Илм

Илм (форсӣ: علم‎) - (ба маънои омӯхтан) сохторе аст барои тавлид ва сомондиҳии дониш дар бораи ҷаҳони табий дар қолаби тавзеҳҳо ва пешбиниҳои озмоишшуданӣ. Як маънои қадимитар ва наздик ки имруз ҳануз ҳам ба кор меравад мутаалиқ ба Арасту аст ва дониши илмиро маҷмӯаи аз огоҳиҳои қобили атиқа медонад, ки аз лиҳози мантиқӣ ва ақлонӣ қобили тавзеҳ бошанд. (Нигаред ба бахши таърих ва решашиносӣ)[1].

Илм одатан дар муҳити фаъолияти одам, мақсади худ, ҷамъкунии захира, классификатсия, анализ, хулосаи умумӣ, нақлкунӣ ва истифодабарии хабари ҳақиқат, барпокунии нав ё назарияи мавҷудаи беҳтар, рухсатдодаи адекватно тасвир кардани табиат (илми табии, табиатшиносӣ) ё фанҳои ҷамъиятии гуманитарии равиш ва пешбиникунии тараққиёти онҳо мебошад. Ба ғайр аз ин дар зери калимаи илм бисёр вақт системаи мушкили дониш, дар натиҷаи ин фаъолияти ҳосил карда ва намуди илмии ҷаҳонро ташкилкунанда дар назар дошта мешавад. Барои тасвири фаъолияти илмии касбӣ аз рӯи истилоҳи тадқиқот ё таҳлил истифода бурда мешавад. Мақсади тадқиқот аз гносеология, боварӣ ҳосилкунонии субъекти вай вобаста аст. Мақсади оддии илм дарккунии тартиботи табиат, қувваи ҳаракатдиханда, идоракунии равиши гуногун ва пайдошавӣ ё барои дарккунӣ ҳамчун мақсади олитарин ё барои истифодабарии дониши илмӣ дар идоракунии атрофии ҷаҳон мебошад.

Мазмунҳо

  • Илм (порсӣ: علم ) - маърифат, дониш, маҷмӯи маълумот оид ба ягон соҳа;
  • илм додан - ба касе савод омӯхтан ба касе, касеро таълим додан;
  • илм доштан - соҳиби маълумот будан, савод доштан, саводнок будан;
  • илм омӯхтан - таҳсили илм кардан, дарс хондан; соҳиби илму дониш шудан;
  • аҳли илм - олимон, донишмандон. [2]

Решашиносӣ

  1. Кайҳонавардӣ
  2. Математика
  3. Кибернетика
  4. Физика
  5. Механика
  6. Химия
  7. Биология
  8. Заминшиносӣ (Геодезия). Картография
  9. Геофизика
  10. Геология
  11. Ҷуғрофия (География)
  12. Ахтаршиносӣ (Астрономия)
  13. Забоншиносӣ
  14. Информатика

Манбаъ

  1. Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%B9%D9%84%D9%85
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 564 ISBN 978-99947-69-39-1
Астрахан

ÁСТРАХАН (Аштархон), шаҳр, маркази вилояти Астрахани Федератсияи Русия. Дар Пастии назди Каспий, дар қисми болои резишгоҳи дарёи Волга ба Баҳри Каспий воқеъ аст. Бандари асосии дарёӣ ва баҳрии ҳавзаи Волгаву Каспий. Аҳолиаш 520700 нафар (2010). Қисми асосии шаҳр дар соҳили чапи дарёи Волга ҷойгир аст. Шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмиллалӣ дорад.

Вилояти Архангелск

Вилояти Архангелск (русӣ: Арха́нгельская область) — вилоятест дар шимоли қисми аврупоии Федератсияи Русия.

Ташкил шудааст: 23 сентябри соли 1937

Масоҳаташ: 587,4 ҳаз км²Аҳолиаш: 1291,4 ҳаз наф. (2006). Зичии аҳолӣ: 2,2 наф/км² (2006).

Маркази маъмурии вилоят — ш. Архангелск

Доктори илм

Доктори илм — дараҷаи илмӣ, дуюмин дараҷаи олӣ (баъди номзади илм) дар ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Русия, инчунин дар як қатор кишварҳои ИДМ ва дар баъзе собиқ малакатҳои шуравӣ.

Дотсент

Дотсент (лот. docere «таълим додан») — унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ аст.

Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илмро дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию методӣ машғул аст. .

