Забони порсӣ

Форсӣ ё Порсӣ (форсӣ: زبان فارسی‎ [fɒːrsi-zæbɒːn], форсӣ: ایرانی‎ [irɒːni], форсӣ: فارسی‎ [fɒːrs], устар. форсӣ: پارس‎ [pɒːrs]), — (се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ) яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гуфтугӯкунанда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 122 миллион тан мардуми бумӣ ва ҳама Порсигӯ мебошад.

Бо забони форсӣ шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва бисёре аз дигарон, асарҳои оламшумуле эҷод кардаанд.

Дар замони муосир танҳо се давлати форсизабон — Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз шохаҳои забони порсиро — форсӣ, тоҷикӣ ва дариро дар кишварашон ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул кардаанд.

فارسی باستان فارسی میانه فارسی نو یونان باستان لاتین آلمانی انگلیسی لهستانی سوئدی لیتوانیایی
pitar pidar pedar (پدر) patēr pater Vater father ojciec fa(de)r tėvas
mātar mād(ar) mādar (مادر) mētēr mater Mutter mother matka mo(de)r motina
brātar brād(ar) barādar (برادر) adelphos frater Bruder brother brat bro(de)r brolis
? ducht(ar) dokhtar (دختر) thygatēr filia Tochter daughter córka dotter dukra
nāman nām nām (نام) onoma nomen Name name imię namn vardas
martiya (Sterblicher) mard mard (مرد) anēr mortalis Mord murder martwy mord mirtingas (Sterblicher)
dadā-tanaiy dādan dādan (دادن) didōmi dare geben give dać giva/ge duoti
hischta-tanaiy awischtadan istādan (ایستادن) histēmi sistere stehen stand stać ställa sig stoti
manā (mich) man (ich, mich) man (ich) (من) eme me mich me (ich, mich) mnie mig mane
pantscha pandsch pandsch (پنج) pente quinque fünf five pięć fem penki
hafta haft haft (هفت) hepta septem sieben seven siedem sju septyni
utā ud o (و) kai et und and i och ir
rāsta rāst rāst (راست) orthos rectus recht, richtig, rechts right prawy rätt,riktig(t),höger dešinė
yaug dschog dschok skōmma iocus Jux joke żart skämt juokas

Ҳамчунин нигаред

Ҳуруфи Порсӣ

Пайвандҳои беруна

Абдурраҳмони Ҷомӣ

Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ (Маъмул ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷомӣ, форсӣ: جامی‎) — шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик.

Номи асосии ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.

Алифбои форсӣ

Хатти Форсӣ (порсӣ: خط فارسی ) — xатте аст барои навиштан ба Забони форсӣ. Дар Эрон ва Афғонистон ба ин xат менависанд. Дар Тоҷикистон низ то пеш аз 1928, ба ин xат менавиштанд. Акнун, ин xатро дар Тоҷикистон, xатти ниёгон меноманд.

Хатти Форсӣ аз xатти арабӣ гирифта шудааст ва онро аз рост ба чап навишта мешавад.

Ахлоқи Носирӣ

«Ахлóқи носирӣ» (форсӣ: أخلاق ناصری‎) — асари файласуфи форс-тоҷик Насируддини Тусӣ мебошад, ки соли 1235 таълиф шуда, дар бораи фалсафаи амалӣ баҳс мекунад.

Китоб ба ташвиқи ҳокими Куҳистон Насируддин Абулфатҳ Абдурраҳим ибни Абумансур марди фозилу ҳунарпарвар таълиф шудааст.

Бохтар

Бохтар ё Балх (порсии бостон: Bāxtrī- < авестоӣ: Bāxδī- < эронии бостон: *bāxθrī- < ҳиндуэронӣ: *ˡbag-: baj ‘бахш, пора’ > санскрит: bāhlīka- > ведоӣ: bálhika- балхӣ: βαχλο < порсии миёна: Bāxl, Bālx < юн.-қад. Βακτριανή) номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд’; — сарзамине таърихӣ, ки миёни қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳисор, ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, дар миёноби Омударё ҷойгир аст. Маркази ин сарзамин Зарринасп ном дошта, ки дар каронаи чапи Омударё дар шимоли Афғонистон ҷой дошт. ИН сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи Гандҳара, дар шарқ — бо Бадахшон, дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд. Ноҳияи Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои то-милодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст

Забони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.

Бохтар (маркази маъмурӣ)

Бохтар (форсӣ: باختر‎) (собиқ Қурғонтеппа солҳои 1944-2018) - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Бохтар дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400 нафар ҷамъият севумин шаҳри Тоҷикистон аст.

Бохтар маркази кишоварзӣ, асосан соҳаи пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз узбакҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад.

