Давлат

Давлат ё Ҳукумат - кишвар, ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст. Чун ташкилоти сиёсӣ давлат ҳокимияти сиёсиро амалӣ сохта, идораи сиёсиро ба ҷо меорад. Чун ташкилоти таркибӣ давлат аз дастгоҳҳои давлатӣ иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор идоракунии давлатро амалӣ месозад. Давлат ташкилоти ҳудудиест, ки бо мақсади иҷрои корҳои умумӣ дар асоси тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва нишонаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, дорои ҳокимияти сиёсии омма буда, функсияи маҷбуркунии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеа тадбиқ менамояд.[1]

Нигаред

Манбаъ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 136
Бразилия

Бразилия (португалӣ: República Federativa do Brasil) — яке аз кишвари Америка аст.

Забони расмӣ

Забони расмӣ — забоне, ки ба таври қонунӣ дар кишвар ё минтақае аз кишвар, ки аз тавоноии вазъи қонунҳои хосси он минтақа бархурдор аст, интихоб шудааст.

Забони расмӣ бештар бо забони давлатӣ ҳаммаъно мебошад, вале метавонад баробари забони давлатӣ амал кунад. Забони давлатӣ — забонест, ки бо он коргузории давлат иҷро мегардад ва ҳамаи санадҳо бояд бо ин забон навишта ё тарҷума шаванд. Масалан, дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад.

Масалан, дар моддаи 4 Қонуни ИҶШС «Дар бораи забони халқҳои ИҶШС» аз 24 апрели соли 1990 гуфта шудааст, ки «бо назардошти шароити таърихии бавуҷудомада ва бо мақсади таъмини вазифаҳои умумииттифоқӣ забони русӣ дар марзи ИҶШС забони расмии ИҶШС дониста мешавад ва ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳо истифода бурда мешавад». Дар асл забони русӣ вазифаи забони давлатии ИҶШС-ро иҷро мекард.

Забони расмӣ забонест, ки баробари забони давлатӣ дар марзи давлат татбиқ шуда метавонад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 Конститутсияи Қазоқистон соли 1995 забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ забони қазоқӣ мебошад. Дар ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ баробари забони қазоқӣ расман забони русӣ низ истифода бурда мешавад.

Канада

Канада (англ. Canada) — ин давлати соҳибихтиер давлат кишвар Амрикои Шимолӣ.

Он аз ҷиҳати масоҳат, дар ҷаҳон баъд аз Федератсияи Русия ҷойи дувумро соҳиб аст. Пойтахташ шаҳри Оттава. Шаҳрҳои бузургтарин Монреал, Торонто, Калгари ва Ванкувер.

Кишвар

Кишвар — масоҳати ҷуғрофӣ, ки сарҳади давлатии худро дорад ва ё зери нуфузи мустамликаи дигар давлат аст.

Кореяи Ҷанубӣ

Ҷумҳурии Корея (кур. 대한민국?, 大韓民國? Тэханмингук), номи ихтисоршудаи расмӣ Корея (кур. 한국?, 韓國? Хангук ё кур. 대한?, 大韓? Тэхан) — давлат дар Осиёи Шарқӣ, воқеъ дар нимҷазираи Куриё. Пойтахташ — Сеул. Номи ғайрирасмии мамлакат, ки ба таври васеъ дар ВАО мешавад, — Кореяи Ҷанубӣ.

Лаҳистон

Полша ё Лаҳистон - яке аз кишварҳои Аврупо аст.

Малайзия

Малайзия— давлат дар Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ. Малайзия аз ду қисмат,ки баҳри Хитойи ҷанубӣ аз ҳам ҷудо мекунад, иборат аст.

Мексика

Мексика (испанӣ: México [ˈmehiko]), расмӣ — Иёлоти Муттаҳидаи Мексика (испанӣ: Estados Unidos Mexicanos) — давлат дар Амрикои Шимолӣ қарор гирифта, бо ШМА аз тарафи ҷануби шарқӣ — бо Белиз ва Гватемала ҳамсарҳадӣ мекунад. Дар ғарб халиҷи Калифорния ва уқёнуси Ором, дар шарқ халиҷи Мексика ва баҳри Кариб соҳилҳояшро шуста меистад.

Номгӯи давлатҳо

То нимаи соли 2006 ба СММ 192 давлати ҷаҳон дохил мешавад. Боз як давлат — Ватикан — муншии доимии СММ мебошад, вале аъзои СММ нест.

Чанде аз ташкилиҳои давлатӣ (ба поён нигаред) дар амал давлатҳои мустақил мебошанд, аммо ё аз тарафи давлатҳои дигар эътироф нагардидаанд, ё ин ки бо шумораи нокифояи давлатҳои дигар эътироф гардидаанд ва ҳолати онҳо муноқишавист.

Аз тарафи дигар ду мамлакатро (ба поён нигаред) шумораи бисёри давлатҳо эътироф кардаанд, вале дар амал онҳо мустақил нестанд. Ҳолати онҳо ба танзим дароварда нашудааст.

