Забоншиносӣ

Забоншиносӣ (аз порсӣ: زبانشناسی) ё Лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад.Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алохида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ,ба муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ, структурӣ, Забоншиносии математикӣ, Забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекнн аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиҷ ба даст омадааст, аз хусуси Забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихи ва тасвири ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, сотсиолингвисти­ка, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: фонетика ва фонология — системаи овозҳоро, грамматика (мор­фология ва синтаксис) —сохти ка­лима ва ҷумларо, лексикология ва лексикография — таркиби луғавиро, фразеология —ибораву калимаҳои рехтаро, этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) — исмҳои хосро, палеография — таъри­хи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо семиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки за­бон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, психология, таърих , мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, аз комёбиҳои математи­ка, кибернетика, физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.

Забоншиносӣ
Забоншиносии назариявӣ
Фонетика
Фонология
Грамматика
Морфология
Синтаксис
Семантика
Типологи
Забоншиносии амалӣ
Психолингвисти­ка
Сотсиолингвисти­ка
Забоншиносии антропологӣ
Забоншиносии даркшаванда
Забоншиносии компютерӣ
Забоншиносии таърихӣ
Забоншиносии қиёсӣ
Этимология
Таърихи забоншиносӣ

Таърих

Забоншиноси дар Шарқи Қадим

Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ дар Байнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар мамлакатҳои Осиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то мелодӣ) руйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи за­бон ба вуҷуд наомада буд. Забоншиноси дар Хиндустони Қадим ба дараҷаи фавқулода баландӣ инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панинӣ (тадр. а. 5 то м.) тартиб додааст, тасвири пурра ва дар айни ҳол хеле мҷази забон буд. Дар Юнони Қадим ва Рим забоншиносӣ асосан дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равия Аристотел буд. Аз а. 19, аз вақте ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ (Вилҳелм Гумболдт, Франз Бопп, Якоб Гримм ва дигарон) ва мактаби ҷавонграмматикҳо (Карл Брутман, Бертҳолд Делбрюк ва дигар) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти забоншиносӣ cap мешавад. А. Шлейхер забоншиносиро ба илмҳои табиӣ ва конунҳои дохилии онро ба конунҳои табиат нисбат медод, вале Г. Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ-психологӣ» медонист. Иван Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумболдтро дар бораи «шакли за­бонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асо­си бештари равияҳои структурализм қарор гирифт (вай мафҳуми фонемаро низ тадқиқ кардааст). Дар ибтидои асри 20 равияҳои гуногун, ба монанди географияи лингвистӣ, баъд­тар неолингвистика, мактаби эстети­кӣ, назарияҳои атомистӣ, ки кӯшиш доштанд забонро ҳамчун эҷодиёти шахсони алоҳида пешниҳод кунанд, мактаби формалӣ (Ф. Ф. Фортунатов ва дигарон), равияи сотсиологӣ (А. Мейе ва дигарон) роли намоён бозидаанд. Баъди табъ ёфтани «Курси забоншиносии умуми»-и Фердинанд де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структу­рализм, чун мактаби прагагӣ, ки ба истилоҳ, назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, ки кӯшиш дошт назарияи универса­лии системаҳои семиотиро тapтиб диҳад Забоншиноси дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии ма­тематики ва ғайра паҳн гардиданд. Дар забоншиносии советӣ солҳои аввали баъди Инқилоби Октябр равияи ҷавонграмматикҳо (Алексей Шахматов ва дигарон) ва макта­би И. А. Бодуэн де Куртенэ (Л. В. Щерба, Евгений Поливанов ва дигарон) ро­ли асосӣ бозиданд. Аз миёнаи солҳои 20-ум «таълимоти нав дар бораи забон»-и Марр ба рӯи кор омад, ки беасос будани он дар аснои мубоҳисаи соли 1950 оид ба забоншиносӣ ошкор карда шуд. Дар солҳои 40—50 доир ба эабоншиносни мудоисави-таърихӣ як силсила таълифот ба миён омад. Дар замони ҳозира шохаҳои гуногу­ни забоншиносӣ ба истилоҳ, «забоншиносии амалӣ» (тарҷумаи мошинӣ, статистикаи нутқ ва дигар) инкишоф ёфта истодаанд.

