Гандум

Гандум як навъи маълуми ғалладона аст. Бештар аз 20 намуди мазруъӣ ва худрўй дорад.Гандум зироати қадима буда, ватани аксар намудҳои он собиқ СССР мебошад. Бинобар маълумоти хафриётӣ дар мамлакатҳои Осиёи пеш, Туркия,Ироқ, Сурия, Эрон 7-6 Юнону Булғористон 6-5 ва Миср бештар аз 4000 сол пеш аз мелод.

Triticum aestivum - Köhler–s Medizinal-Pflanzen-274
Cумалак

Сумалак, Суманак (саману) навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду хафта кабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгох меоранд. Он чо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд.

Чараёни суманакпази як шабонарӯз давом мекунад ва занхову духтарон хам сурудхони, раксу бозихо ва хазлу хандахо мекунанд. Зеро боваре хаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмони пешвоз гири, хамон сол пурра бо хуррамию шоди зиндаги хохи кард.

Суруди маъруфи занҳои суманакпаз, ки ҳангоми пухтани ин гизои наврӯзи дар Тоҷикистон бо доиранавози ба тарики дастчамъи хонда мешавад, ин аст:

Сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад.

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.Сумалак буйи бахорай,

Сумалак авчу барорай,

Мелаи шабзиндадорай,

Иди Новрӯзи муборак!Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.Дар нохияи Ашт дар айёми Наврӯз занхо дар яке аз богхо чамъ омада суманак ва ё бо галладона хурокҳои дигаре мепазанд. Чавонон наворҳои мусикиро дар магнитофон гузошта, ба раксу бози машгул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гуш кардани мусики ва тамошои ракси чавонон меоянду бархе дигар дар дарахтон аргамчин баста, аргунчаксавори мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, бисёре аз чавонон ба худ арус меёбанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили чавононро мебаранд. Дар ин рӯз бисёре аз чавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва хамсарҳои ояндаи худро интихоб мекунанд. Бузургсолон аз рафтори чавонон огох буда, монеъ намешаванд ва баръакс худ

Айнӣ (шаҳрак)

Айнӣ — шаҳракест ки дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир шуда, маркази Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва ноҳияи Айнӣ буда дар ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

