Дониш

Дониш, донистан — донистани ҳаёт, донистани забон, ҳунармандона, бо кордонӣ, дар мактаб саводи пухта гирифтан, маълумот доштан.

Аҳмади Дониш

Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.

Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асарҳои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.

Забони порсӣ

Форсӣ ё Порсӣ (форсӣ: زبان فارسی‎ [fɒːrsi-zæbɒːn], форсӣ: ایرانی‎ [irɒːni], форсӣ: فارسی‎ [fɒːrs], устар. форсӣ: پارس‎ [pɒːrs]), — (се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ) яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гуфтугӯкунанда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 122 миллион тан мардуми бумӣ ва ҳама Порсигӯ мебошад.

Бо забони форсӣ шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва бисёре аз дигарон, асарҳои оламшумуле эҷод кардаанд.

Дар замони муосир танҳо се давлати форсизабон — Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз шохаҳои забони порсиро — форсӣ, тоҷикӣ ва дариро дар кишварашон ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул кардаанд.

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион (2018) нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Илм

Илм (форсӣ: علم‎) - (ба маънои омӯхтан) сохторе аст барои тавлид ва сомондиҳии дониш дар бораи ҷаҳони табий дар қолаби тавзеҳҳо ва пешбиниҳои озмоишшуданӣ. Як маънои қадимитар ва наздик ки имруз ҳануз ҳам ба кор меравад мутаалиқ ба Арасту аст ва дониши илмиро маҷмӯаи аз огоҳиҳои қобили атиқа медонад, ки аз лиҳози мантиқӣ ва ақлонӣ қобили тавзеҳ бошанд. (Нигаред ба бахши таърих ва решашиносӣ).

Илм одатан дар муҳити фаъолияти одам, мақсади худ, ҷамъкунии захира, классификатсия, анализ, хулосаи умумӣ, нақлкунӣ ва истифодабарии хабари ҳақиқат, барпокунии нав ё назарияи мавҷудаи беҳтар, рухсатдодаи адекватно тасвир кардани табиат (илми табии, табиатшиносӣ) ё фанҳои ҷамъиятии гуманитарии равиш ва пешбиникунии тараққиёти онҳо мебошад.

Ба ғайр аз ин дар зери калимаи илм бисёр вақт системаи мушкили дониш, дар натиҷаи ин фаъолияти ҳосил карда ва намуди илмии ҷаҳонро ташкилкунанда дар назар дошта мешавад. Барои тасвири фаъолияти илмии касбӣ аз рӯи истилоҳи тадқиқот ё таҳлил истифода бурда мешавад.

Мақсади тадқиқот аз гносеология, боварӣ ҳосилкунонии субъекти вай вобаста аст. Мақсади оддии илм дарккунии тартиботи табиат, қувваи ҳаракатдиханда, идоракунии равиши гуногун ва пайдошавӣ ё барои дарккунӣ ҳамчун мақсади олитарин ё барои истифодабарии дониши илмӣ дар идоракунии атрофии ҷаҳон мебошад.

Китоб

Китоб - (аз арабӣ: كتاب — навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда) воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ (тасвир) ва донишҳо. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.Китоб аз васоили муҳимми ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.

Китоб маҳсулоти саноати полиграфӣ ва китобчопкунист. Ҷамъ кардану нигоҳ доштани китоб ба китобхона ва тасвири он ба библиография вобаста аст.

Мантиқ

Мантиқ - (аз забони арабӣ - нутқ, забон) (форсӣ: منطق‎) илмест, ки қонунҳои тафаккур ва шаклҳои онро тадқиқ менамояд. Мантиқ дар асри 4 то милод пайдо шудааст. Асосгузори он фалайсуфи Юнони Қадим Арасту аввалин шуда қонун ва шаклҳои тафаккурро тадқиқ намуд. Мантиқ дониши шиносоӣ ва иродаи равиши дурусти андешидан (таъриф кардан ва истилол кардан) аст.

