Википедия

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадаф Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Википедия
Wikipedia-logo
Www.wikipedia.org screenshot 2018

Саҳифаи аввали Википедия
URL:

wikipedia.org

Тиҷоратӣ:

Не

Шакли сайт:

интернет-донишнома

Сабтином:

ғайриҳатмӣ[1]

Забон(ҳо):

298

Мавқеи сервер:

 ИМА: Тампа, иёлати Флорида

Соҳибҳуқуқ:

Фонди Викимедиа[2]

Муаллиф:

Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер

Оғози кор:

15 январи 2001

Таърих

Дар ибтидо Википедия ба унвони нусхаи такмилии Нупедия ба кор оғоз намудааст. Нупедия лоиҳаи донишномаи ройгон ва бархатте буд, ки мақолаҳояш тавассути коршиносон ва аз тариқи як ҷараёни расмӣ навишта мешуданд. Нупедия дар таърихи 9 марти соли 2000 таҳти моликияти ширкати Бумис (Bomis), ки як ширкати веб-портал буд, бунёдгузорӣ шуд. Ширкати Бумис, ки дар соли 1996 бунёдгузорӣ шуда буд, як пойгоҳи интернетиии тафреҳоти шаҳвонӣ ва дорои мӯҳтавои сексӣ барои мардон буд. Ва сармояи нахустини донишнома озоди Нупедия ва ҷонишини он Википедия, тавассути он то соли 2003 таъмин мешуд.

Википедия бори нахуст дар таърихи 15 январи 2001 аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер ва фақат ба забони англисӣ ба номи wikipedia.com ба шабакаи Интернет васл шуд. Википедия аз 10 январ яке аз қобилиятҳои nupedia.com ба шумор мерафт. Ба ин сурат, ки вироишгарон метавонистанд мақолаҳои худро дар он ворид кунанд то пас аз мурур дар Нупедия қарор гирад, вале пас аз он ки ҳайати машваратии коршиносони Нупедия модели тавлиди онро рад карданд, аз вебгоҳ Нупедия бардошта шуд. Баъд аз он Википедия ба сурати лоиҳаи мустаъқил аз Нупедия ба кор шурӯъ кард. Сиёсати «дидгоҳи бетарафона», ки шабеҳ ба сиёсати пешини «бетарафии» Нупедия буд, дар ҳамон моҳҳои аввал барномарезӣ шуд. Википедия сареъан ширкаткунандагони хешро аз Нупедия ба даст овард. Дар поёни сол Википедия аввал ба теъдоди 20 000 мақола, бо теъдоди 18 забон расид. То поёни соли 2002 теъдоди забонҳо ба 26, поёни соли 2003 ба 46 ва дар поёни 2004 ба теъдоди 161 забон расид. Нупедия ва Википедия дар алиҳидагӣ амал мекарданд. Нупедия аз кор бозмонд ва дар соли 2003 матнҳои мақолаҳои он ба Википедия мунтақил шуданд.

Аз рӯи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзӯъҳо Википедия донишномаи электронии аз ҳама пурратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедия ҳамчун донишномаи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила қиммати иттилооти воридшударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

Хусусияти хоси интернет-донишномаи Википедия (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии торномаи онлайнӣ аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири мақолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи Интернет, ки низоми Википедияро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву (вироишу) таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири мақолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон мақолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад.

Википедия аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба зиёда аз 298 забонҳои ҷаҳонӣ эҷод карда мешавад. Дар он зиёда аз 47 миллион мақолаҳо ба забонҳои халқхои гуногуни дунё ҷойгир шудаанд. Интернет-браузери Википедия аз рўи миқдори зиёраткунандагон, дар ҷойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Шумораи мақолаҳои Википедия

То 1 январи соли 2018 дар Википедия 298 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 288-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои аввали он (википедияҳои забонӣ) зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш (аз ҷойи 14 то 59) аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 97-тоаш (аз ҷойи 60 то 137) зиёда аз 10 ҳазор то 100 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 111 (аз ҷойи 138 то 249) қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор то 10 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 15 январи соли 2018 - 47,274,367 мақола (аз ҷумла зиёда аз 181 млн. саҳифаро дарбар мегирифт). Дар пурра гардонидани лоиҳаи Википедия зиёда аз 72 млн. корбарони ихтиёрӣ ройгон саҳми хешро гузоштаанд.[3]

Таъсир ва истифодабарӣ

Гурӯҳи тадқиқотчиён аз Донишкадаи технологии Массачусетс ва Донишгоҳи Питтсбург муайян карданд, ки олимон дар мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо аз маълумотҳои Википедия истифодабурданашон аз эҳтимолият дур нест.[4]

Маҳдудият

Бо гузашти айём баъзан кишварҳо дастрасӣ ба Википедияро маҳдуд ё таҳдиди маҳдуд сохтанро мекунанд. Аз ҷумла: 24 августи соли 2015 дар Россия Википедия маҳдуд карда шуда буд. 29 апрели соли 2017 дар Туркия Википедияро қатъ карданд.[5][6].

Сухани Ҷими Вейлс доир ба Википедия

« Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна иттилоотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар Википедия набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба наздикӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи Наврӯзист! Муборак!
»

[7]

Ҳамчунин нигаред

Логотип «Мета-вики»
Дар «Мета-вики» саҳифаи «Category:Wikipedia» ҳаст

Эзоҳ

  1. Дар баъзе фаъзе аз фаслҳои википеда барои эҷоди мақолаҳо зарур аст.
  2. http://www.dmagazine.com/frontburner/2016/05/the-business-of-wikipedia-how-jimmy-wales-built-the-free-encyclopedia/
  3. Википедиа:Рӯихати Википедиа) 15.01.2018
  4. https://nplus1.ru/news/2017/09/22/wiki-science
  5. http://www.bbc.com/news/world-europe-39754909
  6. http://www.bbc.com/russian/news-39754764
  7. Тоҷикон дар Википедиа
JavaScript

JavaScript- яке аз забонҳои барномасозӣ мебошад.