Шаҳри ҳозираи Бохтар дар солҳои 1944 - 1992 бо номи Қурғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қурғонтеппа гардид ва минбаъд аз соли 1993 то 2018 маркази маъмурии вилояти Хатлон буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон..., номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион (2018) нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Левканд

Левканд (форсӣ: لیوکَند‎) — шаҳре бостонӣ дар сарзамини Вахш буд.

Маркази фарҳанги тоҷики Самарқанд

Маркази фарҳанги тоҷики Самарқанд номе марказе дар Самарқанд аст. Пас аз фурупошии Шӯравӣ ва истиқлоли Ӯзбакистон, дар пайи сиёсатҳое ӯзбаксозии давлат ва адами таваҷӯҳ ба тоҷикон ки бузургтарин аққалият Ӯзбакистон аст заминасози хезишҳое аз сӯи тоҷикон шуд.

Дар пайи яке аз ин хезишҳо, шумораи аз ҷавонони Самарқанд дар соли 1991 ба таври худҷуш тазоҳуротеро тартиб доданд ки манҷур ба тасхири сохтумони аз замон шӯравии собиқ дар маҳаллаи Қушхузи Самарқанд шуд ва онҷоро пойгоҳи барои расидагӣ ба умури мардуми тоҷик қарор доданд. Ин созмон ҳеҷгоҳ аз сӯи давлати Ӯзбакистон ба расмият шинохта нашуд. Раёсати ин созмон то соли 2005 ба ӯҳдаи Ҳайёт Нӯъмон буд аммо пас аз ҳабси хонагии вай тавассути давлат ин марказ ба ҳолати ниматаътил даромадааст.

Раёсати кунунии ин маркаҳ ба ӯҳдаи Абдулваҳоб Воҳидов, устоди забони порсӣ дар Донишгоҳи Самарқанд аст.

Мақом (мусиқӣ)

Мақом дар мусиқӣ, пардаи сурудро мегӯянд, ки дар забони порсӣ тоҷикӣ онро муд мехонанд.

Маҷалла

Маҷалла (аз порсӣ: مجله) - ин журнал аст ва мақолаҳои гуногунро дар бар мегирад.

Омударё

Ому ё Омударё (форсӣ: آمودریا‎), Ҷайҳун (ар. جیحون‎), лот. Oxus) — пуробтарин рӯд дар Осиёи Марказӣ аст, ки аз андарҳамомехтани рӯдҳои Панҷ ва Вахш падид меояд ва қаламравҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад.

Омударё оби рӯдҳои Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуздарёро мегирад дар Баҳри Арал мерезад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ — 2540 км. Масоҳати обгираш то шаҳри Каркӣ 309 ҳазор км2 (ғайр аз ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё). Майдони обҷамъшавӣ (якҷоя бо ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё) 227 ҳазор км2.

Подшоҳии Бохтари қадим

Подшоҳии Бохтари қадим — номгузории Бохтари қадим дар Авесто ҳамчун кишвари «бо парчамҳои барафрӯхта», яке аз кишварҳои Ориёи ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти Давлати Каёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII пеш аз мелод ахбори таърихнависони Юнони Қадим гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.

Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумотҳои дигар низ мавҷуданд. Мувофиқи ахбори муаррихи юнонӣ Ктесий лашкари сершумор ва пурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд.Подшоҳии Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои томилодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштаастЗабони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.

Рубоӣ

Рубоӣ - маъмултарин шакли назми шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар адабиёти китобӣ низ мавқеи барҷаста дорад. Он аз чор мисраъ иборат буда, вазну қофиябандии муайян дорад.Вазну қофияи равони рубоӣ барои ба оҳанги мусиқӣ даровардан хеле мувофиқ аст ва аз ҳамин сабаб дар жанри мусиқии Фалак ва дигар навъҳои мусиқии мардумӣ аз рубоиҳо бисёр истифода мекунанд. Рубоиҳои тоҷикӣ дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиат, ҷудоиву ғарибӣ, никоҳи маҷбурӣ, камбағалӣ, шикоят аз зулми иҷтимоӣ ва масоили гуногуни маишӣ эҷод шудаанд. Рубоиҳои халқӣ дар ҳама замонҳо бо ҳаёти маишӣ, иҷтимоӣ ва таърихии аҳли меҳнат робитаи бисёрҷониба пайдо карда, мақсаду маром, фарёду нидо, гилаву эътироз ва хашму кинояҳои шахсони музтарибу мутаассирро дар бар гирифтаанд. Ба воситаи рубоиҳо одамон ҳамдигарро аз ҳоли худ огоҳ ва ба якдигар дил холӣ кардаанд, якдигарро водор намудаанд, ки ба атрофиёнашон бо эҳтироми хосе муносибат кунанд. Мавзӯи ишқу муҳаббат нисбат ба дигар мавзӯъҳо дар жанри рубоӣ мавқеи муҳимтар дошта, ишқи воқеии заминӣ ва тавъам бо масоили иҷтимоӣ баён мегардад. Образи ошиқе, ки дар рубоиҳо тасвир мешавад, як фарди одии ҷомеа буда, ишқи поки инсонӣ дорад ва барои ба мақсаду мурод расиданаш бо мушкилоти рӯзгор ва рақибон мубориза мебарад. Маъшуқаи ӯ низ як духтараки муқаррарии деҳотӣ аст, ки дар ҳамсоягии ҷавон зиндагӣ мекунад.

