Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

ЭСТ ва ЭМТ
8 ҷилди ЭСТ ва 3 ҷилди нашршудаи ЭМТ

Мафҳум

Энсиклопедияи алифбоӣ, мураттаб ва вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳе ҷилд), хурд (10–12 ҷилд), мухтасар (4–6 ҷилд) ва 1–3-ҷилда (луғати энсиклопедӣ) мешавад. Ҳар энсиклопедия плану мақолаҳои муайян ва луғатнома дорад. Мақолаҳои энсиклопедияи тахлисӣ, маълумотдиҳанда, тафсирӣ ва ҳавола мешаванд. Дар энсиклопедия харита, нақша, тарҳ, тасвир, нусхаи лавҳаю сурат, нақши тангаю муҳру байрақ ва ғайра низ мавҷуд аст. Энсиклопедияҳои бисёрҷилда аксар феҳристи ёридиҳанда дорад. Дар миёнаҳо асри 20 анъанаи тартиб додани энсиклопедияи универсалӣ ба миён омад. Эгсиклопедияро барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ мекунанд.

Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. Дар давлатҳои мутамаддини дунявии мустақилиродату комилиқтисод энсиклопедияҳои миллӣ-универсалӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аломати истиқлол, ғановати маънавӣ, иқтидор ва истиқрори мамлакат мебошанд.

Таърих

Yongle Dadian Encyclopedia 1403
Энсиклопедияи чинии Юнле Дадян (1403)

Агарчи асарҳои энсиклопедӣ замонҳои пеш дар Мисри Қадим, Юнони Қадим ва Рими Қадим, инчунин асрҳои миёна – дар Аврупо, мамлакатҳое, ки ҳуруфи арабӣ ҷорист ва дар Хитой вуҷуд доштанд. Эсиклопедия ба маънои ҳозира дар замони нав пайдо шуд.

Солҳои 1751–1980 дар Фаронса зери таҳрири Д. Дидро ва Ж. Л. Д. Аламбер «Энциклопедия ё Луғати тафсирии илм, санъат ва ҳунар» чоп шуд.

Энсиклопедия дар замони шӯравӣ

Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ В. И, Ленин дар бораи зарурати ташкили луғату энциклопедияҳои советӣ масъала гузошт. Энсиклопедияҳои соҳавии зерин «Сельскохозяйственная энциклопедия» (ҷилдҳои 1–7, 1925–28), «Торговая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–5, 1924–25), «Педагогическая энциклопедия» (ҷилдҳои 1–3, 1927–29) ва ғайра. Баробари нашри Энсиклопедияи Калони Советӣ («Большая Советская Энциклопедия») марҳилаи нави инкишофи кори энциклопедӣ оғоз ёфт. 3 маротиба Энциклопедияи хурди советӣ нашр шуд. Дар соҳаи техника, тиб, адабиёт ва ғайра нашрҳои бисёрҷилдаи энсиклопедия ҳастанд. Дар охири солҳои 50 ва ибтидои 60 нашриёти «Советская энциклопедия» оид ба 20 соҳа энсиклопедия чоп мекардагӣ шуд. Охири солҳои 50 дар республикаҳои иттифоқӣ ба забонҳои миллӣ оид ба тайёр ва нашр кардан энсиклопедияҳо кор оғоз ёфт.

Се нашри «Энциклопедияи бачагона» (ҷилдҳои 1–10, 1958–62; нашри 2-юми ҷ.-ҳои 1–12, 1964–69; нашри 3-юм, ҷилдҳои 1–12, 1971–78) дар илми советӣ воқеаи муҳим буд.

Brockhaus Lexikon
Энсиклопедияи Брокҳауз

Энсиклопедияҳои мамолики Аврупо в Амрико

Дар мамлакатҳои капиталистӣ яке аз кӯҳантарин энсиклопедияҳо, ки то ҳол нашр мешавад, «Энсиклопедияи Британия» аст, соли 1975 нашри 15-уми он дар 30 ҷилд анҷом ёфт.

Энсиклопедияҳои машҳури ҳозираи Ғарб «Энсиклопедияи мусаввари аврупоию амрикоии универсалӣ», «Энсиклопедияи итолиёии илм, адабиёт ва санъат», «Энсиклопедияи Брокҳауз», нашрияҳои сершумори фирмаи Ларуси Фаронса, «Энсиклопедияи Амрико», «Эспос», «Итальяна», «Британика», «Макропедия» , «Американа» «Большая Советская Энциклопедия» аз нахустэнсиклопедияҳои мукаммали дунёянд, ки дигар энсиклопедияҳои хурду бузурги давлату халқият ва маҳалҳои алоҳида ба асоси таҷрибаи ин энсиклопедияҳо тадвину сохта шудаанд.

