Казакҳо

Козакҳо ё казакҳо - "халқи озод" аст. Козак - "одами озод" аст. Казакҳои Украина, Россия ва Казакистон машҳур хастанд. Дар казакҳои украйинорусӣ машҳурӣ - шоири Тарас Шевченко, инқилобчӣ Нестор Махно хастанд.

Калима "казак" аз давраи Империяи Муғулӣ аст.

Pic I V Ivasiuk Mykola Bohdan Khmelnytskys Entry to Kyiv
Казакҳо украинӣ дар Кыйив, XVII аср
Repin Cossacks
сурат "Козакҳои Запорожье мактуб барои султони турки навишанд"
Александри I

Александри I Благословенный (23 декабри 1777, Санкт-Петербург – 1 декабри 1825, Таганрог) — императори Умумироссиягӣ (аз 23 марти 1801).

Бекетов Пётр Иванович

Бекетов Пётр Иванович (тахминан соли 1600 — тахминан пеш аз с.1661) — кашфиётчии рус, воевода, тадқиқотчии кишвари Сибир, асосгузори баъзе аз шаҳрҳои Сибир — Нерчинск, Олёкминск, Чита, Якутск. Солҳои 1628 - 1655 дар забту ба тасарруфи Русия даровардани заминҳои кишвари Сибир бо дастаҳои казакҳо иштирок намудааст. Соли ӯ аввалин истеҳкоми русиро дар дарёи Лена сохта ба он номи Якутск гузоштааст. Чунин, истеҳкомҳои русиро дар Нерчинск, Олёкминск ва Читаи Сибир асос гузоштааст. Соли 1660 дар яке аз моҷароҳои шахсӣ кушта шудааст.

Вилояти Волгоград

Вилояти Волгоград (русӣ: Волгоградская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. Дар қисми ҷанубу шарқии ҳамвории Аврупои Шарқӣ воқеъ аст. Аз ҷануб бо вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Қалмоқистон, аз ғарб бо вилоятҳои Ростов ва Воронеж, аз шарқ бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Округи федералии Ҷануби Федератсияи Русия дохил мешавад. Масоҳаташ 112,9 ҳазор км². Аҳолиаш 2,6 млн нафар (2013). Маркази маъмуриаш — шаҳри Волгоград.

Вилояти Волгоград 33 ноҳия, 19 шаҳр, аз ҷумла 6 шаҳри тобеи вилоят, 24 шаҳрак ва 450 деҳа дорад. Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятии Волгоград, ҳокимияти иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят.

Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия

Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия дар солҳои 1864-1895 рӯй додааст.

Дар қаламрави Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX се давлат Аморати Бухоро, Хонигарии Хӯқанд ва Хонигарии Хева ҳукуматдорӣ менамуданд. Ин давлатҳо дар асрҳои XVI – XIX аз ҷониби сулолаҳои узбактабор (Шайбониён, Аштархониён, Манғитҳо ва диг.) идора карда шуда ба арсаи задухурди байни феодалон ва пешвоёни қабилаҳо мубаддал гашта буд. Вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо дар шароити хоҷагидории қафомондаи феодалӣ қарор дошт.

Империяи Русия барои қонеъ гардонидани мақсадҳои сиёсиву иқтисодии хеш азм намуд, ки Осиёи Миёнаро бо қувваи низомӣ забт намуда ба манбаъи ашёи хоми иқтисодиёти Империяи Русия табдил диҳад.

Степанакерт

Степанакерт ( арманӣ. Ստեփանակերտ ) , Ханкенди, Хонканди ( азерб. Xankəndi ) - шаҳрест дар Қарабоғи Кӯҳӣ . Тибқи тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳистони эътирофнашуда (ҶҚК), ки воқеан шаҳрро идора мекунад, шаҳри тобеи ҷумҳуриявии Степанакерт ва пойтахти ҶКҚ мебошад; ва мувофиқи тақсимоти маъмурию ҳудудии Озарбойҷон, ин шаҳр тобеи ҷумҳуриявии Ханкенди вилояти Хоҷалин аст . Дар поёни нишебии шарқи қаторкӯҳи Қарабоғ, дар водии дарёи Қарқарарҷой (Каркарчай) ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 25,6 км² мебошад, аҳолӣ дар соли 2011 53,400 нафарро ташкил медиҳад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.