислотаҳо ва ферментҳо ғанӣ аст. Ғужмкарам ба миқдори зиёд сафедаҳои зудҳазм низ дорад. Дар таркиби Ғужмкарам миқдори витамини С нисбат ба диг. навъҳои карам 3 – 5 маротиба бештар аст. Витамини С дар мавриди нигоҳ доштани Ғужмкарам нест намешавад. Ғужмкарам бинобар калий, магний ва оҳан доштанаш барои одамони гирифтори амрози дилу рагҳо муфид аст. Ғужмкарам ғизои парҳезӣ мебошад. Истеъмоли он барои ашхосе, ки ҷарроҳӣ карда шудаанд, нафъ дорад. Бино ба баъзе маълумот Ғужмкарам захмро зуд ба ҳам меорад ва шифо мебахшад. Оби Ғужмкарам якҷоя бо оби сабзӣ, коҳу ва лӯбиё баҳри одамони гирифтори диабети қандӣ давои хуб маҳсуб мешавад. Аз Ғужмкарам таомҳои хушлаззат мепазанд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.