Асарҳои энсиклопедии тоҷику форс

Равияи ҷамъ кардани маълумот аз илмҳои гуногуни замони худ ба сурати як асари махсус аз қадим боз вуҷуд дошт, ки Авесто намунаи он аст. Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои энсиклопедӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедие чун «Бундаҳишн», «Динкард», «Ал-Қонун», «Донишномаи Улоӣ», «Матлаъ-ул-улум» ва «Маҷмаъ-ул-фунун», «Таърихи Табарӣ», «Сивон-ул-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоиб-ул-булдон», «Сурат-ул-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои энсиклопедии қадиманд. Мафҳуми энсиклопедия ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун – аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи энсиклопедияи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин дам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин махзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ намуданд.

Дар давраи ислом бисёр асарҳои илмӣ навишта шуда буданд, аз ҷумла, асарҳои энсиклопедии умумӣ ва соҳавӣ. Дар онҳо маълумот баъзан аз рӯи як тартиб, баъзан омехта ва бо ҳам пайваста ва гоҳ ба тартиби алифбо, ба тарзи луғат оварда мешуд. Қисми зиёди онҳо то асри 10–11 ва баъд аз он ба забони илмии онвақта – забони арабӣ таълиф мешуданд ва аксари онҳо дар Осиёи Миёна, Афғонистон ва ё дар Эрон ва мамлакатҳои дигар аз тарафи тоҷикон ва намояндагони халқҳои дигари Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон таълиф меёфтанд ва баъзан ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума мешуданд.

Энсиклопедияҳои умумӣ

Ҳанӯз дар нимаи якуми асри IX энсиклопедияи фалсафаю илмҳои табиӣ «Расоилу ихвон-ис-сафо ва хуллон-ил-вафо» («Рисолаҳои бародарони пок ва дӯстони бовафо»)-и Сайидаҳмад ибни Абдуллоҳ ба забони арабӣ таълиф шуд ва дастраси аҳли илми тамоми Шарқи Наздик ва Миёна гардид; дар замони Темур тарҷумаи тоҷикӣ-форсии он ба вуҷуд омад. Қадимтарин энсиклопедияҳои умумӣ «Китоб-уш-шифо», «Мафотеҳу-л-улум» ва «Дурату-т-тоҷ ли-туррати-д-даббоҷ» мебошанд.

Энсиклопедияҳои соҳавӣ

Дар аввали асри 11 асари энсиклопедии доир ба шаш илм: мантиқ, илоҳиёт, табииёт, раёзиёт, нуҷум, мусиқӣ – «Донишнома» таълиф ёфт. Дар мобайни солҳои 1117–1120 энсиклопедияи илмҳои даври худ – «Нузҳатномаи Алоӣ» таълиф шуд. Солҳои 1099–1102 Ғазолӣ «Эҳёҳу улуми-д-дин» ва соли 1179 Фахруддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ энсиклопедияи калони илмҳои исломӣ «Ҷомеъу-л-улум»-ро таълиф карданд, ки дар онҳо маълумоти оид ба дину мазҳабҳо, фалсафа, забон ва адабиёт, тиб, нуҷум ва ғайра оварда мешавад. Дар нимаи якуми асри 14 «Нафоису-л-фунун-фи ароисилу-юн» ва дар асри 15 «Риёзу-н-носиҳин» ба вуҷуд омадааст.