АЙНИ (Захматобод 1930-1955 - ), район дар вилояти Ленииободи РСС Точикистон, дар кисми болооби дарёи Зарафшон. 23.11.1930 ташкил ёфтааст, 26.01. 1955 номи Айниро гирифт. Аз маркази нохия то ш. Хучанд 177 км, то ш. Душанбе 165 км, то истгохи рохи охани Самарканд 165 км. Масохаташ - 5,2 хаз. км2. Ахолиаш 41,1 хазор нафар (1976). Ахолии нохия асосан точикон буда, инчунин русхо ва намояндагони миллиатхои дигар зиндаги мекунанд. Зичии ахоли дар 1 км2 - 7,9 кас. нохияи Айни дорои 7 Совети қишлоқ: Айни, Анзоб, Хушекат, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарьё, Шамтуч ва як шахрак — Зарафшон мебошад. Маркази нохия — шахраки Айни. Айни нохияи кухи буда, сатхаш хеле нохамвор аст. Масохати онро аз Шарк ба Гарб каторкуххои Туркистон, Зарафшон ва Хисор бурида мегузаранд. Тегахои кух аз сатхи бахр. 3500—4000 м, Куллахои алохида то 5000 м ва аз он хам баландтаранд (Ар-арасанг дар дехаи Каздон, 5494 м). Нуқтаи пасттарин (дар гарбтари деҳаи Урметан) 950 м. Водии дарёхо танг ва чукуранд. Дехахои калон ва заминхои корам асосан дар водихо, суфахои кадими дарёи Зарафшон ва Фон чойгиранд. Иқлими нохия, тобистони водихои Зарафшону Фон гарму хушк, зимистон муътадил. Дар водихо харорати миёнаи июл 17, 21° С, январ —1, —3°С. Дар куххо тобистон салкин ва нисбатан кутох, (харорати миёнаи июл 15—18° С), зимистон хунук (харорати миёнаи январ. —7, —13° С); микдори боришоти солона дар водихо 160—190 мм, дар куххо аз 230—350 мм то 400 мм. Дар минтакаи нохияи Айни хелхои гуногуни хоки хокистарранг, дар баландкуххо хоки чигарранг вомехурад. Набототи водихою адирхо (то 1500 м) хусусияти биёбони ва нимбиёбони дорад. Дар богу рог дарахтони тут, зардолу, себу олуболу, беду сафедор, ток ва г. меруянд. Болотар аз он — дар доманаи куххо растанихои дашти, арча ва дар баландкуххо маргзорхои алафи вомехуранд. Олами хайвонот гуногун, дар куххо харгушу сугур, хирсу гург, рубох, гуроз, оху,Паланг аз паррандахо — кабк, мурги хилол, кабутар, укоб, гоз ва г. дучор мешаванд. Нохияи Айни сероб аст, дарёхои калонаш Фон ва Зарафшон. Аз куххо дарьёчахои бисьёре чорианд,сарчашмаи асосии дарёи Зарафшон,ки аз нохияи Айни сар мешавад ин дарёи кишлоки Шамтуч ва Шаршараи баландтарини нохия аз Каздон сар мешавад ки як кисми онхо барои обёрии заминхои корам истифода мешаванд. Дар худуди Айни яке аз кулхои зеботарин — Искандаркул, 7чай воқеъ буда, чои сайру тамошои туристон гардидааст. Нохияи Айни конхои сурма, симоб, ангишт дорад. Айни — нохияи зироаткор ва чорводор. Дар соли(1977).нохияи Айни дорои 7 колхоз мавчуд буд. Колхозхо ва маркази онхо: ба номи (шахраки Айни), (дехаи Рарз), «Урметан» (дехаи Урметан), «Точикистон» (дехаи Шамтуч), ба номи Лохути (дехаи Шурмашк), «Россия» (дехаи Такфон), Анзоб (дехаи Анзоб). Сохахои мухими хочаги — картошкапарвари, галлакори, чорводори, кирмакдори, богдори. Тамоми заминхои хочагии кишлок 91540 га (1976), аз чумла майдони кишти галла (асосан гандум, чав) 1841 га, картошка — 638 га, бог — 340 га, чарогох, — 84351 га. Нохияи Айни с. 1976 ба давлат 1276 сентенер галла, 304 сентенер пилла, 2017 тон картошка, 1198 тон гушт, 2858 литр шир, 1264 сентенер пашм ва махсулоти дигари хочагии кишлок фурухт. Шумораи хайвонот дар хамаи хочагихо соли(1976): чорвои калони шохдор 20474 сар, гусфанду буз — 55059 сар. Истеҳсоли маъдани кухи низ сохаи мухими хочагии нохия мебошад. Корхонаи калони саноати — комбинати маъдантозакунии Анзоб. Солхои хониши 1976/2011 нохияи Айни 57 мактаби миёна, 18 мактаби ҳаштсола ва 5 мактаби ибтидои, як мактаби мусикии бачагона дошт. Дар райони Айни 10 кинотеатр, 9 нуктаи кинонамоишдихи, 35 клуб, 75 китобхона, 13 чойхона- кироатхона, хонаи маданият, 13 беморхона, амбулатория, таваллудхона, 5 дорухона, 37 пункти фелдшери-акушери, 116 пункти хизмати маиши, 295 нуқтаи савдо, 110 нуқтаи хуроки умуми, идораи сохтмон, ташкилоти сохтмони байниколхози, идораи сохтмону таъмир, хочагии чангал, матбаа, шуъбаи районии иттиходияи «Точикселхозтехника» мавчуд аст. Наклиёт — автомобили ва ҳавои. Фурудгох дорад. Аз Айни рохи мошингарди Душанбе — в.Сугд, Душанбе — Самарканд мегузарад. Роххои асоси мумфарш. Газетаи район — «Мехнат». Одинаев В А

Албания

Албания (албанӣ: Shqipëria), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳурии Албания (албанӣ: Republika e Shqipërisë [ɾɛpuˈblika ɛ ʃcipəˈɾiːs]) — давлат дар Аврупо, дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан ва қисми ҷанубии Аврупо. Албания дар шимолу шарқ бо Косово ва Сербия, дар шимолу ғарб бо Черногория, дар шарқ бо Македония, дар ҷанубу шарқ бо Юнон ҳамсарҳад буда, соҳилҳои қисми ғарбӣ ва ҷан. ғарбии онро баҳрҳои Адриатика ва Ион фаро гирифтаанд. Масоҳаташ 28748 км2. Аҳолиаш 3,64 млн нафар (июли 2009). Пойтахташ – шаҳри Тирана (360 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калонтарин – Дуррес, Элбасан, Шкодер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 12 ретӣ (вилоят) ва 36 округ тақсим шудааст. Воҳиди пулӣ – лек.

Аргентина

Аргенти́на (испанӣ: Argentina), номи рамсии пурра — Ҷумҳурии Аргентина (испанӣ: República Argentina [reˈpuβlika aɾxenˈtina]) — дуюмин давлат (пас аз Бразилия) аз ҷиҳати масоҳат, сеюмин (пас Бразилия ва Колумбия) аз рӯи аҳолӣ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.

Вилояти Владимир

Владимир (русӣ: Владимирская область) — вилоят дар Русия.

