Гурӯҳвар

Гурӯҳвар (форсӣ: گروه‌ور‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳдор ва болотар аз радабон мебошад; сержанти хурд[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Радабон

Emblem of Tajikistan.svg
Гурӯҳвар
Дараҷаи болотар:
Гурӯҳдор

Гурӯҳвар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати ёвари муовини фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[2]; отделение[3].

Гурӯҳвар
Tajikistan-Army-OR-5
Сардӯшии гурӯҳвар дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: گروه‌ور
Ҳамто дар НАТО OR-5
Пайдоиш 1935
Дараҷаи болотар Гурӯҳдор
Дараҷаи поинтар Радабон
Дараҷаҳои баробар

Вожашиносӣ

«Гурӯҳвар» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: гурӯҳ + -вар. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гурӯҳ) + пасванд (-вар)] аст. Пасванди «-вар» ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад[4]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст.

Гурӯҳвар дар пайравӣ аз гурӯҳдор ва гурӯҳбон сохта шудааст.

Пешина

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[5] > порсии миёна: grōh[6]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[7]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: گروهبان‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шудааст[8].

«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[9]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[10].

Пайвандҳо

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
  3. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  4. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  6. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  7. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  8. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — с. 38
  9. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
Артишсолор

Артишсолор (форсӣ: ارتش‌سالار‎) — болотарин дараҷаи низомӣ ва симат дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, генерали артиш.

Артишсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи олии маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре ё фармондеҳии артишро дорад, ки ягоне амалиётӣ-тактикиест, ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се сипоҳ ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад.

Афсар

Афсáр (форсӣ: افسر‎ > англ. officer > лот. officiarius — «кордор, масъул» аз лот. officium — кор, масъулият) — касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ, милиса, пулис ва дигар сохторҳои низомӣ дараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.

Гундсолор

Гундсолор (форсӣ: گندسالار‎) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз лашкарсолор ва болотар аз сарҳанг мебошад; генерал-майор.

Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип; бригада.

Гурӯҳ

Гурӯҳ (форсӣ: «گروه»‎) – ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение.

Гурӯҳбон

Гурӯҳбон (форсӣ: گروهبان‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз саргурӯҳбон (старшина) ва болотар аз гурӯҳдор (сержант) мебошад; сержанти калон.

Гурӯҳбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение.

Гурӯҳдор

Гурӯҳдор (форсӣ: گروهدار‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳбон ва болотар аз гурӯҳвар мебошад; сержант.

Гурӯҳдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муовини фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение.

Дараҷаи низомӣ

Дараҷаи низомӣ ё дараҷабандии низомӣ сомонае мунтазам барои ташхиси силсиламаротиб дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ниҳодҳое аст, ки тавассути низом созмондеҳӣ мешаванд. Дараҷаҳои низомӣ нишондиҳандаи донишу коршиносиву шоистагии афсарон дар раҳбарӣ ва фармондеҳии ягоне аз нерӯҳои мусаллаҳ ҳастанд.

Дараҷаҳои низомӣ маъмулан бо нишонаҳое намоёнидаву шинохта мешаванд, ки дар пӯшоки ҳамсон дӯхта ё часпонда шудаанд.

Радабон

Радабон (форсӣ: رده‌بان‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳвар ва болотар аз сарбоз мебошад; ефрейтор.

Радабон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии радаро дорад, ки хурдтарин ягони тактикиест, ки аз ду – панҷ сарбоз ташкил шуда ва бахше аз гурӯҳ аст; ҷуха; звено.

Размовар

Размовар (форсӣ: رزم‌آور‎‎) — дараҷае низомӣ ва симате афсарёрӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размсоз ва болотар аз саргурӯҳбон мебошад; прапоршик.

Размсоз

Размсоз (форсӣ: رزم‌ساز‎) — дараҷае низомӣ ва симате афсарёрӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз таҳмовар ва болотар аз размовар мебошад; прапоршики калон.

Размсозон дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дараҷае болотар аз гурӯҳбонон ва поинтар аз таҳмдорон доранд ва ёварони афсарон ҳастанд, ба ин далел «афсарёр» номида мешаванд.

Сарбоз

Сарбоз (форсӣ: سرباز‎) ё Аскар (ар. عسکر‎) — касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва поинтарин рутбаи низомиро дорад; аскари қаторӣ.

«Сарбоз» дар истилоҳ касеро гӯянд, ки аз сару ҷони худ гузаштаву омодаи ҷонбозӣ бошад. Ин вожа аз дер боз ба маънои «аскар, аксари қатории пиёда; сипоҳӣ, лашкарӣ» ба кор меравад.

Сарвашт

Сарвашт (форсӣ: سروشت‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз саргурд ва болотар аз таҳмбон мебошад; капитан.

Сарвашт дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии ваштро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне ҷудогона аст; гурӯҳон, рота.

Саргурӯҳбон

Саргурӯҳбон (форсӣ: سرگروهبان‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размовар ва болотар аз гурӯҳбон мебошад; старшина.

Саргурӯҳбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение.

Сарҳанг

Сарҳанг (форсӣ: سرهنگ‎) — дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гундсолор ва болотар аз сарҳангёр мебошад; полковник.

Сарҳанг дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии ҳангро дорад, ки ягоне тактикӣ ва идориву иқтисодиест, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад; полк.

Сарҳангёр

Сарҳангёр (форсӣ: سرهنگیار‎) — дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарҳанг ва болотар аз саргурд мебошад; подполковник.

Сарҳангёр дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини фармондеҳи ҳанг ё фармондеҳии гурдонро дорад.

Сипаҳсолор

Сипаҳсолор (форсӣ: سپه‌سالار‎) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз артишсолор ва болотар аз лашкарсолор мебошад; генерал-полковник.

Сипаҳсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии сипоҳро дорад, ки ягоне амалиётӣ-тактикӣ аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус.

Таҳмбон

Таҳмбон (форсӣ: تهم‌بان‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарвашт ва болотар аз таҳмдор мебошад; лейтенанти калон.

Таҳмбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста, взвод.

Таҳмдор

Таҳмдор (форсӣ: تهم‌دار‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз таҳмбон ва болотар аз таҳмовар мебошад; лейтенант.

Таҳмдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста, взвод.

Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон (пешниҳод)
СолоронАртишсолор · Сипаҳсолор · Лашкарсолор · Гундсолор
СардоронСарҳанг · Сарҳангёр · Саргурд
СаркардагонСарвашт · Таҳмбон · Таҳмдор · Таҳмовар
ДирафшдоронРазмсоз · Размовар
ГурӯҳбононСаргурӯҳбон · Гурӯҳбон · Гурӯҳдор · Гурӯҳвар
СарбозонРадабон · Сарбоз

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.