Дар асрҳои 16–18 таълифи энсиклопедияҳои умумӣ камтар ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми асри 19 то давраи советӣ дар Осиёи Миёна энсиклопедияи миёнаҳаҷми илму фанҳои асосӣ «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Воҷид Алихон машҳур ва мутадовил буд (таълиф солҳои 1845–1946). Аз энсиклопедияҳои мухтасар, ки дар ин давра мавриди истифода буданд, «Махзан-ул-улум»-и Браҷ Муҳан дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар охири асри 19 нашрҳои ҳиндустонии он машҳур гашт. Энсиклопедияи дигар «Риёзу-л-фирдавс» – таълифи Муҳаммад Ҳасанхон аст, ки ба равияи «Матлаъу-л-улум» дар Ҳиндустон дар охири асри 19 навишта ва нашр шуда буд. Дар асри 19 ва аввали асри 20 мубодилаи адабӣ ва маданӣ аз он ҷумла бо роҳи таълиф, нашр ва паҳн кардани асарҳои энсиклопедӣ байни Ҳиндустон ва Афғонистон Осиёи Миёна хеле ривоҷ гирифта буд. Бисёре аз асарҳои энсиклопедии Осиёи Миёна ривоҷи босазо дошт. Бештаре аз соҳавӣ ба забони урду тарҷума мешуданд (масалан, тарҷумаи урдуии «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Зайнулобидинхон, ки дар Ҳиндустон нашр гардид; тарҷумаи урдуии энсиклопедияи космографӣ, ҷуғрофӣ ва табиатшиносӣ «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ ва ғайра).

Дин

Дар соҳаи таърихи дин ва мазҳабҳои Шарқ асарҳои зиёде навишта шуда буданд. Аз машҳуртарин китобҳои ин соҳа «Ал-милал ва-н-ниҳал»-и Муҳаммади Шаҳристонӣ ва «Ғуняту-т-толибия»-и Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1167), ки ба забони арабӣ таълиф ёфта, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии як қисми он бо номи «Ҳафтоду ду миллат» шуҳрат ёфтааст. Асари калони форсӣ-тоҷикӣ «Дабистони мазоҳиб» тахминан таълифи Мӯҳсини Фонӣ дар миёнаи асри 17, ки дар он оид ба дину мазҳабҳо ва таълимоти фалсафии халқҳои Шарқ маълумоти муфид ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҷуғрофия ва таърих

Дар соҳаи ҷуғрофия омехта бо таърих китобҳои зиёд таълиф шуда буданд, ки як миқдор аз онҳо тарзи энсиклопедия ва маълумотномаи соҳавии ҷуғрофӣ-таърихӣ ва табиатшиносӣ, инчунин халқшиносӣ ва этнографиро доро мебошанд.

«Мӯъҷаму-л-будон» ба инкишофи ҷуғрофия ва таърих таъсири калон расонидааст. Ин луғат дар асри 16 дар Ҳиндустон аз тарафи олими намоёни ҳинд Абдулқодири Бадоюнӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи форсӣ-тоҷикии китоби арабии «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ (таълиф ба забони арабӣ то соли 1280) низ ҳамчун энсиклопедияи космографию ҷуғрофию табиатшиносӣ шуҳрати калон пайдо кард.

Дар асри 14 «Ҷомеъу-т-таворих» эҷод шудааст. Оид ба космография ва ҷуғрофия «Нузҳату-л-қулуб» пайдо шуд, ки барои ҷуғрофияи умумӣ ва регионалӣ сарчашмаи муҳим мебошад. Осиёи Миёна аз қадим то чоряки сеюми асри 16 «Маҷмаъу-л-ғароиб» сарчашмаи пурарзиш ба шумор меравад.

Китоби калонҳаҷми форсӣ-тоҷикӣ «Акбарнома» иборат аз «Таърихи Акбар» ва «Оини Акбарӣ» таълифи Абулфазл ибни Муборак (1551–1602) барои омӯхтани таърихи Ҳинд, ҷуғрофия, иқтисодиёт, ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва илмии он давр маълумоти мураттаби гуногунсоҳаи пурқиматро дар бар гирифтааст.

Доир ба таърих ва ҷуғрофияи мамлакатҳо ва маҳалҳои мухталифи Шарқи Наздик ва Миёна ва ҳатто доир ба шаҳрҳои алоҳида (масалан, доир ба Самарқанд – «Қандия»-и Умар ибни Муҳаммади Насафӣ, ваф. 1142) асарҳои мутаадид таълиф шудаанд.

Аз асарҳои ҷомеи энсиклопедии соҳавӣ «Таърихи Табарӣ» ва «Равзату-с-сафо» барои омӯхтани таърихи мамлакатҳои Шарқ ва махсусан Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон сарчашмаҳои пурқимат мебошанд.

