Забони англисӣ

Забони англисӣ яке аз забонҳои дар тамоми ҷаҳон хеле паҳншуда мебошад. Дар Амрико, Аврупо, Австралия, Африқою Осиё бо ин забон гуфтугӯ мекунанд ва мефаҳманд.

Англисӣ
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ
EN English Language Symbol ISO 639-1 IETF Language Tag Icon
EN (ISO 639-1)

Таснифот

Забони англисӣ яке аз забонҳои бузургтари ҷаҳон ба шумор рафта шумораи одамоне, ки дар ҷаҳон бо он гуфтугу менамоянд зиёда 1,5 млрд. мебошад. Забони англисӣ дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта ватанаш Бритониёи кабир мебошад. Забони англисӣ ба яке аз шохаҳои забони олмонӣ шомил буда дар маҷмуъ ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Забони англисиро зиёда аз 90% мардуми ИМА, Британияи Кабир, Австралия, ва Канада истифода мебаранд, ки ин ҳам бошад аз сабаби халқи мезистаи ин давлатҳои англичанҳо мебошанд. Забони англисӣ забонӣ ҷаҳонӣ эътироф шуда зиёда аз нисфи кишварҳои дунё бо ин забон дар донишгоҳҳову марказҳои таълимӣ ба мардум дарс меомузанд. Маҷлисҳову корҳои тиҷоратӣ асосан байни давлатҳои дунё бо забонӣ англисӣ суръат мегирад.[1]

Тақсимоти ҷуғрофӣ

Шеваҳо

Фонология

Ҳамсадоҳо

  bilabial labio-dental dental alveolar post-alveolar palatal velar glottal
plosive p  b     t  d     k  g  
nasal m     n     ŋ 1  
flap       ɾ 2        
fricative   f  v θ  ð 3 s  z ʃ  ʒ 4   x 5 h
affricate         tʃ  dʒ 4      
approximant       ɹ 4   j    
lateral approximant       l        

Грамматика

Синтаксис

Системаи навиштан

Мисолҳо!
Дар забони англисӣ артикли номуайяни a, an пеш аз исмҳои ҷондор ва беҷон меояд. Масалан;
A
a boy
a pen
a dog
a girl
a table
An
an apple
an ant
an ice cream
an orange
an umbrella

Артикли а пеш аз исмҳои ки бо ҳамсадо сар мешаванд меояд. Артикли an пеш аз исмҳои ки бо садонок сар мешаванд меояд. Аммо артикли a, an дар шумораи ҷамъи исмҳо омада наметавонанд. Масалан;
Boys
Pens
Dogs
Girls
Tables
Apples
Ants
Пеш аз ин исмҳо артикли муайяни the меояд.
The boys
The girls
The apples
The pens
The tables
Артикли a, an метавонанд пеш аз касбу кори одмон оянд. I am a doctor.
You are a teacher.
She is a student.
He is an idiot.

Инҷоро ҳам бингаред

Артикли муайяни the чунин шакл дар исм дорад.
1. Пеш аз исмҳои шуморида шаванда ва шуморида нашаванда дар шакли танҳо ва ҷамъ меояд.
2. Пеш аз шумораҳои тартиби. Today is the first of October.
3. Пеш аз номҳои рӯзномаву, маҷала, театр, номи киштиҳо омада метавонад.

Пайвандҳои беруна

  1. http://life.ansor.info/tj/zaboni_anglisi/
1 феврал

1 феврал — 32-умин рӯзи сол дар тақвими григорӣ.

То поёни сол 333 рӯз (334 рӯз дар солҳои кабиса) боқӣ мемонад.

COBOL

КОБОЛ (COBOL, COmmon Business Oriented Language), забони барномасозии насли сеюм (тафсири якумаш соли 1959) буда, барои навиштани бизнес-барномаҳо истифода мешавад.

Ихтирокунандаи стандарти якум ва ягонаи Кобол Грейс Хоппер (бибии Кобол) мебошад.

