Викилуғат

Викилуғат (англ. Wiktionary) — луғат ва тезауруси бисёрсоҳавӣ ва чандзабонаест, ки дар асоси вики-давак озодона пуррашаванда мебошад. Яке аз лоиҳаҳои фонди «Викимедиа» аст. Сараввал дар забони инглисӣ 12 декабри соли 2002 пайдо шуд.

Дар луғат тавсифи грамматикӣ, тафсир ва тарҷумаи вожаҳо (калимаҳо)оварда мешаванд. Илова бар ин, дар мақолаҳо маълумотро доир ба таърихи пайдоиши вожаҳо, хусусияти фонетикӣ ва алоқаи луғавии калимаҳо низ додан мумкин аст. Ҳамин тавр, Викилуғат - кӯшиши пайваст кардани луғатҳои грамматикӣ, тафсирӣ, этимологӣ, чандзабона ва тезаурус мебошад.

Маълумоти викилуғатҳо дар ҳалли масъалаҳои гуногун, ки бо коркарди мошинии матн ва нутқ вобастаанд, зиёд истифода бурда мешаванд.

Викилуғат
Wiktionary
Wiktionary-logo
Логотипи Викилуғат
Тиҷоратӣ:

Нет

Шакли сайт:

Луғати интернетӣ

Сабтином:

Ҳатмӣ нест

Забон(ҳо):

170

Мавқеи сервер:

Майами

Соҳибҳуқуқ:

Фонди Викимедиа

Муаллиф:

Ҷимбо Вейлс

Оғози кор:

12 декабр 2002

Консепсияи лексикографикӣ

Ба шарофати робитаи мутақобилаи қисматҳои гуногуни забонии Wiktionary, инчунин миёни иштирокдорони лоиҳаҳои луғавӣ ва дигар лоиҳаҳои «Фонди Викимедиа», иштирокдорони ҳар кадом аз лоиҳаҳо метавонанд консепсия, воситаҳо ва маводҳои лексикографикиро, ки ҳампешагонашон - соҳибони дигар забон офаридаанд, истифода баранд. Дар ҷараёни кор бо қисматҳои гуногуни забонии луғат консепсияи маҷмӯии манбаъҳои лексикографикии универсиалӣ ба вуҷуд омад, ки бори якум ба шарофати технологияи электронӣ имконпазир гардидааст. Дар натиҷа, консепсия тавсифи пурра ва ҳаматарафаи тамоми воҳидҳои маъноии (лексикӣ) ҳамаи забонҳои табиӣ (забонҳои сунъии асосӣ), ки дорои хат ҳастанд, дар назар дорад. Тавсифи пурра маънои мавҷудияти маълумотҳо дар бораи хусусиятҳои фонетикӣ, сарфӣ, наҳвӣ ва маъногии воҳиди лексикӣ, таърихи пайдоиши он, иборасозӣ ва фразеологияро дорад. Пуррагӣ ва дараҷаи пайдарҳамии амалӣ гардидани консепсияи мазкур дар қисматҳои гуногуни забонии лоиҳа метавонад тағйир ёбад. Дар ҳар қисмати забонӣ забони «сарлавҳа» забони марказӣ маҳсуб буда, ҳамаи мақолаҳо танҳо бо ҳамин забон вироиш мешаванд, ғайр аз ин мақсад гузошта мешавад, ки тарҷумаи вожаҳо ва воҳидҳои дигари ин забон то ҳадди имкон ба забонҳои зиёд оварда шавад. Вожаҳои дигар забонҳо танҳо ба забони «сарлавҳа» тарҷума мешаванд. Чунончи, дар Викилуғати русӣ вожаҳои русӣ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва тафсир дода мешаванд ва вожаҳои хориҷӣ бошанд бе тафсир танҳо тарҷума оварда мешавад. Ҳангоми тафсири сарф (морфология) кӯшиш мешавад, ки тасвири ниҳоии тасрифи вожаҳо бо таснифоташон дода шавад. Аз ҷумла, маълумоти сарфии воҳидҳои луғавии забони русӣ мувофиқи таснифоти пешниҳодкардаи А. А. Зализняк оварда мешавад.

Барои пурра кардани Викилуғат рӯйхати калони адабиёт оварда шудааст рӯйхати адабиёт, дар Викилуғати англисӣ қоидаҳои ба луғат дохил кардани терминҳо (калимаҳои соҳавӣ) таҳия шудаанд (нигар: Criteria for inclusion). Дар фарқият аз Википедияи русӣ, ки дар интихоби мавод бартарӣ ба сарчашмаҳои эътиборнок дода мешавад Википедиа:Сарчашмаҳои эътиборнок

, мақолаҳо бояд дар Википедия дар асоси сарчашмаҳои эътиборнок офарида шаванд.