Унсурҳои энсиклопедӣ дар бисёр фарҳангҳои умумии пешина дида мешаванд. Дар ин гуна фарҳангҳо ба ғайр аз лексикаи умумӣ истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунарҳо, номҳои шахсони таъризӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра тафсир меёбанд. Масалан, «Муайиду-л-фузало», «Кашфу-л-луғот» ва –л-истилоҳот», «Бурҳони қотеъ», «Чароғи ҳидоят», «Баҳори Аҷам», «Ҳафт қулзум» ва ғайра.

Фарҳангу луғатномаҳо

Аз ҷиҳати энсиклопедӣ се фарҳанги пешина дорои аҳаммияти хоссе мебошанд: «Ғиёсу-л-луғот», «Арҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги Низом»-и Муҳаммад Доиулислом, ки дар ҳаҷми панҷ ҷилд дар Ҳиндустон дар шаҳри Ҳайдарободи Дакан солҳои 1928–39 нашр гардид, аз ҷиҳати фаро гирифтани истилоҳ ва тафсири он сарчашмаи муҳим аст.

Аз энсиклопедияҳои оид ба шарҳи номи ашхоси машҳур ва номҳои ҷуғрофии ҷолиби диққат «Китобу-л-ансоб», «Мӯъҷаму-л-булдон», «Луғатнома», «Фарҳанги форсӣ», «Фарҳанги Амид» ва ғайра мебошанд.

Тиб

Назар ба энсиклопедияҳои умумӣ, энсиклопедияҳои соҳавӣ аз қадим боз бештар таълиф шудаанд. Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ аз ҷиҳати миқдори аксарҳо, аз он ҷумла энсиклопедияҳо соҳаи илми тиб мебошад, ки баъд аз фалсафаю дин ва ҷуғрофияву таърих ҷои намоёнеро дар мероси илмӣ ишғол менамояд. Дар давоми асрҳои 9–10 то аввали асри 20 дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон асарҳои тиббии фаровон таълиф ёфтаанд. Дар Эрон дар асрҳои 9–10 олими бузурги соҳаи тиб Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ асарҳои зиёди тиббиро ба забони арабӣ таълиф кард, ки ба тибби минбаъдаи арабӣ ва тоҷику форсизабонон таъсири калон расонд. Якумин асари тиббӣ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буд, ин «Китобу-л-ҳидоят-ил-мутаалимин фи-т-тиб» (975) мебошад. Ин китоб дар бораи тамоми соҳаҳои илми тибби онвақта: анатомия, тасвири бемориҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо, тасвири доруҳо-фармакология, гигиена ва пешгирии касалиҳо баҳс мекард.

«Ал-Қонун фи-т-тибб» «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Дастуру-л-илоҷ», «Махзану-л-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити Аъзам», «Иксири Аъзам», «Ал-ҳовӣ» ба тамоми касалиҳо ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст.

Адаб

Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ соҳаи илми адаб буд. «Тарҷуману-л-балоғат», «Ал-мӯъҷам» ва дар эҷоди асарҳои охирини муосир ҳамчун «Арӯзи тоҷикӣ»-и Баҳром Сирус ва «Санъати сухан»-и Т. Заҳнӣ мавриди истифода гардидаанд.

Нуҷум

Дар соҳаи ҳайат ва нуҷум асарҳои зиёде таълиф шуда буданд, ки «Китобу-т-тафҳим лӣ авоили саноати-т-танҷим» буд.

Persian-encyclopedia
Донишномаи форсӣ

Энсиклопедияи Шарқ дар асрҳои XIX—XX

Барои инкишофи филологияи тамоми забонҳои эронӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносии онҳо аҳаммияти «Асосҳои филологияи эронӣ», ки солҳои 1901–1904 ба забони немисӣ дар ду ҷилд нашр гардида буд, бисёр калон буд. Дар таълифи ин асари энсиклопедии соҳаи филологияи эронӣ машҳуртарин шарқшиносони он давра иштирок доштанд.

Дар забони арабӣ луғати тафсирию энсиклопедии мусаввар «Ал-мунҷид» шуҳрати калон пайдо кард ва барои шарқшиносон ва забоншиносон дастури муфид аст.

Аз аввалҳои асри 20 чанд нашри »Энсиклопедияи ислом» ба забони немисӣ, англисӣ ва фаронсавӣ паҳн шуд, ки дар навиштани мақолаҳои он мутахассисони шарқшиноси тамоми ҷаҳон иштирок доштанд.