Дар бисьёр канору гӯшаҳои дунё ноҳияҳое арзи вуҷуд доранд, ки аҳолии онҳо барои эътироф гардидани мустақилияти давлатии худ мубориза мебаранд.

Билохира, ашхос ва гурӯҳҳои алоҳидаи одамон давлатҳои виртуалӣ (микродавлатҳо, микромиллатҳо) эълон кардаанд, ки қонунияти этникӣ, территориявӣ ва таърихӣ ва ҳатто территория надоранд.

Ҳолат ва дараҷаи баъзеи ташкилиҳои давлатӣ (ба поён нигаред) то ҳол муайян нагардидааст.

Инак, 193 давлати мустақил — субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ арзи вуҷуд доранд.

Норвеж

Норвеж ва ё Норвегия номи расмиаш Шоҳаншоҳии Норвегия, дар Аврупои Шимолӣ ҷойгир аст. Масоҳаташ 387001 км, аҳолиаш 4,500 ҳазор нафар. Норвегиҳо - 98 %, саамҳо - 0,7 %, даниягиҳо, шведҳо, финҳо. Забони давлатиаш норвегӣ. Дин: протестантҳо - 88 %, католикҳо - 5 %.

Норвегия шоҳаншоҳии конститутсионӣ буда, ба 19 вилоят таксим шудааст. Сардори давлат шоҳ буда, ҳокимияти иҷроия муааталиқ ба нахуст-вазир аст. Пойтахташ Осло, шаҳрҳои бузургаш: Берген, Тронхейм, Ставангер.

Ҷашни миллиаш - 17-Рӯзи кониститутсия (1814)

Перу

Перу (испанӣ: República del Perú) — як аз кишварҳо Амриқо аст.

Пешшумораи телефон

Пешшумораи телефон ё Рамзи телефон, системаи рақамҳои телефонҳост, ки ба муштариёни бо телефон сӯҳбаткунанда, барои занг задан ва зангҳои телефониро қабул кардан, инчунин муайян кардани макони муштарии зангзананда ва рақами вай истифода мешавад. Ҳар як давлат як ё якчанд пешшумораи телефонро дорост. Пешшумораи телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон +992 мебошад. Вилоятҳо, ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои маъмурӣ низ пешшумораҳои телефонии худро доранд. Ширкатҳои мобилӣ низ пешшумораҳои алоҳидаи худро соҳиб мебошанд.

Пешшумораи телефонии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон:

Душанбе — 37

Хуҷанд — 3422

Бохтар — 3222

Хоруғ — 3522

Кӯлоб — 3322

Варзоб — 3153

Ваҳдат — 3136

Ҳисор — 3139

Лахш — 3132

Норак — 3138

Нуробод — 3133

Рашт — 3131

Роғун — 3134

Рӯдакӣ 3137

Сангвор — 3156

Тоҷикобод — 3154

Турсунзода — 3130

Файзобод — 3135

Шаҳринав — 3155

Ёвон — 3141

Абдураҳмони Ҷомӣ — 3243

Кушониён — 3245

Вахш — 3246

Ҷиликул — 3248

Қубодиён — 3251

Дустӣ — 3249

Носири Хусрав — 3258

Панҷ — 3252 *Сарбанд — 3250

Хуросон — 3242

Шаҳритус — 3240

Восеъ — 3311

Данғара — 3312

Ҳамадонӣ — 3315

Муминобод — 3318

Фархор — 3316

Темурмалик — 3314

Ховалинг — 3317

Шамсиддин Шоҳин — 3319 *Балҷувон — 3357

Айнӣ — 3479

Ашт — 3453

Деваштич — 3464

Ғафуров — 3442

Ҷаббор Расулов — 3455

Зафаробод — 3452

Истаравшан — 3454

Исфара — 3462

Конибодом — 3467

Масчо — 3445

Панҷакент — 3475

Спитамен — 3441

Шаҳристон — 3456

Дарвоз — 3552

Ишкошим — 3553

Мурғоб — 3554

Роштқалъа — 3555

Рӯшон — 3556Пешшумораи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон:

Tcell — +99292; +99293;

Вавилон-мобайл — +992918; +99298;

Мегафон — +99290;

Билайн — +99291;

Тоҷиктелеком — +99299.

Пойтахт

Пойтахт — ин маркази маъмурии кишварҳои алоҳида мебошад. Дар пойтахти кишвар Хукумати кишвар дигар маъмуриятҳои давлатӣ ба монанди вазоратҳо ҷойгир мешаванд.

Пойтахт, шаҳри асосии давлат, маркази маъмурию сиёсии мамлакат аст. Пойтахт одатан, ҷойи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, идораҳои давлатӣ, инчунин муассиасаҳои олии судӣ, ҳарбӣ ва ғайраҳо мебошад. Маъмулан пойтахт маркази иқтисодии мамлакат низ мебошад, дар баъзе кишварҳо маркази иқтисодӣ шаҳри дигар (мас., маркази иқтисодии ИМА шаҳри Ню Йорк) буда метавонад. Одатан пойтахт бо тартиби махсуси идоракунӣ ва воҳиди мустақили маъмурӣ ҷудо карда мешавад (мас., шаҳри Порис)

Русия

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми шарқии Аврупо ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 1922—1991 РСФСР буд, ҳамчун яке аз 15 ҷумҳуриҳои СССР. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белоруссия гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Москва аст.