</ref>, дар Викилуғати русӣ ба мақолаи аз ҷониби муҳаррир ҷиҳати истифодаи вожаҳо таҳриршуда бартарӣ дода мешавад. Викисловарь: Лексикографическая концепция

. Ҳангоми мавҷуд будани ихтилофи назар доир ба ягон хусусияти тасвиршавандаи ягон воҳиди забонӣ бартарӣ (аз нуқтаи назари исботнокияш) ба сарчашмаи корпусӣ дода мешавад.

</ref>.

Тезаурус

Викилуғат аз муносибатҳои маъногии зерин иборат аст:синонимҳо, антонимҳо, гиперонимҳо, гипонимҳо, согипонимҳо, холонимҳо, меронимҳо, паронимҳо.

Википедиа ва Викилуғат

Викилуғат тавсифи мукаммал ва маълумоти энсиклопедиро дар бар намегирад. Бо вуҷуди ин, Викилуғат маълумоти беназирро пешкаш мекунад, ки он дар Википедия мавҷуд нест: ибораҳо, мақолҳо, калимаҳои мураккаби мухтасаршуда, акронимҳо, та[1]всифи ғалатҳои имлоӣ, шаклҳои нодурусти навишт ва талаффузи вожаҳои фаннӣ [2]. Ҳамин тавр, Википедия ва Викилуғат якдигарро пурра мегардонанд.

Викилуғат аз он ҷиҳат ба Википедия монанд аст, ки (1) ба мақолаҳо доир ба вожаҳои дохили Викилуғат истиноди дохилӣ ҳаст, (2) гурӯҳҳо ҳастанд, (3) интервикиҳо, ки ба мақолаҳо доир ба ҳамин вожа дар луғати забонҳои дигар ишора мекунанд, ҳастанд [2].

Пайвастани лоиҳаҳо

Ба корбарони Википедия тавсия дода мешавад,ки барои пайвастан(алоқаманд кардан) бо мақолаи муносиби Викилуғат ба мақолаҳо шаблони «викилуғат»-ро илова кунанд (масалан, {{викилуғат|Викилуғат}}). Барои нишон додани ҳаволаи баръакс дар саҳифаи Викилуғат бошад, шаблони «википедиа» истифода шавад (масалан, {{википедиа|Википедиа}}).

Истифодаи чунин шаблонҳо имконият медиҳад, ки кунҷҳои тези мушкилоти «энсиклопедия ё луғат» ҳамвор шавад ва ба маълумот роҳ ёфтан қулайтар гардад, азбаски ба маълумоти иловагии забонӣ доир ба термин дар энсиклопедия ва баръакс ба тавсифи амиқи маънои вожа дар луғат истинод медиҳад, дар маҷмӯъ вобастагии мақолаҳоро дар лоиҳаҳои Фонди Викимедиа беҳтар мегардонад.

Агар нишон додани истинод ба муайян кардани вожа дар дохили матни мақола даркор бошад,(шаблон «викилуғат» як қисми алоҳидаро илова мекунад) бо истифодаи интервики- истинодҳои байнилоиҳавӣ, ки чунин муқаррар карда мешаванд:[[wikt:ru:слово|вожа]] ё кӯтоҳтар [[:wikt:вожа|]] чунин шакл дорад: вожа.

Қисмати забони тоҷикӣ

Ҷараёни инкишофи Викилуғати тоҷикӣ

Қисмати тоҷикии Wiktionary баҳори соли 2004 ташкил карда шуд. Дар муддати яку ним сол он инкишоф наёфт, бе низоми муайян ва бо маводи бесифат пурра мегашт.Вазъият дар охири соли 2005 ва аввали соли 2006 тағйир ёфт. Соли 2006 мудири якум таъин шуд, миқдори мақолаҳо нисбат ба соли пештара чор маротиба афзуд. Воситаҳои пурқувват барои тавсифи сарф (морфология), оғози ташаккули инкишофи низоми категорияҳои маъноӣ офарида шуданд. Тирамоҳи соли 2006 миқдори мақолаҳо дар Викилуғати русӣ ба 10 000 расид; Сипас ба шарофати офарида шудани ботҳо,ки луғатномаҳои қисматҳои дигари Wiktionary- ро барои тавлиди мақолаҳо - қолабҳо (болванкаҳо) дар қисмати русӣ истифода мебаранд, дар давоми яку ним моҳ қариб 70 000 мақола илова шуд.7 ноябри соли 2006 миқдори мақолаҳо дар Викилуғат аз 80 000 гузашт, 10 декабри соли 2006 бошад, ба 100 000 расид. 21 марти соли 2009 миқдори мақолаҳо то 200 000 афзуд. Миқдори иштирокдорони фаъол 20 нафарро ташкил кард. Дар фарқият бо луғатҳои анъанавӣ пуррагии Викилуғатро набояд аз рӯйи миқдори мақолаҳо баҳо дод, Ҳисобкунаки автоматӣ мақола-қолабҳои нимхолиро аз мақолаҳои иттилоотӣ фарқ намекунад, ғайр аз ин ҳисобкунаки автоматӣ омонимҳои дохилизабонӣ ва омонимҳои байнизабониро ба ҳисоб намегирад. Масалан, вориди луғавии бор ҳамчун як мақола ҳисобида шудааст, дар асл бошад ин мақола якчанд воҳидҳои луғавӣ, яъне омонимҳои забони русиро тавсиф мекунад, бар замми ин воҳидҳои луғавии ҳамноми дигар забонҳоро низ (булғорӣ, тоторӣ),- дар луғатҳои анъанавӣ ин мавод ҳамчун якчанд мақола шакл мегирифт ва шуморида мешуд.