КОБОЛ барои бисёр калима доштан ва калониаш зери танқид мондааст, зеро ки яке аз мақсадҳои асосии ихтирои он ниҳоят наздик сохтани имлои он ба забони англисӣ буд. (То ҳол забони КОБОЛ забоне ба ҳисоб меравад, ки дар он аз ҳама зиёд сатрҳои код навишта шудааст).

Австралия

Австралия (Australia, лотинӣ australis ҷанубӣ) — қитъа дар Нимкураи ҷанубӣ (хурдтарин дар кураи Замин). Аз Шимол ба Ҷануб 3200 км (аз 10° 41′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ёрк то 39° 11′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ҷануби Шарқӣ) ва аз Ғарбу ба Шимол ба масофаи 4100 км (аз 113° 05′ тули шарқӣ, димоғаи Стип-Пойнт то 153° 34′ тули шарқи, димоғаи Байрон) тӯл кашидааст. Австралияро аз Ғарбу ва Ҷануб Уқёнуси Ҳинд, аз Шимол ва Шарқ баҳрҳои Уқёнуси Ором – Тимор, Арафур, Марҷон, Тасман иҳота кардаанд. Масоҳати Австралия 7631,5 ҳазор км2 (бо ҷазҳои Тасмания, Кенгуру, Мелвилл ва ғайра 7704,5 ҳазор км2). Соҳилҳояш чандон ҳам каҷу килеб нест; дар Шимол халиҷи Карпентария, дар Ҷануб хал. Калони Австралия воқеанд. Нимҷаз. калонтаринаш Кейп-Ёрк. Қадқади соҳили шимолу шарқии Австралия бузургтарин дар ҷаҳон Рифи Калони Масдуд 2300 км тӯл кашидааст, ки он силсилаи ҷазҳои марҷонӣ мебошад.

Англия

Инглистон (ба англ. England) [ˈɪŋɡlənd]) — калонтарин қисми таърихй ва маъмурии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ аст. Мамлакат (country), ки қисми шарқии чазираи бузурги Британияи Кабирро ишғол кардааст, ҳамчун англ. Mainland машҳур аст. Аҳолии Англия 83% аҳолии Британияро ташкил медиҳад.

Номи Англия аз номгузории яке аз қабилаҳои олмонӣ – англҳо пайдо шудааст. Пойтахти Англия шаҳри Лондон – калонтарин шаҳр дар Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо аст.

Англия ин макони пайдоиши забони англисӣ ва калисои англиканӣ аст. Лондон маркази империяи Британия ва мамлакат зодгоҳи инқилоби саноатӣ буд. Англия давлати аввалин саноатан тараққикардаи олам, инчунин мамлакати дорои демократияи парламентӣ буд, ки навигариҳои ҳукуматӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи дигар халқҳо ва кишварҳо қабул гардида шуда буданд.

Викигуфтовард

Викииқтибос (англ. Wikiquote) — Маҷмӯи озоди иқтибосҳо ва суханрониҳои шахсони барҷаста ё қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ, ки аз ҷониби хонандагон якҷоя эҷод мегардад. Ин сайт аз ҷониби Фонди Викимедиа ба воситаи даваки MediaWiki эҷод шудааст. Ибтидо 10 июни соли 2003 ба забони англисӣ пайдо шудааст.

Мазмуни лоиҳа дар доираи GNU Free Documentation License дастрас аст. Саҳмгузорӣ дар доираи лоиҳа моликияти бевоситаи офарандагон аст, литсензиякунонӣ кафолат медиҳад, ки мазмуни интишор ҳамеша озодона паҳн ва барқарор карда мешавад.

Қисмати русии Викииқтибос 21 сентябри соли 2004 интишор шуд, инчунин намунаҳои Викииқтибос ба забонҳои дигар мавҷуд аст.