Ах моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русияро — Дмитрий Анатолевич Медведев ишғол мекунанд.

Аҳолии Русия — 142 856 536 нафар тан (ба ҳисоби 1 январи соли 2010, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳамин ҷо сукунат мекунад). Дар соли 2016 зиёда аз 146 млн нафар тан.

Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки роли мӯҳимро бозад, ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё.

Ба ҳайати Федератсияи Русия — 85 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 46 — вилоят, 22 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.

Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.

Туркия

Туркия (тур. Türkiye), расман Ҷумҳурии Туркия (тур. Türkiye Cumhuriyeti) — давлат, дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва қиман (наздики 3 % қаламрав, 20 % аҳолӣ) — дар Аврупои Ғарбӣ. Аҳолӣ — 79,4 млн нафар (соли 2016), масоҳат — 783 562 км². Забони давлатӣ — туркӣ.

Шакли идораи давлат

Идораи давлат - як шакли идоракунии давлат мебошад. Дар Тоҷикистон идоракунии давлат ба шакли Ҷумхуриявӣ аст.

Ҳиндустон

Ҳиндустон — кишваре аст, ки дар қитъаи Осиё қарор дорад. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мамлакати Ҷануби Осиё ҷойгир шуда, қисми зиёди онро нимҷазираи Индостан гирифтааст. Ҳиндустон аз тарафи ғарб бо Покистон, аз тарафи шимолу-шарқ бо Хитой, Непал ва Бутан ва аз тарафи шарқ бо Бангладеш ва Мянма ҳамсарҳад мебошад. Гайр аз ин Ҳиндустон аз тарафи ҷануби ғарби бо сархадхои баҳри бо чазираи Малдивҳо, аз тарафи ҷануб бо Шри-Ланка ва аз тарафи ҷануби шарқи бо Индонезия ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати баҳсталаби штати Ҷамму ва Кашмир бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати аҳолӣ ҷои дуюмро мегирад, ки дар онҷо зиёда аз миллиард нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат ҷои ҳафтумро ишғол мекунад. Дар Ҳиндустон индуизм, буддизм, сикхизм, ҷайнизм пайдо шудаанд.

Ҷуғрофияи Русия

Ҷуғрофияи Русия — дар ду қитъаи олам Аврупо ва Осиё ҷойгир буда 1/3 масоҳаташ дар Аврупо ва 2/3 дар Осиё воқеъ гардидасст. Қисми шимоли онро баҳрҳои Уқёнуси яхбастаи шимолӣ, қисми шимолу шарқившро обҳои Уқёнуси Ором иҳота намудааст. Дар Русия се қаламрави фаррох Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ ва паҳнкӯҳҳои Сибири Миёна ҷудо шуда меистанд. Иқлими Русия хело гуногун буда, минтақаҳои иқлимиаш аз шимол ба ҷануб чунин иваш мешаванд: минтақаи иқлими артикӣ, субарктикӣ, муътадил ва субтропикӣ. Муддати сол дар тамоми қаламрави он ҳавои артикӣ , атлантикӣ ва антисиклни Сибири Шарқӣ мебошад. Тобистон бошад сатҳи Русия гарм, фишор паст ва массаҳои ҳавоӣ аз уқёнус ба хушкӣ ҳаракаткунанда ҳукмрони мекунанд. Боришот дар фаслҳои баҳору тобистон, дар тирамоҳу зимистон барф меборад. Дар қаламрави Русия миқдори зиёди дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки онҳо манбаи бузургӣ энергетикӣ мебошанд. Калонтарини онҳо Объ, Иртиш, Амур, Волга, Енисей Лена мебошанд. Захираҳои обию энергетикӣ мамлакат беҳамто мебошад,ки дар қисмати зиёди дарёҳо Неругоҳҳои барқию обӣ сохта шудааст.

Масохаташ 17075 ҳазор километри квадрати, ахолиаш 146 милион нафар, дар байни арзҳои 80-43 арзи шимол ва тулии 29 градус ва 170 тули шарки ҷойгир шудааст. Сархатҳои ин давлат бахрҳои укёнуси Атлантика, Яхбастаи Шимоли ва Ором. Бахри Балтика, Сафед, Баренс, Кара, Лаптифхо, Сибири шарки, Чукотка, бахри Охот, Чопон мешуяд, ки ягон давлати дигарро чунин бахрҳои зиёд ишгол накарда аст. Дар територияи ин мамлакат бузургтарин хамвориҳои ҷаҳон,

Хамвории Сибири гарби,

Европаи шарки ҷойгир шуда аст.

Русия давлати хеле сермилат буда, аз чихати сарватҳои табии, масохати чангалзорхо, захираи нафт, газ, маъдани оҳан умуман хамаи канданиҳои фойданок хеле бой аст. Забони Руси ба яке аз забонҳои умуми ҷаҳони монанди ангилиси табдил ёфта мавкеъи баланд дорад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.