Муқоиса бо дигар Викилуғатҳо

Relative distribution of Russian words in ruwikt and enwikt 2011
Миқдори вожаҳои русӣ дар Викилуғат (аз чап) ва дар Викилуғати инглисӣ (аз рост)[3], маълумоти соли 2011

Аз моҳи августи соли 2008 сар карда Викилуғати русӣ аз рӯйи ҳаҷми маълумотҳо дар байни Викилуғатҳо ба ҷойи якум баромад.[4]. Дар айни ҳол миқдори мақолаҳо дар Викилуғати русӣ начандон калон аст[5].Ин боз аз он хотир аст, ки лоиҳаҳои назар ба Викилуғати русӣ мақолаи зиёд дошта, мақолаҳояшон метавонанд ба ҳисоби миёна ҳаҷман хурдтар бошанд, ба ин аз сомонаи омор боварӣ ҳосил кардан мумкин аст[6]Ғайр аз ин дар муқоиса бо қисматҳои дигари Wiktionary Википедияи русӣ дар худ маводи зиёди ёридиҳандаро дорад, чун таблитсаи маълумот, рӯйхати басомади вожаҳо (дар муқоиса бо мақолаҳои луғатҳо, ки номҳои зиёдро дороянд, чунин маълумот дар қисматҳои «Замимаҳо», «Индексҳо» ва ғ. ҷойгир мешаванд.) Миқдори зиёди мақолаҳо дар Викилуғати русӣ ҳанӯз ҳам мақола-қолабҳо мебошанд, ки онҳоро ботҳо офаридаанд. Гарчанде баъзан қисми зиёди онҳо зери танқиданд, якчанд бартариҳо дида мешаванд. Якум, вай барои тезтар навишта шудани мақола ёрӣ медиҳанд, чун баъзе маълумотҳо аллакай ворид шудаанд. Дуюм, сохти мақолаҳо стандартӣ мешаванд. Аз ҳисоби дар ҷояш истифода бурдани шаблонҳо (одатан дарҳол аз тарафи ботҳо ба таври автоматӣ ҳангоми офаридани мақола гузошта мешаванд), шароит пайдо мешавад, ки мутамарказона ва якбора шакли зоҳирии якчанд мақола иваз карда шавад. Мавҷудияти миқдори зиёди шаблонҳо низ ба таҳрири автоматии минбаъдаи мақолаҳои аллакай вироишшуда ёрӣ медиҳад - масалан, бо роҳи автоматӣ — тарҷума аз рўйи луғати пешакӣ тайёркарда (азбаски ба ботҳо сохти маӄолаҳоро дарк кардан аз рӯйи лоиҳаҳои махсуси кашида назар ба забони инсонӣ осонтар аст). Хусусияти фарӄунандаи Викилуғати русӣ ин консепсияи таҳияшудаи рушд мебошад. Аз хотири консепсияи коркардшуда ва истифодаи васеи шаблонҳо мақолаҳо дар Викилуғати русӣ нисбат ба лоиҳаҳои дигар якхела ҳастанд (асосан миқдори қисматҳо, пайдарҳамии онҳо ва таҳияи ҳар як қисмат ба як тартиб омадаанд).

Истифодаи Викилуғатҳо дар ҳалли масъалаҳои коркарди матн ва нутқ

Барои истифодаи маълумотҳои лексикографикии викилуғатҳо ҳангоми ҳалли масъалаҳо коркарди автоматии матн ва нутқ- зарур аст, ки матнҳои мақолаҳои луғавӣ тағйир дода шаванд (маълумотҳои сохташон дар сатҳи паст[7]) дар шакли барои мошин хоно[8][9][10]. Аз викилуғатҳо гирифтани маълумот кори саҳл нест.Чунин мушкилотҳоро метавон номбар кард [11]: (1) мунтазам ва зуд-зуд тағйирёбии чи маълумот, чи сохти худи мақолаҳо,(2) викилуғатҳои гуногун сохт ва шакли гуногуни мақолаҳоро доранд. Муқоиса кунед, масалан, сохт ва қоидаҳои таҳияи мақолаҳоро дар Викилуғати англисӣ ва дар Викилуғати русӣ.</ref>, (3) технологияи вики аз аввал ба осонии кори инсон, на коркарди мошин равона карда шудааст. Якчанд парсерҳо мавҷуд аст[12]:

