Донишномаи Шашмақом

Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. – 423 с.

Донишномаи Шашмаком
Муқоваи таълифоти "Донишномаи Шашмақом" – Душанбе,2009.

Мундариҷа

“Донишномаи Шашмақом” - бори аввал дар таърихи тамаддуни мусиқии тоҷик таҳия ва тадвин шудааст. Ин “Донишнома” роҷеъ ба таърих, назария, манобеи хаттии мусиқӣ, чеҳраҳои номвари созу дирӯзу, мусиқидонон, мусаннифон, сарояндагон, навозандагон, нобиѓагони мактаб, равияҳои эҷодию иҷроӣ (аз Борбади Марвазӣ 589-90-628-38), ки дар ташаккул ва рушди ҳунари волои мусиқиамон мақомҳо (Шашмақом) нақши муассиру мондагор гузоштаанд,матолиби муҳимро дарбар дорад. Дар донишнома дар бораи оҳангсозону мақомхони Тоҷикистон ба монанди:

ва дигарон маълумот оварда шудааст.[1]

Нигаред

Шашмақом

Донистаниҳо

Китоби Донишномаи Шашмақом. – Душанбе,2009. – 423 с. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Дар бораи муаллифон

Пайванди беруна

Манбаъ

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 17 ISBN 978-99947-49-13-3
Абдувалӣ Абдурашидов

Абдувалӣ Абдурашидов – мутриб (танбӯр, сато, рубоб), номзади илмҳои санъатшиносӣ (1992), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).

Абӯлаббоси Бахтиёр

Абӯлаббоси Бахтиёр (Устод Абулаббоси Мутриб; 872, Марв – 920, Бухоро) – сароянда, навозанда ва мусиқидони тоҷик (нимаи дуюми асри 9 – аввали асри 10).

Академияи мақоми Тоҷикистон

Академияи мақоми Тоҷикистон — таълимгоҳи амалию таҳқиқии олии мусиқӣ.

Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таълимгоҳи амалию таҳқиқии олии мусиқӣ. Макон - шаҳри Хуҷанд.

Ансамбли давлатии «Шашмақом»

Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов — ҳайати эҷодӣ, ансамбли мукаммали овозхонон ва мутрибони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аскаралӣ Раҷабзода

Аскаралӣ Раҷабов - (16 июни соли 1944) муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих (1994), профессор (1999), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба номи Борбад (1992), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР ва Тоҷикистон (1991), узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993).

Барбат

Барбат (форсӣ: بربط‎) — сози қадимии тории захмавии мусиқӣ аз ихтирооти мардумони эронинажод.

Бобоҷалол Носирзода

Бобоҷалол Носирзода (форсӣ: باباجلال ناصرزاده‎; машҳур ба Отаҷалол, 1845, Бухоро — 1928, Самарқанд) — сароянда, навозанда (танбӯрӣ), донанда ва оҳангсози машҳури тоҷик дар «Шашмақом», яке аз намояндагони бузурги мактаби эҷодию иҷроии Бухоро.

Борбад

Борбад (форсӣ: باربد‎) (тақр. 585 – 589, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 638, Тайсафун) — сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.

Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсӣ-тоҷикии миёна) —

Гардун

Гардун - Гардуния, Гардония, фалак, осмон, тақдир. Овозаи саввум дар таркиби Дувоздаҳмақом.

Тартиби қаторовозҳои Гардун дар табақоти адвор ва усули истихроӣи онҳо дар пардаҳои сози уд дар таълифоти назарии мусиқӣ сабт гардидаанд.

Усули доира ва дар ин усулиро намуди бахши сози мақомҳои (Шашмақом); шохаи созӣ дар мақомҳо буда ва бо номи мақомҳо маъруфият касб карда: Гардуни Бузург, Гардуни Рост, Гардуни Наво ва Гардуни танҳо дар мақоми Ироқ амал надорад.