Аммо дар мобайн монеаҳое дар шахси рақиб, аҳли оила ва хешу табори духтар ва инчунин муносибатҳои иҷтимоии анъанавӣ, номусу виҷдон, одобу ахлоқ барин меъёрҳои суннатӣ вуҷуд доранд, ки дар аксари ҳолатҳо ба васли ин ду ҷавон садди роҳ мешаванд.

Чунончи:

Яке аз санъатҳои бадеии муҳими рубоиҳо рамз ба шумор меравад. Рамз як тарзи баёни сухан мебошад, ки тавассути он гӯянда мазмунҳои ниҳониро дар як калима, ибора ва ё ҷумлае ифода мекунад. Дар рубоиҳои тоҷикӣ рамзҳои «гул», «лола», «об», «кӯҳ», «ағба», «дарё», «бед», «чинор», «себ», «кабк», «кабӯтар» ва амсоли инҳоро зиёд дучор мешавем, ҳам ба матнҳо хусусиятҳои бадеию эстетикӣ додаанд ва ҳам дарду алам ва орзуву омоли мардумро фаро гирифтаанд.

Масалан, образи «дарё» дар рубоиҳо рамзи ҷудоӣ ва монеа мебошад, ки гӯянда бо таассуф аз ҷудоӣ ва дастнорасӣ чунин гуфтааст:

Яке мавзӯъҳои маъмулу машҳури рубоиҳои тоҷикиро мавзӯи ғарибӣ ва мусофирӣ ташкил медиҳад. Дар чунин матнҳо тасвири ҳасби ҳоли худи мусофирон – ғарибон, аҳволи хешу табор ва ёру ошноҳои ғарибон баён шудаанд.

Аз рубоиҳо бармеояд, ки тарки Ватан кардан дар ҳаёти мусофирону ғарибон аламноктарин дард будааст:

Рубоӣ бо навъҳои дигари назми шифоҳӣ, аз ҷумла дубайтӣ, чорбайтӣ ва шеърҳои гуногуни чормисраӣ умумияту монандиҳо дорад.

Саноӣ

Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноиӣ Ғазнавӣ (форсӣ: أبوالمجد بن مجدود بن آدم سنائي الغزنوي‎) ё ҳаким Саноӣ (473-545 қамарӣ) (1081 — 1150 мелодӣ), аз шоирони қасида‌саро ва маснависарои забони форсӣ аст ки дар қарни шашуми ҳиҷрӣ мезист.

Таджики (китоб)

Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история / Отв. ред. академик Б.А. Литвинский. — Москва. — Наука, 1972. — С. 658. — 658 с. — P. 658.

Таджики - китоби Тоҷикони академик Бобоҷон Ғафуров ба забони русӣ мебошад. Китоби мазкур ба забони тоҷикӣ дар солҳои 70 - 90-уми асри XX якчанд маротиба нашр гардида ба забони инглисӣ ва забони порсӣ дар асри XXI баргардон шудааст.

Тоҷикистон

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎) — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 142 600 км² (93-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2018 дар Тоҷикистон 8 931 200 нафар тан бошанда буд, ки дар шаҳрҳо 2 354 200 нафар ва деҳот 6 577 000 нафар зиндагӣ доштаанд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.

Ту

Ту - дар забони порсӣ-тоҷикӣ, ту ҷонишин ва ё замири шахси мунфасл барои дуюм шахс мухотаб аст. Ин ҷонишин маъмулан замоне ба кор меравад, ки байни гуфтугӯи тарафайн, як робитаи самимона ё наздик вуҷуд дошта бошад. Барои эҳтиром бештар, аз ҷонишини шумо истифода мешавад.

Умари Хайём

Умар Хайёми Нишопурӣ (форсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری‎; 18 май 1048, Нишопур — 4 декабри 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Шаҷараномаи атрофиёни Муҳаммад

Шаҷараномаи атрофиёни Муҳаммад (форсӣ: شجرنامه اطرافیان محمد‎)

Иртиботи мустақим бо пурранг намоиш дода шудааст.

* Тартиби издивоҷ ихтилоф аст

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.