  • DBpedia Wiktionary — як роҳи васеъшавии лоиҳа DBpedia, маълумотҳо аз Викилуғатҳои англисӣ, франсузӣ, олмонӣ ва русӣ гирифта мешавад. Инҳо гирифта мешаванд: забон, ҳиссаи нутқ, тафсир, муносибатҳои маъноӣ, тарҷумаҳо. Барои гирифтани маълумот инҳо истифода бурда мешаванд: тавсифи декларативии сохти мақолаи луғавӣ[13], ибораҳои мунтазам[14] и FST-гуногуннамудӣавтомати охирин[15].
  • JWKTL (Java Wiktionary Library) — API ба маълумоти Викилуғатҳои англисӣ, ва олмонӣ[16]. Инҳо гирифта мешаванд: забон, ҳиссаи нутқ, тафсир, шиорҳо, муносибатҳои маъноӣ, таърихи пайдоиш ва тарҷумаҳо. Барнома барои истифодаи ғайритиҷоратӣ.
  • wikokit — парсери Викилуғатҳои англисӣ ва русӣ[17]. Инҳо гирифта мешаванд: забон, ҳиссаи нутқ, тафсир, шиорҳо[18] (танҳо барои викилуғати русӣ), муносибатҳои маъноӣ[19] и переводы. Рамзи натиҷавии барнома бо шартҳои кушода дастрас астмульти-литсензия.

Бо ёрии викилуғатҳо масъалаҳои гуногун ҳал мегарданд, ки бо коргарди матн ва нутқ вобастаанд[20]:

  • тарҷумаи мошинӣ дар асоси қоидаҳо байни забони нидерландӣ ва забони африкаанс; маълумотҳои Викилуғатҳои англисӣ ва нидерландӣ ва ду википедия дар доираи системаиApertium[21];
  • таъсиси луғати хонои мошинӣ бо парсери NULEX, ки захираҳои кушоди забониро ҳамгиро аст: Викилуғати англисӣ,WordNet ва VerbNet[22]. Барои исм аз Викилуғати англисӣ ҳиссаи нутқ ва шакли ҷамъбандии исм гирифта мешаванд, барои феъл - замони феъл. Барои гирифтани маълумотҳо аз Викилуғат усули Screen scraping истифода мешавад;
  • сохти онтологияҳо[23] и асоси донишҳо[24];
  • инъикоси онтологияҳо[25];
  • содашавии матнҳо. Дар кор [26] ба мураккабии вожаҳо дар асоси маълумоти Викилуғат баҳо дода мешавад. Барои вожа аз Викилуғати англисӣ инҳо гирифта мешаванд: ҳаҷми мақолаи луғавӣ, шумораи ҳиссаҳои нутқ,шумораи арзишҳо ва шумораи тарҷумаҳо. Муаллифон[26] тахмин карданд, ки аз ҳама содатарин, асоситарин, маъмултарин вожаҳое ҳисобида мешаванд, ки маъноҳои зиёдтар (яъне ҳаҷми мақола калонтар мешавад), ҳиссаҳои нутқ бештар ва тарҷумаҳояшон низ бисёртар бошанд. Сипас вожаҳои «мураккаб»и дар матн ёфтшуда бояд бо пайдо кардани муодилҳои «сода» дигаргун намуд, ин матнро осон (мутобиқгардонӣ) менамояд;
  • аломатгузории қисмҳои нутқ. Дар кори (Ли и диг., 2012)[27] дар асоси маълумоти Викилуғати англисӣ POS-tagger’ы барои ҳашт забони «захираи ками забонӣ» дошта бо истифодаи сохта шудаанд бо истифодаи намунаи пинҳони марковӣ.Рамзи натиҷавии барномаҳо ва натиҷаҳои аломатгузории қисмҳои нутқи дастраси онлайн: https://code.google.com/p/wikily-supervised-pos-tagger</ref>
  • таҳлили оҳанги матн[28].
  • эътироф ва синтези нутқ , дар ҷое, ки Викилуғат дар вазифаи сарчашмаи маълумотҳо барои сохти автоматии луғати талаффуз баромад мекунад[29]. Ҷуфти вожаҳои талаффузшаванда гирифта мешаванд Извлекаются пары слово-произношение (транскрипсия дар низомиАФБ) аз Викилуғатҳои чехӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, полякӣ ва испанӣ. Агар дар мақолаи луғавӣ якчанд транскрипсия бошад, аввалаш гирифта мешавад.</ref>. Ҳангоми тафтиш миқдори зиёди ғалатҳо дар транскрипсияҳои аз Викилуғати англисӣ гирифта шуда пайхас карда шуд.[30];

Нигаред:

