Захираи Хоразмшоҳӣ

«Захираи Хоразмшоҳӣ» (форсӣ: ذخیره خوارزمشاهی‎) — шоҳасари тиббӣ, ки солҳои 1113—1115 Исмоили Ҷурҷонӣ барои Қутбуддин Абулфатҳи Арслон Тагини Муҳаммади Хоразмшоҳ таълиф намудааст.

Захираи Хоразмшоҳӣ

Мундариҷа

Дар бобати офаридани асар муаллиф менависад: «Тақдир чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоби Исмоил ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ҳусайнии Ҷурҷонӣ андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат ва хушии ҳаво ва оби вилояти Хоразм бидид ва он ҷо мақом ихтиёр кард ва воҷиб донист самараи илме, ки муддати дароз аз умри хеш гузаронидааст, андар ин вилоят нашр кардан, бад-ин ният ин китоб ҷамъ кард…».

Аввалин нусхаи форсӣ-тоҷикии «Захираи Хоразмшоҳӣ» аз 10 китоб иборат аст. Муаллиф асарро ба забони арабӣ низ муфид ва зарур дониста, онро ба тозӣ ҳам таълиф намуд ва «Адвияи муфрада» ном боби иловагӣ дохил кард. «Захираи Хоразмшоҳӣ» аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат аст. Барои таълифи «Захираи Хоразмшоҳӣ» муаллиф асарҳои ҳакимони пешина (Буқрот, Ҷолинус, Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва диг.)-ро ҳам истифода бурдааст. Мувофиқи нишондоди муаллифи асар он чунон пурра аст, ки «табибро андар ҳеҷ боб ба ҳеҷ китоби дигар ҳоҷат наяфтад ва ба сабаби бозгаштан ба китобҳо хотираш пароканда нашавад…».

«Захираи Хоразмшоҳӣ» инкишофи илму маърифати халқҳои Осиёи Марказиро дар давраи сомониён ва хоразмшоҳон инъикос мекунад. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба забони ибронӣ, туркӣ, урду ва ғ. ҳам тарҷума шудааст. Онро табибони машриқу мағриб ва форсу арабзабон дар тӯли чандин асрҳо чун асари илмӣ истифода бурдаанд. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ҳоло ҳам моҳияти таърихӣ, илмӣ, амалӣ, забонӣ, луғавӣ ва фалсафиашро гум накардааст. Дар «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба масъалаҳои тибби кишварӣ ва ҷуғрофӣ диққати махсус дода мешавад. Китоби якум дар бораи шинохтани ҳадди тиб ва манфиати он, шинохтани ҷисми инсон, мояҳо (асосҳо), мизоҷҳо, хилтҳо (хун, балғам, сафро, савдо), чигунагии аҳволи одатҳо, ташреҳи андомҳои муфрад ва мураккаб; китоби дуюм дар бораи шинохтани ҳолатҳои тани одам аз тандурустӣ ва беморӣ, анвоъ (хелҳо), асбоб (сабаб) ва аърози (намуди зоҳири)-и он, шинохтани набз, аҳволи мадфуоти (аз дафъ) бадан (чун арақ, бавл, ғоят — калӣ ва ғ.); китоби сеюм дар бораи нигоҳ доштани тандурустӣ, тадбири ҳаво ва маскан, шинохтани ҳолати обҳо, тадбирҳои таом ва шароб, хоб ва бедорӣ, ҳаракат ва сукунат, шинохтани ҳолати нӯшокиҳо, чизҳои муаттар, ба кор бурдани равғанҳо, тадбири қай кардан ва доруи мусҳил хӯрдан, тадбири фасд (рагзанӣ), ҳаҷомат (хунгирӣ), зуллук, ҳуқна (клизма) ва шиёф (свеча ё супозиторий), тадбири аърози нафсонӣ (чун шодӣ ва андӯҳ ва ғ.), тадбири нигоҳубини тифлон, тадбири пирон ва мусофирон; китоби чорум дар бораи шинохтани ҳар як беморӣ, авҷ, бӯҳрон ва пешомади он; китоби панҷум дар бораи ёд кардани анвои таб, сабаб, аломат ва илоҷ, тадбири ҳолатҳое, ки дар бадан рӯй медиҳанд ва нишонаи беморӣ; китоби шашум дар бораи муолиҷаи ҷамеи бемориҳое, ки аз сар то по падид меоянд; китоби ҳафтум дар бораи илоҷи омосҳо ва решҳо, тадбири шикофтан ва доғ кардан, илоҷи андоми табоҳёфта, тадбири шикастагӣ, озурдагӣ, варам ва монанди он; китоби ҳаштум дар бораи покизагӣ ва оростагии тан зоҳиран; китоби нӯҳум дар бораи ёд кардани заҳрҳо ва подзаҳрҳо; китоби даҳум дар бораи тартиб додани қарободин баҳс мекунад.