Дунаср

Дунаср – такрор, бозгашт, падид омадани шохаи авҷӣ, руҷӯъи яке аз шоха, пардаҳои ирти фоъӣ, авҷии мақомҳоро Дунаср номанд. Дунаср дар санъати мақомҳо ба маънии октава низ истифода мешавад. Дар санъати мақомхонӣ устодон дар ҷараёни иҷрои шохаҳои авҷии ин ё он шохаи овозӣ (насрӣ) вобаста ба имконоти овозиашон аз Дунаср мавриди истифода менамуданд. Махсусан Домулло Ҳалим (1878-1940) дар таҷрибаи иҷроияш аз Дунаср моҳирона истифода намудаст.

Зангула

Зангула – номи наво ва оҳанги маъмул дар мусиқии классикии тоҷик;

Мақоми ҳаштум дар маҷмӯъи «Дувоздаҳмақом» буда, дар табақоти адвор доираи 45 аст (Маҳмуди Ҳусайнӣ,ас.15, «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» Зангуларо доираи 42-и табақоти адвор дониста). Фосила ва равиши эҷоди қаторовозҳои Зангула дар сози уд чунин аст: А+Д+В+Ҳ+Й+ЙҶ+ЙҲ+ЙҲ=Т-Ҷ-Ҷ-Т-Ҷ-Т

Дар маҷмӯъи «Шашмақом» бо номи Зангула шоха, гӯшаи созию овозӣ амал надорад.

Зарбулфатҳ

Зарбулфатҳ – номи авзон ва зарби маъмул дар мусиқии мардумони эронӣ; Шохаи созӣ дар мақоми Дугоҳ (маҷмӯъи мақомҳои хоразмӣ) ва навои мусиқӣ, ки баъд аз Сақили Фирӯз иҷро мешавад (мақомҳои хоразмӣ).

хонандагӣ дорад.

Зарпарда

Зарпарда (пардаи асосӣ, пардаи ҷарангӣ) - пардае, қи дар ҳамовозии торҳои қушодаи танбӯр "ҷаранг" (консонанс) ҳосил мекунад. Дар дастони овозии танбӯр ду ҳамчунин парда амал менамояд. Дар асоси мизроби Рост ин пардаҳо нотаи "до" ва "сол", ва дар мизроби Бузург бошад - "ре" ва "сол" мебошанд.

Зерафканд

Зерафканд – ба поён ҷаҳидан, майл ба поён; Номи наво, парда, Мақомот (дар мусиқӣ), лаҳни мусиқӣ; Аз суруд, таронаҳои Борбади Марвазӣ (589-90-628-38), ки барои ҷашну маросимоти дарбории Хусрави Парвиз (590- 628) эҷод намудааст.

Дар манобеи хаттии мусиқию адабӣ Зерафканд бо номи Кучак ҳам сабт шудааст. Зерафканд доираи 63 дар табақоти адвори маъмула буда ва мусиқидон Маҳмуди Ҳусайнӣ онро дар радифи доираи 59 табақоти адвор хотирнишон кардааст. Тартиби истихроҷи қаторовозҳои Зерафканд дар

пардаҳои сози уд ба чунин аст: А+Ҷ+Ҳ+ҲЙ+ЙБ+ЙҶ+ЙВ+ЙҲ=Ҷ-Ҷ-Т-Ҷ-Ҷ-Б-Т-Ҷ

Мақомнавоз

Мақомнавоз 1. Мутриб, созандае, ки мақомҳоро дар пояи ҳунарӣ навозад ва таркиботу сохттори пардавии онро хуб эҳсос намояд.

2. Оне, ки мақом, дастонҳо, 12-пардаро (12-мақом ва таркиботи он), донад ва навозад.