  • Татоэба

Тафсир

Шаблон:Тафсир

Эзоҳ

  1. [1]
  2. 2.0 2.1 Zesch et al, 2008, p. 2.
  3. Смирнов и диг., 2012.
  4. Омори викилуғатҳо: Ҳаҷми маълумот
  5. Омори викилуғатҳо
  6. Омори викилуғатҳо: Байтҳо барои мақола
  7. Meyer and Gurevych, 2012, p. 140.
  8. Zesch et al, 2008, Figure 1, p. 4.
  9. Meyer and Gurevych, 2010, p. 40.
  10. Крижановский, Преобразование, 2010, с. 1.
  11. Hellmann and Auer, 2013, стр. 16 в PDF, p. 302.
  12. Hellmann et al, 2012, Table 1, p. 3.
  13. Hellmann et al, 2012, pp. 8-9.
  14. Hellmann et al, 2012, p. 10.
  15. Hellmann et al, 2012, p. 11.
  16. Zesch et al, 2008.
  17. Крижановский, Преобразование, 2010.
  18. Крижановский, 2011.
  19. Крижановский, Сравнение, 2010.
  20. Смирнов ва диг., 2012, pp. 233-234.
  21. Otte and Tyers, 2011.
  22. McFate and Forbus, 2011.
  23. Meyer and Gurevych, 2012.
  24. ConceptNet 5. 17 апрели 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 апрели 2013.
  25. Lin and Krizhanovsky, 2011.
  26. 26.0 26.1 Medero and Ostendorf, 2009.
  27. Li et al, 2012.
  28. Chesley et al, 2006.
  29. Schlippe et al., 2012.
  30. Schlippe et al., 2012, p. 4804.

Таърих

  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)
  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)
  • Крижановский А. Труды международной конференции «Корпусная лингвистика–2011». — СПб.: С.-Петербургский гос. университет, Филологический факультет, 2011. — С. 348. — 348 с. — P. 348. — ISBN 978-5-8465-0005-5
  • Смирнов А.В., Круглов В.М., Крижановский А.А., Луговая Н.Б., Карпов А.А., Кипяткова И.С. Труды СПИИРАН. — СПб.: 2012 Т. 23.
  • Chesley P., Vincent B., Li Xu, Srihari R. K. Training. — 2006 Т. 580.
  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)
  • Hellmann S., Auer S. The People’s Web Meets NLP. — Springer, 2013. — ISBN 978-3-642-35084-9
  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)
  • Lin F., Krizhanovsky A. Proc. of the 13th Russian Conference on Digital Libraries RCDL’2011. October 19-22, Voronezh, Russia. — 2011.
  • McFate C., Forbus K. The 49th Annual Meeting of the Association for Computational Linguistics: Human Language Technologies, Proceedings of the Conference, 19-24 June, 2011, Portland, Oregon, USA - Short Papers. — The Association for Computer Linguistics, 2011. — ISBN 978-1-932432-88-6
  • Medero J. and Ostendorf M. Proc. SLaTE Workshop. — 2009.
  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)
  • Meyer C. M. and Gurevych I. Semi-Automatic Ontology Development: Processes and Resources. — IGI Global, 2012. — ISBN 978-1-4666-0188-8
  • Otte P., Tyers F. M. EAMT 2011: proc. of the 15th conference of the European Association for Machine Translation. — Leuven, Belgium: 2011.
  • Schlippe T., Ochs S., Schultz T. In Proceedings of The 37th International Conference on Acoustics, Speech, and Signal Processing (ICASSP 2012), Kyoto, Japan, 25-30 March. — 2012.
  • Article (edit | talk | history | links | watch | logs)

Манбаъ

A

А, a — ҳарфи аввал ва мутлақ барои ҳамаи забонҳо, ки дар асоси алифбои лотинӣ сохта шудааст, аввали ягон чиз, оғози коре. Таърихи ҳарф аз ҳарфи юнонии алфа (Α, α) ва финиқии алиф омадааст. Дар бисёри маврид садои [a] ва вариантҳои ӯро ифода мекунад, аммо баъзе вақт (мисол, дар забони инглис) дигар садоҳоро.

Анабиоз

Анабио́з (аз юн.-қад. ἀνα-βίωσις, ἀνα-βίωσεως «бозгашт ба зиндагӣ, ҷоннок шудан» ← ἀνᾰ- пешванд ба маънои дубора + юн.-қад. βίωσις, βίωσεως «ҳаёт») — вазъи организм, ки дар мавриди он ҷараёни ҳаёт ниҳоят суст ва ҳама гуна нишонаҳои зиндагӣ қариб нест мешаванд.

Анабиоз бинобар тағйирёбии шароити ҳаёт (ниҳоят гарм ё хунук шудани ҳарор. муҳит, норасоии намӣ ва ғ.) ба вуҷуд меояд ва баъди мусоид шудани он барҳам хӯрда, нишонаҳои зиндагӣ барқарор мегарданд. Соли 1701 олими голландӣ анабиоз Левенгук муддати зиёд қобили ҳаёт будани кирми коловраткаи дар рег хушкшударо ошкор кард.