Энсиклопедия дар Тоҷикистон

Энсиклопедияи советии тоҷик


Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), нахустин энсиклопедияи умумии тоҷик, ки мувофиқи қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (3 июни 1988, № 198) дар Душанбе нашр гардидааст. Энциклопедияи советии тоҷик 8 ҷилд (ҷ. 1 – 1978; ҷ. 2 – 1980; ҷ. 3 – 1981; ҷ. 4 – 1983; ҷ. 5 – 1984; ҷ. 6 – 1986; ҷ. 7 – 1987; ҷ. 8 – 1988 бо теъдоди 15–20 ҳазор нусха) буда, беш аз 23 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. Энциклопедияи советии тоҷик барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод шуда ва хусусияти илмию оммавӣ дорад.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (ЭМТ), донишномаи умумии миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2008 ба таълифу тадвин шурӯъ шудааст. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Чор ҷилди донишнома дар давраи то соли 2015 (2011, 2013, 2014, 2015) ба нашр расидааст.

Донишномаҳои озод

Wikimania stallman keynote2
Ричард Столлман, файласуф ва таҳиягари машҳури барномаҳои озод, президенти Free Software Foundation ва муаллифи иҷозатномаи озоди GNU GPL барои таъминоти барномавӣ
Nupedia logo and wordmark
Нупедия, донишномаи озод
Wikipedia-logo-v2
Википедия — аз ҳама машҳуртарин донишномаи озод

Донишномаи озод (англ. free encyclopedia ё англ. free content encyclopedia) — ин донишномаи иборат муҳтавои озод, ки дар доираи як иҷозатномаи озод ё ҳамчун моликияти ҷамъиятӣ дастрас аст.

Соли 1999 Ричард Столлман идеяи донишномаи умумии озодро мураттаб кард ва GNUPedia, донишномаи онлайн, монанд ба ОС GNU-ро пешниҳод намуд.

То Nupedia ва Википедия боварӣ набуд, ки Интернет метавонад лоиҳаи устувори донишномаи озодро ташкил бидиҳад.

Лоиҳаи Nupedia 9 марти соли 2000 оғоз гардид.

Википедияи Англисӣ дар соли 2004 бо расидани шумораи 300 000 мақола ба бузургтарин Википедия дар ҷаҳон табдил ёфт[1].

Дар соли 2013 бузургтарин донишнома дар ҷаҳон донишномаи интернетии чинии (7,5 млн мақола) ва Байду (6,2 млн мақола) ба шумор мерафт, лекин агар ҳамаи бахшҳои забонӣ донишномаи ягона шумурда шавад, пас ҷаҳон дар ҷои аввал (46,9 млн мақола) устувор аст.

Дигар донишномаҳои озод низ мавҷуданд — Луркоморье, Абсурдопедия, Open Encyclopedia Project, Спортвики (донишномаи варзишӣ), Вукипедия (дар бораи «Ҷангҳои ситорагон»), WoWWiki (дар бораи Warcraft), ҳамчунин қисман Encyclopedia of Life ва Google Knol.

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

  1. «Wikipedia Passes 300,000 Articles making it the worlds largest encyclopedia», Linux Reviews, 2004 July 7.

Адабиёт

  • Никитин В. В. (ва дигарон). Литература Древнего Востока, «Издво-МГУ», 1962;
  • Крачковский И. В. Избр. соч. т. IV, М.-Л., 1957; Бартольд.Соч., т. VIII. М., 1973.

Пайвандҳои беруна

Сарчашма

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Анқо (соз)

Анқо — сози қадимаи тории захмавӣ, ки мушобеҳи қонун будааст. Доир ба анқо Абуалии Сино дар фаслҳои мусиқии «Донишнома», «Китобу-л-наҷот», «Китоб-уш-шифо» ишора кардааст; 2) бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо сози мусиқии нафасӣ, ки ба най ва найи ҳафтбанд шабоҳат доштааст;

Анқо номи таронаи қадимаи мавсимию маросимии форсу тоҷик.

Википедия

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадаф Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Википедияи Тоҷикӣ

Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ-тоҷикӣ) — нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедия аст, ки бо забони тоҷикӣ то 22 майи соли 2011 бо беш аз 9 300 мақола дар раддаи саду дуюми Википедияҳои забонӣ қарор дошт. Дар 19 майи соли 2012 ҳамроҳ бо Википедияи Галикӣ Скотландӣ аз марзи 10 000 мақола гузашт ва дар раддаи саду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт.