Логика (аз юнонии қадим λογική — “илм оиди андешаронии дуруст”, “санъати мулоҳиза” аз юнони λόγος — «суханронӣ», «мулоҳиза», «фикр») – илм дар бораи намуд, тарз ва қонунҳои фаъолияти зеҳнӣ ва ташхисӣ, ки тавассути забони мантиқӣ баён мегардад. Азбаски дониш бо ақл қабул мегардад, мантиқ имчунин ҳамчун илм дар бораи намуд ва қонунҳои андешаронии “дуруст” муайян мегардад. Азбаски андешарони дар забон ҳамчун мулоҳиза ташаккул меёбад, ки исбот ва инкор низ ба он дохил мешавад, мантиқ инчунин ҳамчун илм дар бораи намудҳои мулоҳиза ва ё илм дар бораи роҳҳои исбот ва инкор муайян мегардад. Мантиқ ҳамчун илм роҳҳои дастрасии ҳақиқатро дар раванди ташхиси тавассутӣ аз худ менамояд, яъне, ки аз дониш, на балки аз таҷрибаи ҳиссиётӣ. Бинобар ин, ӯро ҳамчун илме тарзҳои дастрасии “дониши хулосави”-ро азхудкунанда, муайян кардан мункин аст.

Дониши хулосавӣ, ки тавассути истифодаи қонунҳои мантиқ ва тарзҳои андешаронии мантиқӣ дастрас шудааст, мақсади ҳамаи амалҳои мантиқист, ки дастёбии ҳақиқатро ва истифодаи донишро барои ташхиси чуқури ҳодисаҳо ва воқеъаҳои олами атроф дар назар дорад.

Яке аз масъалаҳои асосии мантиқ – муайян кардан, ки чи хел аз фарзия ба хулоса расидан (“андешаронии дуруст”) ва дар натиҷа дониши ҳақиқиро оиди мавзӯи мулоҳиза пайдо намоем, то ин ки ҳамаи тарафҳои мавзӯро ва алоқамандии онро бо дигар тарафи воқеаи мазкур чуқур дарк кунем.

Мантиқ яке аз асбобҳои қариб ҳамаи илмҳои дигар мебошад.

Маориф

Маориф - (илму дониш), асари фалсафаи Баҳоуддини Валад, "Маориф" асари ҳаҷман калон буда, масъалаҳои мухталифи афкори фалсафии асримиёнагии халқҳои Шарқи Наздику Миёнаро фаро гирифтааст. Дар "Маориф" масъалаҳои ҳастӣ ва ҷараёни маърифат, зинаҳои ҳиссӣ ва ақалии он мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Маҷалла

Маҷалла (аз порсӣ: مجله) - ин журнал аст ва мақолаҳои гуногунро дар бар мегирад.

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ (форсӣ: ناحیۀ جلال الدین رومی‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки ба номи Балх (форсӣ: سراج الدین عیسی اف‎) аст ки 32 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа, дар доманакӯҳ ва канораи рӯди Қумсангир ҷой дорад. Аз ин шаҳрак то Душанбе 132 км роҳ аст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ба номгузории ноҳия тағйирот дароварда шуда, номи Ҷалолиддин Балхӣ гузошта шудааст.

Пизишкӣ

Пизишкӣ (ар. پزشکی‎) ё тиб (форсӣ: طب‎) — шоxае аз дониш аст, ки ба ташxису дармони бемориҳо марбут аст.

Риёзидон

Риёзидон, математик (англ. mathematician or mathematical) — олим, мутахассиси соҳаи риёзиёт. Риёзидон ба касе гуфта мешавад, ки донишу шинохти кофӣ дар мавриди риёзӣ дорад ва ба андешаву пажӯҳиш дар ин дониш мепардозад.

Риёзиёт

Математика (аз юнонӣ: μαθηματικά, mathēmatiká, аз μάθημα, máthēma — дониш, илм) ё Риёзиёт, илмест дар бораи муносибатҳои миқдорӣ ва шаклҳои фазоии олами воқеӣ. Объекти математикаи холис аз шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории олами воқеӣ, яъне аз материали комилан peaлӣ иборат аст. Он чиз, ки материали мазкур шакли фавқулодда абстрактие мегирад, аз олами берунӣ пайдо шудани онро фақат андаке пардапӯш карда метавонаду бас.