Олими немис В. Прейер соли 1873 хосияти биологии кирми коловратка ва лӯндакирмҳоро омӯхта, истилоҳи «анабиоз»-ро пешниҳод намуд. Ҳангоми анабиоз дар натиҷаи хушкидан, ях кардан ё зиёд шудани миқдори намакҳои муҳит намии протоплазмаи бофтаҳо кам мегардад. Муддати мадид маҳфуз мондани қобилияти сабзиши тухмии хушконида натиҷаи анабиоз аст. Соли 1922 олими рус П. Ю. Шмидт ва соли 1923 олими австриягӣ Г. Рам ҳаёти коловратка ва лӯндакирмҳои ушнаро омӯхта, ба хулоса омаданд, ки мавҷудоти дараҷаи паст баъди муддати зиёд дар ҷойи беҳаво хушк нигоҳ доштан ҳам зинда мемондаанд. Коловратка ва лӯндакирмҳо ҳатто ҳангоми ба ҳавои моеи то 190°, гидрогени моеи то 253° ва гелийи моеи то 271°С хунук андохтан низ қобили зиндагӣ буданд. П. И. Бахметев (1900, 1912) муқаррар кард, ки ҳашароти аз хунукӣ ба ҳолати анабиоз афтодаро ҳамон вақт ҷоннок гардондан мумкин аст, ки агар моеи бофтаҳои он пурра ях набаста бошад. Кӯшишҳои бо роҳи яхбандонӣ дар ҳайвоноти мӯҳрадор ба амал овардани анабиоз то ҳол натиҷае ба бор наовардааст. Аз ин рӯ ақидаҳои ҷойдоштае, ки гӯё қобилияти ҳаёти моҳӣ, обхокиҳо ва дигар ҷонварони мӯҳрадорро дар натиҷаи ях кунондан нигоҳ доштан мумкин аст, беасос баромаданд. Соли 1934 Н. И. Калабухов ва Г. В. Николский исбот намудаанд, ки моҳии яхкунондаро ҳамон вақт аз нав зинда кардан мумкин аст, ки агар фақат пӯст ва қабати болои мушакҳояш ях баста бошад. Ҳангоми хушкондан ё ях кунондан анабиоз ҳамон вақт ба амал меояд, ки агар коҳиши оби организм сабаби ихтилоли робитаи байнимолекулавии сафедаҳо нагардад.

Анабиоз дар амалияи тиб ва ветеринария аҳамияти калон дорад. Мас., дар натиҷаи анабиоз нутфаи ҳайвонотро муддати зиёд бетағйир нигоҳ доштан мумкин аст. Соли 1950 И. В. Смирнов бо нутфаи харгӯше, ки 32 шаборӯз дар сармо (78° — 183°С) нигоҳ дошта шуда буд, харгӯши дигарро бордор кард. Харгӯшбачаҳои таваллудшуда мисли харгӯшчаҳои муқаррарӣ солиму бардам буданд. Ӯ бо ҳамин усул баррачаҳоро низ рӯёндааст. Дар шароити беҳаво ях кунонида муддати зиёд нигоҳ доштани бактерия ва вирусҳо аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Усули мазкур хусусан барои тайёр кардани ваксинаҳои хушки микробӣ ва вирусии зинда, ки барои моягузаронӣ (бо мақсади пешгирии бемориҳои гузаранда) истифода мешаванд, муфид аст. Ваксинаҳои хушк нисбатан масуниятовар ва барои нигоҳдорӣ устуворанд.

Анабиоз мутобиқати физиологии организм ба шароити номусоиди зиндагӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулот ба вуқӯъ меояд. Дар давраҳои муайяни инкишоф муваққатан дар ҳолати анабиоз нигоҳ доштани баъзе мавҷудоти бемӯҳра (мас., тухм ё зочаи кирмаки абрешим, ҳашароти дарандае, ки зараррасонҳои кишоварзиро нест мекунанд) аҳамияти калон дорад. Анабиоз аз хоби зимистона фарқ мекунад (ҳангоми хоби зимистона кори дил ва нафасгирии ҳайвонот қатъ намегардад).

Анатомия

Анато́мия (аз юн. ἀνα- «аз сар; аз боло» + τέμνω «мебурам, чок мекунам») — илмест дар бораи шакл ва сохти узвҳои алоҳида, система ва организми том; як қисмати морфология.

Ангола

Анго́ла (португалӣ: Angola), номи расмӣ —Ҷумҳури́и Анго́ла (португалӣ: República de Angola ʁɛˈpublikɐ dɨ ɐ̃ˈɡɔlɐ) — давлат дар ҷанубу ғарбии Африқо, дар соҳили Уқёнуси Атлантик. Дар шимолу шарқ бо Ҷумҳуриии Демократии Конго (ҶДК), дар шимол бо Ҷумҳуриии Конго, дар ҷануб бо Намибия, дар шарқ бо Замбия ҳамсарҳад аст. Як қисми заминаш бо номи музофоти Кабинда дар шакли анклав байни сарҳади Ҷумҳурии Конго ва ҶДК ҷойгир аст. Масоҳаташ 1246,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 13,1 млн нафар (2010). Пойтахташ – шаҳри Луанда. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлолият (11 ноябр). Воҳиди пулӣ – кванза.