Вилояти Волгоград

Вилояти Волгоград (русӣ: Волгоградская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. Дар қисми ҷанубу шарқии ҳамвории Аврупои Шарқӣ воқеъ аст. Аз ҷануб бо вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Қалмоқистон, аз ғарб бо вилоятҳои Ростов ва Воронеж, аз шарқ бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Округи федералии Ҷануби Федератсияи Русия дохил мешавад. Масоҳаташ 112,9 ҳазор км². Аҳолиаш 2,6 млн нафар (2013). Маркази маъмуриаш — шаҳри Волгоград.

Вилояти Волгоград 33 ноҳия, 19 шаҳр, аз ҷумла 6 шаҳри тобеи вилоят, 24 шаҳрак ва 450 деҳа дорад. Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятии Волгоград, ҳокимияти иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят.

Канзас

Канзас (англ. Kansas; — иёлатест дар қисми Ғарби Марказии ИМА.. Аҳолӣ — 2 871 238 наф. (2011). Марказ — шаҳри Топика. Шаҳри бузургтарин — Уичито. Иёлатест ки он аз ҳама бештар гандум истеҳсол мекунад. Гули иёлат — офтобпараст аст, Дарахти иёлат — Сафедор. Ба забони ҳиндуёни Канзас, маънои номгузории иёлат — «сокинони шамоли ҷанубӣ». Бузургтарин рӯдҳои иёлат Миссури и Арканзас.

Кулча

Кулча (форсӣ: کلچه) нони гирдаи начандон калони танӯрӣ, ки бештар аз орди гандум бо ширу равған мепазанд: кулчаи равғанӣ, кулчаи ширмол, кулчаи қандин (қандӣ).

Мамлакатҳои истеҳсолкунандаи гандум

Феҳристи кишварҳои истеҳсолкунандаи гандум — феҳристи маълумотии кишварҳо бо тартиби сол ва ҳаҷм (метрические тонны), ки истеҳсолкунандагони ҷаҳонии гандум мебошанд.

Наврӯз

Наврӯз (порсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — ҷашни Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Нематодаи гандум

Нематодаи гандум (лот. Anguina tritici) — кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомнома «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад:

а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (ҳукуматҳо), шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дар хонаҳо (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва ақди никоҳ;

в) дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳо ҷой додани тасвири Нишон дода шудааст;

г) дар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шиносномаҳои дипломатӣ ва дигар шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд;

е) дар сутунҳои марзӣ, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳатман тасвир намудани тарҳи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда метавонад.

Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин Низомнома номбар шудаанд, ҳуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад.

3. Таҷдиди тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаҳояш, ҳамеша бояд дақиқан ба асли тарҳи ранга, сиёҳу сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба ҳамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд.

4. Тартиби тайёр кардани тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва нест кардани мӯҳре, ки дар он Нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

5. Ашхосе, ки дар таҳқир кардани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999 № 891

Ноҳияи Вахш

Вахш (форсӣ: وخش‎) — ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлон 6 январи 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ аст.

Орд

Орд (форсӣ: آرد) — маҳсули ғаллаи дар осиё кашидашуда; кӯфта ва соидашудаи ғалла. Як навъ маҳсулоти хӯрокӣ, ки аз дони зироати гуногун (асосан аз гандум, инчунин аз ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворӣ, марҷумак, арзан, нахӯд ва ғайра) мекашанд.

Оши туппа

Оши туппа — як навъ таоми тоҷикӣ.

Барои оши туппа аз орди гандум ва оби намакдор хамири сахт тайёр карда (1–2 тухм ҳам меандозанд), 20–25 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хамирро то 1,5–2 мм тунук карда, ба андозаи бараш 5 см ва дарозиаш 15 см тасма-тасма мебуранд. Баъд нами онро гурезонда, дар оби намакдор пухта мегиранд. Дар зарфи дигар гӯшти майда резакардаи гӯсфанд ё говро бо пиёз, сабзӣ ва помидор дар равған бирён мекунанд. Сипас аз болояш каме об андохта меҷӯшонанд. Андаке пеш аз пухтан ба он картошка, нахӯд, қаламфур ва адвиёт ҳамроҳ карда, пиёздоғ ё қайла тайёр мекунанд. Оши туппаро, агар обдор бошад, дар коса, беоб бошад, дар табақ кашида, ба рӯяш қайла ва кабудӣ меандозанд. Дар зарфи алоҳида ҷурғот ё қаймоқ медиҳанд.

Оши туппа дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ном­ҳои гуногун дорад. Масалан, дар водии Зарафшон лахчак, дар Қаротегину Ҳисор ва Яғноб туппакашак, дар дигар мавзеъҳо туппатой ва ғайра меноманд.

