Доиратулмаорифи форсӣ

Доиратулмаорифи форсӣ (форсӣ: دایرةالمعارف فارسی‎) — донишномаи сеҷил­дие, ки ба ибтикори муассисаи интишоротии Фронклин бо сарпарастии Ғуломҳусайни Мусоҳиб ва бо мушоракати гурӯҳе аз муаллифон ва веросто­рон ба забони форсӣ ва дар Ирон тадвин шуда. Он бо равиши донишно­манигории муосир тадвин гардида, аз нахустин ва чомеътарин донишнома­ҳои умумӣ ба забони форсӣ аст ва имрӯз аз марҷаъҳои поя дар ин замина ба шумор меравад.

Persian-encyclopedia
Се ҷилди Доиратулмаорифи форсӣ

Манобеи донишнома

Соли 1335 шамсӣ (соли 1955 милодӣ) муассисаи интишротии Фронклин воқеъ дар Теҳрон бо роҳбарии Хумоюн Санъатизода тасмим ба таҳия ва тарҷимаи форсии Доиратулмаорифи якҷилдии Колумбия Войкинг (чопи Нью-йорк) гирифт ва сарпарастии ин корро ба Ғуломҳусайни Мусоҳиб вогузор намуд. Вай пас аз баррасии Доиратулмаорифи амрикоӣ тарҷимаи комили онро ҷавобгӯӣ ниёзҳои ҷомеаи иронӣ ва порсизабонон надонист ва тарҳи наве пешниҳод кард, ки бар асоси он беш аз 10 000 мақолаи тоза дар бораи ҷанбаҳои мухталифи таърих ва фарҳанги Ирон ва ислом таълиф шуд ва шуморе аз мақолаҳои Донишномаи Ислом низ айнан тарҷима ва дар он ҷой дода шуданд. Дар шиносномаи Доиратулмаорифи форсӣ ин кор талоши муштараки Туҳрон ва Нью-йорк муаррифӣ шудааст.

Нашри донишнома

Ҷилди аввали Доиратулмаорифи форсӣ аз ҳарфи алиф то син-ро дар бар гирифта, ба соли 1345 шамсӣ (соли 1965 милодӣ) мунташир гардид. Соли 1350 шамсӣ (соли 1970 милодӣ) вақте қисмати бузурге аз мақолаҳои ҷилди дуюм то ҳарфи айн ҳуруфчинӣ ва омодаи чоп мешуд, Ғуломҳусани Мусоҳиб аз вазифаи сарпарастии он канора гирифт ва сарпарастии Доиратулмаорифи форсӣ аз он ба баъд ба Ризо Ақсо вогузор гардид ва бахши аввали ҷилди дуюм аз ҳарфи шин то ҳарфи лом соли 1356 шамсӣ (соли 1976 милодӣ) ба чоп расид ва бахши дуюми ҷилди дуюми он бо порае ислоҳот ва таҷдиди назар соли 1374 шамсӣ (соли 1994 милодӣ) нашр шуд. Итмоми комили Доиратулмаорифи форсӣ дар умум ба муддати наздик ба 40 сол тӯл кашид.

Сохтор

Аз оғози кор қавоиди дақиқ ва меъёрҳои мушахаасе барои интихоби мадхалҳо ва ҳаҷми онҳо, танзими мақолаҳо, муодилгузории истилоҳот, тар­зи сабт ва овонигории номҳо ва истилоҳоти хос, сабти аломатҳои ихтисорӣ, ирҷоъҳо (ҳаволаҳо), расмулхатти форсӣ ва аломатҳои нуқтагузорӣ дар Доиратулмаорифи форсӣ вазъ шуд ва дар саросари он риоя гардид. Ин гуна равишмандӣ дар до­нишноманигории форсӣ бесобиқо буд ва мин баъд барои таҳиякунандагони осори марҷаъ ба забони форсӣ сармашқ қарор гирифт.

Доиратулмаорифи форсӣ шомили муқаддиммаи муфассалест, ки дар он усул, равиши кор ва тарзи истифода аз донишнома бо тафсил тавзеҳ дода шудааст. ба тавр иумумӣ дар он 43 000 мадхал дарҷ гардида, ки 23 00 мадхали он хориҷӣ, 11 00 мадхал дар бораи Ирон ва Ислом ва бақияи мадхалҳо ирҷоъӣ ҳастанд. мадхалҳои хориҷӣ аслан тарҷима ва иқтибос ва мадхалҳои марбут ба Ирон ва Ислом таълифӣ ҳастанд.

Пайвандҳо

Сарчашма

  • Доиратулмаъорифи форсӣ. Ҷилди аввал, Дебоча. Навиштаи Ғуломҳусайни Мусоҳиб
Абдуллоҳ Ибни Сабаъ

Абдуллоҳ Ибни Сабаъ (ар. عبد الله بن سبأ‎; Мулаққаб ба Ибни Савдо, асри VII) — бунёдгузори яке аз фирқаҳои ифротӣ ва ғулоти шиа бо номи Сабаия, аз яҳудиёни Сан­ъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд.