Анимизм

Аними́зм (аз лот. anima, animus — «ҷон» ва «рӯҳ») — маҷмӯи боварҳо ба вуҷуди ҷон, рӯҳ, арвоҳ ва намирандагии онҳост. Яке аз шаклҳои дини ибтидоӣ.

Бартер

БÁРТЕР, муомилоти бартерӣ (аз англиси barter), мубодилаи мол дар шакли табиӣ; ивази як мол ба моли дигар бидуни пардохти маблағ. Ба ҳам мувофиқат кардани арзиш ё мувозанаи молҳои бадалшаванда аз ҷониби тарафайн бо тартиб додани шартномаи додугирифт муқаррар мегардад. Дар шартнома арзиши молҳои ивазшаванда ё бо миқдору шумори бор ва ё бо нархгузорӣ муайян карда мешавад. Дар муомилоти Бартерӣ ҳар тараф дар симои ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда падид меояд.

Бунёди Викимедия

Бунёди Викимедия (англ. Wikimedia Foundation, Inc., талаффуз [wikimədia faundəiʃon], ба таври мухтасар WMF) — ташкилоти хайриявии ғайритиҷоратӣ, ки як қатор зерсохтори вики-лоиҳаҳои краудсорсинги бисёрзабона, аз ҷумла Википедия, Викилуғат, Викииқтибос, Викикитоб, Викитека, Викигид, Викианбор, Викимаълумот, Викинамуд, Викиахбор, Викидонишгоҳ, Регдони Викимедиа ва Мета-викиро дастгирӣ мекунад, ҳамчунин молики лоиҳаи донишномавии айни ҳол ғайрифаъоли Nupedia мебошад.

Фонд является учредителем конкурса «Вики любит памятники». Слово «Wikipedia» является товарным знаком и не может использоваться без разрешения Фонда Викимедиа, как и названия и логотипы других проектов Викимедиа. Какие-либо веб-сайты в Интернете могут использовать слова wiki и (encyclo)pedia или «вики» и «-(энцикло)педия» в своих названиях, однако, они не имеют отношения к проектам Фонда Викимедиа.

Ведущий проект организации, свободная энциклопедия Википедия, входит в число десяти наиболее посещаемых веб-сайтов в мире. В проектах участвуют волонтёры из разных стран, создавая «свободный контент» и программное обеспечение, доступные по свободным лицензиям. Как и в случае с другими проектами с User-generated content вроде YouTube, Фонд Викимедиа не является правообладателем контента, размещённого на его серверах. Фонд отмечает, что не владеет авторскими правами на большинство материалов, размещённых в Википедии, так как ими обладают сами волонтёры, внёсшие свой вклад в проект. Как и на другие веб-сайты, на проекты Фонда распространяется действие Digital Millennium Copyright Act и других законов, однако, сообщество волонтёров по возможности само отслеживает соблюдение авторских прав, других стандартов и внутренних правил. На официальные жалобы об удалении контента реагируют сотрудники офиса Фонда в рамках соответствующей процедуры.

Люди, деятельность и ценности, связанные с проектами Фонда, образуют общественное движение Викимедиа (англ. Wikimedia movement), в разной степени связанное с движениями свободного программного обеспечения, свободной культуры, антикопирайта, открытых данных и другими.

Википедия

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [ˌwɪkɨˈpiːdiə] ё [ˌwɪkiˈpiːdiə]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадаф Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Домкрат

Домкра́т (аз ҳол. dommekracht), бардора (форсӣ: برداره‎) — абзори механикӣ барои бардоштани бори вазнин.

Домкратҳо мувофиқи сохт ва тарзи корашон рейкадор, винтӣ, ҳидравликӣ ва аз рӯи намуди ҳаракатовар дастӣ, электрӣ, пневматикӣ мешаванд. Бо домкрат то 1500 т борро ба баландии 0,15–2,6 м мебардоранд.

Ҷузъи асосии домкрати рейкадор филизтахтаи боринтиқолдиҳандаест, ки барои такя намудани бор палла дорад. Аз рӯи навъи механизми интиқолдиҳанда домкратҳои рейкадор фишангдор ва дандонадор мешаванд. Бо­ри бо филизтахта бардошташударо тавассути таҷҳи­зоти танбадор нигоҳ медоранд. Зариб (коэффитсиент)-и кори фоиданоки домкрати рейкадор 80% аст. Ҷузъи асосии домкрати винтӣ аз винте иборат аст, ки ба он тавассути шарнир паллаи борбардор васл мегардад.