Дар охири октябри соли 2014 қисмати аз ҳама сершумортарини Викииқтибос - ба забони полякӣ буд, ки зиёда аз 24,5 ҳазор мақоларо дар бар мегирифт. Қисмати русии Викииқтибос, ки қариб 10 ҳазор мақоларо бо иқтибосҳо дар бар мегирифт, аз рӯи шумораи мақолаҳо ҷойи чорумро баъд аз қисматҳои полякӣ, англисӣ ва италянӣ ишғол мекард. Умуман, Викииқтибос ба зиёда аз ҳаштод забон интишор мешавад ва дорои зиёда аз 174 ҳазор мақола аст.

Гуам

Гуам, Ҳудуди Гуам (англ. Territory of Guam, чаморро Guåhån) — ҷазираест дар қисми ғарбии уқёнуси Ором. Гуам — воҳиди маъмуриест, ки ба ИМА ниёз дорад ва дорои мақоми «қаламрави муташаккилӣ ҳамроҳнабуда» (Unincorporated organized territory) мебошад, ки мазмунаш қаламрави мазкур таҳти идораи ИМА қарор дорад (аммо як қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб намеравад). Дар қисми ҷанубии архипелаги Ҷазираҳои Мариана ҷойгир аст ва бо Иттиҳоди Ҷазираҳои Шимолии Мариана ҳамсарҳад мебошад.

Халқҳои таҳҷойии ҷазираҳо — халқи чаморро — тақрибан 3500 сол муқаддам маскуни ҳамин ҷазираҳо шудаанд.

Масоҳат: 594 км². Аҳолӣ: 161,785 наф. (июли 2015) Асъори миллӣ: доллари Амрикоӣ. Забони давлатӣ: забони англисӣ, забонҳои гуфтугӯӣи — забони чаморро ва ҷопонӣ

Дар Гуам пойгоҳи низомии ИМА мустакар аст.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (мухт. ДДОТ ба номи С. Айнӣ) — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Ба сохтори ДДОТ ба номи С. Айнӣ шӯъбаи (филиали) Раштии донишгоҳи омӯзгорӣ, ки соли 2007 таъсис дода шудааст ва Коллеҷи омӯзгории Душанбе дохил мешаванд.

Забони арабӣ

Забони арабӣ (арабӣ: اللغة العربية — "ал-луғату л-ъарабия", ё عربي — "ъарабӣ") — аз оилаи забонҳои Ҳомӣ-Сомӣ ва ба гурӯҳи Сомӣ мансуб аст. Бо забони арабӣ дар нимҷазираи Араб, Ховари Миёна ва шимоли Африқо ҳарф мезананд. Ба забони Арабӣ навишта шудани Қуръон, забони Арабӣ дар дини Ислом ҷои махсусеро дорад.

Дар забони Арабӣ 28 ҳарф вуҷуд дорад. Аз ин 17-тоаш шакли тамро дорад. Навиштан ва хондани хати Арабӣ аз тарафи рост ба тарафи чап мебошад. Забони арабӣ ба шохаи забонҳои сомиву ҳомии оилаи забонҳои афроосиёӣ дохил мешавад.

Забони итолиёӣ

Забони итолиёӣ (lingua italiana) — Забони расмии Итолиё, Ватикан, Сан-Марино, Швейтсария (ҳамқатор бо забонҳо олмонӣ, фаронсавӣ ва швейтсарӣ-ретороманӣ). Ҳамчун дуюм забони расми дар як чанд ҳавзаҳои давлатҳои Хорватия ва Словения қабул шудааст.

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион (2018) нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Иморóти Муттаҳидáи Арабӣ (ар. الإمارات العربية المتحدة‎ — ал-Иморот ал-Араби́я ал-Мутта́ҳида; кӯтоҳ — Иморот) — давлат дар шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон, федератсияи ҳафт иморати мустақил: Абузабӣ, Дубай, Шарҷа, Ал-Фуҷайра, Раъсу-л-хайма, Аҷмон, Умму-л-Қайвайн. То соли 1971 чун Уммони Аҳдӣ тобеъи Британиёи Кабир буд. Масоҳаташ 83657 км2, аҳолиаш 4,8 млн нафар (2010). Пойтахташ Абузабӣ.