Муаллиф дар муқаддимаи асар навиштааст: «Аммо бояд донист, ки ҳавои ин вилоят (яъне Хоразм ва умуман Осиёи Марказӣ) шимолӣ аст ва чунин ҳаво хуштар ва софитар бошад… Ва ҳар наботе (растание), ки дар ин ҳаво рӯяд, хуштар ва гуворандатар бошад. Ва ҳар одаме, ки аз ин ҳаво нафас гирад, дил ва димоғи ӯ қавитар ва хоссаҳои ӯ дурусттар бошад… Ва оби ин вилоят Ҷайҳун (д. Ому) аз ҷумлаи обҳои ситуда (нағз) аст… Лекин бо ин ҳама некӯиҳо ҳодисаҳои номувофиқ низ дар ин вилоят бисёр аст… Ва ба сабаби саъби (сахтии) сармо зуком ва назла бисёр мебошад…»

Адабиёт

  • Расулов М. Я., Исмаил Джурджани, дар кит.: Итоги и перспективы научных исследований по истории медицины, Кишинев, 1973;
  • Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов ва Раҳим Ҳошим), Д., 1975.

Сарчашма

Бодом

Бодом (лот. Prunus dulcis, дар гузашта — Prunus amygdalus ё Amygdalus communis) — бутта ва ё дарахти на он қадар бузург. Қариб 50 намудаш маълум аст.

Гиёҳшиносӣ

Гиёҳшиносӣ ё бота́ника (юн.-қад. βοτανικός — «иртибот бо рустанӣ», от βοτάνη — «сабза, гиёҳ, рустанӣ») — маҷмӯи илмҳо дар бораи наботот. Сохт, афзоиш, инкишоф, густариш ва таoаввулу таснифи рустаниҳоро меомузад. Морфология, анатомия, ситология, гистология, эмбрио­логия, физиология, экология, геоботаника, география, па­леоботаника, систематика ва биохимияи рустаниҳоро дар бар мегирад. Ба илмҳои зерин ҷудо мешавад: алгология, микология, лихнология, бриология, микробиология, фи­топатология ва ғайра; бо бисёр илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физика, кимиё, кибернетика, геология, география, тиб алоқаи ногусастанӣ дорад.

Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

Зистшиносӣ

Зистшиносӣ (форсӣ: زیست‌شناسی‎), биоло́гия (юн. βιολογία; аз юн.-қад. βίος — «ҳаёт» + λόγος — «омӯзиш, илм» — як соҳаи илм, ки ҳаётро меомӯзад.

Мавзуъи таҳқиқи зистшиносӣ сохт ва фаъолияти мавҷудоти зинда, пайдоиш, паҳншавӣ, инкишоф ва алоқаи онҳо бо табиати ғайризинда мебошад. Истилоҳи «биология»-ро соли 1802 олимони фаронсавӣ Ж. Б. Ламарк ва олмонӣ Г. Р. Тревиранус (новобаста аз ҳамдигар) пешниҳод кардаанд. Зистшиносӣ бо бисёр илмҳо ва фаъолияти инсон алоқаи зич дорад. Барои тасвир ва таҳқиқи равандҳои биологӣ дастовардҳои илмҳои кимиё, физика, математика, техника, геология, география, геокимиё ва ғ. истифода мешаванд. Нимаи дувуми асри 20 зистшиносӣ хеле тараққӣ кард. Пешрафти зистшиносӣ барои ташаккули давра ба давраи ақидаҳо дар хусуси пайдоиши ҳаёт заминаи мусоид фароҳам овард. Зистшиносӣ дар шинохтани одам ва мавқеи ӯ дар табиат аҳаммияти бағоят бузург дорад.

Исмоили Ҷурҷонӣ

Исмоили Ҷурҷонӣ (форсӣ: اسماعیل جرجانی‎, Абӯиброҳим Исмоил ибни Ҳасан ал-Ҳусайнӣ ал-Ҷурҷонӣ; 1045 — 1137) — олими намоёни соҳаи тиб.

Солеҳ Салоҳ

Солеҳ Салоҳ (18 январи 1927, шаҳри Бухоро — 13 декабри 2004) — ховаршинос, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963).

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.