Инчунин домкрати винтие мавҷуд аст, ки ба болои чанача васл карда шуда, борро ба таври уфуқӣ ҳаракат меди­ҳад. Зариби кори фоиданоки домкрати винтӣ 30–40% мебошад.

Дар домкрати ҳидрав­ли­кӣ барои бардоштани бор фишори моеъотро истифода мебаранд, ки тавассути насос интиқол меёбад. Домкрати ҳидравликӣ давра ба давра (мунфасил) амалкунандаи ҳа­ракатовараш дас­тӣ ва муттасил амалкунандаи ҳаракат­о­ва­раш механи­кӣ мешавад. Домкрати ҳидрав­ликӣ ҳаракати муназзам, хо­сияти худтормоздиҳӣ, қо­билияти борбардории зиёд дошта, зариби кори фоиданокаш 75–80% аст. Домкратҳоро барои таъмиру васл кардани ҷузъҳои вазнин, баровардану фаровардани борҳо ва ғайра истифода мебаранд.

Забони бошқирдӣ

Забони бошқирдӣ (башҡорт теле [bɑʂ.ˌqʊ̞rt.tɪ̞ˈlɪ̞]) — забони туркӣ, забони миллии бошқирдҳо. Забони бошқирдӣ забони давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон аст. Забони бошқирдӣ, ҳамчун забони давлатӣ (баробари забони русӣ) аввалин маротиба ба воситаи маҷмӯи қоидаҳои Кумитаи Шуравии Бошқирдистон аз 24 марти соли 1920 муаян шуда буд. Дарҳол, ҳамин маҷмӯи қоидаҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Бошқирдистон сабт шудааст.

Дар ҷаҳон зиёда аз 1,2 млн нафар одам бо забони бошқирдӣ суханронӣ мекунанд. Аз рӯи додаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ (2010), дар Русия забони бошқирдиро 1 152 404 одам медонад, аз онҳо: 977 484 бошқир, 131 950 тотор, 20 258 русҳо, 6 276 чувашҳо, 3 211 марийҳо, 1 953 қазоқҳо, 1 630 удмуртҳо, 1 279 ӯзбакҳо ва 8 363 нафар дигар миллат.

Канада

Канада (англ. Canada) — ин давлати соҳибихтиер давлат кишвар Амрикои Шимолӣ.

Он аз ҷиҳати масоҳат, дар ҷаҳон баъд аз Федератсияи Русия ҷойи дувумро соҳиб аст. Пойтахташ шаҳри Оттава. Шаҳрҳои бузургтарин Монреал, Торонто, Калгари ва Ванкувер.

Муҳаррик

Муҳаррик ин як дастгоҳе, ки барои намудҳои энергия лозим аст, мо метавонем бо муҳаррик масалан мошинро ба кор дарорем. Муҳаррикҳо ҳар хел мешаванд. Масалан: муҳаррики барқӣ, муҳаррики газӣ, муҳаррики реактивӣ, муҳаррики раектавӣ, муҳаррики лазерӣ, муҳаррики гидравликӣ ва ғайра.

Оҳаксанг

Оҳаксанг — ҷинси кӯҳии таҳшинист, ки асосан аз калсит CaCO3 ва баъзан аз арагонит иборат аст.

Русия

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми шарқии Аврупо ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 1922—1991 РСФСР буд, ҳамчун яке аз 15 ҷумҳуриҳои СССР. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белоруссия гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Москва аст.

Ах моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русияро — Дмитрий Анатолевич Медведев ишғол мекунанд.

Аҳолии Русия — 142 856 536 нафар тан (ба ҳисоби 1 январи соли 2010, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳамин ҷо сукунат мекунад). Дар соли 2016 зиёда аз 146 млн нафар тан.

Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки роли мӯҳимро бозад, ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё.

Ба ҳайати Федератсияи Русия — 85 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 46 — вилоят, 22 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.

Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.

Термопластҳо

Термопла́стҳо — полимерҳои термопластӣ, пластмассаҳоеро, гӯянд, ки ҳангоми коркарди онҳо реакцияи химиявии сахтшавии полимер ба амал намеояд ва модда хусусияти гудохташавӣ ва ҳалшавии худро нигоҳ медорад.

Термопластҳоро бештар аз полиэтилен, поливинилхлорид ва полистирол истеҳсол мекунанд.

Харита

Харитаи географӣ — акс модели земной поверхности, содержащее координатную сетку с условными знаками на плоскости в уменьшенном виде.

Имеющие общий замысел карты могут объединяться в атлас.

Общие определения карты пространства (местности):

Харита — это построенное в картографической проекции, уменьшенное, обобщенное изображение поверхности Земли, другого небесного тела или внеземного пространства, показывающее расположенные на ней объекты или явления в определенной системе условных знаков.

Харита — математически определённая образно-знаковая модель действительности.

Лоиҳаҳо
Шӯрои мӯътамад
Дигар

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.