Азрақия

Азрақия ё азориқа (ар. أزارقة‎) — яке аз тавоифи бузурги хавориҷ ва аз пайра­вони Нофеъ ибни Азрақ ибни Қайс ҳастанд. Вай аз қабилаи банӣ Ҳанифа ва аз аҳли Басра буда, дар замони Абдуллоҳ ибни Зубайр бар зидди вай хуруҷ кард ва бо Муҳаллаб ибни Абусуфра дар чандин мав­зеъ ба заду­хӯрд пардохт, то саранҷом соли 65 ҳ./685 м. дар наздикиҳои Аҳвоз дар набарди Дулоб кушта шуд.

Ақидаи азориқа ин аст, ки ҳамаи мухолифонашон, яъне дигар мусалмонон мушрик ва аҳли дӯзах мебошанд, куштан ва ғанимат гирифтани молу мулки онҳо ҷоиз аст, барои шахси хориҷӣ ҷоиз нест, ки аз қафои ғайри хориҷӣ намоз бигузорад, зеро ба ақидаи онҳо вай мушрик аст.

Ҳамчунин онҳо ақида доранд, ки сар задани гуноҳо­ни сағира ва ка­бира ҳар ду аз паёмбарон имкон дорад.

Имомат

Имома́т — яке аз усули каломӣ ва муҳимтарин рукни эътиқодии маз­ҳаби шиаи имомия аст, ки онро аз дигар фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ ҷудо ва мута­моиз сохтааст.

Наҷдия

Наҷдия (ар. نجدات‎ – наҷдот) — яке аз фирқаҳои хавориҷ аз пайравони Наҷда ибни Омир ё Уваймир. Пайравони ин фирқа аз дигар гурӯҳҳои хавориҷ бо корбурди тақия фарқ мекунанд. Онҳо барои ҳифзи молу ҷон ва ҳамин тавр нашри андеша¬ҳои динии хеш бо истифода аз равиши тақия худро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё аз ҷумлаи хавориҷ нестанд.

Дар замони Абдулмалик ибни Марвон, халифаи умавӣ пайравони тоифаи наҷдия дар Мадина, Қатиф, Сиистон ва сарзаминҳои дигаре хуруҷ ва ба қатлу ғорати мардум пардохтанд. Оқибат дар миёни онҳо ихитилоф ва парокандагӣ афтод, сарвари тоифа Наҷда соли 72 ҳ. кушта шуд ва Абдулмалик бозмондаҳои онҳоро аз байн бурд.

Суфрия

Суфрия (ар. صفرية زيادية‎) — яке аз фирқаҳои бузурги хавориҷ ва пайрави Зиёд иб­ни Асфар (ар. زياد بن الأصفر‎) мебошанд.

Хавориҷ

Хавори́ҷ (аз ар. الخوارج‎ — ҷамъи хориҷӣ, ар. خارِجِيُّ‎ — ба маънои исёнгар, ошӯбгар, ҷудоихоҳ ва хуруҷкунанда бар зидди намояндаи ҳокимият) — дар истилоҳи фирқашиносии динӣ номи гурӯҳе аз мусулмонон дар сипоҳи Алӣ ибни Абутолиб, ки дар аснои ҷанги Сиффин пас аз қазия ҳакамият бар зидди вай хуруҷ карданд, тарҳи ҳакамиятро аз сӯйи вай шаръан нораво ва Аливу Муъовия ҳардуро бо иртикоби ба фикрашон ин гуноҳ кофир шумурданд. Аз он ҷо ки барои рехтани тарҳи ин нақша дар деҳае наздики Куфа бо номи Ҳаруро (ар. الحَرُورَاء‎) гирд омада буданд, ба онҳо ҳарурӣ ва ҳарурия низ гуфта мешавад.

Шиа

Шиъа, шиа (ар. الشيعة‎; [шӣ‘а] — пайрав, тарафдор) — дуввумин мазҳаби пайравони дини ислом. Вожаи шиъа шакли мухтасари «шиъаи Алӣ» яъне пайрав ё ҳизби Алӣ ибни Абутолиб, нахустин имоми шиъаён мебошад. Шиъаён байни 5 % то 10 % аз кулли ҷамоати мусалмонони ҷаҳон ва 38%-и ҷамъияти мусалмонони Ховари Миёнаро ташкил медаҳанд.

Язидия

Язидия ё язидиён (эзадия ва эзадиён) — фирқае аз хавориҷ ва пайрави Язид ибни Абуанисаи Басрии Хориҷӣ ҳастанд ва ба Язид ибни Муовия, халифаи уммавӣ ҳеҷ гуна мансубияте надоранд.

Қодисия (шаҳри таърихӣ)

Қодисия номи шаҳраки бостоние дар ҷануби Ироқ воқеъ дар сиву як км.-ии Куфа, ки соли 14 ва ё 15 ҳ./636 м. (бо ихтилофи назари таърихнигорони он давра дар таъйини санаи вуқуи он) дар он ҷо дар байни сипоҳи форс бо солории Рустами Фаррухзод ва лашкари ислом бо сарварии Саъд ибни Абуваққос задухурди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки ба шикасти сипоҳи форс мунтаҳӣ гардид ва дари сарзамини Иронро ба рӯи фотеҳони мусалмон дар оянда кушод.

Ҳаҷаруласвад

Ҳаҷаруласвад (ар. الحجر الأسود‎) — санги сиёҳе, ки дар рукни шарқии хонаи Каъба ҳудуди 1,5 м баландтар аз сатҳи замин дар тарафи рости дари Хона дар бурҷе гузошта шудааст.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.