Динкард (Китоб)

«Динкард» (Динкарт) - дар хатти паҳлавӣ (форсии миёна «Денкарт» ба маънии «Кардаи динӣ», номи китобест бузург ба забони паҳлавӣ, ки пажуҳишгарони фарҳанги эронӣ онро Фарҳангнома (Доиратулмаориф)-и донишҳои динӣ ва ақлӣ хондаанд.

Таърихи китоб

Ин китоб дар ҳудуди садаи нуҳуми милодӣ (садаи дувуму севуми ҳиҷрӣ) дар Бағдод аз рӯи бозмондаҳои адабиёти порсии миёна (паҳлавӣ) гирдовариву тадвин шуда ва дар нуҳ бахш ба нигориш дар омадааст, ки ду бахши нахустини он аз даст рафта ва боқимондаи он 169 000 вожаро дар бар мегирад. Гирдоваранда ва нависандаи нахустини ин китоб Отурфарнбағи Фаррухзотон (Озарфарнбағ писари Фаррухзод) буда ва пас аз вай Отурпати Уметон (Озарбад писари Умед) онро аз нав танзиму талхис карда ва «Динкарди ҳазор дар» номидааст.

Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз тоҷикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардушти бо номи Озарфаранбағ (Отурфарнбағ) ширкат дошт. Дар ин мубоҳиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «Динкард» Сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро диндорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авасто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.[1][2]

Аз чопҳои «Динкард» метавон ба тарҷумаи англисӣ – гуҷаротӣ, чопи Дастур Пашутан Санҷоно ва писараш Пашутан Дастур Дороб Санҷоно дар солҳои 1874–1928 б.м. ва тарҷумаи англисии матни комили «Динкард», чопи Мадан дар ду ҷилд, Бамбай, соли 1911 милодӣ ва тарҷумаи англисии Вест дар ҷилдҳои 18, 37, 47 S.B.E. ишора кард. (Барои огоҳии бештар дар бораи ин китоби муҳим Доктор Муҳаммадҷавод Машкур: «Гуфторе дар бораи «Динкард», Теҳрон, 1325).

Нигаред

Манбаъ

  1. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
Гуштосп

Гуштосп - (дар Авесто Виштаспа ба маънии «дорандаи аспи мода»), номи яке аз фармонравоёни ҳамзамони Зардушт аст, ки паёмбари маздопарастӣ.

Отурфарнбағ

Отурфарнбағ (номи пурра:Отурфарнбағи Фаррухзотон (Озарфарнбағ писари Фаррухзод) - гирдоваранда ва нависандаи нахустини китоби «Динкард» буда ва пас аз вай Отурпати Уметон (Озарбад писари Умед) онро аз нав танзиму талхис карда ва «Динкарди ҳазор дар» номидааст.

Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз тоҷикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардушти бо Номи Озарфаранбағ (Отурфарнбағ) ширкат дошт.Дар ин мубохиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авесто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «Динкард» сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро ӯро диндорони исломӣ куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авесто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.