Унвони илмии дотсенти кафедра ба омӯзгорони макотиби олӣ, ки зиёда а ду сол (то декабри 2013 года — на кам аз як сол) дар вазифаи дотсент кор кардаанд, собиқаи илмӣ-омӯзгориашон на кам аз 5 сол аст ва дорои васоити илмӣ-методиву корҳои илмӣ мебошанд, дода мешавад. .

Унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисос ба кормандони илмӣ (ки ба унвони илмии “ходими калони илмӣ” баробар аст), дода мешавад.

Ба “вазифаи дотсент” одатан омӯзгороне, ки (дорандаи дараҷаи илмии “номзади илм” мебошанд) баъд аз гузаштан аз интихобот дар шӯрои олимони факултет ё мактаби олӣ, таъин карда мешаванд..

Иқтисод

Иқтисод ҳамчун илм ба соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад. Илмҳое иқтисодӣ иқтисодиётро меомӯзанд ва ба қисмҳои назариявӣ ва амалӣ тақсим мешаванд.

Иқтисоди назариявӣ интихоби тарзи истифодаи манбаъҳои маҳдудро аз тарафи одамон ва ҷомеъа меомӯзад.

Иқтисоди амалӣ имконияти татбиқи қонунҳо, назарияҳо ва пешниҳодҳоеро, ки иқтисоди назариявӣ коркард кардааст дар амалиёти қисмҳои алоҳидаи низоми иқтисодӣ меомӯзад.

Ҳамчун илм иқтисод дар асри XVIII бо нашри китобӣ Адам Смит ташхиси табиат ва сабабҳои боигарии милатҳо соли 1776 ташкил ёфтааст.

Дар илм асосан ду қисмаш истифода мешаванд: Микроиқтисод ва макроиқтисод ба ғайр аз ин боз мега ва мезоиқтисод мавҷуд аст.

Номзади илм

Номзади илм — дараҷаи илмии зинаи аввал (то доктори илм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кишварҳои ИДМ ва дар СССР. Он бо дараҷаи доктори фалсафа дар кишварҳои ғарбӣ мувофиқат мекунад.

Олим

Олим (ар. عالم‎) - калимаи арабӣ буда маънояш шахсе, ки дар ягон соҳаи илму фарҳанг тадқиқот гузаронида ҳиссаи амалӣ гузоштааст.

Одатан ҳамон шахсонеро олим мегӯянд, ки усули илмиро истифода мебаранд. Олим метавон дар як ё якчанд соҳаи илм (донишманд, донишдор, доно) бошад..

Педагогика

Педаго́гика (юн.-қад. παιδαγωγική — санъати тарбия, аз παῖς — кӯдак и ἄγω — роҳбаладӣ) — илм дар бораи тарбия, таълим ва маърифати одам.

Пизишкӣ

Пизишкӣ (ар. پزشکی‎) ё тиб (форсӣ: طب‎) — шоxае аз дониш аст, ки ба ташxису дармони бемориҳо марбут аст.

Профессор

Профессор (лот. professor — омӯзгор) — унвони илмӣ ва вазифаи хизматии омӯзгорӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ ё, ки ходими илмӣ дар пажӯҳишгоҳи (институти) илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Унвон бори аввал дар асри XVI дар донишгоҳи Оксфорд мавриди истифода қарор гирифтааст.

Риёзиёт

Математика (аз юнонӣ: μαθηματικά, mathēmatiká, аз μάθημα, máthēma — дониш, илм) ё Риёзиёт, илмест дар бораи муносибатҳои миқдорӣ ва шаклҳои фазоии олами воқеӣ. Объекти математикаи холис аз шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории олами воқеӣ, яъне аз материали комилан peaлӣ иборат аст. Он чиз, ки материали мазкур шакли фавқулодда абстрактие мегирад, аз олами берунӣ пайдо шудани онро фақат андаке пардапӯш карда метавонаду бас.

Соли 2011

2011 - солест аз рӯи тақвими григориянӣ.

Рост меояд ба солҳои зерин:

Соли 2554 дар тақивим Буддоиҳо.

Соли 100 дар Чучха (дар ҶХДК Корея).

23 соли давраи Хэйсэй (дар Ҷопон).Якум соли дуюм даҳсолаи асри XXI.

«Соли кайҳоншиносии Русия» бахшида ба 50-солагии парвоз ба кайҳон, ки аз тарафи кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин амали шуда буд.