Доиратулмаорифи форсӣ

Доиратулмаорифи форсӣ (форсӣ: دایرةالمعارف فارسی‎) — донишномаи сеҷил­дие, ки ба ибтикори муассисаи интишоротии Фронклин бо сарпарастии Ғуломҳусайни Мусоҳиб ва бо мушоракати гурӯҳе аз муаллифон ва веросто­рон ба забони форсӣ ва дар Ирон тадвин шуда. Он бо равиши донишно­манигории муосир тадвин гардида, аз нахустин ва чомеътарин донишнома­ҳои умумӣ ба забони форсӣ аст ва имрӯз аз марҷаъҳои поя дар ин замина ба шумор меравад.

Донишномаи Брокҳауз ва Ефрон

Донишномаи луғатии Брокгауз ва Эфрон — коллексияи китобҳои Брокгауз ва Эфрон аз 86 ҷилд иборат буда бо забони русӣ навишта шудааст. Ин донишнома дар асри XIX дар Русияи империалистӣ ба чоп баромадааст.

Донишномаи Шашмақом

Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. – 423 с.

Душанбе (донишнома)

Душанбе — донишномаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Мадраса

Мадраса (ар. مدرسة‎ ҷои дарс хондан, дарсхона), таълимгоҳе, ки толибон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ Мадраса нахуст дар Бухоро пайдо шуда, соли 937—938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар ҳудуди асрҳои XI—XII дар кишварҳои ғарбии олами Ислом ҳам таъсис ёфтани Мадраса ба фаъолияти ҳукуматдорони салҷуқӣ, ки ба интишори маданияти эронӣ мусоидат мекарданд, алоқаманд аст.

Мадраса ҳамчун таълимгоҳи олии динӣ дар замони таҷаддуди маданияти тоҷикон (асрҳои 9—10) ба миён омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ (дабиристонҳо) такья дошт. Ба таркиб, тартиботи дохилӣ ва ҳаёти илмии Мадраса дорулфунунҳои атикаи ибтидои асрҳои миёнаи Эдесса, академияи Ннсибия, дорулфунунҳои Хирону Ганди Шопур таъсири зиёде расонидаанд. Аввалин таълимгоҳи исломӣ Мадрасаи Бағдод — дар шаҳри Бағдод дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Абe Ҷаъфар Мансури Давониқӣ бино ниҳода шуд.

Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекард. Дар мадрасаи шаҳри Кият — маркази Хоразм олими маъруф, устоди Берунӣ Абунаср Мансур ибни Алии Ироқӣ дарс медод. Дар мадрасаҳои Самарқанд ҳам олимони номдори аср — Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, Абумансур Муҳаммади Мотридӣ, Абулайси Самарқандӣ ва дигарон дарс мегуфтанд. Дар ибтидои асри XI Мадрасаҳои Нишопур, Балх, Разна, Марв дорои китобхонаҳои пурсарвате буданд.

Ба шаҳодати Байҳақӣ дар ноҳияи Хатлон ҳам бештар аз 20 Мадраса мавҷуд будааст. Дар Мадрасаи «Ҷомеи арӯси фалак»-и Разна, толибон илмҳои «мазҳабию» «мадрасагӣ» касб мeкардаанд. Аввалин Мадрасаи китобхонадори Марв дар асри X пайдо шудааст. Муқаддасӣ, ки Мадрасаи Марвро дида будааст, менависад: «Ҳар мударрис ротиба (маош)-е дорад». Ёкути Ҳамавӣ аз байни Мадрасаҳои Марв «Шарафулмулк», «Низомия», «Амдия», «Хотуния» ва «Дутория»-ро ташхис дода, махсус қайд кардааст. Дар Марв дар нимаи аввали асри XI бо унвони «Бану Тамим», дар асри XII бо унвони «Аҳмадия» ва «Шиҳобӣ» Мадрасаҳо мавчуд будаанд. Муаллифи «Китоб-ул-ансоб» «Самъонӣ (1113—1160) аз ҷумлаи мударрисони «Аҳмадия» буд. Адибону мутафаккирони машҳури форсу-тоҷик Рашиди Ватвот, Чалолуддини Румӣ аз ҷумлаи таҳсилдидагони мадрасаи «Низомия»-и Балх буданд. Ҳадди охири интишори мадраса дар Осиёи Марказӣ ш. Хутан буд. Яке аз муассисони асосии мадраса вазири маърифатпаноҳи Салҷуқиён Низомулмулк буд. Дар аҳди фаъолияти ӯ дар Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв, Исфахон, Мавсил, Табаристон мадрасаҳо кушода шуданд. Мадрасаҳое, ки бо ташаббуси Низомулмулк кушода шуда буданд, ба шарафи у «Низомия» ном гирифтанд.