Забоншиносии тоҷик

Забоншиносии тоҷик низ таърихи хеле қа­дим дорад. Таълиму тарғиби Авасто ва дигар осори қадим бе асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Вале аз он замонҳо то ба мо асаре доир ба забоншиносӣ нарасидааст. Забоншинисони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар дош­танд вагарна, дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейх., Аҳфати Акбар ва ғайраҳо). Аз асри 10 cap карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як дастур луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷики-туркӣ, луғатҳои тафсиӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд оиаданд.

17 март

17 март — 76-умин рӯзи сол (77-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 289 рӯз боқӣ мемонад.

Забони олмонӣ

Забони олмонӣ (олм. Deutsch , талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃ]; deutsche Sprache, талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃə ˈʃpʁaːχə]) — забони олмониҳо, австрагиҳо, олмониҳои Швейсария, ли­хт­ейштейнҳо, элзасиҳо ва лотарингҳо, инчунин симбрҳо ва мохеноҳо (дар Италия). Забони расмӣ дар Олмон, Австрия, Лихтенш­тейн, яке аз забонҳои расмии Швейсария, Люксембург, Белгия.

Зарф (дастури забон)

Зарф — ҳиссаи мустақили нутқ мебошад, ки замон, макон, сабаб, мақсад, миқдору дараҷа, тарзи иҷрои амал, яъне аломати амалро мефаҳмонад. Зарфҳо аз рӯйи маъно ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

Зарфи замон;

Зарфи макон;

Зарфи сабаб;

Зарфи мақсад;

Зарфи миқдору дараҷа;

Зарфи тарзи иҷрои амал;

Зарфи монандӣ.

Исм (дастури забон)

Исм - ҳиссаи нутқест, ки номи ашё (санг, об, замин, дарахт, моҳӣ, саг,) ва мафҳумҳои ашёшуда (шӯриш, хониш, некӣ, ақл)-ро ифода менамояд. Исм ба саволҳои чӣ?, чиҳо?, кӣ?, киҳо? ҷавоб мешавад. Исм ба вазифаи ҳамаи аъзои ҷумла меояд. Он дар ҷумла пеш аз ҳама вазифаи мубтадо ва пуркунандаро иҷро мекунад. Исм ба вазифаи пуркунанда асосан бо пешоянду пасоянд меояд. Исм ба вазифаи хабар низ зиёд истифода мешавад. Ҳангоми хабар шуданаш аксар бо бандакҳои хабарӣ ва феълҳои ёридиҳанда сурат мегирад. Муайянкунандаи соҳибӣ ва баёния асосан бо исм ифода мешавад.

Истилоҳ

Истилоҳ (истилоҳот- шакли ҷамъ) — аз забони арабӣ буда, маънояш калимае, ки дар соҳаи илму фан барои ифодаи маънои махсуси ғайри аслӣ қабул шудааст, яъне термин мебошад.Истилоҳ (аз лот. terminus – ҳад, ҳудуд сарҳад) – маънои луғавии мафҳумҳо, ки расман қабул шудаанд. Калима ва ибораҳое, ки маънои аниқро ифода намуда, дар доираи ихтисосҳои муайяни илмӣ, техникӣ, санъат шакл гирифтаанд.Истилоҳ ба сифати ифодаҳои хоси характернок барои тасвири мавзӯи соҳаи муайян, зуҳурот, хосият ва муносибати он хидмат мекунад. Дар доираи чунин низоми фаҳмиш истилоҳ бояд якмаъно, мунтазам, услубан бетараф бошад. Истилоҳ ва калимаҳои умумиистеъмол метавонанд ба ҳамдигар мувофиқ шаванд.

Истилоҳ махсусияти худро дорад. Аз ҷумла: 1) муназзамӣ; 2) якмаъноӣ; 3) тамоюл ба сермаъноӣ дар доираи майдони истилоҳоти соҳаи худ, яъне истилоҳоти ҳамон илм, ихтисос ва ё мактаби илмӣ; 4) набудани таъҷилият ва тундӣ; 5) бетарафии услубӣ.