Мақомот (дар мусиқӣ)

Мақомот (дар мусиқӣ) – мақома, монанди мақомоти дувоздаҳгона;

мақомоти мусиқӣ: пардаҳои мусиқии аҳли мақомот, мусиқидони (нозим) мақомоти мазкур аз таволии як зуларбаъ ва як зулхамс (фосилаи чаҳоруму панҷуми дуруст) ташкил мешуда, ба ибораи дигар ҳар як ҳафт зуларбаъ бо ҳар як аз сездаҳ зулхамси таволӣ (пайдарҳам) пайдо менамуда ва як мақомро ташкил медодааст ва ба ин сурат (13х7=91) 91 – доираро ташкил намуда ва аз онҳо 12-доираро мулоим номидаанд ва мақомҳои аслӣ хондаанд:

«Ушшоқ»,

«Наво»,

«Бусалик»,

«Рост»,

«Ироқ»,

«Зерафканд»,

«Бузург»,

«Зангула»,

«Раҳовӣ»,

«Ҳусайнӣ»,

«Ҳиҷозӣ»,

«Исфаҳон».

Тоҷиддин Раҳимов

Тоҷиддин Раҳимов (тав.с. 1979, деҳаи Ноҷӣ,

ноҳ. Ҳисор), сароянда. Баъди хатми

мактаби ҳамагонӣ таҳсилро дар

фак. мусиқии тоҷики ДДСТ ба номи

М.Турсунзода идома дода (1996),

онро с. 2000 бо ихтисоси сароянда

(муаллимаш Ҳунарпешаи шоистаи

ҶТ Музаффар Муҳиддинов) хатм

намудааст. Аз с. 2000 то имрӯз дар

ансамбли давлатии мақомхонони

ба номи Ф.Шаҳобови Кумитаи давлатии радио ва

телевизиони назди Ҳукумати ҶТ ба сифати сароянда

хидмат менамояд.

Р. шохаи овозии мақомҳо «Уфари Муғулчаи Наво»,

«Талқинчаи Сабо», «Соқиномаи Савти Сарвиноз»,

«Мустаҳзоди Наво», «Сарахбори Дугоҳ», «Ҳусайнӣ»

ва ғайраро рангину муассир иҷро намуда ва сабт

кардааст. Ӯ барандаи озмунҳои мусиқии бачагону

наврасон (Душанбе, 1993 ) буда, иштирокчии рӯзҳои

фарҳанги Тоҷикистон дар Русия (Москва, 2005),

Франсия (Париж, 2005), Қирғизистон (Бишкек, 2004)

аст. Инчунин дониши иҷроияшро ба гурӯҳи бачагони

мақомхони Академияи мақоми ҶТ меомӯзонад.

Ад.: Таджикская музыка, Душанбе 2003; Ҳакимов Н.

Шашмақом дар қарни XX, Хуҷанд, 2006. Ҳолномаи Раҳимов Т.,

Донишномаи «Шашмақом», Д. 2009.

Шашмақом

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон ва Тоҷикистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво,, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд.

Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мешавад.

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст. Ансамбли Шашмақом соли (1976) бо ин унвон, ансамбли халқӣ (1986). Дар ҳайати "Шашмақом" коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Йӯлбарсов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Юсупов, дорандаи медали «Хизмати шоиста» А.Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзиев, саръаткорон А.Усмонов, З.Шарипов, С.Тоҳиров, А.Қодиров, Ч.Тӯйчиев, Т.Мамадов, А.Қаюмов ва дигаронро муттаҳид намуда дар муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони сурудҳои классикӣ роҳ ёфт.

Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд. Асрҳои аср ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри нигаҳ доштани матни азими Шашмақом ба амал оварда шуда буд. Меҳнати ватандӯстонаи ин се абармарди санъати миллиро ба назар гирифта, давлат онҳоро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонид.

Солҳои 1977-1987 "Шашмақом" доимо дар байни меҳнаткашон, озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, тавассути садою симои ҷумҳурӣ баромад карда, маҳорати худро сайқал медод. Дар фонди садои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони ин ансамбл сабт шудааст.

Бо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд ба ансамбл шӯҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри Исфара бомуваффақият баромад намуданд. Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.