Дар асрҳои миёна мадраса ҳақиқатан маркази асосии таълим буда, олимон он ҷо ба тадқиқи илм низ машғул мешуданд. Дар мадраса омузиши фанҳои табииёт мавқеи калон дошт. Олим Майсорӣ, мусаннифи достони «Донишнома» менависад, ки чаҳор илми асосӣ вуҷуд дорад: нуҷум, ҳандаса, тиб, илоҳиёт. Насриддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға мадраса таъсис кард. Машғулият дар он ихтиёрӣ буд. Риёзиёт ва диг. фанҳои дақиқ дар мадраса бо усули Осиёи Миёна таълим дода мешуд. Асарҳои Мухаммади Хоразмӣ «Хисоб-ул-ҷабр ва-л-мукобала», Махмуд ибни Вусудӣ «Лубоб-ул-ҳисоб» ва диг. беҳтарин васоити таълим буданд. М.-и давра чандон равияи динӣ надошт, балки дорулфунуни том буд, ки дар таълими он илоҳиёт мавқеи калон надошт. С. Айнй қайд мекунад, ки М.-и Алишер Навоӣ дар давраи худ ба унт монанд буд. Дар асри XV Мадрасаи Улуғбек маркази афкори илмии Самарқанд ҳисоб мешуд. Аз мударрисони он олимони барҷастаи Шарқ: Қозизодаи Румӣ, Риёсуддини Ҷамшед, Муинуддини Кошӣ ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. А. Ю. Якубовский ва Т. Қорӣ Ниёзӣ қайд кардаанд, ки дар Мадрасаи Улуғбек на фақат илоҳиёт, балки илмҳои дақиқ, аз ҷумла нуҷум низ таълим дода мешуд. Дар асри XV якчанд мадрасаҳо илми тибро таълим медоданд. Мадрасаи Рубъи Рашидӣ (наздикии Табрез) аз ҳамин қабил буд. Дар ин ҷо табибони машҳури Ҳиндустон, Хитой, Миср, Сурия дарс медоданд. Ҳар табиб 10 шогирд дошт.

Ҳирот дар асри XV дуто чунин мадраса дошт: Дорушшифои Султонӣ (бо амри Шоҳрух сохта шудааст) ва Шифоия (Навоӣ таъсис додааст). С. Айнӣ менависад: «Дар он мадраса аз табибҳои хозики ҳамон замон, ки илми тибро бо амалиёташ медонистанд, Мавлоно Риёсуддин Муҳаммад ва Мавлоно Ҷалолиддин барин донишмандон дарс медоданд». Дар охири асри XVII дар Регистони Бухоро Мадрасаи дигари Дорушшифо сохта шуд, ки дар он табибони ботаҷриба дарc медоданд ва беморонро муолиҷа мекарданд.

Нупедия

Нупедия (англ. Nupedia) — лоиҳаи донишнома ба забони англисӣ, мақолаҳое, ки коршиносон навиштаанд ва озод дар Интернет паҳн карда мешавад.

Фарҳанги луғат

Фарҳанги вожагон, фарҳанги луғат, вожанома, луғатнома, фарҳанг ё фарҳангнома китобе аст, ки дар он маънии вожаҳои як забон маъни бо тавзеҳоти марбута ба решаашон, талаффузашон, ё иттилооти дигари марбут ба онҳо ба тартиби ҳуруфи алифбоӣ ҳамон забон гирдоварӣ мешаванд.

Фарҳанги вожагон бо донишнома тафовут дорад. Дар як вожаномаи маъмулӣ, фақат ба маънии вожаҳо иктифо мешавад ва иттилооти дигари (назири таърихча) дода намешавад. Ба илова, дар вожаномаҳо фақат ба вожаҳои умумии як забон ишора мешавад, ва асоми хос (монанди исми маконҳо ва ашхос) камтар навишта мешавад. Бо ин ҳол, марзи дақиқӣ байни вожанома ва донишнома наметавон таъйин кард, ва бархе китоб ба навъи дар ҳар ду табақа ҷо мегиранд, монанди Луғатномаи Деҳхудо

Луғатҳо якчанд хел мешаванд.