Истилоҳ ҳамчун воҳиди забонӣ ба қонунмандиҳои фонетикӣ ва наҳвии забон тобеъ аст. Вай объекти муайян ва мустақили илми забоншиносӣ – истилоҳотшиносӣ мебошад.

Калима

Калима овоз ё маҷмуи овозҳои муайянест, ки барои ифодаи маъноҳои луғавӣ (лексикӣ), сарфӣ (морфологӣ) ва наҳвӣ (синтаксисӣ) истифода мегардад: ӯ, як, хона, китоб, обод, хуб.

Калимаи асосии ибора калимаест, ки аз ҷиҳати наҳвӣ мустақил буда, дигар калима ё калимаҳои ибораро ба худ тобеъ мекунад: дафтари нав,чидани пахта, мани бечора, тоза рӯфташуда ва ғайра.

Мафҳум

1.Мафҳум (арабӣ: مفهوم) — фаҳмидашуда, донисташуда мебошад; мафҳум гаштан, яъне фаҳмида шудан аст. 2. Мафҳум (арабӣ: مفهوم) — а. 1 . он чи қобили фаҳму идрок аст, фаҳмидашуда; фаҳмо; мафҳум будан фаҳмо будан. 2. фикри (тасаввури) мантиќан муташаккили умумӣ дар бораи ашё ва ҳодисаҳо; маънои васеъ ва умумӣ: мафҳуми

виҷдон, мафҳуми муборизаи синфӣ.

Муайянкунанда

Аъзои пайрави ҷумла, ки ашёро аз ҷиҳати аломат, сифат, хусусият, муносибат, соҳибият шарҳу эзоҳ медиҳад, муайянкунанда номида мешавад. Муайянкунанда, одатан, мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ҷузъи номии хабарро аз ягон ҷиҳат муайян карда, аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодааш гуногун мешавад.

Объект

Объект (лот. objеtctym - ашё) — ашёе, ки якҷоя бо амал дар ин ё он муносибате воқеъ аст. Аз нуқтаи назари грамматика (наҳв) пуркунанда мебошад.

Порсии бостон

Порсии бостон яке аз забонҳои эронии бостонӣ аст.Порсии бостон ниёи бузурги забонҳои форсию тоҷикӣ аст ва дар тақсимбанди

забоншиносӣ яке аз забонҳои шохаи ғарби забонҳои эронии бостонӣ маҳсуб мешавад.Чунин ки аз номаш бармеояд забони қадим парсиён буда ва бисёри катибаҳои шоҳони ҳахоманишӣ ба ин забон навишта шудааст.Порси бостон бо забони авестоӣ ва табъи он забони санскрит хешовандии наздики дорад.

Субъект

Субъект (лот. subjtktum) 1. Предмети муҳокима, мубтадои мантиқӣ, нисбат ба хабар — предикате, ки он ҷудо карда мешавад.2. Инчунин мубтадои грамматикӣ.

Тоҷикон

Тоҷикон — халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Маркази мебошанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -7.5 млн., Ӯзбакистон - аз 1,7 то 11 млн., тақрибан 35 млн. нафар.

Феъл

Феъл ба бахше аз сухани гуфта мешавад, ки намоянигори кори анҷомшуда ё як руйдод ё як ҳолате бошад. (монанди хондан, бурдан, палосидан, навиштан, зистан, будан).феълҳо се замон доранд.Феъл 2 асос дорад: асоси замони гузашта ва асоси замони ҳозира

Филология

Филология (аз юн.-қад. φιλολογία, «меҳр ба сухан») — номгӯи маҷмӯи фанҳоест (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ ва диг.), ки маданиятро тавассути матн азхуд менамоянд. Забоншиносӣ на ҳама вақт ба филология дохил карда мешавад, зеро, ки: он доимо матнҳоро ташхис наменамояд ва доимо бо қисми маданиятии онро дарбар намегирад. Ба забоншиносӣ ба илмҳои дақиқ наздиктар будан хоса аст, назар ба дигар фанҳое, ки ба гурӯҳи фанҳои филология дохиланд. Дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Иттифоқи Шӯравӣ забоншиносӣ дар бахшҳои филологӣ азхуд карда мешаванд; дар Амрико ва дигар давлатҳои Аврупо ҳамчун филология тадқиқот ва ташхиси матнҳои қадим ва асрҳои миёнаро дар назар доранд, омӯхтани забонҳо ва назарияҳои онҳоро ҳамчун илми мустақил мешиносанд.