Барои хамир 3 истакон орди гандум, 1 дона тухми хом, 1 истакон об, ним қошуқча намак, барои қайла 500 г гӯшт, 50 г намак, 200 г пиёз, 2–3 дона помидор ё 1 қошуқ қайлаи помидор, 500 г картошка, 2 дона қаламфури булғорӣ, мувофиқи табъ намаку адвиёт лозим аст.

Панҷрӯд

Панҷрӯд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент. Аз Панҷрӯд то маркази шаҳр 53 км. Аҳолиаш 3077 нафар (2017), тоҷикон.

Ин деҳа зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.

Самарқанд

Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанд и Ӯзбекистон аст ва қисмати зиёди мардуми ин шаҳри қадима тоҷик аст (суннӣ, ҳанафӣ). Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд.

Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии "Авесто" номбар гардидааст.

Хирманак

Хирманак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Хирманак то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1615 нафар (2017), тоҷикон.

Ҷав

Ҷав (Türk.Arpa), гиёҳест яксола. Пояаш то 30 – 90 см қад мекашад. Хӯшааш дароз, сукдор (баъзан бесӯк мешавад); донаш дарозрӯяи зард, бунафш, сиёҳ, сабзтоб ва дорчинӣ.

Ҷав аз ҷумлаи ғалладонаҳои қадимист. Дар таркиби он сафеда, ангиштоб, клетчатка, равған, ферментҳо ва витаминҳои В, D мавҷуданд. Сафедаи Ҷав нисбати сафедаи гандум серғизо аст. Аз дони Ҷав ярма мекашанд, ордашро ба орди гандум ҳамроҳ карда нон мепазанд. Ҷав ашёи хоми саноати пивопазӣ мебошад.

Дар тибби қадим ба сифати даво ярма, орд ва оби ҷавро истифода мебурданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Ҷав ҷисмро тоза мекунад. Оби Ҷав ҳангоми бемориҳои узвҳои қафаси сина муфид аст. Агар онро бо тухми розиёна омехта нӯшанд, ширро зиёд мекунад. Оби Ҷав ҳамчунин давои хуби табфарор буда, ҳангоми табларзаи пурҳарорат онро танҳо ва дар мавриди табларзаи сард бо ҷаъфарӣ ва розиёна менӯшанд. Пӯсти дони Ҷав пешобро меронад. Марҳами гарми он доғи кунҷидакро меравонад. Аз Ҷав, биҳӣ ва сирко даво тайёр карда ба ниқрис мебанданд.

Табибони халқӣ дон, ярма ва орди Ҷав-ро истифода мебаранд. Ҷӯшоби орди Ҷав нармиовар ва балғамрон буда, барои бемории диабети қандӣ ва илтиҳоб муфид аст. Бо ин мақсад 20 г дони Ҷав-ро дар як истакон об 4 – 5 соат тар карда, баъд 10 дақ. меҷӯшонанд ва меполанд. Онро рӯзе 4 – 5 маротиба пеш аз хӯрок 2 – 3 чумча истеъмол кардан лозим аст.

Ба ақидаи табибони халқӣ агар Ҷав-и муқашшарро то муҳарро шуданаш дар об ҷӯшонда, сипас он обро хунук карда биёшоманд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро паст мекунад, табҳоро шифо мебахшад, сиёҳӣ задани чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо менамояд.

Орди Ҷав-ро гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, пучакҳоро мекафонад; онро бо кӯфтаи тухми тугмачагул даромехта гузошта банданд, варамҳои зери бағал, сина, пистон, баногӯшро мегардонад. Орди Ҷав-ро соида, бо оби биҳӣ хамир сохта гузошта банданд, ниқрисро шифо мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гузошта банданд, ханозер ва варамҳои сахти гармро рафъ месозад.

Ҷӯшоби сумалаки ҷав дар пардозгарӣ, инчунин бо мақсади рафъи илтиҳоб васеъ истифода мешавад. Онро ин тарз тайёр мекунанд: 1,5 – 2,0 кг сумалакро дар сатили сирдор андохта, 8 – 10 л оби ҷӯшомада илова мекунанд ва 20 – 30 дақ. дар оташи паст меҷӯшонанд. Сипас онро аз дока мегузаронанд. Қабл аз қабули обзан онро дар оби гарм ҳал кардан лозим аст.

Ҷавҳари сумалаки Ҷав, ки аз дони нешзадаи хушконида таҳия карда мешавад, барои табобати касалии қанд нафъ дорад.

Дар тибби муосир Ҷав ба сифати парҳезона васеъ истифода мешавад. Аз ярмаи Ҷав ҳангоми қабзият ва фарбеҳӣ ғизои парҳезӣ омода месозанд..

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.