Забони ибрӣ

Забони ибрӣ (ибрӣ: עברית) — яке аз забонҳои семитии шимоли ғарбӣ аст.

Нигаред

АйОс

iOS (англ. iOS) (то 24 июни 2010 iPhone OS ном дошт) - як системаи амалии телефони ҳамроҳ аст, ки дар ибтидо барои iPhone ва iPod Touch тавсия дода мешуд, аз он замон баъдан барои истифода дар сайри дастгоҳҳои ширкати Apple монанди iPad ва Apple TV густариш ёфт. Ширкати Apple Inc. маҷуз истифода аз iOS барои насб ба рӯи сахтафзорҳои шахсии солсро намедиҳад. App Store дар 6 марти соли 2012 дорои пеш аз 550.000 Application (барномаҳо) буд, ки ҷамъан пеш аз 25 миллиард маротиба Download боргирӣ шудаанд. Дар се моҳаи соли 2010 ин системи амал 16% аз саҳми системаи амали телефонҳои ҳушманд ро дар ихтиёр дошт, поёнтар аз Android-и Google ва Symbian-и Nokia буд. Ин системаи амал дар моҳи майи соли 2010 дар ИМА 59% аз масрафи додаҳои веби телефони ҳамроҳ (аз ҷумла истифода аз iPod iTouch ва iPad) ро ба худ ихтисос дод.

Асфори муқаддас

«АСФОРИ МУҚАДДАС» (арабӣ: اسفارمقدس ҷамъи сифр, ба маънои китоб ва фасл), фаслҳои панҷгонаи Аҳди қадим, ки қонун, асфори хамса, китобҳои панҷгонаи Мусо ва дар умум Тавротро дар бар мегирад. Таврот ва ё «Аҳди қадим» аслан аз панҷ фасл ва ё китоб (сифр), ки бар асоси гуфтаҳои яҳуд ҷавҳари ваҳйи илоҳӣ ба Мусоро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд омадааст:

Сифри Пайдоиш ва ё Таквин (книга Бытия), ки дар он дар бораи офариниши ҷаҳони ҳастӣ, халқи одам ва нахустин гуноҳи вай, тӯфони бузург ва саргузашти паёмбароне чун Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб гузориш дода шуда, бо зикри достони Юсуф ва муҳоҷирати хонадони Яъқуб ба Миср ба поён расидааст.

Сифри Хурӯҷ ва ё Баромад (Исход), ки дар бораи гирифториҳои банӣ Исроил дар Миср, хурӯҷи онҳо ҳам­роҳи Мусо (ъ) аз он ҷо, ду пора гаштани оби баҳр ва ҳаводиси дигаре, ки дар нимҷаз. Сайно (Сино) дар даврони саргаштагии банӣ Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, маълумот медиҳад.

Сифри Ловиён (Левит), ки дар он қонунҳо, расму ойин, коҳинон ва дигарон маросими динии қабилаи Ловӣ зикр гардидааст. Ин қабила ба Ловӣ писари Яъқуб мансуб буда, дар биёбони Тиҳ ба Худо ва паёмбараш Мусо (ъ) вафодор монд ва минбаъд пешвоёни яҳуд аз миёни онҳо баргузида мешуданд ва сифри Ловӣ ба баёни ҳоли онҳо ихтисос ёфтааст.

Сифри Адад ва ё Шумора (книга Чисел), ки дар он идомаи саргузашти қавми яҳуд пас аз вафоти Мусо (ъ), ҷонишинии Юшаъ ибни Нун ва ба сарзамини Канъон расидани банӣ Исроил зикр гардидааст. Ва чун саршумори банӣ Исроил ду бор дар он зикр шуда, ба сифри Адад шинохта шудааст.

Сифри Дуюми қонунгузорӣ ва ё Такрори шариат (Второзаконие), ки дар он баъзе қонунҳои динӣ ва маданӣ ва суханрониҳои Мусо (ъ) барои банӣ Исроил зикр шудаанд ва ба вафоти Мусо (ъ) дар биёбони Тиҳ ба поён расидаастБа ақидаи яҳудиён Асфори муқаддас ба худи Мусо (ъ) мансуб буда, дар давраи саргаштагии онҳо дар биёбони Тиҳ навишта шудаанд ва таърихи таълифи онҳо ба охирҳои ҳазораи дуюм ва ибтидои ҳазораи аввали то милод бармегардад, вале матни аслии Таврот ба забони ибрӣ вуҷуд надорад ва қадимтарин матни бозмонда аз он ба забони юнонӣ буда, ба асри 3 то милод тааллуқ дорад. Таврот дар фарҳанги динии яҳуд умуман, ба таври шифоҳӣ ҳифз мешуд, то он ки солҳои 70–72 садаи аввали пас аз милод ба сарпарастии ҳохом Юҳнон бин Зекой аз даҳонҳо гирдоварӣ ва дар маҷмӯае тадвин гардид. Илова бар ин панҷ фасл ва ё сифр дар Таврот китобҳои дигаре низ ҳамчун фаслҳои алоҳида вуҷуд доранд.

Хати ибронӣ (ивритӣ)

Хати ибронӣ (ивритӣ) (ибрӣ: עברית) – хаттест аз яҳудиёни қадим ва ҳозираи забони ибрӣ (ивритӣ), идиш, ладино (абронӣ – испанӣ). Бо ифодаи «Таврот» хати ибронӣ садаи ХI–и пеш аз мелод вуҷуд доштааст. Осори қадимтарини хатӣ тавқими гизерист. Ин тақвим ба садаи Х–и пеш аз мелод дахл дорад.

Ҳуруфи ибрӣ

Ҳуруфи иврӣ системаи навиштан барои забони ибрӣ аст.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.