Луғатҳои тавсирӣ

Луғати дузабонаБештар луғати дузабонаро барои омӯзиши забонҳо истифода мебаранд.

Шашмақом

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон ва Тоҷикистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво,, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд.

Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мешавад.

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст. Ансамбли Шашмақом соли (1976) бо ин унвон, ансамбли халқӣ (1986). Дар ҳайати "Шашмақом" коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Йӯлбарсов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Юсупов, дорандаи медали «Хизмати шоиста» А.Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзиев, саръаткорон А.Усмонов, З.Шарипов, С.Тоҳиров, А.Қодиров, Ч.Тӯйчиев, Т.Мамадов, А.Қаюмов ва дигаронро муттаҳид намуда дар муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони сурудҳои классикӣ роҳ ёфт.

Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд. Асрҳои аср ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри нигаҳ доштани матни азими Шашмақом ба амал оварда шуда буд. Меҳнати ватандӯстонаи ин се абармарди санъати миллиро ба назар гирифта, давлат онҳоро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонид.

Солҳои 1977-1987 "Шашмақом" доимо дар байни меҳнаткашон, озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, тавассути садою симои ҷумҳурӣ баромад карда, маҳорати худро сайқал медод. Дар фонди садои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони ин ансамбл сабт шудааст.

Бо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд ба ансамбл шӯҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри Исфара бомуваффақият баромад намуданд. Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик - энсиклопедия ва ё донишномаи фарҳангии Тоҷикистон мебошад. «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» дар 3 ҷилд нашр шуда бештар аз нӯҳ ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

Аз соли 1986 сар карда таълифу тадвини "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик", дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Сармуҳаририри донишнома А.К. Қурбонов мебошад. Ҷилди аввали энсиклопедия аз ҳарфи «А»-и калимаи «АБАЙ» шурӯъ шуда, бо ҳарфи «К» -и калимаи «КАЛИМ» хотима ёфтааст ва соли 1988 аз нашр баромадааст. Ҷилди дуввум аз калимаи «КАЛИМ» шурӯъ шуда, бо калимаи «РАБОТ» хотима ёфтааст ва соли 1989 аз нашр баромадааст. Ҷилди сеюм аз калимаи «РАВЗАНА» шурӯъ шуда, бо калимаи «ҶӮРАЕВ» хотима ёфтааст ва соли 2004 аз нашр баромадааст.

Энсиклопедияи калони Русия

Энсиклопедияи калони Русия (русӣ: Большая российская энциклопедия; ихтисора БРЭ) — донишномаи умумӣ ба забони русӣ. Нашр иборат аз 35 ҷилди рақамгузоришуда ва ҷилди «Россия» бо фарогирии беш аз 80 ҳазор мақола мебошад.

Донишнома аз соли 2004 то соли 2017 дар нашриёти илмии «Большая российская энциклопедия» ба табъ расидааст. Аз соли 2016 нусхаи интернетии донишнома мавҷуд аст.

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.

Энсиклопедияи мухтасари тиб

«Энсиклопедияи мухтасари тиб» — донишномаи пизишкӣ ба забони тоҷикӣ. Дар донишнома мақолаҳо ба тартиби алифбо ҷойгир шудаанд.

Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

«Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) — асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Энсиклопедияи хурди советӣ

Энсиклопедияи хурди советӣ - донишномаи универсалиест, ки дар СССР ба забони русӣ нашр карда шудааст. Ин донишнома солҳои 1928 - 1960 дар Иттиҳоди Шӯравӣ 3 маротиба ба нашр расидаст. «Энсиклопедияи хурди советӣ» , нашри 3 (1958 – 1960) - аз 10 ҷилд иборат аст.

Эр-граф

«Эр-граф» (аз англ. R-graph; кӯчаи Раҳмон Набиев, 218) — нашриёт. Муассис — ҶММ «Эр-Граф».

Аз соли 2002 фаъолият дорад. Дорои матбааи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири чопӣ ва нашриёт мебошад. Китобҳои «Донишнома барои кӯдакону наврасон», «Донишномаи фарҳанги мардум», ҷилди 3-и «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар чопхонаи «Эр-граф» ба табъ расидаанд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.