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997).

Сиёсат

Сиёсат дар истилоҳи ом ва хос раванд ва анҷоми тасмимгириҳо барои ҳар гуна гурӯҳ аз қабили ҳукуматҳо ва кишварҳо, ниҳодҳои созмонӣ, донишгоҳӣ, динӣ, ва дигар ниҳодҳо аст. Дар дониш ва фанн мудирияти давлатӣ мебошад. Сиёсат ба вижа, муборизаҳо барои касб, ҳифз, афзоиш ё намоиши қудратро мефаҳмонад. Фанни сиёсат раҳбарии сулҳомез ё ғайри сулҳомез, равобити миёни афрод, гуруҳҳо, ҳизбҳо (неруҳои иҷтимоӣ) ва корҳои ҳукуматӣ дар дохили як кишвар, ва равобити миёни як давлат бо давлатҳои дигар дар арсаи ҷаҳониро дар бар мегирад.

Фанноварӣ

Фанноварӣ ё Технолоҷӣ (ба фр. technologie) шигирдҳо ва ба корбурдани абзорҳо, дастгоҳҳо, моддаҳои ва фарояндаҳои гиреҳкушои душвориҳои инсон аст. Фанноварӣ фаъолияти инсонӣ аст ва аз ҳамин рӯ, аз дониш ва аз муҳандисӣ деринатар аст.

Ин истилоҳ бар маҷмуаъи "дониш" қобили дастрас барои сохтан малзмуот ва маснуот аз ҳар навъ, барои пардохтан ба ҳирфаҳо ва маҳоратҳои дастӣ (ба истиснои анҷоми корҳои мазҳабӣ, ҷодуӣ, низомӣ ва ё ошпазӣ) ва барои истихроҷ ё ҷамъоварии анвоъи мавод (ба истиснои маводе, ки барои хӯрок ё барои маросими мазҳабӣ ё ҷодуӣ мавриди истифода қарор мегиранд) далолат дорад.

Дар мавриди ҷомеаъи ки ҳамакнун сунъатианд ё ҷомеаъи ки дар ҳоли сунъатӣ шудан ҳастанд ин истилоҳ далолат дорад бар ҳама ё бахше муназаме аз он маҷмуаъи "дониш", ки марбут аст ба:Усули илмӣ ва иктишофӣ

Фарояндҳои сунъатӣ мавҷуд ва пешин, манобеъ нерӯ ва мавод, ва равишҳои интиқол ва иртибот, ки тасвир мешавад ба тавлид ё беҳбуди колаҳо ва хидмати марбут бошанд.Мафҳуми текноложӣ ба сурати донише, ки ба сохтан ва ба кор бурдани абзор ва васоили марбут мешавад, ва дониш истифода аз маводи хом (ба истисно хӯрок)

"низоми текноложик" яъне "абзори мавод ва маҷмуаъи аз дониш", ки "дар ихтиёри афроди саҳим" дар як иқтисод қарор дорад".

Корбурди сунъати натоиҷи илмӣ, ки кори фан шиносон ва муҳандисон аст ва "илм" ё "илми маҳз" ихтисос дода шудааст.

Далолат дорад ба фаъолияти илмӣ дар роҳи беҳбуд равишҳо ва васоили сунаътӣ қадимӣ бидуни арҷоъ ба усули илмӣ.

Фиқҳ

Фиқҳ (ар. فقه‎ - фаҳмиш, дониш‎) — илмест, ки аҳкоми ҷузъӣ ва масоили фаръии шариъатро дар тамоми бахшҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва онҳоро аз далелҳои тафсилӣ ва асосҳои шаръӣ коркард ва муайян менамояд.

Ҷонваршиносӣ

Зоология (аз юнонӣ: ζῴον, зоион — "ҳайвон"; ва λόγος, логос — "дониш") ё ҷонваршиносӣ - риштаи аз Биология ва ё Зиистшиноси аст ки ба баррасии ҷонварон яъне ҳайвонот мепардозад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.