Таърих

Таърих - илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажӯҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Ҳарчанд ғолибан ин риштаи мутолиотеро дар зергурӯҳҳи аз улуми инсонӣ ё улуми иҷтимоӣ қарор додаанд, бо инҳол метавон онро ба унвони пуле байни ин ду шохаи таллақӣ кард; зеро равишҳои мутолиоти мухталифи он аз ҳар ду шоха вом гирифта шудаанд. Таърих ба унвони як риштаи мутолиотӣ дорои шохаҳо ва гироишҳои ҷанбӣ зиёде аст, ки аз он миён метавон ба таърихшуморӣ, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ, хатнигорӣ таърихӣ (китобшиносӣ) ва cliometrics ишора кард.

Муаррихон аз гузашта кушидаанд то пурсишҳои таърихиро ба пажӯҳиш дар асноди навишторӣ посух гуянд. Бо ин ҳол пажӯҳишҳои таърихӣ танҳо ба ин манбаъҳо маҳдуд намешаванд. Ба таври куллӣ манбаъҳои дониши таърихиро метавон ба се даста тақсим кард: навиштаҳо, гуфтаҳо, бақояи моддӣ. Таърихнигорон барои кори худ аз ҳар се истифода мекунанд.

Фалсафа

Фалсафа ё Философия - калимаи қадими юнонӣ: φιλοσοφία буда, маънои «дуст доштани тафаккур», «ошиқи ба ақл», аз калимаи φιλέω — дуст доштан ва σοφία — тафаккур, ақлият) — илми умумӣ (назария), яке аз намудҳои ҷаҳонбинӣ, усули муқаррарии омӯзиш. Философия илмест, ки қонунҳои умумии инкишофи ҷамъият, табиат ва маърифатро меомузад.

Афкори фалсафи то пайдоиши ислом барои арабҳо қариб бегона буд. Азбаски ҳаёти маьнавии онҳо мутаносибан ба ҳаёти модиашон хеле содаву дар андешаҳои онҳо таҳаюлоти бадеӣ бар тафаккури мантиқӣ бартарӣ дошт. Танҳо баъди пайдоиши ислом, ташкили Хилофат ва шиносои бо тамаддуни халқҳои пешқадами ҳамсоя инкишофи фалсафа ва тафаккури фалсафӣ дар байни халқҳои Араб имконпазир гардид. Таьрихи асри миёнагии афкори фалсафии Арабро асосан се чараёни бузург калом, машшоия, тасавуфи назариявӣ ва муборизаи байни онҳо ташкил медиҳад.

Филология

Филология (аз юн.-қад. φιλολογία, «меҳр ба сухан») — номгӯи маҷмӯи фанҳоест (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва диг.), ки маданиятро тавассути матн азхуд менамоянд. Забоншиносӣ на ҳама вақт ба филология дохил карда мешавад, зеро, ки: он доимо матнҳоро ташхис наменамояд ва доимо бо қисми маданиятии онро дарбар намегирад. Ба забоншиносӣ ба илмҳои дақиқ наздиктар будан хоса аст, назар ба дигар фанҳое, ки ба гурӯҳи фанҳои филология дохиланд. Дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Иттифоқи Шӯравӣ забоншиносӣ дар бахшҳои филологӣ азхуд карда мешаванд; дар Амрико ва дигар давлатҳои Аврупо ҳамчун филология тадқиқот ва ташхиси матнҳои қадим ва асрҳои миёнаро дар назар доранд, омӯхтани забонҳо ва назарияҳои онҳоро ҳамчун илми мустақил мешиносанд.

Дар луғати Дал «филология» — (юн. меҳри сухан) илм ва ё омӯзиши забонҳои қадим ва мурда; омӯзиши забонҳои зинда - забоншиносӣ.

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.

Ҷопон

Ҷопон ({{забон-Ҷп|日本|Нихон, Ниппон| «ҷойе, ки Офтоб мебарояд» ногузории расмӣ «Нихон коку», «Ниппон коку» (ҷопонӣ: 日本国) — кишварест дар қитъаи Осиёи Шарқӣ. Пойтахташ — шаҳри Токио. Яке аз давлатҳои тараққӣ намудаи дунёст.

Император Ҷопон — Наруҳито (аз 1 майи соли 2019), Сарвазири Ҷопон — Шинзо Абе (аз соли 2012), раиси Ҳизби Либералӣ-Демократии Ҷопон.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.