Lua

Lua (португалӣ: «моҳ») — яке аз забонҳои барномасозӣ мебошад.

Ёвон

Ёвон яке аз шаҳрҳои вилояти Хатлон, ва маркази ноҳияи Ёвон аст.

Бунёди Викимедия

Бунёди Викимедия (англ. Wikimedia Foundation, Inc., талаффуз [wikimədia faundəiʃon], ба таври мухтасар WMF) — ташкилоти хайриявии ғайритиҷоратӣ, ки як қатор зерсохтори вики-лоиҳаҳои краудсорсинги бисёрзабона, аз ҷумла Википедия, Викилуғат, Викииқтибос, Викикитоб, Викитека, Викигид, Викианбор, Викимаълумот, Викинамуд, Викиахбор, Викидонишгоҳ, Регдони Викимедиа ва Мета-викиро дастгирӣ мекунад, ҳамчунин молики лоиҳаи донишномавии айни ҳол ғайрифаъоли Nupedia мебошад.

Фонд является учредителем конкурса «Вики любит памятники». Слово «Wikipedia» является товарным знаком и не может использоваться без разрешения Фонда Викимедиа, как и названия и логотипы других проектов Викимедиа. Какие-либо веб-сайты в Интернете могут использовать слова wiki и (encyclo)pedia или «вики» и «-(энцикло)педия» в своих названиях, однако, они не имеют отношения к проектам Фонда Викимедиа.

Ведущий проект организации, свободная энциклопедия Википедия, входит в число десяти наиболее посещаемых веб-сайтов в мире. В проектах участвуют волонтёры из разных стран, создавая «свободный контент» и программное обеспечение, доступные по свободным лицензиям. Как и в случае с другими проектами с User-generated content вроде YouTube, Фонд Викимедиа не является правообладателем контента, размещённого на его серверах. Фонд отмечает, что не владеет авторскими правами на большинство материалов, размещённых в Википедии, так как ими обладают сами волонтёры, внёсшие свой вклад в проект. Как и на другие веб-сайты, на проекты Фонда распространяется действие Digital Millennium Copyright Act и других законов, однако, сообщество волонтёров по возможности само отслеживает соблюдение авторских прав, других стандартов и внутренних правил. На официальные жалобы об удалении контента реагируют сотрудники офиса Фонда в рамках соответствующей процедуры.

Люди, деятельность и ценности, связанные с проектами Фонда, образуют общественное движение Викимедиа (англ. Wikimedia movement), в разной степени связанное с движениями свободного программного обеспечения, свободной культуры, антикопирайта, открытых данных и другими.

Википедияи Тоҷикӣ

Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ-тоҷикӣ) — нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедия аст, ки бо забони тоҷикӣ то 22 майи соли 2011 бо беш аз 9 300 мақола дар раддаи саду дуюми Википедияҳои забонӣ қарор дошт. Дар 19 майи соли 2012 ҳамроҳ бо Википедияи Галикӣ Скотландӣ аз марзи 10 000 мақола гузашт ва дар раддаи саду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт.

Вилояти Свердловск

Втлояти Свердловск (русӣ: Свердловская о́бласть) — вилоятест дар Федератсияи Русия, дар Урали Ҷанубӣ ҷойгир шудааст. Маркази маъмурии вилоят — ш. Екатеринбург.

Забони мақдунӣ

Забони мақдунӣ (мақдунӣ: Македонски јазик) — забони шарқи ҷанубии славянӣ аст. Ин забони расмӣ Ҷумҳурии Мақдуния аст.

Лаос

Лаос — яке аз давлатҳои Осиё аст.

Панҷшанбе

Панҷшанбе — рӯзи чоруми ҳафта мебошад ва байни рӯзи чоршанбе ва рӯзи ҷумъа аст.

Перу

Перу (испанӣ: República del Perú) — як аз кишварҳо Амриқо аст.

Рассом

Рассом шахсест,ки ҳақиқати ҳолро дар расм тасвир мекунад.

Рӯзи истиқлолият

Рӯзи Истиқлолият - ин рӯзест, ки як давлат ва ё кишвар аз дигар кишваре, ки солҳо зери мустамликаи он буд соҳибистиқлол шудааст. Дар таърих якум давлате, ки соҳибистиқлолияти худро эълон кард ин ИМА аз Бритониёи Кабир мебошад.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон аз собиқ СССР истиқлолияти худро ба даст овард.

Соли 1944

Соли 1944

Соли 1948

Соли 1948

Соли 2014

Соли 2014

Шакли идораи давлат

Идораи давлат - як шакли идоракунии давлат мебошад. Дар Тоҷикистон идоракунии давлат ба шакли Ҷумхуриявӣ аст.

Шанбе

Суббота — рӯзи шашуми Неделя мебошад ва байни рӯзи Пятница ва рӯзи Воскересенье аст.

Якшанбе

Якшанбе — рӯзи ҳафтуми ҳафта мебошад ва байни рӯзи шанбе ва рӯзи Душанбе аст.

Ҷонваршиносӣ

Зоология (аз юнонӣ: ζῴον, зоион — "ҳайвон"; ва λόγος, логос — "дониш") ё ҷонваршиносӣ - риштаи аз Биология ва ё Зиистшиноси аст ки ба баррасии ҷонварон яъне ҳайвонот мепардозад.

Лоиҳаҳо
Шӯрои мӯътамад
Дигар

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.