Дар луғати Дал «филология» — (юн. меҳри сухан) илм ва ё омӯзиши забонҳои қадим ва мурда; омӯзиши забонҳои зинда - забоншиносӣ.

Хабар (дастури забон)

Хабар сараъзои ҷумла мебошад, ки амал, ҳолату вазъият ва аломатеро ифода менамояд, ки ба ашёи сухан - мубтадо нигаронида шудааст. Хабар ба саволҳои ашё чӣ шуд?, чӣ мешавад?, чӣ кор мекунад?, кист?, чист?, ҳаст?, нест? ҷавоб мешавад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик хабарро аз ҷиҳати ифодаи маъно ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: хабари феълӣ ва хабари номӣ.

Шумора

Шумора (форсӣ: عددنویسه‎) - ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро ифода менамояд ва ададҳоро номбар мекунад. Шумора ба саволҳои "чӣ қадар?" ва "чандум? ҷавоб мешавад.

Дар ибораи "чаҳор китоб" ва "чорсаду бисту панҷ рӯзи меҳнат" ададҳои "4" ва "425" миқдори ашёро мефаҳмонанд. Дар ифодаҳои математикии "ду карат ду - чаҳор", "шашу ҳашт - чаҳордаҳ" шумораҳои ду, чаҳор, шаш, ҳашт, чаҳордаҳ ададҳоро ифода мекунанд. Дар ибораи курси сеюм, хонаи рақами ҳаштум тартиби шумори ашёро мефаҳмонанд.

Шумораҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: шумораҳои миқдорӣ ва шумораҳои тартибӣ.Шумораҳо аз рӯйи сохташон сода, мураккаб ва таркибӣ мебошанд.

Ҳол

Ҳол аъзои пайраве мебошад, ки тарзи иҷро шудан ё нашудан,замон, макон, сабаб, мақсад, миқдор, дараҷа (андоза) ва ё муносибатҳои ба амал вобастаро ифода мекунад.Ба вазифаи ҳол, асосан, зарф меоянд.Баробари зарфҳо дигар ҳиссаҳои нутқ, масалан исмҳо (бо ёрии пешояндҳо, пасояндҳо, ҳатто бе ин ёридиҳандаҳо ҳам), сифатҳо, шумораҳо, феъли ҳол, ибораҳои фразеологии хусусияти зарфӣ дошта низ ба вазифаи ҳол меоянд. Ҳол аз рӯйи маъно ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешавад:

1.Ҳоли замон;

2.Ҳоли макон;

3.Ҳоли мақсад;

4.Ҳоли миқдору дараҷа;

5.Ҳоли монандӣ;

6.Ҳоли сабаб;

7.Ҳоли шарт;

8.Ҳоли тарзи амал.

Ҷонишин (замир)

Ҷонишин (форсӣ: ضمیر‎) ба гурӯҳи ҳиссаи номии нутқ мансуб бошад ҳам аз дигар калимаҳои ин гурӯҳ аз ҷиҳати маъно хусусиятҳои грамматикӣ фарқ мекунад. Ҷонишин ҳиссаи номии нутқ буда, ашё ва аломати онро нишон медиҳад, вале онҳоро бевосита ифода намекунад.Ҷонишин ба ҷойи исм, сифат, шумора меояд.Он ба ҷойи зарф ҳам кор фармуда мешавад.Ҷонишинҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

Ҷонишинҳои шахсӣ;

Ҷонишинҳои нафсӣ;

Ҷонишинҳои саволӣ;

Ҷонишинҳои ишоратӣ;

Ҷонишинҳои таъинӣ;

Ҷонишинҳои номуайянӣ;

Ҷонишинҳои манфӣ;

Ҷонишинҳои муштарак.

Ҷумла

Ҷумла (аз англ. Sentence) - як ё чанд фарокард муртабит ба ҳамро шомил мешавад, ки паёми комилеро аз фиристанда паём (гӯянда, нависанда) ба гиранда паём (шунаванда, хонанда) бирасонад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.