Инглисҳо

Англисон (Англисҳо), (Инглисҳо) (Инглисон) (англисӣ: English people) — миллат, аҳолии асосии Англия, ва 45 265 093 нафарро ташкил мекунанд. Дар Ирландия, мулкҳои тобеъи Англия ва баъзе аз дигар кишварҳои тобеъи Бритониёи Кабир сокинанд. Ба забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксари диндорон масеҳиянд.

Либерия

Либерия яке аз кишварҳои Африқо аст.

Райпур

Шаҳри Райпур (забони англисӣ: Райпур), бо аҳолӣ 759 570 нафар дар иёлати Чхаттисгарх дар кишвари Ҳиндустон қарор дорад.

Созмони Милали Муттаҳид

Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) — созмони байналмилалӣ аст, ки кишварҳои пирӯз дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо бунёд кардаанд. Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.

Уелс

Уелс (уелсӣ: Cymru, англисӣ: Wales) — як аз кишварҳои Подшоҳии Муттаҳида аст.

Ҳавайӣ

Гавайӣ(англ. Hawaii) — иёлатест дар ҷазираҳои Гавайӣ, маркази уқёнуси Ором, нимкураи шимолии Замин, 3700 км дуртар аз ҳудуди қитъавии ИМА. Ҳамчун иёлати Гавайӣ ба федератсияи ИМА 21 августи соли 1959 дохил гардидааст, Аз рӯи шумора 50-умин иёлати ИМА.

Аҳолӣ — 1 419 561 наф. (соли 2014). Забони расмӣ — забони англисӣ. Дар ноҳияҳои гардишгарӣ (туристӣ) инчунин, забони ҷопунӣ истифода бурда мешавад. Дар байни гурӯҳҳои этникии сокини ҷазира забони Гавайӣ мавриди гуфтугӯ қарор дорад.

Марказ ва шаҳри бузургтарин — Гонолулу.

Номи расмии дигар — Иёлати Алоха.

Ҷазираҳои Шимолии Мариана

Ҷазираҳои Шимолии Мариана (англ. Northern Mariana Islands), Иттиҳоди Ҷазираҳои Шимолии Мариана (чаморро Sankattan Siha Na Islas Mariånas). Ҷазираҳои Шимолии Мариана — воҳиди маъмуриест, ки ба ИМА ниёз дорад ва дорои мақоми «қаламрави муташаккилӣ ҳамроҳнабуда» (Unincorporated organized territory) мебошад, ки мазмунаш қаламрави мазкур таҳти идораи ИМА қарор дорад (аммо як қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб намеравад). Дар қисми ғарбии архипелаги Ҷазираҳои Мариана ҷойгир аст; дар шимол бо Гуам ва бо Ҷазираҳои Каролин (Иёлатҳои Федеративии Микронезия) ҳамсарҳад мебошад.

Масоҳат — 463,63 км². Маркази маъмурӣ — шаҳри Сайпан. Иборат аз 14 ҷазира: Ҷазираҳои бузургтарин — Сайпан, Тиниан, Рота.

Аҳолӣ — 53,855 наф. (2013). Ҳайати этникӣ: филиппинҳо, чиниҳо и чаморро.

Забони давлатӣ: забони англисӣ.

Ҷумҳурии Ирландия

Ҷумҳурии Ирлондия (ирландӣ: Éire, англисӣ: Republic of Ireland) ё Ирлондияи ҷанӯбӣ яке аз кишварҳои Аврупо аст.Ин кишвар дар ҷазира Ирлондия дар шимолу ғарби қитъаи Аврупо вокеъ шудааст.Номи расмии ин кишвар Ҷумҳурии Ирлондия аст ва гоҳо бо номи Ирландияи Ҷануби хонда мешавад бо Ирландияи Шимоли нодуруст нашавад.Ҷамъияти Ҷумҳурии Ирлондия 4600000 нафар.

.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.